Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 586
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 586
тасдиқ шудааст
Тартиби таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур шартҳои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоиро барои оилаҳои камбизоат муайян намуда, қоидаҳои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоиро дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар давраи ҷорӣ намудани таҷрибаи низоми нави кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз 1 январи соли 2011 то 31 декабри соли 2012 муқаррар менамояд.
2) Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шакли нақдӣ ба оилаҳои камбизоате, ки дар қаламрави шаҳри Истаравшани вялояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии доимӣ мекунанд, таъин ва пардохт карда мешавад.
3) Оилаи камбизоате, ки барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад, ин нафароне ба ҳисоб мераванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, зиндагии яхҷоя доранд ва рӯзгори якҷояро пеш мебаранд, некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар Методикаи муайян намудани оилаҳои камбизоат, ки ҳукуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоиро доранд, мувофиқат мекунад.
4) Методикаи муайян намудани оилаи камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоиро доранд, аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Таъиноти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ
5) Аризаро барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) қабул мекунад.
6) Дар ҷамоатҳои деҳот аризаро барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ котибони ҷамоат қабул намуда, дар муддати 5 рӯз ҳуҷҷатҳои қабулкардаро ба шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентӣ месупорад.
7) Таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентӣ дар асоси хулосаи дастгоҳи марказии Агентӣ дар бораи муайян намудани сатҳи зиндагии оила амалӣ менамояд.
...