Замимаи № 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 581
тасдиқ шудааст
Низомномаи нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти андоз"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2022 № 459)
1) Бо нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти андоз" (минбаъд - Нишони сарисинагӣ) кормандони мақомоти андоз сарфароз гардонида мешаванд, ки саҳми арзандаи худро дар рушду такомули фаъолияти ин мақомот гузошта, ба нишондиҳандаҳои хуби корӣ ноил гардида, дар сатҳи намунавӣ ӯҳдадориҳои хизматиро иҷро карда, на камтар аз ҳафт сол дар мақомоти андоз фаъолият намуда бошанд ().
2) Бо Нишони сарисинагӣ барои хизмат дар соҳаи сиёсати андоз дигар шахсон низ сарфароз гардонида мешаванд.
3) Тартиби пешниҳод барои бо Нишони сарисинагӣ сарфароз гардонидани кормандони мақомоти андоз ва дигар шахсон, аз тарафи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4) Қарор дар бораи бо Нишони сарисинагӣ сарфароз гардонидан бо фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколи ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад ().
5) Нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи шакли муқарраргардидаи он, дар вазъи тантанавӣ ба сарфарозшаванда аз тарафи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, сардорони раёсати андози андозсупорандагони калон, раёсатҳои андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе супорида мешавад ().
6) Кормандони бо Нишони сарисинагӣ сарфарозгардидаи мақомоти андоз, ки ҷинояти барқасдона содир кардаанд ё ба кирдори интизомии вазнин роҳ додаанд, бо пешниҳоди сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсати андози андозсупорандагони калон, раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, инчунин сардорони нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи протоколи ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Нишони сарисинагӣ маҳрум гардонида мешаванд ().
7) Сарфароз гардонидани кормандони мақомоти андоз ё маҳрум намудани онҳо аз Нишони сарисинагӣ дар дафтарчаи меҳнатии корманд қайд карда мешавад.
8) Нишони сарисинагӣ аз тарафи рости сина пас аз мукофотҳои давлатӣ, дар мавриди набудани онҳо дар ҷои онҳо овехта мешавад.
9) Кормандони мақомоти андоз ва шахсони дигар бо Нишони сарисинагӣ такроран сарфароз гардонида намешаванд. Ҳангоми гум кардани Нишони сарисинагӣ ва (ё) шаҳодатномаи он, нусхаи дуюм дода намешавад.
Замимаи № 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 581
тасдиқ шудааст
Тавсифи нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти андоз"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2022 № 459)
1) Нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти андоз" (минбаъд - Нишони сарисинагӣ) аз асоси дар шакли доираи тухмшакли тиллоранги ба самти амудӣ ёзонидашуда, ба андозаи 40 х 33 мм ва унсури рӯйкаши дар марказ дар шакли сипари рамзи мақомоти андоз насбшуда, иборат мебошад ().
2) Дар қисми рост ва чапи асоси он тасмаи аз гулчанбари булутии тиллоранг бофташуда тасвир ёфта, дар қисми болоии он ҷузъи қиррадори рангаш сурх бо навиштаҷоти "АЪЛОЧИИ" акс гардидааст.
3) Дар маркази он зери шуоъҳои тиллоранг сипар гузошта шуда, бо ранги сурх, сафеду сабзи мино ва бо ҳошияи тиллоранг пур карда шудааст.
4) Дар маркази сипар тангаи аз фулузоти рангаш нуқрагини аз ду тарафаш тири ишоратии зарринранги бо ҳам муқобили иҳотакардашуда, ҷойгир шудааст.
5) Дар қисми поёнии нишон тасмаи сурх бо навиштаҷоти "МАҚОМОТИ АНДОЗ" ҷойгир аст.
6) Тамоми расмҳо дар Нишони сарисинагӣ бо нақши муқарнас тасвир гардидаанд.
7) Тарафи дигари Нишони сарисинагӣ сатҳи ҳамвор дошта, он аз рақамҳои тартибӣ дар шакли барҷаста ва ҳуруфи рахнашуда бо печтоб (гайка) барои часпонидани Нишон ба либос, иборат мебошад.
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об описании символа и нагрудного знака налоговых органов
(в редакции постановление Правительства РТ от 22.09.2022 №459)
В соответствии со статьей 163 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет
1) Утвердить символ налоговых органов и нагрудный знак "Аълочии макомоти андоз"
2) Утвердить Положение о символе налоговых органов и нагрудного знака "Аълочии макомоти андоз" и их Описание согласно приложениям 1,2, 3 и 4
3) Финансирование расходов, связанных с учреждением символа налоговых органов н нагрудного знака "Аълочии макомоти андоз", осуществляется за счет средств специального счета Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 октября 2010 года № 581
г. Душанбе