Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 580
тасдиқ шудааст
Низомномаи Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Бозрасӣ) воҳиди сохтории мустақили Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2) Низомномаи мазкур масъалаҳои ташкилии фаъолияти Бозрасӣ ва робитаи онро бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои дигар муайян месозад. Бозрасӣ назорати намоишҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ ва иттилооти телевизиону радиоиро, ки дар эфир пахш шуданд, сифати техникии барномаҳо ва гуфторҳои телевизиону радио, истеҳсол ва (ё) паҳн намудани маҳсулоти овозӣ, визуалӣ ва аудиовизуалӣ, инчунин ахбори иловагӣ, дуюмбора ва дигар намудҳои иттилооти оммавиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он амалӣ мегардонад.
3) Бозрасӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
* - ахборм иловагӣ - паҳн намудани маълумот дар таркиби сигнали пахши барномаҳо, вобаста ба мазмуни барномаҳои асосӣ, бо мақсади додани маълумот дар бораи пахшкунанда мебошад.
**- ахбори дуюмбора - ҳар гуна ахбор (ҳуруфотӣ, рақамӣ, графикӣ, овозӣ ва ғайра), ки ба мазмуни барномаи асосӣ алоқаманд набуда, дар таркиби сигнали барномаҳои радиотелевизионӣ пахш мегардад ва барои қабулу инфиродит доираи номаҳдуди шахсон дар минтақаи пахши ин барнома нигаронида шудааст.
4) Қоида ва талаботе, ки ҳамин Низомнома муқаррар кардааст, ҳам барои телевизиону радиои эфирӣ, истеҳсол ва (ё) паҳн кардани маҳсулоти овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ ва дигар маводи пахшшаванда, ҳам барои пахши бисёршабакавии рақамӣ бо истифодаи шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, кайҳонӣ, компютерӣ ва шабакаҳои дигар, аз ҷумла интернет, дар шакли мукаммал истифода мегарданд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар накарда бошад.
2. Вазифа ва функсияҳои Бозрасӣ
5) Вазифаҳои асосии Бозрасӣ аз инҳо иборатанд:
- назорати сифати барномаҳо ва гуфторҳои телевизиону радио, ки дар эфир пахш гаштаанд, мувофиқати таркиб ва мазмуни барномаҳо ба мақсаду вазифаҳои ташкилоти телевизиону радиошунавонӣ ва касбияти он, риояи мӯҳлатҳои муқарраршудаи нигаҳдории сабти овозҳо ва сабтҳои видеоии барномаҳо баъди пахш дар эфир, инчунин назорати баҳисобгирӣ ва қайди барномаву гуфторҳои дар эфир пахшгардида;
- назорати аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонн риоя гаштани талаботи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии мансуб ба воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, дигар санадҳои ҳуқуқиву дастурҳои соҳаи телевизиону радио, инчунин иҷрои меъёрҳо, стандартҳо, сертификатҳо ва ғайра аз ҷониби онҳо;
- назорати сифати техникии таҳияву пахши барномаҳои телевизион ва радио, истифодабарии маводи аудиовизуалии беруна, истеҳсол ва (ё) паҳн намудани ахбори омма тавассути ҳамаи намудҳои воситаҳои техникии пахшкунӣ, новобаста ба тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;
- омода намудани пешниҳодот оид ба такмили санадҳои ҳуқукӣ, ки ба фазои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии мамлакат алоқаманданд, оид ба дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи телевизиону радио, инчунин стандартикунонии меъёрҳои сифати техникӣ ва талаботи меъёрии техникӣ.
6) Тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Бозрасӣ функсияҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- фазои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии мамлакат, риояи меъёрҳо ва қоидаҳои таҳияву пахш ва сифати техникии барномаҳои телевизион ва радноро назорат менамояд;
- ченкуниҳои дахлдор мегузаронад ва минтақаҳои фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пахши мавҷҳои телевизионию радиоӣ муайян менамояд, фарогирии ҳудуди ҷумҳуриро бо барномаҳои телевизион ва радио аниқ мекунад;
- дар таҳияи меъёр ва қоидаҳо, стандартҳо, сертификатҳо ва дигар талаботи меъёрии соҳаи телевизион ва радио иштирок менамояд.
3. Ҳуқуқҳои Бозрасӣ
7) Бе дахолат ба фаъолияти эҷодӣ ба ташкилотҳои телевизиону радио, ҳамчунин ба студияҳо, ширкатҳо, шабакаҳо ва ғайраҳо, ки маҳсулоти овозию аудиовизуалӣ истеҳсол ва (ё) паҳн мекунанд, дигар маводи пахшшаванда (иттилоотӣ) мебароранд, ворид мешавад, аз ҳамаи ташкилотҳои телевизион ва радио, новобаста ба тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ҳуҷҷатҳо, мавод, маълумот ва тавзеҳоти вобаста ба фаъолияти онҳоро талаб мекунад, санҷиши иҷрои фаъолияти мазкурро дар маҳалҳо амалӣ менамояд.
8) Дар ташкилотҳои телевизион ва радио, иншооти телевизион ва радиошунавонӣ санҷиши сифати техникии пахши барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти пахшшаванда (иттилоотӣ)-ро мегузаронад, нишондиҳандаҳои сифатӣ ва мувофиқати онҳоро ба стандартҳо, меъёрҳои техникӣ, сертификат (хусусиятҳои техникӣ ва маълумотҳо) чен мекунад ва тибқи натиҷаҳои ин ченкунӣ қарорҳои дахлдор қабул менамояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
9) Барои иштирок дар санҷишҳо ва инчунин дар гузаронидани таҳқиқоту омӯзишҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутахассисони вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории онҳоро ҷалб менамояд.
10) Ба ташкилотҳои телевизнон ва радио ва шахсони масъули онҳо фармоишҳои иҷрояшон ҳатмӣ оид ба ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдошта ва нуқсонҳои ошкоршудан сифати техникӣ дар мавриди истеҳсол ва (ё) паҳн кардани барномаю гуфторҳои телевизиону радио ва дигар иттилооти (маҳсулоти) аудиовизуалӣ медиҳад, инчунин тибқи "Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ чораҳои маъмурӣ меандешад.
11) Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ ҷиҳати баррасӣ намудан тибқи тартиботи муқарраргардида мавод пешниҳод менамояд. Ба Комиссияи иҷозатномадиҳии соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ оид ба баргардонидан, боздоштан ва (ё) бекор кардани иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи истеҳсол ва (ё) паҳн кардани барномаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар иттилоот мавод пешниҳод месозад.
12) Дар назди роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкилотҳои телевизион ва радио таклифҳо пешниҳод менамояд ё масъалагузорӣ мекунад.
13) Бо ташкилотҳои телевизнон ва радио, аз ҷумла бо ташкилотҳои телевизион ва радиои хориҷӣ ҷиҳати назорати сифати кори воситаҳои техникии телевизиону радио, ки аз ҷониби онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора гирифта шудаанд ё истифода бурда мешаванд, шартномаҳо мебандад.
14) Бозрасӣ нисбати ташкилотҳои хориҷӣ, ки барномаҳои телевизиону радио ва дигар намуди иттилооти аудиовизуалӣ истеҳсол ва (ё) паҳн мекунанд, аз тамоми ҳуқуқҳои барояш додашуда комилан истифода мебарад, агар он хилофи шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ набошад.
4. Масъулияти Бозрасӣ
15) Бозрасӣ масъул аст:
- ба ташкили фаъолияти сатҳи касбии Бозрасӣ, иҷрои босалоҳият ва ҳирфавии вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммааш гузошташуда;
- ба таъмини воқеият ва саҳеҳияти далелҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи вай нишон дода мешаванд;
- ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба воситаҳои ахбори омма тааллуқ доранд, санадҳои меъёрӣ дар соҳаи телевизион ва радио ва Низомномаи мазкур.
16) Дар сурати бо иҷрои номатлуби вазифахои худ зарар овардани Бозрасӣ ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқ доранд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат кунанд ва ҷуброни зарари расонидаи Бозрасиро талаб намоянд.
5. Ташкили фаъолият
17) Ба Бозрасӣ Сардор роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо пешниҳоди раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
18) Сардори Бозрасӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Бозрасӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар фаъолияти соҳаи муқарраргардида масъулияти шахсӣ дорад.
19) Сардори Бозрасӣ як муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
20) Сардор:
- манфиатҳои Бозрасиро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Бозрасиро амалӣ месозад;
- дар доираи салоҳияти худ фармоиш, қарорҳо интишор мекунад, супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Бозрасӣ ҳатмӣ мебошад;
- кормандони Бозрасиро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Бозрасӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдошти онро дар давраи муайяни маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Бозрасӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳои Бозрасиро амалӣ мегардонад.
21) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Бозрасӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
22) Хизматрасонии муҳосибавии Бозрасӣ тавассути Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
23) Бозрасӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу варақаҳо мебошад, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
24) Маҳали ҷойгиршавии Бозрасӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чапаев, 31.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 580
тасдиқ шудааст
Сохтори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият
2. Бахши назорати барномаҳои телевизион ва радио
3. Бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ ()

Роҳбарият
Шӯъбаи назорати барномаҳои телевизион ва радио
Шӯъбаи техникӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ