Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии бонки миллии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2009 № 345

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти № 574

аз 30 апрели соли 2010

"БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ"

Бо Қарори Раёсати Бонки

миллии Тоҷикистон

таҳти № 345

аз 24 декабри с.2009

"тасдиқ шудааст"

Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон

Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия гардидааст ва тартиби анҷом додани пардохтҳои электрониро тавассути низоми байнибонкии пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда, қоидаҳо ва тартиби пайвастшавиро ба низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.

1. Муқаррароти умумӣ

1) Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- маркази ҳисоббаробаркунӣ - воҳиди сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаи он аз кушодан ва хизматрасонии суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва таъмини фаъолияти мунтазами низоми пардохтҳои электронӣ, иборат аст;

- ҳуҷҷати пардохти электронӣ - шакли (тимсоли) электронии ҳуҷҷати пардохтии коғазӣ буда, мувофиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ андозаи муқарраршуда дорад ва маълумоти заруриро барои анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ дар бар гирифта, бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ шудааст;

- пардохти электронӣ - анҷом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба воситаи ҳуҷҷати пардохти электронӣ бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

- имзои электронии рақамӣ - пайдарҳамии рақамӣ, ки барои таъмини тасдиқи аслият ва муаллифии ҳуҷҷати пардохти электронӣ дар натиҷаи дигаргунсозии криптографии иттилоот ба даст омада, қисми ҷудонашавандаи ҳуҷҷати пардохти электронӣ ба ҳисоб меравад;

- ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ), ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" пешбинишударо иҷро менамоянд;

- иштирокдорони низоми пардохтӣ (минбаъд - Иштирокдорон) - Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки дорои суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биржаҳои асъор ба ҳисоб мераванд;

- низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Низом)низоми пардохтии электронӣ, ки барои анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ тавассути суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон дар Бонки миллии Тоҷикистон, бо истифодаи воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот пешбинӣ шудааст;

- ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ - ҳисоббаробаркунӣ байни Иштирокдорони Низом баҳри иҷрои талабот ва ӯҳдадориҳои пулӣ аз рӯи пардохтҳои худ ва пардохтҳое, ки муштариёни онҳо анҷом медиҳанд;

- маркази тасдиқномадиҳӣ - воҳиди сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои пешниҳод ва тасдиқи аслияти калидҳои кушодаи ба Иштирокдорон додашуда, масъул мебошад.

2. Мақсад ва принсипҳои фаъолияти Низом

2) Мақсади асосии Низом ин таъмини интиқоли боэътимод, босуръат, бехатар ва мунтазами маблағҳои пулӣ тариқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии байни Иштирокдорони Низом, инчунин интиқоли пардохтҳое, ки ба қарордодҳо дар бозорҳои молиявии байнибонкӣ вобастаанд, мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ба Иштирокдорон истифодаи баробари меъёрҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва талаботро дар самти пешбурди ҳисобҳои муросилотӣ, дастрасӣ ба Низом, додугирифт ва коркарди ҳуҷҷатҳои электронӣ кафолат медиҳад.

3) Низом дар асоси принсипҳои зерин фаъолият менамояд:

а) набудани афзалият дар коркарди ҳуҷҷати пардохти электронӣ аз рӯи ягон нишона;

б) оғоз намудани пардохти электронӣ аз тарафи Иштирокдоре, ки инро дархост кардааст;

в) анҷом додани пардохтҳои электронӣ мувофиқи маблағе, ки дар ҳисоби муросилотии Иштирокдорон мавҷуд аст;

г) имконнопазирии бекор кардани пардохтҳои электронии оғозшуда;

ғ) дараҷаи баланди бехатарӣ, фаврӣ ва боэътимодӣ;

4) Бонки миллии Тоҷикистон молик, оператор ва иштирокдори мустақили Низом ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун оператори низоми пардохтӣ, фаъолияти Низомро таъмин намуда, барои анҷом додани ҳисоббарбаркуниҳои ниҳоӣ аз рӯи пардохтҳои Иштирокдорони Низом хизмат мерасонад.

5) Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ тарифа муқаррар намояд.

6) Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Иштирокдорони Низом бо Шартномаи дуҷонибаи хизматрасонӣ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ (минбаъд - Шартнома) ва мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешаванд.

7) Иштирокдорони Низом тариқи фармон на камтар аз ду нафар шахсонеро, ки барои анҷом додани пардохтҳои электронии байнибонкӣ масъул мешаванд, таъин менамоянд.

8) Масъулият барои дуруст гузаронидан, хориҷ намудани маблағҳо аз суратҳисобҳои муштариён ва тартиб додани ҳуҷҷати пардохти электронӣ, ки барои коркард ба маркази ҳисоббаробаркунӣ ирсол мегардад, ба зиммаи пардохткунанда ва маблағҳои аз маркази ҳисоббаробаркунӣ гирифташаванда бошад ба зиммаи пардохгиранда вогузор мегардад.

9) Масъулияти ҳифзи иттилооте, ки тавассути Низом додугирифт мешавад, саривақт ва дуруст гузаронидани маблағ, хориҷ кардани маблағҳо аз суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон, таҳияи тасдиқнома оиди қабул ва коркарди ҳуҷҷати пардохти электронӣ, беруннависи ҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон ба зиммаи маркази ҳисоббаробаркунӣ вогузор мегардад.

3. Тартиби пайвастшавӣ ба Низом

10) Раванди пайвастшавӣ ба низом:

а) Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои кушодани суратҳисоби муросилотӣ ва пайвастшавӣ ба Низом бо дархости хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд;

б) Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври хаттӣ розигии худро оид ба кушодани суратҳисоби муросилотӣ бо нишон додани номгӯи пурраи ташкилоти қарзӣ (кредетӣ) ба маркази ҳисоббаробаркунӣ ирсол менамояд;

в) Дар асоси мактуби Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон маркази ҳисоббаробаркунӣ раванди пайвастшавии ташкилоти қарзӣ (кредетӣ)-ро ба Низом оғоз менамояд;

г) Баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иҷрои талаботҳои Бонки миллии Тоҷикистон, барои пайвастшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Низом, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) Шартнома баста мешавад;

ғ) Ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷро нагардидан ва ё ба таври номувофиқ иҷро намудани талаботҳои дар Шартнома овардашуда Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад пайвастшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро ба Низом рад намояд;

д) Ашёи барномавии ҷои кори автоматишудаи Иштирокдори Низом аз тарафи мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон насб карда мешавад;

е) Барои гирифтани тасдиқномаи имзои рақамии электронӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Маркази тасдиқномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст муроҷиат намояд;

ё) Баъди насби ҷои кори автоматишуда омодагии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои фаъолият дар Низом санҷида мешавад.

11) Пас аз анҷоми санҷиш санади омодагии Иштирокдор барои фаъолият дар Низом тартиб дода мешавад.

12) Ҳангоми аз тарафи Иштирокдор риоя нагардидани шартҳои Шартнома ё бозхонди иҷозатномаи ӯ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Иштирокдор аз Низом хориҷ карда мешавад ё муваққатан иштироки ӯ дар Низом боздошта мешавад.

13) Қатъ гардидани Шартнома маънои бекор гардидани мақоми Иштирокдори Низомро дорад.

14) Пайвастшавии филиали ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Низом, бо розигии Саридораи он бо тартиби муқарраршуда амалӣ мегардад.

4. Тартиби фаъолияти Низом

15) Низом аз ҷузъи асосӣ (Бэк-офис) ва ҷои кори автоматишудаи Иштирокдорон (Фронт- офис) иборат аст.

Ҷузъи асосӣ дар маркази ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир шуда, мунтазам, самаранок ва бехатар анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро дар байни Иштирокдорони Низом таъмин менамояд.

Ҷои кори автоматишудаи Иштирокдорон , мубодилаи иттилоотро бо ҷузъи асосӣ, саҳеҳияти иттилооти омодакардаи ба Низом дохилшаванда, ҳимоя аз дастрасии ғайриқонунӣ ва назорат ба кифоя будани маблағро дар суратҳисоби муросилотӣ таъмин менамояд.

16) Додугирифт байни ҷузъи асосӣ ва ҷои кори автоматишудаи Иштирокдор ба воситаи хатҳои гуногуни алоқа амалӣ мегардад.

17) Дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтии ба расмият даровардашуда, Иштирокдор аз номи худ ҳуҷҷати пардохти электрониро тартиб дода, онро ба Низом интиқол медиҳад.

18) Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва маълумоте, ки ба воситаи Низом додугирифт мешавад, ба воситаҳои ашёи барномавӣ ва техникии аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодгардида ҳифз мегардад.

19) Низом оид ба тамоми ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва маълумотномаҳои аз Иштирокдорон қабулкарда тасдиқнома тартиб дода, ба онҳо ирсол менамояд.

20) Бо мақсади босамар ва мунтазам анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо, Иштирокдорони Низом бояд воридоти саривақтии маблағҳоро ба суратҳисобҳои муросилотиашон таъмин намоянд.

21) Аз лаҳзаи дебет намудани суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзии пардохткунанда ва кредит намудани суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзии пардохтгиранда, пардохт бебозхонд ва ба анҷомрасида ҳисобида мешавад.

22) Барои анҷом додани пардохтҳо, Низом қабули ҳуҷҷатҳои пардохти электрониро барои коркарди минбаъда мутобиқи реҷаи кори Низом, қабул менамояд.

23) Ҳуҷҷати пардохти электронии ба Низом ирсолшаванда аз назорати шахсони масъул гузашта, ба он имзои электронии рақамии Иштирокдор гузошта, рамзгузорӣ мешавад ва тавассути хатҳои алоқа барои коркарди минбаъда ба маркази ҳисоббаробаркунӣ интиқол мегардад.

24) Ҳангоми аз тарафи воситаҳои таъмини ҳифзи иттилоот ошкор гардидани саҳву таҳриф, Низом қабули ҳуҷҷати пардохти электрониро рад менамояд.

25) Андозаи (формати) ҳуҷҷати пардохти электронӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

26) Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳар як Иштирокдори Низом барои саривақт анҷом додани пардохтҳо вазифадор аст чораҳои заруриро пешбинӣ намояд.

5. Таъмини ҳифзи иттилоот аз тақаллубкорӣ ва дастрасии ғайриқонунӣ

27) Бо мақсади тасдиқи аслият ва муаллифии ҳуҷҷати пардохти электронӣ, ки тавассути хатҳои алоқа дастрас мешавад, имзои электронии рақамӣ истифода мегардад.

28) Бо мақсади таъмини ҳуҷҷати пардохти электронӣ аз тақаллубкорӣ ва таъмини махфияти маълумоти дар онҳо ҷойдошта, ҳангоми интиқол тавассути хатҳои алоқа рамзгузорӣ истифода мешавад.

29) Ҳар се моҳ калидҳои кушода байни Маркази тасдиқномадиҳӣ ва Иштирокдорони Низом иваз карда мешаванд.

30) Ба ҳомилони берунаи иттилоот бо калидҳои пӯшидаи имзои электронии рақамӣ, рамзгузорӣ ва мӯҳри "Ҳуҷҷати электронӣ" танҳо шахсони масъули тариқи фармон таъиншуда ҳуқуқи дастрасӣ доранд. Онҳо барои амнияти ин ҳомилони берунаи иттилоот ва мӯҳр масъулияти шахсӣ ба зимма доранд.

6. Анҷоми рӯзи амалиётӣ

31) Пас аз анҷоми раванди додугирифти ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ, маркази ҳисоббаробаркунӣ бо Иштирокдорон беруннависи ҳисобҳои мутақобилро мубодила менамояд. Танҳо ҳангоми мувофиқат кардани бақияҳо дар суратҳисобҳои муросилотӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ба итмомрасида ҳисобида мешаванд.

Маркази ҳисоббаробаркунӣ "Анҷоми рӯзи амалиёти"-ро таъмин менамояд. Шартҳои ба итмом расидани "Анҷоми рӯзи амалиётӣ" дар маркази ҳисоббаробаркунӣ, инҳоянд:

а) ба охир расидани вақти қабули ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ аз Иштирокдорон мутобиқи реҷаи кории Низом;

б) ҳамаи ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ, ки ба маркази ҳисоббаробаркунӣ интиқол шудаанд, бояд коркард шуда, дар суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон инъикос гарданд.

Давраи "Анҷоми рӯзи амалиётӣ" бо додани ҳисоботҳои хотимавӣ, ба бойгонӣ супоридани маълумот ва омодасозии Низом ба рӯзи дигари амалиётӣ анҷом мегардад.

7. Пешбурди бойгонии ҳуҷҷатҳои электронӣ

32) Нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои пардохти электронии интиқолшуда ва қабулшуда, тасдиқномаҳои онҳо ва беруннависи ҳисобҳои мутақобил ҳам дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳам дар назди Иштирокдорони Низом мутобиқи мӯҳлате, ки барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ муқаррар шудааст, нигоҳ дошта мешаванд.

33) Нусхаи ҳамаи калидҳои кушода ва пӯшидаи имзои электронии рақамӣ ва рамзгузорӣ дар Маркази тасдиқномадиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд.

34) Иштирокдорон ҳар рӯзи амалиётӣ дар ҳомили берунаи иттилоот бойгонии ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ ва беруннависҳои хотимавиро барои нигоҳдории дарозмӯҳлат, тартиб медиҳанд.

35) Бойгонии ҳуҷҷатҳои пардохти электронӣ ва беруннависҳои хотимавӣ бояд дар ҳомили берунаи иттилоот дар шакле, ки барои пурра санҷидани онҳо имконият медиҳад, нигоҳ дошта шаванд.