Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 35 "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ "

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1997, № 23-24, мод. 350) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Ба моддаи 3 қисмҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Захираҳои ҳатмии нафақавӣ - маҷмӯи маблағҳои аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртавии аз маоши кормандон ҷамъшуда мебошад, ки тартиби нигоҳ доштани онҳоро дар ҳисобномаҳои захиравии инфиродӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳисобномаи захиравии инфиродӣ - ҳуҷҷатест, ки дар мақомоти ваколатдори махсус дар шакли электронӣ нигоҳ дошта шуда, маълумотро дар бораи шахсони суғурташуда, даромадҳои онҳо, ки аз онҳо (барои онҳо) саҳмҳои суғуртавӣ ворид гардидаанд, инчунин дигар маълумотеро, ки ҳуқуқи нафақавии шахсони суғурташударо ба назар гирифтааст, дар бар мегирад.

Суратҳисоби захиравии инфиродӣ - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарҷ гардидаанд.

Қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ - пардохтҳои иловагӣ ба нафақаи меҳнатӣ мебошад, ки аз ҳисоби маблағи дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъшуда амалӣ мегарданд"

Ба қисми дуюми моддаи 17 сархати дорои мазмуни зайл илова карда

шавад:

"пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ".

Дар сархати нӯҳуми қисми дуюми моддаи 22 ибораи "маблағҳое, ки ба ҳисобномаҳои номӣ", ба ибораи "маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ" иваз карда шавад.

Дар моддаи 22 калимаҳои "суғуртакунанда", "ашхоси", "саҳмия" мутобиқан ба калимаҳои "муассисаи суғурта", "шахсони" ва "саҳм" иваз карда шаванд.

Дар қисми якуми моддаи 23 ибораи "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд" ба ибораи "бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст" иваз карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном социальном страховании"

Статья 1.

Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года "О государственном социальном страховании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., № 23-24, ст.350) следующие изменения и дополнения: статью 3 дополнить частями следующего содержания:

"Обязательные пенсионные накопления - совокупность средств, накопившихся за счет обязательных страховых взносов от заработной платы работников, порядок удержания которых на индивидуальных накопительных счетах определяется Правительством Республики Таджикистан.

Индивидуальный накопительный счет - документ, который хранится в специально уполномоченных органах в электронной форме и содержит в себе информацию о застрахованных лицах, их доходах, поступившгос от них (за них) страховых взносах, а также иные сведения, учитывающие пенсионные права застрахованных лиц.

Индивидуальный накопительный расчетный счет-специальная часть индивидуального накопительного счета, в который заносится сумма обязательных пенсионных накоплений, доходов от их инвестирования и индексации, а также выплаты от пенсионных накоплений.

Накопительная часть трудовой пенсии" дополнительные выплаты к трудовой пенсии, производимые за счет средств, накопившихся на индивидуальном накопительном счете.".

Часть вторую статьи 17 дополнить абзацем следующего содержания:

"выплат накопительной части трудовой пенсии".

В абзаце девятом части второй статьи 22 словосочетание "сумм, зачисленных на именные счета" заменить словосочетанием: "сумм, зачисленных в специальную часть индивидуальных накопительных счетов".

В статье 22 таджикского текста слово "сугуртакунанда", "ашхоси", "сахмия" заменить соответственно словами "муассисаи сугурта". "шахсони" и "сахм".

В части первой статьи 23 словосочетание "определяемых Правительством Республики Таджикистан" заменить словосочетанием "установленных Налоговым кодексом Республики Таджикистан".

В части второй статьи 23 словосочетание "одного процента" заменить словосочетанием "определенном Налоговым кодексом Республики Таджикистан", слово "определяемом" заменить словом "установленном", а в тексте на таджикском языке словосочетание "хисобномаи инфиродии пасандозй" заменить словосочетанием "суратхисоби захиравии инфиродй", слово "сахмияхои" на слово "сахмхои".

Закон дополнить статьей 23(1) следующего содержания:

...