Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 499

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010 № 499

тасдиқ шудааст

Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо намояндагони илму маориф бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохаи маориф таҳия гардидааст.

Консепсия дар шароити соҳибистиқлолӣ, рушди техникаю технологияи муосир ва талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои ихтисосманд сиёсати дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи меҳнатӣ ва интихоби дурусти касб муайян месозад. Он дар марҳилаи нави таърихӣ моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи меҳнатӣ ва раҳнамоии касбии хонандагонро ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсият мукаммал месозад.

Дар Консепсия хусусиятҳои равонии синнусолии хонандагон дар интихоби касб, истеъдоди фардӣ, соҳиби дониш ва маҳорати технологӣ гардидани касбомӯзон ва роҳҳои амалӣ намудани онҳо нишон дода шудааст. Он тамоюли инкишофи сиёсати давлатиро бо назардошти мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи меҳнат ва интихоби касб дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ амалӣ мегардонад.

Консепсия санадест, ки фарогири асосҳои бунёдии назариявӣ, методию методологӣ буда, мақсаду вазифаҳо, мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои раҳнамоии касбии хонандагонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

Амалисозии Консепсия ба интихоби дурусти касб ва баланд бардоштани сифати касбии мутахассисон мусоидат менамояд ва аз ҳамаи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ новобаста аз тобеияти сохториашон, дигар идораҳои дахлдор ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ татбиқи онро тақозо мекунад.

1. Раҳнамоии касбӣ самтҳои он, мақсад ва усулҳо

1) Раҳнамоии касбӣ - яке аз қисматҳои фарҳанги умумибашарӣ буда, дар шакли ғамхории ҷамъият барои ташаккули касбии насли наврас, дастгирӣ ва инкишофи истеъдодҳои табиӣ, инчунин гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои махсуси психологию педагогӣ, психофизиологӣ, тиббӣ ва давлатии мусоидат ба шахс дар худмуайянкунии касбӣ ва интихоби намуди мувофиқтарини касб бо назардошти шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилият, ҳолати иҷтимоию иқтисодии бозори меҳнат ва талаботи ҷамъият ба касбҳо зоҳир мегардад.

2) Қисматҳои муҳимтарини раҳнамоии касбӣ иборатанд аз:

- маълумоти касбӣ - шинос намудани ҷавонон бо намудҳои истеҳсолот, вазъи бозори меҳнат, талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд, мазмун ва дурнамои рушди касбҳо, роҳҳои фаро гирифтани касбҳо, шаклу шароитҳои азхудкунии онҳо, талаботи касбҳо нисбат ба шахс, имкониятҳои такмили касбии тахассусӣ ва худтакмилдиҳӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ;

- машварати касбӣ - расонидани ёрӣ ба шахс дар худмуайянкунии касбӣ бо мақсади қабули қарори бошуурона дар интихоби касб бо назардошти хусусият ва имкониятҳои психологӣ, ҳамчунин талаботи ҷомеа;

- интихоби касбӣ - пешниҳоди тавсияҳо ба шахс доир ба самтҳои имконпазири фаъолияти касбии ба хусусиятҳои психологӣ ва физиологии он мувофиқ дар асоси натиҷаҳои ташхисҳои психологӣ, психофизиологӣ ва тиббӣ;

- хостагирии касбӣ - муайян намудани дараҷаи коршоямии касбӣ ба касби мушаххас мувофиқи талаботи меъёрӣ;

- мутобиқсозии касбӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ - тартиби меъёрҳое, ки ба ташаккули касбии коргар, ташаккули сифатҳои марбутаи иҷтимоӣ ва касбии ӯ, нишондодҳо ва талабот ба меҳнати фаъоли эҷодӣ ва дарёфти сатҳи олии касбӣ мусоидат менамояд;

3) Раҳнамоии касбӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ дар соҳаи интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатҳои бозорӣ;

- ноил гаштан ба мувозинати байии шавқу ҳаваси касбии шахсият, хусусиятҳои психофизиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат;

- пешбинии муваффақияти касбӣ дар яке аз соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ;

- мусоидат ба инкишофи бемайлони маҳорати касбии шахсият ҳамчун шарти муҳимтарини қаноатмандии ӯ аз меҳнат ва мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии нерӯи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва некӯаҳволии арзанда.

4) Усулҳои асосии раҳнамоии касбӣ:

- маълумотдиҳӣ - инфиродӣ, гурӯҳӣ, оммавӣ (бевосита: лексия сӯҳбат; ғайримустақим: бо воситаҳои ахбори умум);

- машварати психологӣ ва тиббӣ;

- ташхиси психологӣ, психофизиологӣ ва тиббӣ;

- усулҳои гуногуни педагогӣ.

2. Зарурати таҳия ва қабули Консепсия

5) Вобаста ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил ва рушди низоми давлатии роҳнамои касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, он тамоми қаламрави ҷумҳуриро дарбар мегирад ва ба ҷавонон имкониятҳои гуногуни хизматрасониро оид ба роҳнамоии касбӣ, таҳияи пояи ҳуқуқии меъёрҳои татбиқи он, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро таъмин менамояд.

Зарурати таҳия ва қабули Консепсия маҳз аз ҳамин муқаррарот сарчашма мегирад ва интихоби дурусти касбро дар асоси истеъдоди табиӣ, талаботу имкониятҳо, омӯзиши асосҳои илм ва фанҳои интихоби касб ва технологияи меҳнатро тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ талаб мекунад. Бо ин мақсад, Консепсия ба интихоби саривақтию бошууронаи касб, интихоби муассисаи таълимӣ, дигар шаклҳои тайёрии касбӣ, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудан ва ба мутобиқшавӣ ба фаъолияти иҷтимоию касбии хонандагон мусоидат мекунад.

Системаи раҳнамоии касбӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми сиёсати кадрии давлатӣ ва қисми ду низоми ба ҳам пайваст: таҳсилоти муттасил ва шуғли самаранок гардад.

6) Раҳнамоии касбӣ дар асоси принсипҳои (усулҳои) зерин амалӣ мегардад:

- имкониятҳои баробар барои гирифтани машварати касбӣ, новобаста аз маҳалли зист, ҷойи таҳсил ё кор, синну сол, ҷинс, миллат ва эътиқоди динӣ;

- дастрасии иттилооти касбии зарурӣ баҳри интихоб ва ивазнамоии касб, шакли омӯзиш ва бокортаъминкунӣ;

- ихтиёрӣ будани истифодаи имконоти интихоби касб барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ;

- хусусиятҳои махфию тавсиявии машварати касбӣ ва интихоби касбӣ, риояи одоби касбӣ аз тарафи мутахассисон;

- муттасилии ҷараёни раҳнамоии касбӣ, мушоҳидаҳои дарозмӯҳлати ҷарёни ташаккул ва инкишофи касбӣ;

- афзалияти шавқу ҳавас ва имкониятҳои шахс, ҷанбаи инсондӯстонаи раҳнамоин касбӣ.

3. Самтҳои асосии рушди низоми раҳнамоии касбии хонандагон

7) Дар рушди низоми раҳнамоии касбии хонандагон фаъолияти якҷояи ҳамоҳангшудаи қисматҳои низоми раҳнамои касбӣ - мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, мақомоти давлатии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон, марказҳои минтақавии раҳнамои касбӣ, муассисаю ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум, оила, иттиҳодия ва созмонҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои иҷтимоии масъули тарбия, таълим, таълими касбӣ ва бо кор таъминкунии ҷавонон бояд аҳамияти махсус дошта бошанд.

8) Ҷузъи муҳими низоми минтақавии раҳнамоии касбӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳамаи намудҳо ба шумор мераванд.

Самтҳои асосии фаъолияти ин муассисаҳо иборатанд аз:

- фароҳам овардани шароит барои гузаронидани корҳои бонизом, тахассусӣ ва маҷмӯӣ оид ба раҳнамои касбӣ;

- омӯзиш ва ташаккули муносибати бошууронаи хонандагон ба интихоби касб дар раванди таълиму тарбия мувофиқи шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилиятҳои ҳар кадом бо назардошти талаботи минтақа (маҳал) ба касбҳо;

- берун аз дарс ҷалб намудани хонандагон ба эҷодиёти техникию бадеӣ ва баланд бардоштани нақши эҷодиёт дар интихоби касб;

- шиносонидани хонандагон дар раванди фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълим бо муассисаҳои таълимии касбӣ, касбҳо ва ихтисосҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дурнамои инкишофи онҳо;

- ташкили маълумоти касбӣ ва маслиҳати касбии хонандагон ташаккули мақсаду ниятҳои касбӣ дар асоси омӯзиши маҷмӯии шахсияти хонанда бо назардошти хусусиятҳои фардӣ, психофизиологӣ, вазъи саломатӣ ва талаботи минтақавӣ ба кадрҳо;

- истифодаи хадамоти равоншиносии мактабӣ барои гузаронидани корҳо оид ба раҳнамои касбӣ;

- ба роҳ мондани таълими тафриқаи хонандагон барои пурра ошкор намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилиятҳои фардии онҳо.

9) Муассисаҳои таълимӣ, комбинатҳои таълимии байнимактабӣ, идора ва ташкилотҳои истеҳсолӣ яке аз ҷузъҳои асосии корҳо оид ба раҳнамои касбӣ дар ноҳия (шаҳр) буда, корҳоро оид ба раҳнамои касбӣ якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути иштироки мустақими хонандагон дар фаъолияти мушаххаси меҳнатӣ ва касбӣ амалӣ мегардонанд.

10) Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ:

- низоми меъёрҳоро оид ба тартиби касб ва ихтисосҳое, ки барои соҳаҳои иқтисодиёт ва бозори меҳнат заруранд, амалӣ менамоянд;

- ба ташаккул ва таҳкими мақсадҳои касбиинтихобкунии хонандагон ва донишҷӯён мусоидат мекунанд;

- оид ба омода намудани ҷавонон ба фаъолияти таълимӣ ва меҳнатӣ ва барои таҳкимбахшии мақсадҳои касбинтихобкунии онҳо кор мебаранд;

- принсипҳои (усулҳои) интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро дар амал татбиқ менамоянд;

- мутобиқгардонии касбии истеҳсолӣ ва иҷтимоии коргарону мутахассисони ояндаро амалӣ месозанд;

- гурӯҳҳои равиявӣ, факултативҳои (марказҳои) омодасозии тодонишгоҳиро бо мақсади инкишофи сифатҳо, майлу рағбат ва қобилиятҳои касбии ҷавонон ташкил медиҳанд;

- хонандагонро бо иттилооти зарурӣ оид ба талаботе, ки ба таҳсил ва мазмуни он пешниҳод гардидаанд ва ба маълумот оид ба имкониятҳои касбӣ дар соҳаҳои интихобшуда таъмин менамоянд;

- якҷоя бо мутахассисони марказҳои раҳнамои касбии ташкилотҳои соҳаҳои иқтисодиёт таҳияи маводи тартибкунандаи касбҳоро аз рӯи соҳаҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардонад.

11) Муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ:

- барои раҳнамоии касбии хонандагон, шахсоне, ки фаъолияти меҳнатаро оғоз менамоянд, ташаккули рағбати онҳо ба касбҳои истеҳсолоти марбута дар раванди таълими меҳнатии онҳо ва меҳнат дар муассисаҳо кор мебаранд;

- усулҳои интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро ҳангоми омодасозӣ ва азнавтайёркунии коргарони ҷавон дар истеҳсолот, фиристодани онҳо ба таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва марказ ҷорӣ намуда, меъёрҳои мутобиқгардонии касбии истеҳсолӣ ва иҷтимоии коргарони ҷавон ва мутахассисонро амалӣ мегардонанд;

- дар таҳияи маводи тарғиботии касбӣ иштирок менамоянд;

- дар таҳҷизонидани кабинетҳои раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва марказ иштирок менамоянд.

12) Марказҳои шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ:

- ба хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон дар маҷмӯъ доир ба вазъи бозори меҳнат, роҷеъ ба касбҳои дар бозори меҳнат арзишманд ва имкониятҳои соҳибшавӣ ба онҳо дар муассисаҳои таълимии минтақа ва вилоят, аз ҷумла, аз рӯи самтҳои мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ маълумоти касбӣ медиҳанд;

- якҷоя бо мақомоти идоракунӣ, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон дар гузаронидани чорабиниҳои оммавию мавзӯии раҳнамои касбӣ барои ҷавонон ширкат меварзанд;

- барои бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии бекор, кафолатҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар самти ба онҳо расонидани хидмати раҳнамои касбӣ ва дастгирии психологиро таъмин менамоянд;

- кабинетҳои махсусгардонидашудаи раҳнамоии касбиро ташкил карда, фаъолияти онҳоро дар марказҳои шуғли аҳолӣ ба роҳ мемонанд;

- бо мақомоти маҳаллии идораи маориф, иттиҳодияву ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, комиссариатҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии касбӣ ва корхонаҳо дар ҳалли масъалаҳои раҳнамоии касбии ҷавонони минтақа ҳамкорӣ мекунанд.

13) Самтҳои асосии рушди раҳнамоии касбии хонандагону ҷавонон дар васоити ахбори омма инҳо мебошанд:

- иттилоъ додан роҷеъ ба вазъи бозори меҳнат, талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд;

- шиносоӣ бо мазмун ва пешомадҳои талаботи бозори касбҳо, бо шаклҳо ва шароити азхудкунии онҳо, бо талаботи ба инсон пешниҳоднамудаи касбҳо, бо имкониятҳои рушди касбии ихтисосӣ;

- шинос намудани хонандагон бо намудҳои муосири истеҳсолот;

- паҳн намудани маводи профессиографӣ-маълумотномаи касбҳои мухталиф.

14) Оила баҳри инкишоф ва таълими кӯдакои ғамхорӣ карда, дар интихоби касб, намуди шуғл ва кор мусоидат менамояд.

Иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раҳнамои касбии ҷавонон тибқи намуди фаъолияти онҳо ширкат меварзанд.

Фаъолияти касбӣ ҳамчунин аз ҷониби муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, маҷмааҳои варзишию намоишӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомоти умури дохилӣ низ амалӣ гардонида мешавад.

15) Барои ташкили таъмини методӣ ва идоракунии кори раҳнамои касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳо кабинетҳо (озмоишгоҳҳо) ҳамчунин шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба раҳнамоии касбӣ ташкил карда мешаванд. Ҳангоми зарурат созмонҳо метавонанд бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони манфиатдор оид ба раҳнамоии касбӣ шӯроҳои якҷояро таъсис диҳанд.

4. Таъминоти ташкили кор оид ба раҳнамоии касбӣ

16) Кори раҳнамоии касбӣ дар ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии методии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии раҳнамоии касбии хонандагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

17) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раёсату шӯъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- роҳбариро аз болои муассисаҳои зертобеъ ва мақомоти идораи маориф дар раванди кор оид ба раҳнамоии касбии хонандагону ҷавонон амалӣ месозанд;

- ташкили шӯъбаҳои (қисмҳои) марбутаро оид ба раҳнамоии касбӣ таъмин менамояд ва ба муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо дастурҳои таълимию методӣ, таҳҷизоти ташхисию касбӣ ва дигар таҳҷизот мусоидат менамоянд;

- методҳои интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ татбиқ менамоянд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро оид ба масъалаҳои раҳнамоии касбӣ, мубодилаи таҷрибаи кори онҳо дар ҳамин соҳа, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавиро ташкил менамоянд;

- оид ба беҳтар кардани раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳоро таҳия ва татбиқ менамоянд, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаи мазкур омода мегардонанд;

- таҳияи маводи иттилоотӣ, дастурҳои методӣ, профессиографӣ ва дигар маводро ба роҳ мемонанд.

18) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти марбутаи маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии раҳнамоии касбии хонандагон ва дигар корхонаҳои ҳавасманд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- барои рушди низоми раҳнамоии касбии ҷавонон чораҷӯӣ намуда, онҳоро амалӣ мегардонанд;

- фаъолияти рахнамоии касбиро дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳанг месозанд;

- марказҳои раҳнамоии тсасбиро бо маводи ахборию методӣ ва маълумотӣ таъмин мекунанд;

- хизматрасонии раҳнамои касбиро ба ҷавонони бекор, ки барои таълим ва бозомӯзӣ роҳхат доранд, ташкил менамоянд;

- низоми чорабиниҳоро оид ба раҳнамоии касбии хонандагони дорои рақобатпазирии пастро дар бозори меҳнат таъмин месозанд;

- чорабиниҳоро оид ба беҳсозии кори раҳнамоии касбӣ дар муассисоти тобеъ таҳия намуда, онҳоро амалӣ мегардонанд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ, тартибкунанда ва дигар маводи марбутаро омода менамоянд;

- омӯзиш ва густариши таҷрибаи пешқадами хориҷи кишварро оид ба раҳнамоии касбии ҷавонон ташкил мекунанд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро оид ба раҳнамоии касбӣ якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ ташкил менамояд;

19) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои бахшҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- аз муоинаи тиббӣ гузаронидани хонандагон ва ҷавонон, гузаронидани машварати касбии тиббии шахсони саломатиашон нуқсондор ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустиро оид ба масъалаҳои машварати касбии тиббӣ таъмин менамоянд.

- барои беҳтар кардани кори раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои зертобеъ чораҷӯӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ, маводи ташвиқотии касбӣ ва ғайраро тайёр мёнамояд.

20) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шӯъбаҳои кор бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодия ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба кор бо ҷавонон дар раванди раҳнамоии касбӣ амалӣ мегардонанд;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳаи методиии марбутаро таъмин месозанд;

- ба таҷҳизонидани марказҳои раҳнамоии касбии ҷавонон, нуқтаҳои машварати касбӣ, муассисаҳои таълимӣ созмон бо техникаи компютерӣ, аудиовизуалӣ ва дигар намудҳои таҷҳизот мусоидат мекунанд;

- дар баргузории чорабиниҳои ташкилию оммавӣ оид ба раҳнамоии касбии хонандагон ширкат меварзанд, таҷрибаи онҳоро паҳн менамоянд.

21) Дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъминоти ташкилию методӣ ва роҳбарӣ ба кори раҳнамоии касбиро вазоратҳои марбута ва дигар мақомоти идораи давлатӣ амалӣ мегардонанд.

Вазифаҳои асосии онҳо инҳоянд:

- бунёдгузорӣ ва рущди низоми соҳавии раҳнамоии касбӣ, амалигардонии таъминоти кадрии методӣ ва таҳҷизонидани техникии низоми мазкур;

- таҳия ва чораҷӯӣ оид ба татбиқи усулҳои илман асосноки интихоби касбӣ, хостагирии касбӣ ва мутобиқгардонии касбӣ дар амалияи тайёр кардан ва азнавтайёркунии коргарон дар истеҳсолот ва дар муассисаҳои таълимии ташкилотҳои таҳсилоти бефосилаи кормандони соҳа;

- ташкили таҳияи нақшаҳои касбӣ (профессиограммаҳо) аз рӯи касбҳою ихтисосҳои соҳа бо назардошти тағйироти баамалоянда дар шароит, хусусият ва мундариҷаи меҳнат;

- расонидани кӯмак ба муассисаҳо дар ташкили кори раҳнамоии касбӣ, ҷамъбаст ва густариши таҷрибаи пешқадам;

- ташкили такмили ихтисоси кормандони соҳа аз рӯи масъалаҳои раҳнамоим касбӣ.

22) Асоси ташкилии рушди Низоми раҳнамоии касбии хонандагон ташкили шабакаи марказҳои вилоятию минтақавии раҳнамои касбӣ (нуқтаҳои машваратҳои касбӣ) ба ҳисоб мераванд, ки чунин вазифаҳоро иҷро менамоянд:

- пешниҳод намудани хизматрасониҳои раҳнамоии касбӣ ба хонандагон ва ҷавонон;

- якҷоя бо муассисаҳои ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил намудани машварати касбии тиббии наврасоне, ки нуқсони ҷисмонӣ доранд ва маъюбон аз кӯдакӣ бо мақсади офияти касбии онҳо;

- ташкили фаъолияти мунтазами раҳнамои касбӣ дар муассисаҳои таълимии намудҳои гуногун;

- гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ, омӯзиши шавқи касбии ҷавонон, таҳлили маълумотҳои гирифташуда ва коркарди тавсияҳои мувофиқ;

- ширкат дар тайёр кардан, бозомӯзӣ, расондани ёрии методӣ ба кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мутахассисони ташкилотҳо дар фаъолияти раҳнамоии касбӣ;

- таҳияи тавсияҳои методӣ, феҳристҳо ва дигар дастурҳои маълумотӣ, ташкили манбаи маълумотҳои марбута;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти раҳнамои касбӣ дар ҳудуд, гузаронидани чорабиниҳое, ки ба баландбардории самаранокии он нигаронида шудаанд;

- иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотии таҷрибавӣ;

- ширкат дар таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавии раҳнамоии касбии ҷавонон.

23) Занҷираи асосии (марказии) илмию методии низоми раҳнамоии касбӣ Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбии хонандагон мебошад, ки сиёсати ягона, ҳамоҳангсозии фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ ва тавсияҳоро барои амалигардонии он татбиқ менамояд. Маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбии хонандагон роҳбарии методиро дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба фаъолияти раҳнамоии касбӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.

24) Ташкилкунандаи асосии расонидани хизматҳои раҳнамоии касбӣ ба хонандагон маркази вилоятии раҳнамои касбии хонандагон мебошад, ки роҳбарии методии марказҳои минтақавии раҳнамони касбиро (нуқтаҳои машварати касбӣ) таъмин менамояд.

25) Фаъолияти маркази вилоятии раҳнамоии касбиро шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба раҳнамои касбии хонандагон ба танзим медарорад. Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомот оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳо, марказҳои раҳнамоии касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра таъсис дода мешавад.

26) Вазифаҳои шӯро иборатанд аз:

- муайян намудани самтҳои асосии раҳнамоии касбӣ дар ҳудуди вилоят бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ;

- таъмини ҳамкории ҳамаи созмонҳое, ки дар кори раҳнамоии касбӣ ширкат меварзанд;

- таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳамоҳангсозӣ ва барномаҳои минтақавии раҳнамоии касбӣ;

- омӯзиш, натиҷагирӣ ва паҳн кардани таҷрибаи кор, гузаронидани чорабиниҳои оммавии раҳнамоии касбӣ.

27) Низомномаи шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ ва ҳайати он бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ карда мешаванд.

28) Занҷираи ибтидоии хадамоти минтақавии раҳнамоии касбӣ марказҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар низоми раҳнамоии касбӣ ҳамчун воҳиди мустақил бо шабакаи нуқтаҳои машварати касбӣ ҳамкорӣ менамояд.

29) Вазифаҳои асосии марказ (нуқтаи машварати касбӣ) - таъмиии хизматрасониҳои раҳнамоии касбӣ ба шахсоне, ки дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекунанд, амалӣ кардани роҳбарии кори раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин минтақа ҷойгиранд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мебошад.

5. Таъмини системаи раҳнамоии касбӣ бо кадрҳо

30) Раҳнамоии касбии ҷавонон аз тарафи мутахассисони марказҳои минтақавии раҳнамоии касбӣ, хадамоти шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва идораю ташкилотҳо гузаронида мешавад. Дар ин кор бевосита педагогҳо, психологҳо, педагог-психологҳо, педагогҳои иҷтимоӣ, методистон оид ба раҳнамоии касбӣ, машваратчиёни касбӣ ва физиологу сотсиологҳо иштирок менамоянд.

31) Вазифаҳои хизматии мутахассисони соҳа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи онҳо аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

32) Тайёр кардани мутахассисони соҳаи раҳнамоии касбӣ дар донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгорӣ тавассути ба барномаҳои таълимӣ ворид намудани курсҳои махсус, ҳамчунин тахассусҳои марбутаи психолог, педагог, физиолог, сотсиолог, иқтисодион, пизишкон - духтурони бачагона ва пизишкони амрози дарунӣ ташкил карда мешавад.

33) Бозомӯзии мутахассисони соҳаи раҳнамоии касбӣ тавассути низоми махсуси факултетҳои донишкадаю марказҳои такмили ихтисос, шӯъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳамчунин тариқи ташкили таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ амалӣ гардонида мешаванд.

6. Натиҷаи Консепсия

34) Татбиқи Консепсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба низоми нави таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ замина фароҳам оварда, барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ шароит муҳайё месозад, ҳамчунин имконият медиҳад, ки мазмуни тарбияи меҳнатӣ ва раҳнамоин касбии ҷавонон дар асоси рушди техникаю технологияи замонавӣ куллан тағйир дода шавад. Дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои Консепсия тарбияи меҳнатӣ барои таълимгоҳҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар зинаҳои таҳсилоти касбӣ рушд меёбад, ки он ба самаранокии раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард, аз ҷумла:

- дастовардҳои нави тарбияи меҳнатӣ ва раҳнамоии касбӣ ҳамчун объекти таҳқиқот амалӣ мешаванд;

- сатҳи раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии насли наврас баланд гардида, ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик мешавад;

- алоқамандии иҷтимоии тарбия бо ҳаёт ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҷомеа пурзӯр мегардад;

- ҳамкории субъектҳои асосии таълим ва омӯзиш ба нафъи тарафайн ва ҷомеа инкишоф ёфта, самараи мусбат ба бор меорад.

- наврасону ҷавонон бо усулу тарзҳои истифодаи технологияи муосир дар раванди тарбияи меҳнатӣ шинос мегарданд, ки барои тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди рақобатпазир ба бозори меҳнат мусоидат менамоянд;

- дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои дуруст азхуд кардани истифодаи шабакаи Интернет ва шинос шудан бо усулҳои нави интихоби касб ва истифодаи он дар амалия шароит фароҳам оварда мешавад;

- дар шароити гузариш ба низоми нави тарбияи меҳнатӣ истифодаи компютер дар раванди корҳои амалӣ таъмин мегардад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010

№ 499 тасдиқ шудааст

Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо намояндагони илму маориф бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохаи маориф таҳия гардидааст.

Консепсия дар шароити соҳибистиқлолӣ, рушди техникаю технологияи муосир ва талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои ихтисосманд сиёсати дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи меҳнатӣ ва интихоби дурусти касб муайян месозад. Он дар марҳилаи нави таърихӣ моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи меҳнатӣ ва раҳнамоии касбии хонандагонро ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсият мукаммал месозад.

Дар Консепсия хусусиятҳои равонии синнусолии хонандагон дар интихоби касб, истеъдоди фардӣ, соҳиби дониш ва маҳорати технологӣ гардидани касбомӯзон ва роҳҳои амалӣ намудани онҳо нишон дода шудааст. Он тамоюли инкишофи сиёсати давлатиро бо назардошти мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи меҳнат ва интихоби касб дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ амалӣ мегардонад.

Консепсия санадест, ки фарогири асосҳои бунёдии назариявӣ, методию методологӣ буда, мақсаду вазифаҳо, мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои раҳнамоии касбии хонандагонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

Амалисозии Консепсия ба интихоби дурусти касб ва баланд бардоштани сифати касбии мутахассисон мусоидат менамояд ва аз ҳамаи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ новобаста аз тобеияти сохториашон, дигар идораҳои дахлдор ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ татбиқи онро тақозо мекунад.

1. Раҳнамоии касбӣ самтҳои он, мақсад ва усулҳо

1) Раҳнамоии касбӣ - яке аз қисматҳои фарҳанги умумибашарӣ буда, дар шакли ғамхории ҷамъият барои ташаккули касбии насли наврас, дастгирӣ ва инкишофи истеъдодҳои табиӣ, инчунин гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои махсуси психологию педагогӣ, психофизиологӣ, тиббӣ ва давлатии мусоидат ба шахс дар худмуайянкунии касбӣ ва интихоби намуди мувофиқтарини касб бо назардошти шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилият, ҳолати иҷтимоию иқтисодии бозори меҳнат ва талаботи ҷамъият ба касбҳо зоҳир мегардад.

2) Қисматҳои муҳимтарини раҳнамоии касбӣ иборатанд аз:

- маълумоти касбӣ - шинос намудани ҷавонон бо намудҳои истеҳсолот, вазъи бозори меҳнат, талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд, мазмун ва дурнамои рушди касбҳо, роҳҳои фаро гирифтани касбҳо, шаклу шароитҳои азхудкунии онҳо, талаботи касбҳо нисбат ба шахс, имкониятҳои такмили касбии тахассусӣ ва худтакмилдиҳӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ;

- машварати касбӣ - расонидани ёрӣ ба шахс дар худмуайянкунии касбӣ бо мақсади қабули қарори бошуурона дар интихоби касб бо назардошти хусусият ва имкониятҳои психологӣ, ҳамчунин талаботи ҷомеа;

- интихоби касбӣ - пешниҳоди тавсияҳо ба шахс доир ба самтҳои имконпазири фаъолияти касбии ба хусусиятҳои психологӣ ва физиологии он мувофиқ дар асоси натиҷаҳои ташхисҳои психологӣ, психофизиологӣ ва тиббӣ;

- хостагирии касбӣ - муайян намудани дараҷаи коршоямии касбӣ ба касби мушаххас мувофиқи талаботи меъёрӣ;

- мутобиқсозии касбӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ - тартиби меъёрҳое, ки ба ташаккули касбии коргар, ташаккули сифатҳои марбутаи иҷтимоӣ ва касбии ӯ, нишондодҳо ва талабот ба меҳнати фаъоли эҷодӣ ва дарёфти сатҳи олии касбӣ мусоидат менамояд;

3) Раҳнамоии касбӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ дар соҳаи интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатҳои бозорӣ;

- ноил гаштан ба мувозинати байии шавқу ҳаваси касбии шахсият, хусусиятҳои психофизиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат;

- пешбинии муваффақияти касбӣ дар яке аз соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ;

- мусоидат ба инкишофи бемайлони маҳорати касбии шахсият ҳамчун шарти муҳимтарини қаноатмандии ӯ аз меҳнат ва мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии нерӯи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва некӯаҳволии арзанда.

4) Усулҳои асосии раҳнамоии касбӣ:

- маълумотдиҳӣ - инфиродӣ, гурӯҳӣ, оммавӣ (бевосита: лексия сӯҳбат; ғайримустақим: бо воситаҳои ахбори умум);

- машварати психологӣ ва тиббӣ;

- ташхиси психологӣ, психофизиологӣ ва тиббӣ;

- усулҳои гуногуни педагогӣ.

2. Зарурати таҳия ва қабули Консепсия

5) Вобаста ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил ва рушди низоми давлатии роҳнамои касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, он тамоми қаламрави ҷумҳуриро дарбар мегирад ва ба ҷавонон имкониятҳои гуногуни хизматрасониро оид ба роҳнамоии касбӣ, таҳияи пояи ҳуқуқии меъёрҳои татбиқи он, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро таъмин менамояд.

Зарурати таҳия ва қабули Консепсия маҳз аз ҳамин муқаррарот сарчашма мегирад ва интихоби дурусти касбро дар асоси истеъдоди табиӣ, талаботу имкониятҳо, омӯзиши асосҳои илм ва фанҳои интихоби касб ва технологияи меҳнатро тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ талаб мекунад. Бо ин мақсад, Консепсия ба интихоби саривақтию бошууронаи касб, интихоби муассисаи таълимӣ, дигар шаклҳои тайёрии касбӣ, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудан ва ба мутобиқшавӣ ба фаъолияти иҷтимоию касбии хонандагон мусоидат мекунад.

Системаи раҳнамоии касбӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми сиёсати кадрии давлатӣ ва қисми ду низоми ба ҳам пайваст: таҳсилоти муттасил ва шуғли самаранок гардад.

6) Раҳнамоии касбӣ дар асоси принсипҳои (усулҳои) зерин амалӣ мегардад:

- имкониятҳои баробар барои гирифтани машварати касбӣ, новобаста аз маҳалли зист, ҷойи таҳсил ё кор, синну сол, ҷинс, миллат ва эътиқоди динӣ;

- дастрасии иттилооти касбии зарурӣ баҳри интихоб ва ивазнамоии касб, шакли омӯзиш ва бокортаъминкунӣ;

- ихтиёрӣ будани истифодаи имконоти интихоби касб барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ;

- хусусиятҳои махфию тавсиявии машварати касбӣ ва интихоби касбӣ, риояи одоби касбӣ аз тарафи мутахассисон;

- муттасилии ҷараёни раҳнамоии касбӣ, мушоҳидаҳои дарозмӯҳлати ҷарёни ташаккул ва инкишофи касбӣ;

- афзалияти шавқу ҳавас ва имкониятҳои шахс, ҷанбаи инсондӯстонаи раҳнамоин касбӣ.

3. Самтҳои асосии рушди низоми раҳнамоии касбии хонандагон

7) Дар рушди низоми раҳнамоии касбии хонандагон фаъолияти якҷояи ҳамоҳангшудаи қисматҳои низоми раҳнамои касбӣ - мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, мақомоти давлатии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон, марказҳои минтақавии раҳнамои касбӣ, муассисаю ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум, оила, иттиҳодия ва созмонҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои иҷтимоии масъули тарбия, таълим, таълими касбӣ ва бо кор таъминкунии ҷавонон бояд аҳамияти махсус дошта бошанд.

8) Ҷузъи муҳими низоми минтақавии раҳнамоии касбӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳамаи намудҳо ба шумор мераванд.

Самтҳои асосии фаъолияти ин муассисаҳо иборатанд аз:

- фароҳам овардани шароит барои гузаронидани корҳои бонизом, тахассусӣ ва маҷмӯӣ оид ба раҳнамои касбӣ;

- омӯзиш ва ташаккули муносибати бошууронаи хонандагон ба интихоби касб дар раванди таълиму тарбия мувофиқи шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилиятҳои ҳар кадом бо назардошти талаботи минтақа (маҳал) ба касбҳо;

- берун аз дарс ҷалб намудани хонандагон ба эҷодиёти техникию бадеӣ ва баланд бардоштани нақши эҷодиёт дар интихоби касб;

- шиносонидани хонандагон дар раванди фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълим бо муассисаҳои таълимии касбӣ, касбҳо ва ихтисосҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дурнамои инкишофи онҳо;

- ташкили маълумоти касбӣ ва маслиҳати касбии хонандагон ташаккули мақсаду ниятҳои касбӣ дар асоси омӯзиши маҷмӯии шахсияти хонанда бо назардошти хусусиятҳои фардӣ, психофизиологӣ, вазъи саломатӣ ва талаботи минтақавӣ ба кадрҳо;

- истифодаи хадамоти равоншиносии мактабӣ барои гузаронидани корҳо оид ба раҳнамои касбӣ;

- ба роҳ мондани таълими тафриқаи хонандагон барои пурра ошкор намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилиятҳои фардии онҳо.

9) Муассисаҳои таълимӣ, комбинатҳои таълимии байнимактабӣ, идора ва ташкилотҳои истеҳсолӣ яке аз ҷузъҳои асосии корҳо оид ба раҳнамои касбӣ дар ноҳия (шаҳр) буда, корҳоро оид ба раҳнамои касбӣ якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути иштироки мустақими хонандагон дар фаъолияти мушаххаси меҳнатӣ ва касбӣ амалӣ мегардонанд.

10) Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ:

- низоми меъёрҳоро оид ба тартиби касб ва ихтисосҳое, ки барои соҳаҳои иқтисодиёт ва бозори меҳнат заруранд, амалӣ менамоянд;

- ба ташаккул ва таҳкими мақсадҳои касбиинтихобкунии хонандагон ва донишҷӯён мусоидат мекунанд;

- оид ба омода намудани ҷавонон ба фаъолияти таълимӣ ва меҳнатӣ ва барои таҳкимбахшии мақсадҳои касбинтихобкунии онҳо кор мебаранд;

- принсипҳои (усулҳои) интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро дар амал татбиқ менамоянд;

- мутобиқгардонии касбии истеҳсолӣ ва иҷтимоии коргарону мутахассисони ояндаро амалӣ месозанд;

- гурӯҳҳои равиявӣ, факултативҳои (марказҳои) омодасозии тодонишгоҳиро бо мақсади инкишофи сифатҳо, майлу рағбат ва қобилиятҳои касбии ҷавонон ташкил медиҳанд;

- хонандагонро бо иттилооти зарурӣ оид ба талаботе, ки ба таҳсил ва мазмуни он пешниҳод гардидаанд ва ба маълумот оид ба имкониятҳои касбӣ дар соҳаҳои интихобшуда таъмин менамоянд;

- якҷоя бо мутахассисони марказҳои раҳнамои касбии ташкилотҳои соҳаҳои иқтисодиёт таҳияи маводи тартибкунандаи касбҳоро аз рӯи соҳаҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардонад.

11) Муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ:

- барои раҳнамоии касбии хонандагон, шахсоне, ки фаъолияти меҳнатаро оғоз менамоянд, ташаккули рағбати онҳо ба касбҳои истеҳсолоти марбута дар раванди таълими меҳнатии онҳо ва меҳнат дар муассисаҳо кор мебаранд;

- усулҳои интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро ҳангоми омодасозӣ ва азнавтайёркунии коргарони ҷавон дар истеҳсолот, фиристодани онҳо ба таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва марказ ҷорӣ намуда, меъёрҳои мутобиқгардонии касбии истеҳсолӣ ва иҷтимоии коргарони ҷавон ва мутахассисонро амалӣ мегардонанд;

- дар таҳияи маводи тарғиботии касбӣ иштирок менамоянд;

- дар таҳҷизонидани кабинетҳои раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва марказ иштирок менамоянд.

12) Марказҳои шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ:

- ба хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон дар маҷмӯъ доир ба вазъи бозори меҳнат, роҷеъ ба касбҳои дар бозори меҳнат арзишманд ва имкониятҳои соҳибшавӣ ба онҳо дар муассисаҳои таълимии минтақа ва вилоят, аз ҷумла, аз рӯи самтҳои мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ маълумоти касбӣ медиҳанд;

- якҷоя бо мақомоти идоракунӣ, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон дар гузаронидани чорабиниҳои оммавию мавзӯии раҳнамои касбӣ барои ҷавонон ширкат меварзанд;

- барои бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии бекор, кафолатҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар самти ба онҳо расонидани хидмати раҳнамои касбӣ ва дастгирии психологиро таъмин менамоянд;

- кабинетҳои махсусгардонидашудаи раҳнамоии касбиро ташкил карда, фаъолияти онҳоро дар марказҳои шуғли аҳолӣ ба роҳ мемонанд;

- бо мақомоти маҳаллии идораи маориф, иттиҳодияву ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, комиссариатҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии касбӣ ва корхонаҳо дар ҳалли масъалаҳои раҳнамоии касбии ҷавонони минтақа ҳамкорӣ мекунанд.

13) Самтҳои асосии рушди раҳнамоии касбии хонандагону ҷавонон дар васоити ахбори омма инҳо мебошанд:

- иттилоъ додан роҷеъ ба вазъи бозори меҳнат, талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд;

- шиносоӣ бо мазмун ва пешомадҳои талаботи бозори касбҳо, бо шаклҳо ва шароити азхудкунии онҳо, бо талаботи ба инсон пешниҳоднамудаи касбҳо, бо имкониятҳои рушди касбии ихтисосӣ;

- шинос намудани хонандагон бо намудҳои муосири истеҳсолот;

- паҳн намудани маводи профессиографӣ-маълумотномаи касбҳои мухталиф.

14) Оила баҳри инкишоф ва таълими кӯдакои ғамхорӣ карда, дар интихоби касб, намуди шуғл ва кор мусоидат менамояд.

Иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раҳнамои касбии ҷавонон тибқи намуди фаъолияти онҳо ширкат меварзанд.

Фаъолияти касбӣ ҳамчунин аз ҷониби муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, маҷмааҳои варзишию намоишӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомоти умури дохилӣ низ амалӣ гардонида мешавад.

15) Барои ташкили таъмини методӣ ва идоракунии кори раҳнамои касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳо кабинетҳо (озмоишгоҳҳо) ҳамчунин шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба раҳнамоии касбӣ ташкил карда мешаванд. Ҳангоми зарурат созмонҳо метавонанд бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони манфиатдор оид ба раҳнамоии касбӣ шӯроҳои якҷояро таъсис диҳанд.

4. Таъминоти ташкили кор оид ба раҳнамоии касбӣ

16) Кори раҳнамоии касбӣ дар ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии методии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии раҳнамоии касбии хонандагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ сурат мегирад.

17) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раёсату шӯъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- роҳбариро аз болои муассисаҳои зертобеъ ва мақомоти идораи маориф дар раванди кор оид ба раҳнамоии касбии хонандагону ҷавонон амалӣ месозанд;

- ташкили шӯъбаҳои (қисмҳои) марбутаро оид ба раҳнамоии касбӣ таъмин менамояд ва ба муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо дастурҳои таълимию методӣ, таҳҷизоти ташхисию касбӣ ва дигар таҳҷизот мусоидат менамоянд;

- методҳои интихоби касбӣ ва хостагирии касбиро оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ татбиқ менамоянд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро оид ба масъалаҳои раҳнамоии касбӣ, мубодилаи таҷрибаи кори онҳо дар ҳамин соҳа, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавиро ташкил менамоянд;

- оид ба беҳтар кардани раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳоро таҳия ва татбиқ менамоянд, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаи мазкур омода мегардонанд;

- таҳияи маводи иттилоотӣ, дастурҳои методӣ, профессиографӣ ва дигар маводро ба роҳ мемонанд.

18) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти марбутаи маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии раҳнамоии касбии хонандагон ва дигар корхонаҳои ҳавасманд:

- барои рушди низоми раҳнамоии касбии ҷавонон чораҷӯӣ намуда, онҳоро амалӣ мегардонанд;

- фаъолияти рахнамоии касбиро дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳанг месозанд;

- марказҳои раҳнамоии тсасбиро бо маводи ахборию методӣ ва маълумотӣ таъмин мекунанд;

- хизматрасонии раҳнамои касбиро ба ҷавонони бекор, ки барои таълим ва бозомӯзӣ роҳхат доранд, ташкил менамоянд;

- низоми чорабиниҳоро оид ба раҳнамоии касбии хонандагони дорои рақобатпазирии пастро дар бозори меҳнат таъмин месозанд;

- чорабиниҳоро оид ба беҳсозии кори раҳнамоии касбӣ дар муассисоти тобеъ таҳия намуда, онҳоро амалӣ мегардонанд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ, тартибкунанда ва дигар маводи марбутаро омода менамоянд;

- омӯзиш ва густариши таҷрибаи пешқадами хориҷи кишварро оид ба раҳнамоии касбии ҷавонон ташкил мекунанд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро оид ба раҳнамоии касбӣ якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ ташкил менамояд;

19) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои бахшҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- аз муоинаи тиббӣ гузаронидани хонандагон ва ҷавонон, гузаронидани машварати касбии тиббии шахсони саломатиашон нуқсондор ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустиро оид ба масъалаҳои машварати касбии тиббӣ таъмин менамоянд.

- барои беҳтар кардани кори раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои зертобеъ чораҷӯӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ, маводи ташвиқотии касбӣ ва ғайраро тайёр мёнамояд.

20) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шӯъбаҳои кор бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодия ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба кор бо ҷавонон дар раванди раҳнамоии касбӣ амалӣ мегардонанд;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳаи методиии марбутаро таъмин месозанд;

- ба таҷҳизонидани марказҳои раҳнамоии касбии ҷавонон, нуқтаҳои машварати касбӣ, муассисаҳои таълимӣ созмон бо техникаи компютерӣ, аудиовизуалӣ ва дигар намудҳои таҷҳизот мусоидат мекунанд;

- дар баргузории чорабиниҳои ташкилию оммавӣ оид ба раҳнамоии касбии хонандагон ширкат меварзанд, таҷрибаи онҳоро паҳн менамоянд.

21) Дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъминоти ташкилию методӣ ва роҳбарӣ ба кори раҳнамоии касбиро вазоратҳои марбута ва дигар мақомоти идораи давлатӣ амалӣ мегардонанд.

Вазифаҳои асосии онҳо инҳоянд:

- бунёдгузорӣ ва рущди низоми соҳавии раҳнамоии касбӣ, амалигардонии таъминоти кадрии методӣ ва таҳҷизонидани техникии низоми мазкур;

- таҳия ва чораҷӯӣ оид ба татбиқи усулҳои илман асосноки интихоби касбӣ, хостагирии касбӣ ва мутобиқгардонии касбӣ дар амалияи тайёр кардан ва азнавтайёркунии коргарон дар истеҳсолот ва дар муассисаҳои таълимии ташкилотҳои таҳсилоти бефосилаи кормандони соҳа;

- ташкили таҳияи нақшаҳои касбӣ (профессиограммаҳо) аз рӯи касбҳою ихтисосҳои соҳа бо назардошти тағйироти баамалоянда дар шароит, хусусият ва мундариҷаи меҳнат;

- расонидани кӯмак ба муассисаҳо дар ташкили кори раҳнамоии касбӣ, ҷамъбаст ва густариши таҷрибаи пешқадам;

- ташкили такмили ихтисоси кормандони соҳа аз рӯи масъалаҳои раҳнамоим касбӣ.

22) Асоси ташкилии рушди Низоми раҳнамоии касбии хонандагон ташкили шабакаи марказҳои вилоятию минтақавии раҳнамои касбӣ (нуқтаҳои машваратҳои касбӣ) ба ҳисоб мераванд, ки чунин вазифаҳоро иҷро менамоянд:

- пешниҳод намудани хизматрасониҳои раҳнамоии касбӣ ба хонандагон ва ҷавонон;

- якҷоя бо муассисаҳои ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил намудани машварати касбии тиббии наврасоне, ки нуқсони ҷисмонӣ доранд ва маъюбон аз кӯдакӣ бо мақсади офияти касбии онҳо;

- ташкили фаъолияти мунтазами раҳнамои касбӣ дар муассисаҳои таълимии намудҳои гуногун;

- гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ, омӯзиши шавқи касбии ҷавонон, таҳлили маълумотҳои гирифташуда ва коркарди тавсияҳои мувофиқ;

- ширкат дар тайёр кардан, бозомӯзӣ, расондани ёрии методӣ ба кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мутахассисони ташкилотҳо дар фаъолияти раҳнамоии касбӣ;

- таҳияи тавсияҳои методӣ, феҳристҳо ва дигар дастурҳои маълумотӣ, ташкили манбаи маълумотҳои марбута;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти раҳнамои касбӣ дар ҳудуд, гузаронидани чорабиниҳое, ки ба баландбардории самаранокии он нигаронида шудаанд;

- иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотии таҷрибавӣ;

- ширкат дар таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавии раҳнамоии касбии ҷавонон.

23) Занҷираи асосии (марказии) илмию методии низоми раҳнамоии касбӣ Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбии хонандагон мебошад, ки сиёсати ягона, ҳамоҳангсозии фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ ва тавсияҳоро барои амалигардонии он татбиқ менамояд. Маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбии хонандагон роҳбарии методиро дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба фаъолияти раҳнамоии касбӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.

24) Ташкилкунандаи асосии расонидани хизматҳои раҳнамоии касбӣ ба хонандагон маркази вилоятии раҳнамои касбии хонандагон мебошад, ки роҳбарии методии марказҳои минтақавии раҳнамони касбиро (нуқтаҳои машварати касбӣ) таъмин менамояд.

25) Фаъолияти маркази вилоятии раҳнамоии касбиро шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба раҳнамои касбии хонандагон ба танзим медарорад. Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомот оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳо, марказҳои раҳнамоии касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра таъсис дода мешавад.

26) Вазифаҳои шӯро иборатанд аз:

- муайян намудани самтҳои асосии раҳнамоии касбӣ дар ҳудуди вилоят бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ;

- таъмини ҳамкории ҳамаи созмонҳое, ки дар кори раҳнамоии касбӣ ширкат меварзанд;

- таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳамоҳангсозӣ ва барномаҳои минтақавии раҳнамоии касбӣ;

- омӯзиш, натиҷагирӣ ва паҳн кардани таҷрибаи кор, гузаронидани чорабиниҳои оммавии раҳнамоии касбӣ.

27) Низомномаи шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ ва ҳайати он бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ карда мешаванд.

28) Занҷираи ибтидоии хадамоти минтақавии раҳнамоии касбӣ марказҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар низоми раҳнамоии касбӣ ҳамчун воҳиди мустақил бо шабакаи нуқтаҳои машварати касбӣ ҳамкорӣ менамояд.

29) Вазифаҳои асосии марказ (нуқтаи машварати касбӣ) - таъмиии хизматрасониҳои раҳнамоии касбӣ ба шахсоне, ки дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекунанд, амалӣ кардани роҳбарии кори раҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин минтақа ҷойгиранд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мебошад.

5. Таъмини системаи раҳнамоии касбӣ бо кадрҳо

30) Раҳнамоии касбии ҷавонон аз тарафи мутахассисони марказҳои минтақавии раҳнамоии касбӣ, хадамоти шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва идораю ташкилотҳо гузаронида мешавад. Дар ин кор бевосита педагогҳо, психологҳо, педагог-психологҳо, педагогҳои иҷтимоӣ, методистон оид ба раҳнамоии касбӣ, машваратчиёни касбӣ ва физиологу сотсиологҳо иштирок менамоянд.

31) Вазифаҳои хизматии мутахассисони соҳа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи онҳо аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Трҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.