Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 499 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдор, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии Консепсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Консепсия ва Барномаи касбинтихобкунии ҷавонон дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 5 октябри соли 1998, №399 беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 октябри соли 2010 № 499

ш. Душанбе