Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Татбиқи карори мазкур ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ вогузор карда шавад.
3) Дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ҷудо намудани қитъаи замин мувофиқи моддаҳои 26 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2010 № 479
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Генерального плана города Худжанда
В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "Об архитектурной, градостроительной и строительной деятельности" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Генеральный план города Худжанда до 2030 года (прилагается).
2) Реализацию данного постановления возложить на исполнительный орган государственной власти города Худжанда и соответствующие министерства и ведомства республики.
3) В рамках Генерального плана города Худжанда осуществить выделение земельного участка согласно статьям 26 и 29 Земельного кодекса Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 октября 2010 года № 479
г. Душанбе