Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 № 434 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар"

Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади танзим ва рушди соҳаи асппарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" таъсис дода шавад.

2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар мӯҳлати як моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар"-ро ҳал намояд;

- дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми сармояи оинномавии корхона, амвол, инчунин воситаҳои пулии барои ташаккули он заруриро муайян намоянд;

- дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" бр бинои аспхона дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин ҷудо кардани 100 гектар замини корам ва 1000 гектар замини чарогоҳ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Ба номгӯи ташкилотҳои истеҳсолии тиҷоратии замимаи 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, № 191 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурри Тоҷикистон" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатаи ҷумҳуриявии "Асппарвар".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 сентябри соли 2010 № 434

ш. Душанбе