Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро дар доираи Барномаи Миёнамӯҳлати Хароҷоти Давлатӣ барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешад .
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи Барномаи сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.
4) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон :
- барои таъмиру истифодабарӣ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ таъсис диҳад;
- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки компютерҳо муассисаҳои таҳсилоти умумиро то соли 2015 бо хати озоди барқ таъмин намуда, дар минтақаҳое, ки имконияти техникии гузаронидани хати озоди барқ вуҷуд надорад, масъалаи таъмини онҳоро бо генераторҳо то соли 2015 ҳал кунанд ва баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намояд;
- ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет тадбирҳои амалӣ андешад;
5) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои амалӣ намудани Барномаи мазкур то соли 2015 чораҳои зарурӣ андешанд ).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2010 № 416
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро дар доираи Барномаи Миёнамӯҳлати Хароҷоти Давлатӣ барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешад.
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи Барномаи сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.
4) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барои таъмиру истифодабарӣ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ таъсис диҳад;
- якҷоя бо Вазорати энергетика ва сансати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки компютерҳо муассисаҳои таҳсилоти умумиро то соли 2015 бо хати озоди барқ таъмин намуда, дар минтақаҳое, ки имконияти техникии гузаронидани хати озоди барқ вуҷуд надорад, масъалаи таъмини онҳоро бо генераторҳо то соли 2015 ҳал кунанд ва баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намояд;
- ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет тадбирҳои амалӣ андешад;
5) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои амалӣ намудани Барномаи мазкур то соли 2015 чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2010 № 416
ш. Душанбе