Дар бораи тасдиқи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо
Мутобиқи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи замимагардидаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 октябри соли 2004 № 404
ш. Душанбе