Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 аз 2 августи соли 2010, № 384

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2010

№ 384 тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013

1. Муқаррароти умумӣ

Тараққиёт ва истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тамоили глобалии рушди ҷаҳонӣ ва инқилоби илмию техникии даҳсолаҳои охир маҳсуб меёбад.

Технологияҳои иттилоотӣ технологияҳои бунёдӣ гардида, сатҳи тараққиёти онҳо сатҳи умумии рушди ҷомеаро муайян менамояд.

Иҷрои самарабахши вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба раванди иттилоотонии ҷомеа робитаи қавӣ дошта, дар ин ҷараён китобхонаҳо нақши бунёдӣ доранд.

Китобхонаҳо, ки тамоми фаъолияташон ба бунёд, ҳифз, коркард ва интиқоли навъҳои асосии иттилоот алоқаманд аст, бешубҳа, наметавонанд, аз ин раванд дар канор бошанд. Муҳимтар аз ин, имрӯз захираи китобхонаҳо ҳамчун ҷузъи муҳиму таркибии захираҳои умумии иттилоотии мамлакат пазируфта шудааст. Вобаста ба ин, қабл аз ҳама проблемаи таъмин намудани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ ба миён омадааст. Аз чӣ гуна ҳал гардидани ин проблема, дар ниҳояти кор, дар кадом заминаи иттилоотӣ ва пояи таҳсилот ташаккул ёфтани мафкураи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва фарҳангии қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон, насли наврас ва тамоми ҳайати истифодабарандагони китобхонаҳо вобаста аст. Баҳри амалӣ гардидани ин вазифаи бузурги умумидавлатӣ дар доираи Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 (минбаъдБарнома) ҷиҳати таъмини дастёбии истифодабарандагон ба захираҳои китобдорию иттилоотӣ, робитаи мукаммалу мутақобилаи кишвари мо бо ҷараёни ититлоотии ҷаҳон бунёди заминаҳои мустаҳками технологӣ пешбинӣ гардидаанд.

Барнома тибқи сархати якуми банди 10-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, № 33 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ", Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолиятро дар соҳаҳои иттилоотию сиёсӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд, таҳия гардидааст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1332 китобхонаи давлатию оммавӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, 8 китобхонаи вилоятӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 китобхонаи вилоятӣ барои калонсолон, 1 китобхонаи вилоятии бачагона, инчунин 64 китобхонаи марказии шаҳрию ноҳиявии дорои филиалҳо дар вилояти Суғд 1 китобхонаи вилоятӣ барои калонсолон, 1 китобхонаи вилоятии бачагона, дар вилояти Хатлон 2 китобхонаи вилоятӣ барои калонсолон, 2 китобхонаи вилоятии бачагона, фаъолият менамоянд. Имрӯз дар маҳалҳои деҳотӣ ва шаҳрии ҷумҳурӣ системаи китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (яъне, 1 китобхонаи марказии шаҳрӣ ё ноҳиявӣ вобаста ба ҳудуд ва нуфузи аҳолӣ дорои якчанд филиал мебошад) ягона маркази намоён ва дастраси иттилоотӣ барои тамоми қишрҳои аҳолӣ ба шумор мераванд.

Вале дар асл имрӯз системаи китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳрию ноҳиявӣ компютер надоранд (компютеронида нашудаанд), ки ин имкони дар сатҳи сифатан зарурӣ, вобаста ба талаботи имрӯза таъмин намудани хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ, имконияти дар ҷумҳурӣ бунёд намудани шабакаи компютерии иттилоотию китобдориро боз медорад.

Вобаста ба ин, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии китобхонаҳои давлатию оммавӣ тавассути компютеркунонии китобхонаҳои калонтарини ҷумҳуривӣ, вилоятӣ, аз ҷумла вилоятии бачагона, китобхонаҳои марказии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ ба шумор рафта, барои ҳалли он қабул ва татбиқи Барномаи мазкур ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

1) Мақсади асосии Барнома муҳайё намудани шароит баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти китобхонаҳои давлатию оммавӣ, эътибори иҷтимоии онҳо тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини дастёбии озодона, баробар ва васеи истифодабарандагон ба захираҳои китобдорию иттилоотии мамлакат ва тамоми ҷаҳон, ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон ва истифодабарандагони китобхонаҳо, бунёди фазои ягонаи китобдорию иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2) Баҳри ноил гардидан ба ин мақсад ҳалли вазифаҳои зерин зарур мебошанд:

- дастрас намудан, насб кардани таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ дар китобхонаҳо;

- муҳайё сохтани замина барои таҳияи феҳристи ҷомеи (ҷамъбастии) электронии миллӣ;

- тадриҷан интиқол додани фонди китобхонаҳо ба шакли электронию рақамӣ;

- пайваст намудани китобхонаҳо ба шабакаҳои дохилӣ (вилоятӣ, минтақавӣ) ва интернет;

- таҳияи веб-сайтҳо дар китобхонаҳои вилоятӣ, системаи китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;

- ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҳамасолаи вилоятӣ, минтақавии "Китобхонаи беҳтарин дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ";

- таълими кормандони китобхона ва истифодабарандагон бо технологияи нави иттилоотӣ;

- муҳайё сохтани замина барои ба таври оммавӣ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилооию коммуникатсионӣ, тадриҷан гузаштан ба азнавсозии сохтории китобхонаҳо ва автоматикунонии пурраи равандҳои китобдорию иттилоотӣ;

- бунёди мониторинг ҷиҳати таҳлили самаранокии истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар китобхонаҳо ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур.

3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома

3) Самтҳои асосии татбиқи Барнома инҳоянд:

а) Таҷҳизонидани китобхонаҳои давлатаю оммавӣ бо технологияи компютерӣ.

б) Тарғиби таҷрибаи пешқадами китобдорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ.

в) Ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон ва истифодабарандагони китобхонаҳо.

4. Захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории Барнома

4) Сарчашмаи асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома маблағҳои умумии ҳамасолаи Буҷети давлатӣ, ки барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, грантҳо ва фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Ҳаҷми умумии хароҷоте, ки барои татбиқи Барнома зарур аст, 5 544,82 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Вазорати фарҳанг 2280,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 431,72 ҳазор сомонӣ, грантҳои созмонҳои байналмилалӣ 2832,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

5. Мӯҳлати татбиқи Барнома

5) Барнома дар се марҳила иҷро мегардад:

а) Дар марҳилаи якум (соли 2011) 10 китобхона: Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе ва 8 китобхонаи вилоятӣ, аз ҷумла китобхонаҳои вилоятии бачагона ҳамчун китобхонаҳои асосӣ компютеронида мешаванд;

6) Дар марҳилаи дуюм (соли 2012) 15 китобхонаи марказии шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти Хатлон, 10 китобхонаи марказии шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти Суғд, 5 китобхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 7 китобхонаи марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ компютеронида мешаванд;

в) Дар марҳилаи сеюм (соли 2013) 10 китобхонаи марказии шаҳрию ноҳиявии вилояти Хатлон, 8 китобхонаи марказии шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти Суғд, 3 китобхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 6 китобхонаи марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ компютеронида мешаванд.

6. Таъмини татбиқ ва назорати иҷрои Барнома

б) Бо назардошти шароити иқтисодию молиявии ҷумҳурӣ, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мамлакат, таҳлили заминаи иттилоотию компютерии китобхонаҳои давлатию оммавии ҷумҳурӣ, ҳолати бинои онҳо барои ҷойгирнамоии технологияи иттилоотию компютерӣ, сатҳи таъминоти онҳо бо нерӯи барқ барои ҳар як:

- китобхонаи ҷумҳуриявӣ ҷудо намудани 8 компютер, 3 принтер, 1 сканер;

- барои ҳар як китобхонаи вилоятии калонсолон 8 компютер, 3 принтер, 1 сканер;

- барои ҳар як китобхонаи вилоятии бачагона 8 компютер, 3 принтер, 1 сканер;

- барои ҳар як китобхонаи марказии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 8 компютер, 3 принтер, 1 сканер мувофиқи мақсад аст.

7) Ҳамин тариқ, тибқи Барнома барои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар 8 компютер, 3 принтер, 1 сканер пешбинӣ гардидааст.

Барои 8 китобхонаи вилоятӣ, аз ҷумла китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе 72 компютер, 27 принтер, 9 сканер зарур аст.

Барои 64 китобхонаи марказии шаҳрию ноҳиявӣ 512 компютер, 192 принтер, 64 сканер лозим аст.

Мутобиқи Барнома барои тамоми китобхонаҳои номбурда 592 компютер, 222 принтер, 74 сканер, инчунин 592 мизи компютерӣ, 592 курсии компютерӣ пешбинӣ гардидааст.

Мутобиқи талаботи тахассуси ҳар як китобдор бояд барои иҷрои ӯҳдадориҳои хидматӣ аз як ва ё якчанд барномаҳои махсуси (системаҳои) китобдорӣ, аз қабили "ИРБИС" таҳти "МЗ ОО8", "ИРБИС 32" таҳти "М8 \Утс1ото", "ИРБИС 64" таҳти "М8 \Утёо\У5", инчунин маводи махзани маълумотии силсилаи , "ИРБИС" моҳирона истифода бурда тавонад.

Барои таълими китобдорон бо технологияи иттилоотию компютерӣ ва барномаҳои махсуси китобдорӣ Барномаи мазкур ташкил ва баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати минтақавии омӯзиширо пешбинӣ менамояд.

Дар ҳар як китобхонаи вилоятӣ шабакаи дохилӣ ташкил карда мешавад, ки ба он китобхонаҳои марказии шаҳрию ноҳиявии вилоят пайваст карда мешаванд. Ҳамин гуна шабака барои пайваст намудани тамоми китобхонаҳои марказии шаҳрию ноҳиявии тобеи ҷумҳурӣ дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе низ ташкил карда мешавад. Тамоми китобхонаҳои компютеронидашуда ба шабакаи глобалии интернет пайваст карда мешаванд.

Барномаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раёсат ва шӯъбаҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад. Ҳамоҳангсоз ва масъули татбиқи Барнома Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

8) Бо татбиқи Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:

- китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологияи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз гардида, равандҳои китобдорию иттилоотӣ тадриҷан автоматонида мешаванд;

- барои таъмини воқеии ҳуқуқи шаҳрвандон нисбати ҷустӯҷӯи озодона, дарёфт, интиқол ва паҳннамоии иттилоот шароит муҳайё мегардад;

- дар китобхонаҳои вилоятӣ, марказии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ захираҳои хоси иттилооти электронӣ, аз ҷумла феҳристҳои электронӣ ташаккул меёбанд;

- китобхонаҳои вилоятӣ, марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҷиҳати ташкили дастёбӣ ба феҳристҳои корпоративӣ (дастаҷамъӣ) ва маҳзани маълумотии китобхонаҳои калонтарини ватанӣ ва ҷаҳон ба шабакаи иттилоотии интернет пайваст карда мешаванд;

- китобхонаҳои вилоятӣ, марказии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ узви комилҳуқуқи фазои иттилоотию китобдории минтақавӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ мегарданд;

- китобхонаҳои давлатию оммавии Тоҷикистон дар самти пешрафти равандҳои китобдорию иттилоотӣ ба сатҳи муассисаҳои китобдории мамолики мутараққии олам ноил мегарданд;

- дар ҳар як китобхона вилоятӣ, марказии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ марказҳои иттилоот ва фармоиши электронӣ, дастрасгардонии ҳуҷҷатҳо тавассути абонементи байникитобхонавӣ бахшҳо таъсис меёбанд;

- аз ҳисоби ҷоринамоии навъҳои нави хадамот самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад;

- раванди бунёди феҳристи ҷомеи электронии миллӣ ва дигар пойгоҳҳои маълумотии умумимиллӣ вусъат меёбад;

- ҳаҷми хароҷоти молиявӣ, захираҳои меҳнатӣ ва моддӣ барои бунёд ва дастгирии феҳристҳои электронӣ, инчунин дигар намуди пойгоҳҳои маълумотии китобдорӣ-иттилоотӣ кам мегардад;

- фарҳанги иттилоотии китобдорон ва истифодабарандагони китобхонаҳо ташаккул меёбад;

- раванди ташкили мониторинг ва пешгӯии талабот нисбат ба навъҳои гуногуни мубодилаи иттилоотӣ вусъат меёбад;

- системаи сифатан нав ва аз ҷиҳати технологӣ ягонаи китобдории мамлакат ташаккул меёбад;

9) Арзёбии самаранокии татбиқи Барнома аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мониторинг- ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои он охири ҳар як соли татбиқ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

8.Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома

Ниг. ба замима 

9. Ҳаҷми умумии хароҷоти зарурӣ барои татбиқи Барнома 5 544,82 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.