Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои тадбирҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
3) Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасолаи буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишаванда, грантҳо, фоидҳои ёрирасони байналмилалӣ амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 384
ш. Душанбе