Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" августи соли 2010 № 400
тасдиқ шудааст
Низомномаи дружинаи ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои умумӣ
1) Дружинаи ихтиёрӣ барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ аз пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо таъсис дода мешаванд.
2) Фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.
3) Дружинаи ихтиёрӣ - аз рӯи принсипи минтақавӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз рӯи ҷойи зисти шаҳрвандон, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот новобаста аз шакли моликияташон ташкил карда мешаванд.
4) Роҳбарии умумии дружинаи ихтиёриро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавии он дар ҷойҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамоянд.
5) Дружиначии ихтиёрӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои дар пеши онҳо гузошташуда таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Дахлнопазирӣ, шаъну шарафи онҳо аз тарафи қонун муҳофизат мешавад.
6) Дар вақти иҷрои вазифиҳои хизматӣ оид ба тартиботи ҷамъиятӣ, таҳқир кардани дружиначии ихтиёрӣ, аз фармон ё талаби қонунии вай саркашӣ кардан, таҳдид, зӯроварӣ ё сӯиқасд кардан ба ҳаёти онҳо ё ҳаёти наздикони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
2. Вазифаҳои асосӣ ва функсияҳои дружинаи ихтиёрӣ
7) Вазифаҳои асосии дружинаи ихтиёрӣ ин ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва қатъ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, дар кори тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи бе чуну чаро риоя ва эҳтироми қонун кӯмак расонидан мебошад.
8) Дружинаи ихтиёрӣ вазифаҳоеро, ки дар моддаҳои 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" пешбинӣ гардидааст иҷро карда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани чорабиниҳои зайл иштирок менамоянд:
- дар вақти ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию давлатӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ;
- иштирок дар чорабиниҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ ва дигар касалиҳои сирояткунанда;
- мубориза ба муқобили авбошӣ, майхорагӣ, дуздии амволи ғайр, инчунин моликияти шахсии шаҳрвандон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар коллективҳои меҳнатӣ ва дар ҷойҳои истиқомати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд;
- гузаронидани корҳои пешгирикунӣ, фаҳмондадиҳӣ бо шахсоне, ки аз колонияҳои ислоҳотии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд ва шахсоне, ки нисбати онҳо чораи ҷазо таъин шудааст, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд;
- наҷоти одамон, молу мулк ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда;
- гузаронидани чорабиниҳо доир ба нигоҳдории ҳифзи табиат, муҳити зист ва вайрон кардани қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ.
9) Ба аъзои дружинаи ихтиёрӣ шаҳодатномаи махсус, ки намунааш дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад, ҳамчунин нишони сарисинагии "Дружиначӣ" ва дастбанди дружиначии ихтиёрӣ, ки намунаи онҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, дода мешаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).
3. Тартиби таъсис ва аъзогӣ дар дружинаи ихтиёрӣ
10) Дружинаи ихтиёрӣ тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" таъсис дода мешаванд.
11) Дар сурати таъсиси дружинаи ихтиёрӣ дар ҷои кор, таҳсилот ва маҳали зист, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот новобаста аз шакли моликияташон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо пешниҳод барои бақайдгирии дружинаи ихтиёрӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқи муроҷиат намуданро доранд.
12) Қарор дар бораи таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ дар шакли қарори маҷлиси умумии шаҳрвандон ва ё қарори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот қабул карда мешавад. Дар қарор мансубияти дружинаи ихтиёрӣ ба корхона, муассиса, ташкилот, донишкада, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дигар мақомот нишон дода мешавад.
13) Қайди баҳисобгирии дружинаҳои ихтиёрӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
14) Дар вақти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии дружинаи ихтиёрӣ рӯйхати умумии онҳо бо нишондоди ному насаб, соли таваллуд, ҷои истиқомат, кор ва таҳсил талаб карда мешавад.
15) Баъди пешниҳод намудани протоколи маҷлис ва рӯйхати дружинаи ихтиёрӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо ба амал бароварда мешавад.
16) Дар сурати пешниҳод накардани рӯйхати умумии дружинаи ихтиёрӣ ва нодуруст тартиб додани протоколи маҷлиси дружинаи ихтиёрӣ оид ба таъсисдиҳии онҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта намешаванд. Дар ин бора ба мақомоте, ки ҳуҷҷатҳоро оид ба таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ пешниҳод намудааст, ба тариқи хаттӣ хабар дода мешавад.
17) Баъди таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ ва дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифтани он, дружинаи ихтиёрӣ дар ҷои таъсисдодашуда ба иҷрои вазифаҳои функсионалии худ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ба кор шурӯъ менамоянд.
18) Дружинаи ихтиёрӣ шахси ҳуқуқӣ намебошанд.
19) Қабулшавӣ ба дружинаи ихтиёрӣ ба таври ихтиёрӣ бо тартиби фардӣ аз ҷониби ситоди дружина дар асоси аризаи шахсии шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба дружина дохил шуданро доранд, сурат мегирад.
20) Дружиначиёни ихтиёрӣ омодагии махсус гирифта, санадҳои меъёри ҳуқуқиро, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳоро ба танзим медароранд, омӯхта, бо шаклҳо ва усулҳои кори дружинаҳои ихтиёрӣ шинос мешаванд.
21) Дар маҷлиси умумӣ ё маҷлиси ситоди дружина ба дружиначӣ гувоҳномаи намуди муқарраршуда, нишони сарисинагӣ ва ёддошт, ки дар он вазифаҳо, ҳуқуқҳои асосии дружиначӣ ва инчунин маҷмӯи қонунҳои муҳимтарин доир ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ оварда шудаанд, супорида мешаванд.
22) Дружиначиёне, ки хоҳиши аз аъзогии дружина баромаданро доранд, дар маҷлиси умумии дружинаи ихтиёрӣ аз ҳайати дружина бароварда мешаванд.
23) Дружиначиёне, ки бо сабаби иваз шудани ҷои кор, таҳсил ва ё истиқомат аз ҳайати дружинаи ихтиёрӣ баромадаанд дар асоси аризаи шахсӣ ва тавсияномаи аз тарафи ситод додашуда метавонанд ба дружинаи ҷои кори нав, таҳсили нав ва ё ҷои истиқомати нав қабул шаванд.
24) Дружиначие, ки маҳорати касбии хуб надорад, қонуншиканиҳо содир кардааст ва ё вазифаҳои худро иҷро намекунад аз дружинаи ихтиёрӣ хориҷ карда мешавад. Қарор дар бораи хориҷкунӣ дар маҷлиси умумии дружиначиён қабул карда мешавад.
25) Дружиначие, ки аз дружина баромадааст ва ё хориҷ шудааст вазифадор аст, ки шаҳодатнома, нишони сарисинагӣ ва дастбанди дружиначии ихтиёриро ба сардори ситод супорад.
26) Ба дружинаи ихтиёрӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расида, аз рӯи сифатҳои корӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, сатҳи тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатии худ қобили иҷро намудани ӯҳдадориҳои дружинаи ихтиёриро доранд, қабул карда мешаванд.
27) Ба аъзогии дружинаи ихтиёрӣ шахсони зерин қабул карда намешаванд:
- ноболиғон;
- шахсоне, ки доғи судӣ доранд;
- дар қайди дармонгоҳҳои рӯҳиву наркологӣ мебошанд;
- бо қарори суд ғайриқобили амал дониста шудаанд ё қобилияти амалкуниашон маҳдуд эътироф карда шудааст.
28) Қарор дар бораи барҳамдиҳии дружинаи ихтиёрӣ аз ҷониби мақомоте, ки онро таъсис додаст ва ё аз ҷониби ин мақомот бо пешниҳоди ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии дружинаи ихтиёрӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ташкил карда шудаанд дар мувофиқа бо роҳбарони корхона, муассиса, ташкилот, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дигар мақомот, ки дружина дар назди онҳо таъсис дода шудааст, қабул карда мешавад. Қарори қабулшуда бо имзои сардори ситод дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи қабул ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
29) Баъди барҳам додани дружинаи ихтиёрӣ тамоми ҳуҷҷатҳои корӣ, дастурамалҳои методӣ, хисоботҳои оморӣ ва дигар парвандаҳои кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ барои бойгонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешаванд. Сардори ситод дар иҷрои супоридани ҳуҷҷатҳо дар асоси санад шахси масъул мебошад.
30) Таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ дар назди ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти динӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст.
4. Сохтори дружинаи ихтиёрӣ ва тартиби амалисозии фаъолияти онҳо
31) Ҷиҳати роҳбарии оперативии корҳои дружинаи ихтиёрӣ дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар мақомоти корҳои дохилии вилояти, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ситодҳои дружинаи ихтиёрӣ (минбаъд-ситод) ташкил карда шуда, сардори ситод таъин карда мешавад. Ба ҳайати ситод сардори он, командирони дружинаи ихтиёрӣ ва командирони дастаҳо дохил мешаванд. Ситоди дружинаи ихтиёрӣ роҳбарии умумии фаъолияти онҳоро амалӣ намуда, ҳангоми зарурат низоми кори дружинаи ихтиёриро вобаста ба вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ, зарурати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ, варзишӣ-оммавӣ ва фарҳангӣ, инчунин бо дарназардошти чорабиниҳои пешгирикуние, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешаванд, муайян мекунад.
32) Ситоди дружинаи ихтиёрӣ таҳти назорати мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи тобеъият дар минтақаҳои маъмурии милитсия кору фаъолияти менамояд. Дар як вақт ҳамоҳангсозии кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ ва ситодҳои он ба зиммаи мақомоти корҳои дохилии бевосита дахл дошта, сафарбаркунии дружинаи ихтиёриро дар хатҳои сайр таҳти назорат қарор медиҳад. Барои пешрафти кору фаъолияти дружина роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷаласаҳои фаврии Ситодҳои дружинаи ихтиёрӣ ширкат варзида, таклифу дархостҳо пешниҳод менамояд.
33) Агар шумораи аъзои ситод аз 2/3 ҳисса аз шумораи умумии аъзои ситод кам бошад, маҷлиси умумии ситод баргузорнашуда ҳисобида мешавад ва протоколи ҷаласаи мазкур қувваи қонунӣ надорад.
34) Маҷлиси ситод ваколат дорад, ки дар сурати баргузор нагаштани маҷлиси ситод бинобар пурра иштирок накардани аъзои он аз сари нав рӯзи баргузории маҷлисро муайян намояд ва ба ҳамаи аъзои дружинаи ихтиёрӣ хабар диҳад.
35) Маҷлиси ситод метавонад ва ҳуқуқ дорад, ки дар бораи мукаммалсозии кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ, зиёд намудани сафи аъзои он, муайян намудани хатҳои сайр бо мувофиқа бо роҳбарияти Раёсати корҳои дохилӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилӣ тартиби ҳисоботи омории кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таклифу пешниҳодҳо пешбарӣ намояд.
36) Барои ташкили кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ, иваз намудани хатҳои сайри патрулӣ аз як минтақаи хизматӣ ба минтақаи дигари хизматӣ кӯчонидани хатҳои сайр, рафти санҷиши хизмат дар хатҳои сайр ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, ба сардорони Раёсати корҳои дохилӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
37) Сардори ситод дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- роҳбарии умумии фаъолияти дружинаи ихтиёриро амалӣ менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти дружинаҳоро таъмин менамояд;
- ба командирони дружина дар ташкили кори дружинаи ихтиёрӣ, ба роҳ мондани равандҳои таълим ва тайёрии ҷисмонии дружиначиён кӯмак мерасонад;
- ҳамкории мутақобилаи дружинаи ихтиёриро бо мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин менамояд;
- ташкили кори дружинаи ихтиёриро таъмин менамояд (аз он ҷумла тартиб додани ҷадвали корӣ, ҷадвали навбатдорӣ, мукофотонидани аъзо, ташкили ҳар гуна вохӯриҳо ва сӯҳбатҳо ва ғайра);
- дар коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳо оиди пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо иштирок менамояд;
- ба сардорони гурӯҳҳои дружинаи ихтиёрӣ оид ба кору фаъолияташон ёрӣ ва маслиҳатҳо медиҳад ва инчунин дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас мегузорад;
- аз ҷониби аъзои дружинаи ихтиёрӣ омӯзиши шаклу усулҳои кор, асосҳои қонунгузории ҷорӣ, санадҳои меъёрии зарурӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ-ҷисмониро ташкил менамояд, таҷрибаи мусбиро ҷамъбаст намуда густариш медиҳад;
- ба идораҳои дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба бартараф намудани сабабҳои қонуншиканӣ ва шароитҳое, ки ба содиршавии онҳо мусоидат мекунанд, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ пешниҳодҳо таклиф менамоянд;
- фаъолияти дружиначиёнро назорат намуда, дар назди коллективҳои мақомоти дахлдор, маҷлиси умумии дружинаи ихтиёрӣ, ҳамчунин дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ҳисобот медиҳад;
- ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии кори дружинаро анҷом медиҳад;
- кори дружинаи ихтиёриро ба нақша гирифта, дар назди командирони дружина вазифа мегузорад;
- фаъолияти дружинаро мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳо меандешад.
38) Командирони дружинаи ихтиёрӣ аз тарафи сардори ситод бо пешниҳоди роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилот мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дагар мақомот, ки дружина дар назди онҳо таъсис дода шудаанд, таъин гардида, командирони дастаҳо бошанд, аз тарафи командирони дружина аз ҳисоби дружиначиён таъин карда мешаванд.
39) Сардори ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ метавонад ба унвони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷойҳо, инчунин ба унвони роҳбарияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, донишкадаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон барои ҳавасманд гардонидани дружинаи ихтиёрӣ, ки натиҷаҳои хуби корӣ доранд, пешниҳод ирсол намоянд.
40) Роҳбари оперативии кори дружиначиёнро командирони дружинаи ихтиёрӣ ва командирони дастаҳо амалӣ намуда, дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зерин мебошанд:
- фаъолияти бевоситаи дружинаи ихтиёриро ба роҳ монда, интихоби ҳайати шахсии дружинаи ихтиёриро мегузаронанд, назорати кори дружиначиёнро ҳангоми навбатдорӣ амалӣ намуда, хатсайри посбонӣ ва дидбонгоҳҳои алоҳидаро муқаррар мекунанд;
- корҳоро оид ба муттаҳидкунӣ ва пурзӯр намудани дружина, баланд бардоштани интизоми дохилӣ, самаранокии фаъолият амалӣ менамоянд;
- ҳамкориҳои шахсиро бо ситоди дружинаи ихтиёрӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ амалӣ менамоянд;
- омӯзиши асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби дружиначиён, машғулиятҳоро оид ба тайёрии ҷисмонии дружиначиён ва ба онҳо омӯзонидани шаклу усулҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳоро ба роҳ мемонанд;
- кори дружинаро ба нақша гирифта, ба дружиначиён дастур медиҳад ва фаъолияти онҳоро назорат намуда, баҳисобгирии натиҷаҳои кори дружинаро ба роҳ монда, барои муҳокима дар ҷаласаи дружиначиён масъалаҳои марбут ба ташкил ва фаъолияти дружинаро омода мекунанд;
- гузоришҳои тартибдодаи дружиначиёнро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо баррасӣ намуда, онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мефиристанд;
- ба раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва донишкадаҳо, инчунин ба созмонҳои ҷамъиятӣ дар бобати ҳавасманд гардонидани дружиначиёни фаъол дархост пешниҳод менамоянд;
- дар бораи кори дружинаи ихтиёрӣ дар назди ситоди дружинаи ихтиёрӣ ҳисобот медиҳанд.
5. Салоҳияти маҷлиси умумӣ, ҳамчун мақомоти идоракунии дружинаи ихтиёрӣ
41) Маҷлиси умумии дружинаи ихтиёрӣ ҳамчун мақоми олии идоракунии фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ ба ҳисоб рафта, қарор оид ба таъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии кору фаъолияти дружинаи ихтиёриро қабул мекунад.
42) Маҷлиси умумии дружинаи ихтиёрӣ дар он сурат баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзоёни дружинаи ихтиёрӣ иштирок карда бошанд.
43) Протоколи маҷлиси умумии шаҳрвандон дар бораи таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ ва ҳайати он барои қайди баҳисобгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
44) Дар протоколи маҷлис мақсад, маром ва вазифаҳои асосии дружинаи ихтиёрӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ пурра дарҷ карда мешавад. Инчунин, ҷои аниқ ва суроғаи дружинаи ихтиёрӣ ва ҳудуди фаъолияти онҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо нишон дода мешавад. Баъди пурра тартиб додани протоколи маҷлис, муайян намудани ҳайати кории дружинаи ихтиёрӣ протоколи маҷлис барои қайди баҳисобгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорида мешавад.
45) Маҷлиси умумии дружинаи ихтиёрӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ Сардори ситодро интихоб (ба мӯҳлати ду сол) ва бозхонд менамояд.
46) Дар дружинаи ихтиёрӣ аз рӯи фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон аст, ки вазифаи озоди сардори дружинаи ихтиёрӣ дохил карда шавад ё барои иҷрои ин вазифаҳои пардохти иловагӣ ба амал оварда мешавад.
6. Шаклу усулҳои фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ, шароит ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби узви дружинаи ихтиёрӣ
47) Дружинаи ихтиёрӣ фаъолияти худро бо роҳҳои зерин анҷом медиҳанд:
- посбонӣ кардан ва гузоштани постҳо дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин гузаронидани тафтишҳои ногаҳонӣ (амалиётҳо, рейдҳо) барои ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва шахсони онҳоро содирнамуда дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ;
- истифода бурдани воситаҳои матбуот, радиову телевизион бо мадади пешгирӣ кардан ва таъсир расонидан ба шахсоне, ки қонуншиканӣ менамоянд;
- истифода бурдани дигар шаклу усулҳои кор, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
48) Назорат оид ба дуруст ва асоснок ба қайд гирифтани дружинаи ихтиёрӣ ва роҳбарии умумӣ намудан, ташкил намудани тарзи кор ва ҳуҷҷатгузорӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани натиҷаи кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ ба зиммаи муовинони сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ оид ба қисми хизматӣ вогузор карда шавад.
49) Гузаронидани дастурдиҳӣ ва сафарбаркунӣ барои хизмат дружинаи ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла нозирони минтақавии милитсия ва Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ дар шаҳри Душанбе дар минтақаҳои маъмурии милитсия соати 1900 ташкил карда гузаронида мешаванд, ки дар он сардорони ситодҳо ва роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ҳам зинаҳои миёна ва ҳам зинаҳои болоӣ бевосита иштирок мекунанд. Дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, дастурдиҳии дружинаи ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нуқтаҳои такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ ташкил карда гузаронида мешаванд.
50) Барои таҳлил ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ дар шаҳри Душанбе, дар ҳар як минтақаҳои маъмурии милитсия ва дар маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, дар нуқтаҳои такягоҳи ҷамъиятӣ китобҳои махсуси бақайдгирии кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ оғоз карда мешаванд. Шакли китоби мазкур аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард карда шуда, барои истифодаи хизматӣ ба ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда мешаванд.
51) Дар ситодҳои дружинаи ихтиёрӣ бошад, аз тарафи сардорони ситодҳо дафтарҳои алоҳида оид ба ҷамъбасти кору фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ оғоз карда мешаванд.
52) Узви дружинаи ихтиёрӣ дар амалиёти якҷоя бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад бо мақсади пешгирии амали шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарданд, барои боздошт ва супоридани онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо риояи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" қувваи ҷисмониро ба кор барад.
53) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сардорони ситодҳои дружинаи ихтиёриро дар ҳудуди салоҳиятҳои худ дастгирӣ намуда, барои пурзӯр намудани фаъолияти онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд, маълумот ва ҳисоботи командирҳо ва сардорони ситоди дружинаҳоро мешунаванд, ҳамчунин масъалаи таъминоти моддӣ- техникии дружинаи ихтиёриро ҳал менамояд.
54) Мақомоти корҳои доузалӣ оид ба мустаҳкам кардани алоқа бо дружинаҳои ихтиёрӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд. Ҳамзамон вобаста ба тахассуси дружинаи ихтиёрӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии аъзоёни он корҳоро анҷом медиҳанд, таъмин намудани онҳо бо дастурҳои услубӣ ва адабиёти махсуси юридикӣ ёрӣ мерасонанд, ба сардорони ситодҳо ва командирони дружинаи ихтиёрӣ дар бораи қонуншиканиҳо маълумоти зарурӣ дода, ба онҳо кӯмак мерасонанд.
55) Мақомоти корҳои дохилӣ ташкил намудани таъсиррасонии ҳамарӯзаро ба дружинаи ихтиёрӣ таъмин карда, дружиначиёнро дастур медиҳад, онҳоро бо шаклу усулҳои мубориза бар зидди қонуншиканӣ, аз ҷумла, ҳангоми гузаронидани корҳои пешгирикунандаи фардӣ ва амалиётҳои муштарак бо шахсони дар қайдҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ буда ва дигар ашхосе, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, шинос мегардонад, ба дружинаҳо дар банақшагирӣ ва бақайдгирии фаъолияташон кӯмак мерасонанд.
56) Дар мувофиқа бо сардорони ситодҳо ва командирони дружинаҳои ихтиёрӣ барои муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо чорабиниҳои муштарак ташкил менамоянд. Ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо роҳбарии фаврии фаъолияти дружиначиён аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳатмӣ мебошад.
7. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии дружинаи ихтиёрӣ
57) Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, буҷети маҳаллӣ ва маблағи шахсони ҳуқуқие, ки дружинаи ихтиёриро созмон додаанд, инчунин аз ҳисоби маблағи хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
58) Вазорату идораҳо, ташкилот, муассисаҳо, корхонаҳо, ширкатҳо ва донишкадаҳо новобаста аз шакли моликияташон дружинаҳои ихтиёрии худро дар сурати шароити мусоид доштан ва вазъи хуби молиявиашон метавонанд бо биноҳои лозима, алоқаи телефонӣ, мебел ва таҷҳизот таъмин намоянд. Ситоди дружинаи ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ҳамчунин дастаҳои фаврии дружинаи ихтиёрӣ бо биноҳои хизматӣ, алоқаи телефонӣ ва таҷҳизоти лозима, инчунин нақлиёт барои ба ҷойҳои хизмат рафтан ва баргаштан аз хизмат аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор таъмин карда мешаванд.
59) Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд, ситодҳои дружинаи ихтиёриро ҳангоми навбатдориашон ба воситаҳои алоқа ва дигар техникаи махсус, ки дар қисми эҳтиётии мақомоти милитсия ҷой дорад, таъмин намояд.
60) Барои пешрафти кори дружинаи ихтиёрӣ ҷиҳати пурра таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар салоҳияти худ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад ба ситоди дружинаи ихтиёрӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, биноҳо, воситаҳои алоқа ва нақлиёт мусоидат намояд.