Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот" ва бо мақсади пешгирии кам шудани саршумори ҳайвоноти нодир ва маҳдуд гаштани майдони табиии олами набототу ҳайвоноти камшуморе, ки зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд, таъмини рушди устувори гуногунии биологӣ дар экосистемаҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Таҳия ва нашри Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
3) Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 1 марти соли 1979 № 67 "Оид ба таъсиси китоби хелҳои наботот ва ҳайвоноти камшумору нодири РСС Тоҷикистон-"Китоби сурхи РСС Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 387
ш. Душанбе