Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, дар муддати 2 моҳ тадбирҳои татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбиро таҳия ва тасдиқ намоянд .
3) Хароҷоти татбиқи Стандарти мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои таҳсилоти миёнаи касбӣ иешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1999 № 353 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таълимии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 385
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" августи соли 2010
№ 385 тасдиқ шудааст
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - Стандарти давлатӣ) ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои марбутаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо, ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии донишҷӯён, талаботи асосӣ ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёри таҳсилотро муқаррар мекунад.
2) Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ё ибтидоии касбӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки Стандарти давлатӣ муқаррар кардааст, гирифта мешавад ва бо натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ба хатмкунанда додани ҳуҷҷати таҳсилоти миёнаи касбӣ ба итмом мерасад.
3) Сохтори таҳсилоти миёнаи касбӣ маҷмӯи барномаҳои асосии таълими касбии аз рӯи таъинот ва мӯҳлатҳои меъёрӣ гуногуни таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, ки сатҳи таҳсилоти миёнаи касбиро ифода мекунад.
4) Барномаи асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ин ҳуҷҷате (маҷмӯи ҳуҷҷатҳое) мебошад, ки мутобиқи талаботи Стандарти давлатӣ мазмуни таҳсилоти миёнаи касбии сатҳи муайянро тибқи ихтисоси мушаххас муайян мекунад.
5) Мӯҳлати меъёрии таълими касбӣ ин мӯҳлатест, ки дар давоми он барномаи асосӣ ва иловагии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, ғоибона, шабона ва ё фосилавӣ аз худ карда шуда, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ амалӣ мегардад.
6) Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ин ҳуҷҷате мебошад, ки аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тасдиқи он дода мешавад, ки соҳиби ҳуҷҷат барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимиро бомуваффақият хатм намуда, хуқуқи идомаи таҳсилро дар зинаи дигари таҳсилот дорад ё фаъолияти меҳнатии касбиро мутобиқи дараҷаи ихтисоси соҳибшуда амалӣ менамояд.
7) Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин номгӯи мураттабшудаи ихтисосҳо (ихтисосҳои бо ҳам наздики ба гурӯҳҳо ҷудошуда) ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Гурӯҳи ихтисосҳо дар Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо рамзи рақамии 2 муайян карда мешавад.
8) Ихтисоси таҳсилоти миёнаи касбӣ маҷмӯи донишҳо, маҳорат ва малакаест, ки дар натиҷаи таълим аз худ шуда, тартиб ва ҳалли дараҷаи дахлдори вазифаҳои касбӣ ва имконияти фаъолияти касбии шакли муайянро мувофиқи дараҷаи ихтисос таъмин менамояд.
9) Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин номгӯи мураттабшудаи ихтисосҳо (ихтисосҳои бо ҳам наздики ба гурӯҳҳо ҷудошуда) ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
10) Дар доираи ихтисосҳо гирифтани тахассусҳои мушаххасро тибқи талаботи давлатӣ ба ҳадди ақалли музмун ва сатҳи тайёрии хатмкунанда Стандарти давлатӣ муқаррар менамояд.
2. Талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шароити амалӣ сохтани он
11) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- фаннҳои умумӣ гуманитарӣ;
- фаннҳои табиию риёзӣ;
- фаннҳои тахассусӣ;
- таҷрибаи истеҳсолӣ;
- таҷрибаи таълимӣ.
12) Ҳадди ақали мазмуни таҳсилоти миёнаи касбиро Стандарти давлатӣ муқаррар менамояд.
13) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари фаннҳои ҳатмии касбӣ, бо интихоби донишҷӯён фаннҳои факултативиро низ дарбар мегирад.
3. Сохтори таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
14) Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ амалӣ мегардад.
15) Мӯҳлати меъёрии таълим тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.
16) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо аттестатсияи давлатӣ ва ба хатмкунанда додани дараҷаи муайяни ихтисос ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо нишон додани ихтисос ба итмом мерасад.
17) Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Меъёри умумии сарбории таълимии донишҷӯёни дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
18) Ҳадди ниҳоии ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёни бо тамоми шаклҳои корҳои таълимии синфӣ ва берун аз синфӣ дар як ҳафта бояд аз 54 соат зиёд набошад.
19) Сарбории донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон набояд аз 34 соати таълимӣ ва дар шакли шабонаи таълим набояд аз 20 соат зиёд бошад.
20) Дар шӯъбаи ғоибонаи таълим ба донишҷӯён имконият дода мешавад, ки дар давоми соли таҳсил дар ҳаҷми на камтар аз 160 соат машғулият гузаранд.
21) Ҳаҷми умумии муддати таътил дар давоми соли таҳсил 8-11 ҳафтаро ташкил мекунад ва дар мавсими зимистона на камтар аз 2 ҳафта мебошад.
22) Теъдоди донишҷӯёни гурӯҳи таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи шакли рӯзонаи таълим 24 нафар, аз рӯи шакли ғоибонаи таълим 20 нафар, барои ихтисосҳои тиббию фармасевтӣ 15 нафар ва барои соҳаи санъат аз фанҳои тахассусӣ 1-2 нафар муқаррар қарда мешавад.
23) Ҳангоми гузаронидани корҳои лабораториву амалӣ, машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои хориҷӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, инчунин дар дарсҳои расмкашӣ (ихтисосҳои архитектура ва бадеӣ), барои як қатор фанҳои дигари таълимии соҳавӣ, тарбияи ҷисмонӣ, иҷрои корҳои курсӣ (лоиҳаҳои курсӣ) ва таълими таҷрибавӣ дар устохонаҳо (машқгоҳҳо, хоҷагиҳо) гурӯҳи таълимӣ ба зергурӯҳҳои теъдодашон на зиёдтар аз 10-12 нафар ҷудо карда мешавад.
5. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ
24) Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
25) Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор муқаррар шуда, аз, тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қисми таркибии ҷудонашавандаи Стандарти давлатӣ мебошад.
6. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарти давлатӣ
26) Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарти давлатӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба амал бароварда мешавад.
27) Дар ҳолати аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ риоя нагардидани талаботи Стандарти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо чораҳо андешида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2010
№ 385 тасдиқ шудааст
Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Ниг.ба замима