Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 №631 "Дар бораи тадбирҳои суръатбахшии саҳомикунонии корхонаҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби замимашудаи ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ тасдиқ карда шавад.
2) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 №179 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷудо намудани бахшҳо ва воҳидҳои сохтории корхонаҳо бо мақсади фурӯши минбаъдаи онҳо ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 391
ш. Душанбе