ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Қисми сеюми моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита ва дар як вақт метавонад узви комиссияи доимӣ ва ё муваққатии Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии кумитаю комиссияҳо розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
21 июли соли 2010 № 622
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.3УҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2010, № 105
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
8 июли соли 2010 № 52
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан"
Статья 1. Часть третью статьи 47 Конституционного Закона Республики Таджикистан от 19 апреля 2000 года "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., № 4, ст. 108; 2004 г., № 5, ст. 351; 2007 г., № 5, ст. 351; 2008 г., № 10, ст. 796) изложить в следующей редакции:
"Депутат Маджлиси намояндагон избирается членом только одного комитета и одновременно может быть избран членом постоянной и/или временной комиссии Маджлиси намояндагон. При формировании персонального состава комитетов и комиссий учитывается согласие депутата Маджлиси намояндагон.".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
21 июля 2010 года № 622
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.ЗУХУРОВ
г. Душанбе, 16 июня 2010 года, № 105
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан"
Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 8 июля 2010 года №52