Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010 № 610 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 192) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1 баъд аз калимаи "қисми" калимаҳои "даъвои гражданӣ," илова карда шаванд.

2. Банди дуюми қисми 1 моддаи 17 қисми 2 ва қисми 2 қисми 3 ҳисобида шаванд.

3. Моддаи 17(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 17(1). Рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро

1. Иҷрочии суд ҳуҷҷати иҷроро дар муддати се рӯз аз рӯзи ворид шуданаш, агар иҷрои он ба ваколати ӯ дохил нагардад, ба суд ё мақомот ва ё ба ситонанда, ки онро барои иҷро пешниҳод намудааст, бо қабули қарор оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бармегардонад.

2. Нусхаи қарори иҷрочии суд оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда на дертар аз рӯзи дигар, баъд аз баровардани қарори мазкур ба ситонанда, инчунин ба суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, ирсол карда мешавад.

3. Нисбати қарор оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.".

4. Банди дуюми қисми 1 моддаи 29 қисми 2 ва қисмҳои 2, 3 ва 4 мутаносибан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.

5. Дар моддаи 44 рақами "9" ба рақами "10" иваз карда шавад.

6. Банди дуюми қисми 1 моддаи 46 қисми 2 ва қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 мутаносибан қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ҳисобида шаванд.

7. Бандҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 54 қисмҳои 3 ва 4 ва қисми 3 моддаи мазкур қисми 5 ҳисобида шаванд.

8. Ба моддаи 56 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ва ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк аз ҷониби ситонанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда иҷрочии суд қарор қабул менамояд. Қарори қабулнамудаи иҷрочии суд барои бақайдгирии молу мулке, ки мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҳатмиро талаб менамояд, асос мебошад.".

9. Дар қисми 1 моддаи 67:

- дар сархати дуюм калимаҳои "дукаратаи ҳадди ақалли музди меҳнат" ба калимаҳои "даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ҳангоми набудани имконияти ситониш аз маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки қарздор.".

10. Қисми 1 моддаи 87 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи ҳафт фоиз аз маблағи ситонидашаванда ва ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти молумулкинадошта аз қарздор-шаҳрванд ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор-ташкилот ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохти иҷро ситонида мешавад. Дар бораи ситонидани пардохти иҷро иҷрочии суд қарор қабул мекунад.".

11. Моддаи 97 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 97. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани иҷрочии суд

1. Ба вазифаи иҷрочии суд шахсе таъин карда мешавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад.

2. Иҷрочии суд аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.".

12. Боби 8(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"БОБИ 8(1). ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲО ВА КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИҶРОЧИИ СУД

Моддаи 98(1). Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷрочии суд

1. Иҷрочии суд ҳуқуқ дорад:

- вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда гирад;

- дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомотро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор санҷад;

- бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият ва дигар маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли истиқоматии қарздор ворид гардад, инчунин молу мулки ӯро аз назар гузаронад;

- вазифаҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.

2. ӯҳдадориҳои иҷрочии суд:

- маводҳоро ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоте, ки барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба дароз намудани мӯҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ пешниҳод менамояд;

- ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз суд ё дигар мақомоте, ки онро додааст, барои иҷро қабул намуда, фавран истеҳсолоти иҷроро оғоз менамояд;

- маълумот ва (ё) ҳисоботи омориро оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ӯҳдадориҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, иҷро менамояд.

3. Иҷрочии суд барои воридшавӣ ба бинои ишғолнамуда ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулк ё барои кушодани анбор намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони холисро даъват намуда, дар ҳузури онҳо бино ё анборро мекушояд ва аз назар мегузаронад.

Моддаи 98(2). ӯҳдадориҳои мақомотҳо ва шаҳрвандон оид ба талаботи иҷрочии суд

Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ӯҳдадоранд дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро, ки аз талаботи иҷрочии суд бармеоянд, пешниҳод кунанд.

Моддаи 98(3). Ҳатмӣ будани талаботи иҷрочии суд

Талаботи иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ҳатмӣ буда, он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат ба иҷро расонида мешавад.

Моддаи 98(4). Ҳифзи ҳуқуқии иҷрочии суд

1. Иҷрочии суд ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ намояндаи ҳокимияти иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

2. Иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷрочии суд, паст задани шаъну шарафи ӯ, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ӯ, инчунин дигар ҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаи хизматии ӯ монеъ мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Моддаи 98(5). Таъмини амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ӯ

1. Амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ӯ аз таҷовузи ҷиноятӣ ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки онҳо, ки ба фаъолияти хизматии ӯ алоқаманд мебошад, аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад.

2. Чораҳо доир ба таъмини амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ӯ дар ҳолатҳои мавҷудияти хатар ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ӯ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Моддаи 98(6). Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба иҷрочии суд

Ба иҷрочии суд тибқи тартиби барои кормандони мақомоти адлия ва нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида рутбаи дараҷавӣ дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

21 июли соли 2010 № 610

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе,

19 майи соли 2010, № 76

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

 8 июли соли 2010 № 40