Замимаи 1
бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" июни соли 2010 № 899
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" июни соли 2010 № 899
тасдиқ шудааст
Низомномаи медали ҷашнии "15-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1) Медали ҷашнии "15-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муносибати 15-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ ва ҷамъиятию башардӯстӣ таъсис дода шудааст.
2) Бо медали ҷашнӣ, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд.
3) Бо медали ҷашнии "15-солагии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд-медали ҷашнӣ) сарфароз гардондан тибқи фармони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи рӯйхати пешниҳодшуда бо қайди ному насаб, унвони ҳарбӣ (танҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ) ва вазифаи ишғолкарда анҷом дода мешавад. Рӯйхат аз тарафи муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шӯъбаҳо, хадамотҳо, шӯъбачаҳои Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, командирони қисму воҳидҳои ҳарбии Гардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, бо мӯҳри гербдор тасдиқ карда мешавад.
4) Сарфароз гардонидани шаҳрвандони хориҷӣ бо медали ҷашнӣ баъди аз тарафи сохторҳои ҳарбӣ ва шахсони вазифадорӣ давлатҳои хориҷӣ пешниҳод намудани рӯйхат анҷом дода мешавад.
5) Командироне (сардороне), ки дар бораи бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонидани зердастон дархост пешниҳод намудаанд, оид ба қабули қарор ба сардорони болоӣ рӯйхат пешниҳод менамоянд.
6) Барои дуруст тартиб додани рӯйхат шахси мансабдор, ки онро имзо намудааст, ҷавобгар мебошад.
7) Барои бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонидан хизматчиёни ҳарбие пешниҳод карда мешаванд, ки ҷазои интизомӣ надоранд.
8) Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо медали ҷашнӣ кормандони мақомоти давлатиро, ки саҳми худро дар мустаҳкам намудани фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд сарфароз гардонад.
...