Низомномаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир аз 1 июли соли 2010 № 341

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2010

№ 341 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2010

№ 341 тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир

1) Низомномаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир (минбаъд - Низомнома) вазифа, ӯҳдадорӣ ва ташкили фаъолияти Комиссияро муайян менамояд.

2) Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир (минбаъд -Комиссия) мақоми доимоамалкунанда буда, фаъолияти худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" амалӣ намуда, барои гузаронидани санҷиш ва баҳогузории сангҳои қиматбаҳои нодир ташкил карда шудааст.

3) Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4) Ба кори Комиссия мутахассисони баландихтисос аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.

5) Комиссия дар ҷараёни фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- таҳияи дастурамал оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир;

- таҳияи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сангҳои қиматбаҳои нодир;

- санҷиш ва баҳогузории сангҳои қиматбаҳои нодир дар асоси муроҷиати хаттии субъекти истихроҷ, коркард, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва пешниҳоди Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд;

- аз рӯи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ мувофиқи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳо ҷудо намудани сангҳои қиматбаҳои нодир;

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "I" июля 2010 года № 341

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "I" июля 2010 года № 341

Положение Комиссии Правительства Республики Таджикистан по экспертизе и оценке уникальных драгоценных камней

1) Положение Комиссии Правительства Республики Таджикистан по экспертизе и оценке уникальных драгоценных камней (далее - Положение) определяет функции, обязательства и организацию деятельности Комиссии.

2) Комиссия Правительства Республики Таджикистан по экспертизе и оценке уникальных драгоценных камней (далее -Комиссия) является постоянно действующим органом, осуществляющим свою деятельность согласно Закону Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", организованная для проведения экспертизы и оценки уникальных драгоценных камней.

3) Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами и законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

4) К работе Комиссии привлекаются высококвалифицированные специалисты соответствующих министерств и ведомств.

5) Комиссия в процессе своей деятельности выполняет следующие функции:

- разработка инструкций по проведению экспертизы и оценки уникальных драгоценных камней;

- разработка стандартов Республики Таджикистан для уникальных драгоценных камней;

- экспертиза и оценке уникальных драгоценных камней на основании письменных обращений субъекта добычи, переработки, юридических и физических лиц и представления Межведомственной комиссии по определению качества, количества и оценки драгоценных и поделочных ювелирных камней, скупаемых для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан;

- по количественным и качественным показателям, согласно стандартам Республики Таджикистан, производит сортировку уникальных драгоценных камней;

...