Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2010 № 321
тасдиқ шудааст
Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025
1. Муқаддима
1) Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар оянда - Консепсия) мақсадҳо, вазифаҳо ва роҳҳои ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 муайян менамояд;
2) Мақсади асосии Консепсия фароҳам овардани шароити иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои фаъолияти безарар, рушди оянда ва ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, фаъолияти боэътимоди системаҳои таъмини ҳаёти аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, дастрас будани хизматрасонии коммуналӣ барои ҳар як мизоҷ равона карда шудаанд, иборат мебошанд.
3) Вазифаҳои Консепсия иборатанд аз:
- қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагони хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар сатҳу сифати зарурӣ аз рӯи нархҳо ва тарифҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардашуда, баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ, то дараҷаи стандартҳои байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ;
- демонополизатсияи соҳа, фароҳам сохтани шароит барои рушди муносибатҳои бозаргонӣ, гузариш ба ташаккули муносибатҳои шартномавӣ, рушди муҳити рақобатнок дар бозори хизматрасонии коммуналӣ, ҷалби васеи соҳибмулкони манзил барои ташкил ва пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ;
- таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба муносибатҳои амалкунандаи бозаргонӣ мувофиқ намудани онҳо;
- ташкили базаи моддию техникӣ, барқарорсозӣ ва навсозии инфраструктураи муҳандисии коммуналӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои коммуналӣ;
- солимгардонии молиявии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, такмил додани ташкили нархҳо дар соҳа, баробар намудани сатҳи тарифҳо ба нархҳои аслии амалкунандаи бозаргонӣ;
- таҷдиди қарзҳои бавуҷудомадаи муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо маблағгузорӣ мешаванд ва қарзҳои аҳолӣ барои хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар назди корхонаҳои коммуналӣ;
- таъмини усули меъёрии маблағгузории буҷетии хизматрасонии муассисаҳои буҷетӣ;
- гузариш ба реҷаи истеъмоли сарфакоронаи истеъмоли хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла дар соҳаи обтаъминкунӣ ва гармидиҳӣ, танзими андоза ва сифати хизматрасонӣ бо роҳи васл намудани таҷҳизоти инфиродии баҳисобгирии таъмини оби гарм ва хунук;
- такмили системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи такмили имтиёзҳои мавҷуда, ба ҳам мувофиқ гардонидани категорияҳо ва шумораи имтиёздорон ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо;
- рушди инфраструктураи муҳандисӣ, барқарорсозӣ, таъмини эътимоднокӣ ва фаъолияти устувори онҳо бо роҳи сафарбаркунии сарчашмаҳои худӣ ва ҷалби инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ барои ин мақсадҳо;
- гузаронидани таҳқиқоти илмию техникӣ дар масъалаи истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҳия ва татбиқи технология ва таҷҳизоти муосир, ки ба азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва кам намудани хароҷоти қиёсии энергетикӣ ва захираҳои моддӣ равона гардидаанд.
4) Муваффақ гардидан ба мақсадҳо ва татбиқи вазифаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки бо Консепсия муайян гардидаанд, танҳо дар шароити ба таври қатъӣ тағйир додани механизми хоҷагидорӣ, гузариши соҳа ба реҷаи фаъолияти безарар имкон дорад.
2. Ҳолати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва заминаи гузаронидани ислоҳоти он
5) Пас аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад.
Бо ибтикор ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Барномаи беҳдошти вазъи таъминоти аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020" ва Барномаҳои комплексии рушди минтақавӣ таҳия ва татбиқ мегарданд. Заминаи зарурии қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ташкил дода шудааст. Кодекси манзил, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон", "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил" қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи такмили идораи корхонаҳо ва ташкилотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ғайра қабул шудаанд.
Дар натиҷа ҳаҷми хизматрасонии манзилию коммуналӣ афзоиш ёфта, сифати он беҳтар гардид, сохторҳои нави хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла хусусӣ ташкил гардидаанд. Амалан аксарияти фонди манзилии давлатӣ, маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва ҳаммому хушкашӯии соҳаи хизматрасонӣ хусусӣ гардонида шуданд. Бо мақсади беҳдошти обтаъминкунии як қатор шаҳру марказҳои ноҳияҳо ва заминаи моддию техникии корхонаҳои манзилию коммуналӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ҷалб гардиданд.
Аммо бо вуҷуди чораҳои андешидашуда ҳолати хоҷагии манзилию коммуналӣ ниҳоят мушкил боқӣ мемонад. Раванди ислоҳоти ин соҳаи муҳим мутаассифона кашол меёбад.
6) Мутамарказии сатҳи баланд, монополизатсия ва дотатсияи зиёди соҳа боиси бесамарии умумии фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ гардидааст.
Хароҷоти фонди манзиле, ки нерӯи барқро аз ҳад зиёд масраф менамояд ва иншооти соҳаи иҷтимоии дорои коммуникатсияҳои муҳандисии валангор ниҳоят гарон аст.
Нархномаҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва маблағҳои ҷудошаванда на танҳо барои азнавтаҷҳизонии техникӣ ва рушди соҳа, балки барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани хоҷагии манзилию коммуналӣ нокифоя мебошанд.
7) Маблағгузории сохтмони асосӣ, навсозӣ ва азнавтаҷҳизонии соҳа механизми кӯҳнаро нигоҳ доштааст ва маблағҳои ҷудошаванда аз маблағҳои зарурӣ даҳҳо маротиба камтар мебошанд.
Ҳолати техникии инфраструктураи коммуналӣ дар деҳот бо сатҳи баланди хӯрдашавӣ (беш аз 70 фоиз), садаманокии зиёд, сатҳи пасти самарабахшии истифодабарии иқтидорҳо тавсиф меёбад. Дар робита бо ин масъалаи бо барқ ва оби нӯшокӣ таъмин намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишин тезу тунд гардида, норасоии иқтидори системаҳои корезӣ ва баровардани партовобҳо ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин харҷи аз ҳад зиёди захираҳои сӯхт ва энергетикӣ ба мушоҳида мерасанд.
8) Масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ ба 1 январи соли 2010 дар ҷумҳурӣ 63 млн. 488 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз он 3 млн. 987 ҳазор метри мураббаъ фонди манзилии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва фонди манзилии сохтмони кооперативӣ буда, 59 млн. 500 ҳазор метри мураббаъ фонди манзили шахсӣ мебошад.
Дар натиҷаи хусусигардонии оммавии манзил масъулияти истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил аз давлат ба соҳибмулкони нав - ба аҳолӣ гузашт, ки аксари онҳо ба ин омода набуданд. Аҳолӣ аниқ намедонад, ки дар биноҳои шахсигардонидашуда вай ба чӣ масъулият дорад ва мақомоти дигар барои кадом корҳо масъуланд.
Аксарияти хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ дар ҷумҳурӣ бе риояи талаботи муқарраршуда истифода бурда мешаванд. Дар онҳо таъмири асосӣ саривақт гузаронида намешавад.
Чил фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба системаи оби тозаи нӯшоки дастраси надоранд.
Барномаи қабулшудаи ҷумҳуриявии бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ аз мӯҳлат қафо монда, механизми маблағгузории он то ҳол пурра ҳал нагардидааст. Фондҳои асосии системаи инфраструктураи коммуналӣ (обтаъминкунӣ, корезӣ, гармидиҳӣ ва санитария) беш аз ҳафтод фоиз фарсуда шуда, ба таҷдид эҳтиёҷ мебошанд.
Ҳолати техникии системаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ ниҳоят ташвишовар аст. Дар система таъмини кафолатноки барқ мавҷуд нест.
Аз сад навад фоизи системаҳои корезӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Сатҳи маданияти истеъмоли об ва истифодабарии хизматрасонии санитарӣ хеле паст мебошад.
Амалан энергетикаи коммуналӣ пурра хароб гардида, дар аксарияти хонаҳои истиқоматии бисёрхонагӣ, мактабҳо, табобатхонаҳо ва дигар иншооти соҳаи маишӣ системаи хоҷагии гармидиҳӣ, шабакаҳои гармӣ аз кор баромадаанд.
9) Бо мақсади таъмини тартиби ягонаи ҳисоби давлатии қитъаҳои замин, бино, иншоот, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ободонии атроф дар шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, ки ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ (новобаста ба шакли моликият) тааллуқ доранд, низомнома дар бораи барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) онҳо тасдиқ карда шудааст. Аммо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ин гуна системаҳо ва иншоот моликияти онҳо мебошанд, бинобар набудани сарчашмаи маблағгузорӣ иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 30 декабри соли 1998 №513 пурра таъмин наменамоянд.
Ҳолати аксар иншооти ободонии атрофи шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд. Маҳалҳои аҳолинишини шаҳр, маркази ноҳияҳо ва шаҳракҳои ҷумҳурӣ бо тозагии нақшавии санитарӣ пурра ва доимӣ фаро гирифта нашудаанд.
Беш аз нисфи маҳали ҷойгиркунии партовҳои коммуналӣ дорои мӯҳлатҳои маҳдуди истифодабарӣ буда, талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳити зистро қонеъ намегардонанд. Бо мошинҳои махсуси коммуналӣ таъмин намудани корхонаҳои манзилию коммуналӣ аз меъёр паст буда, аз се ду ҳиссаи техникаи мавҷудбуда бояд нав карда шаванд. Раванди ҷамъ намудан, баровардан, коркард ва истифодаи партовҳо ба сатҳи рушди муосир ҷавобгӯ нест, аз ин сабаб ворид намудани таҷриба ва методҳои нави ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳо зарур мебошад.
Таъминоти маҳалҳои аҳолинишин бо ҷойҳои таҷҳизонидашудаи ҷамъоварии муваққатии партовҳои сахти коммуналӣ ва майдончаҳои хурд барои ҷойгиркунии онҳо кифоя нест.
10) Дар идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ муносибатҳо ҳам дар байни сатҳи давлатӣ ва ҳам дар байни фароҳамоварандагони хизматрасонии манзилию коммуналӣ тағйир наёфтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз ҳам далелҳои муносибати дағалонаи бюрократӣ нисбат ба эҳтиёҷоти одамон барҳам нахӯрдаанд. Кор оид ба гузариш ба меъёрҳои хизматрасонии бозаргонӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Сатҳи таҳияи мазмунию ҳуқуқии шартномаҳо, иҷро нашудани муносибатҳои шартномавӣ дар ҳамаи давраи истеҳсолот ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла соҳибмулк, хизматрасон ва истеъмолкунанда дар сатҳи паст қарор дорад.
Риоя нагардидани принсипи муносибатҳои бозаргонӣ аксар дар беаҳамиятӣ нисбат ба раванди бастани шартномаҳо зоҳир мегарданд, ки имконпазирии назорати объективии иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавиро истисно менамояд.
Амалан оид ба ҳавасмандгардонии меҳнати кормандони соҳаи хизматрасонии коммуналӣ корҳо нокифоя анҷом дода мешаванд. Аксари роҳбарон фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналиро чандон ҷиддӣ намеҳисобанд.
11) Омилҳои асосие, ки барои бад шудани ҳолати хоҷагии манзилию коммуналӣ мусоидат намудаанд, инҳоянд:
- кашол додани ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ фарсуда шудани таҷҳизот;
- ғайрисамаранок истифодабарии захираҳо;
- таъмини нопурраи маблағгузорӣ;
- баландшавии қарзҳо аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ ва хизматрасонии коммуналӣ ҳам аз тарафи корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳам истифодабарандагони ин хизматрасониҳо;
- мавҷуд набудани муносибати аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда дар муқаррар кардани тарифҳо (ҳолатҳое кам нестанд, ки тарифҳо арзиши пурраи хизматрасониро пӯшонида наметавонанд);
- пурра иҷро нагардидани барномаи таҷҳизонидани фонди манзил бо воситаҳои ҳисоб ва батанзимдарории истеъмоли об ва нерӯи гармӣ.
3. Мақсад, вазифа ва афзалиятҳои ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
12) Мақсади асосии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳозира аз инҳо иборат аст:
- ташкили шароити истиқомат, ки ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои стандарти иҷтимоӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад;
- зина ба зина гузаштан аз субсидияҳои буҷетии хоҷагии манзилию коммуналӣ ба усули аз ҷониби истифодабарандагони хизматрасонии коммуналӣ дар ҳаҷми пурра пардохт намудани ҳаққи хизматрасонӣ;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии камбизоат;
- ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифат ва зиёд кардани ҳаҷми хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ.
13) Барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо иҷрои корҳои зерин зарур аст:
- сохтмони иншоот ва иқтидорҳои нокифоя, азнавсозӣ ва таъмири асосии иншоот ва шабакахои мавҷудаи обтаъминкунӣ, корезӣ, таъмини барқ, роҳҳо, ҷойҳои ҷойгиркунӣ ва анбори партовҳои коммуналӣ;
- зиёд кардани ҳаҷми сохтмони манзил аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, қарзҳои манзилӣ ва ипотекӣ, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯза мебошанд;
- ворид намудани принсипҳои бозаргонии рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳангоми нигоҳ доштани самтбахшии иҷтимоии сиёсати давлатӣ оид ба манзил;
- такмили системаи банақшагирии минтақавӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои истифодабарии замин барои сохтмон, ташкил ва рушди инфраструктураи муҳандисии коммуналии қитъаҳо барои бунёди манзил ва иншооти дигар, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони кабудизоркунӣ дар назди корхонаҳои коммуналӣ;
- ворид намудани механизмҳои ташкилию иқтисодӣ, ки ба муқаррар кардани арзиши аслии хизматрасонии манзилию коммуналӣ нигаронида шудаанд (бо роҳи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ);
- такмили сиёсати тарифҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ бо мақсади ба даст овардани мувозинаи байни эҳтиёҷоти молиявии таъминкунандагони хизматрасонӣ ва қобили пардохт будани истифодабарандагон;
- муқаррар намудани тарифҳои иловагӣ ба масоҳат ва хизматрасонии коммуналии аз меъёр зиёд, инчунин тафриқагузории пардохти ҳаққи манзил вобаста ба сифат ва ҷойгиршавии он;
- баланд бардоштани ҷалби инвеститсионии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- татбиқи ҳаматарафаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил";
- ҳаматарафа дастгирӣ намудани ташаббуси аҳолӣ оид ба таъсиси ширкати соҳибмулкони манзил;
- таъмини самаранокии кӯмаки бевосита ба аҳолии камбизоат;
- такмили системаи идора, истифодабарӣ ва назорат дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- истифодаи ҳаматарафаи муносибатҳои шартномавӣ;
- рушди муҳити рақобатнокӣ ҷиҳати ба истифодабарандагон фароҳам овардани шароити таъсиррасонӣ ба ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ;
- дар асоси озмун хоста гирифтани ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои шахсӣ, ки идораи фонди манзил ва хизматрасонии онро ба ӯҳда мегиранд, корхонаҳои коммуналиро бо маводу таҷҳизот таъмин менамоянд, корҳои лоиҳавию бинокориро анҷом медиҳанд;
- такмили системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими системаи мавҷудаи имтиёзҳо, тақвияти самтбахшии суроғавии маблағҳои барои ин мақсадҳо ҷудошаванда.
14) Шарти асосии ислоҳот ба мувозинат овардани чорабиниҳои иқтисодии гузаронидашаванда бо имконоти воқеии корхонаҳои соҳа, новобаста ба шакли моликият, қобили пардохт будани аҳолӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва маблағҳои мақсаднок ҷудошавандаи буҷети ҷумҳуриявӣ вобастагӣ доранд.
15) Бинобар ин, вазифаҳои афзалиятноки соҳа аз рушди минбаъдаи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ба асосҳои зерин такя мекунад:
- фароҳам овардани шароити ташкилию идоракунӣ ва механизмҳои бозаргонӣ барои идоракунии самаранок ва хизматрасонии фонди манзил, инчунин иншооти ободонии атроф;
- такмили системаи муносибатҳои шартномавӣ оид ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, инчунин ба таври озмун хоста гирифтани фармоишгарон барои ҷойгиркунии фармоиши коммуналӣ ва хоста гирифтани ташкилоти пудратӣ барои иҷрои корҳо оид ба нигоҳдорӣ ва таъмири фонди манзил, иншооти ободонии атроф;
- рушди рақобатнокӣ дар соҳаи идора, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил;
- ҳаматарафа риоя намудани қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ;
- тақвият бахшидани назорати сифати хизматрасонии манзилию коммуналии аҳолӣ;
- ислоҳоти системаи хизматрасонии аҳолии дорои имтиёз оид ба пардохти ҳаққи хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- такмили системаи таҷдиди назар ва тасдиқи нархномаҳо барои истифодабарӣ ва хизматрасонии коммуналӣ;
- тафриқабандии минбаъдаи маблағи ҳаққи иҷораи биноҳои истиқоматӣ;
- фаъолгардонии кор оид ба ташкили шароит, ки барои таъсис ва фаъолияти ширкати соҳибмулкони манзил ва шаклҳои дигари ҷамъиятҳо зарур аст;
- паст намудани хароҷоти ғайриистеҳсолӣ барои истифодабарӣ, таъмири фонди манзил ва хизматрасонии коммуналӣ, инчунин расидан ба беҳдошти сифати он бо роҳи ворид намудан ва истифодаи дастовардҳои навини техникӣ ва технологияҳо тариқи таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ оид ба сарфа намудани барқ ва гарм нигоҳ доштани биноҳо, ки онҳо дар барномаҳои мувофиқаткунандаи вазорату идораҳо пешбинӣ карда мешаванд;
- татбиқи чораҳои комплексӣ оид ба беҳдошти молиявии хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла таҷдид ва пӯшонидани қарзҳо барои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо;
- тағйири принсипи таъмини молиявии соҳа бо роҳи баланд бардоштани пардохтҳои аҳолӣ барои хизматрасонии манзилию коммуналӣ.
4. Принсипҳои асосии татбиқи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
16) Барои бомуваффақият ба роҳ мондани ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ бояд принсипҳои зерин истифода шаванд:
- принсипи субсидиарӣ. Бо назардошти талаботи аҳолии ноҳияҳо ва шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ сатҳи идоракунӣ, ки масъули ташкили хизматрасонӣ мебошад, бояд ба истеъмолкунандаи хизматрасонии ниҳоӣ наздик ҷойгир карда шавад, то ки он дар ихтиёраш маблағҳои зарурии хизматрасониро дошта бошад;
Барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифа ва ӯҳдадориҳои аниқ муқарраршуда пешбинӣ гарданд, ки дар дигар корҳои сатҳи идоракунӣ, ваколатҳо ва захираҳои барои иҷрои ин функсияҳои муайяншуда такрор намешаванд;
- принсипи ҷудо намудани танзим аз хизматрасонӣ. Вазифаи мақоми танзимкунанда аз вазифаи хизматрасонӣ ҷудо карда шавад, ки ин иҷрои бечунучарои талаботи меъёрҳои манзилию коммуналиро дар амал кафолат медиҳад;
- принсипи муайян намудани ваколатҳо ҳангоми ҷудо намудан аз назорати тарифӣ. Масъулияти ваколатҳо барои иҷрои чораҳо оид ба муқаррар намудани тарифҳо аз назорати тарифӣ ҷудо карда шудааст. Хизматрасон (монополист) мустақиман тариф муқаррар менамояд ва онро бо мақоми амалкунандаи инҳисорӣ ба мувофиқа мерасонад;
- принсипи ҷудо намудани муқарраркунии пардохтҳо аз муқаррароти функсионалӣ. Мақоми ҷумҳуриявӣ ба иҷрокунандаи хизматрасонӣ сармоягузори асосиро равона мекунад. Мақомоти идоракунандаи маҳаллӣ низ метавонанд ба таъминкунандаи хизматрасонӣ сармоягузории асосиро равона намоянд;
- принсипи тарифҳои истеъмолӣ. Муқаррар карда шудааст, ки истеъмолкунанда ҳамеша маблағи хизматрасониро пардохт менамояд, агар он инфиродӣ бошад. Агар хизматрасонӣ ҷамъиятӣ бошад, пас он шакли умумии маблағгузориро талаб менамояд, мисли андоз, ки он нисбат ба ҳамаи аҳолӣ истифода бурда мешавад;
- принсипи муайян намудани субсидияҳо. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатӣ пешниҳоди субсидияҳоро ба истеъмолкунандагони хизматрасонӣ дастгирӣ мекунад ва онҳоро ҳавасманд менамояд;
- принсипи шаффофияти таъиноти функсионалй. Вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳама сатҳ бояд аниқ муайян карда шаванд;
- принсипи соҳибият ва идоракунии воситаҳои асосӣ. Соҳибӣ намудан, идоракунӣ ва масъулият барои воситаҳои асосӣ ба зиммаи ташкилотҳотаъминкунандагони хизматрасонӣ гузошта мешавад.
5. Роҳҳои асосии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
§ 1 Демонополизатсия ва рушди муҳити рақобатнокӣ
17) Яке аз унсурҳои асосии ислоҳот бояд ташкили шароити рақобат дар системаи идоракунӣ ва соҳаи хизматрасонии манзилию коммуналӣ бошад.
Ин ба соҳибмулкони манзил ва иншооти таъиноти коммуналӣ шароит фароҳам меоварад ташкилотеро интихоб кунанд, ки сатҳи баланди сифати кору хизматрасониро бо нархҳои нисбатан арзон таъмин намоянд.
18) Рушди рақобат дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рафъи оқибатҳои вазъи монополии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ анҷом дода мешавад. Ин омил бо чунин роҳҳо имконпазир аст:
- аз ҷониби мақомоти маҳалии идоракунӣ ташаккул додани фармоиши минтақавии хизматрасонӣ ва рушди иншооти таъиноти манзилию коммуналӣ, новобаста ба шакли моликият;

- ташкили системаи ягонаи автоматикунонидашудаи ҳисобу китоб барои хизматҳои манзилию коммуналии дар асоси шартномаҳо расонидашуда, инчунин истифодаи муҷозоти иқтисодӣ барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ;
- дар асоси баробарҳуқуқӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ ҷалб намудани ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият.
19) Омили зарурии рушди рақобат демонополизатсияи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҳисоб меравад.
20) Ба соҳаҳои фаъолияте, ки дар онҳо рушди рақобат имконпазир аст, дохил мешаванд:
- идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил ва иншооти хоҷагии коммуналӣ;
- ҷалби ташкилотҳое, ки шаклҳои алтернативии хизматрасонии коммуналиро истифода мебаранд, аз ҷумла иншооти системаҳои мухтори таъмини соҳаҳои ҳаётан муҳим, ки бо шабакаҳои муҳандисии инфраструктураи иншоот вобастагӣ надоранд (дегхонаҳо, таъминот бо газ аз зарфҳо, таъминоти мухтор бо гармӣ, таъмини нерӯи барқ ва ғайра);
- иҷрои корҳои алоҳида оид ба хизматрасонии иншооти хоҷагии коммуналӣ (таъмир ва тоза намудани шабакаҳо, ҷамъ намудани партовҳо, истифодабарии лифтҳо ва ғайра);
- корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонӣ оид ба рушди иншооти таъиноти коммуналӣ ва ғайра;
- ташкил намудани шароит ва заминаи меъёрию методӣ ҷиҳати дар ҷойҳо фароҳам овардани муҳити рақобатпазирӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ.
21) Дар рафти демонополизатсияи соҳаи манзилию коммуналӣ бояд риоя карда шаванд:
- иҷрои чорабиниҳо доир ба демонополизатсия, бо назардошти он, ки хоҷагии манзилию коммуналӣ комплекси мураккаби хоҷагидорӣ мебошад;
- роҳ надодан ба маҳдудкунии ҳуқуқи ҳама гуна шакли моликият хам дар фонди манзил ва хам дар иншооти таъиноти коммуналӣ;
- мувофиқанамоии чорабиниҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии демонополизатсия амалӣ мегарданд;
- андешидани чораҳо оид ба таъсиси субъектхои дорои шаклҳои гуногуни моликият дар соҳаи хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- самтгирӣ ба таъмини сатҳи баланди рақобатпазирии имконпазири субъектҳои хоҷагидор, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии манзилию коммуналӣ.
§ 2. Такмили системаи идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ
22) Ислоҳоти соҳаи манзилию коммуналӣ ба баланд бардоштани мустақилият ва масъулияти воҳидҳои субъектҳои хоҷагидорӣ дорои шакли гуногуни моликият нигаронида шудааст, ки бевосита ба истифодабарандагон хизматҳои манзилию коммуналӣ мерасонанд ва на танҳо барои иҷрои фаъолияти истифодабарии ҷорӣ, инчунин барои рушди соҳаи манзилию коммуналӣ дорои имкониятҳои ҳуқуқию молиявӣ мебошад.
23) Дар ин самт бояд ба омилҳои зерин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад:
- аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар раванди демонополизатсия гузаронидани тағйирот дар соҳаи идоракунӣ, маблағгузорӣ ва ташкили нархгузорӣ, ки кори боз ҳам самарабахши хоҷагии манзилию коммуналиро таъмин менамояд;
- ташаккули сохторҳо (хадамоти фармоишгар, ширкатҳои идоракунанда, ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва ғайра), ки манфиатҳои ҳамаи соҳибмулкони манзилро ифода ва ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонии манзилию коммуналиро ҳифз менамоянд;
- ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавӣ дар ҳамаи давраҳои истеҳсолот ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла барои соҳибмулк, хизматрасон ва истифодабарандаи хизматрасонӣ.
24) Асоси системаи идоракунии хоҷагии манзилию коммуналиро тақсимоти оқилонаи вазифаҳо ва ташкили муносибатҳои байни соҳибмулк, ширкати идоракунанда, ташкилотҳои пудратии шакли гуногуни моликият ва мақоме дорад, ки барои назорати давлатии хизматрасонии сифатноки манзилию коммуналӣ, истифодабарӣ ва нигоҳдории фонди манзил новобаста аз мансубияти идоравии худ ваколатдор мебошад.
25) Ҳангоми интихоби шакли идоракунӣ ба роҳбарӣ гирифтани принсипҳои ба соҳибмулк пешниҳод намудани ҳуқуқи мустақилонаи ҳалли масъалаи он, ки кадом ташкилот ба моликият (амволи ғайриманқул)-и вай хизмат мерасонад ва онро идора мекунад, ба мақсад мувофиқ аст.
26) Ба вуҷуд омадани шаклҳои нави соҳибмулкӣ аз талаботи ташкили шаклу усулҳои нави маблағгузории рушди иншооти таъиноти манзилию коммуналӣ дар шароити маҳдудияти маблағҳои буҷетӣ вобастагӣ дорад.
27) Ҳамзамон, дар баробари муколамаи тарафҳои "фармоишгарпудратчӣ (корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ)" муносибатҳои гуногунҷабҳа ба вуҷуд меоянд, ки дар он шахсони воқеию ҳуқуқии зерин иштирок мекунанд:
- ташкилотҳои инвеститсионӣ, сохтмонӣ ва истифодабарӣ новобаста ба шакли моликият, ки маблағгузорӣ, сохтмон, нигоҳдории иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва идоракунии онҳоро ба ӯҳда доранд;
- соҳибмулкони фонди манзил ва иншооти хоҷагии коммунали, ки намояндагии мақомот ва идораи ширкати идоракунандаро ба ӯҳда доранд;
- истифодабарандагони хизматрасонӣ - соҳибмулкон, иҷорагирон ва кироякунандагони биноҳои истиқоматӣ, иншоот ва дигар ташкилотҳо.
28) Ба иншооти таъиноти коммуналӣ ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун хизмат расонида метавонанд.
Дар маҳалҳои хурди аҳолинишин вазифаи фармоишгарро доир ба нигоҳдорӣ ва рушди иншооти таъиноти манзилию коммуналӣ метавонанд воҳидҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро намоянд, ки бо ин мақсад бо корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ оид ба нигоҳдорӣ, истифодабарии техникӣ ва рушди иншооти мазкур шартнома мебанданд:
- бо дарназардошти сохтмони биноҳои бисёрошёна таъсиси шабакаҳои корхонаҳои нигоҳдорӣ ва таъмири лифтҳо дар ҷумҳурӣ зарур аст.
29) Дар давраи нави ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи муносибатҳои шартномавӣ аз инҳо иборат аст:
- шартнома байни соҳибмулки иншооти манзилию коммуналӣ ва субъекти хоҷагидорӣ (бо назардошти идораи фонди манзил ва хизматрасонии он, хизматрасонии коммуналӣ), ки метавонад дар асоси озмун баста шавад;
- шартнома байни молики фонди манзил ва кирокунандаи (соҳиби) манзили истиқоматӣ;
- шартнома байни субъектҳои хоҷагидор (масалан, корхонаҳои таъмини об, гармӣ, барқ ва ғайра);
- шартнома байни таъминкунандагони хизматрасонии коммуналӣ ва истифодабарандагони хизматрасонӣ.
§ 3. Таъмини танзим ва назорати давлатӣ
30) Мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият танзими давлатии масъалаҳои нигоҳдории фонди манзил ва иншооти таъиноти коммуналиро пешбинӣ мекунад, ки он аз ҳама соҳибмулкон риояи ҳатмии меъёрҳои стандартҳои ҷумҳуриявиро талаб менамояд.
31) Назорати давлатӣ ва танзими сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва/ё мақомоти ҷумҳуриявӣ, ки на танҳо риояи стандартҳои сифати хизматрасонӣ, инчунин мавҷудияти шартномаҳои дахлдорро назорат менамоянд, амалӣ мегардад.
32) Назорати ҳолати иншоот ва фондҳои манзили давлатӣ, маҳаллӣ, хусусӣ, иҷрои равандҳои технологии ҳатмӣ, ки бехатарии техникӣ ва экологии аҳолиро таъмин менамоянд, дар сатҳхои гуногуни ҳокимият амалӣ мегарданд.
33) Мақоми ҷумҳуриявӣ, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати дахлдор мебошад, таҳлил ва ҷамъбасти комплексии тамоюлҳои рушди хоҷагии манзилию коммуналиро дар асоси ҳисоботи давлатии омор ва баҳисобгирӣ анҷом дода, сиёсати давлатиро дар ин соҳаи иқтисодиёт ташаккул медиҳад.
34) Яке аз шаклҳои танзими давлатӣ ва назорати сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ таъмини дастрасии маълумот оид ба фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, назорати лоиҳаҳои ба охир расонидани инвентаризатсияи иншоот, бино ва, коммуникатсияҳо дар шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон инвеститсионӣ, шаффофияти танзими тарифҳо ва муайян кардани гурӯҳҳои афзалиятноки истифодабарандагоне мебошад, ки бояд ба онҳо хизмат расонида шавад.
35) Ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии манзилию коммуналӣ бояд инчунин тавассути муқаррар намудани талаботи зарурӣ ва маҳдудиятҳо ба роҳ монда шавад, ки сатҳи меъёрии хизматрасонии истифодабарандагони манзилию коммуналиро ҳангоми қабули қарор дар бораи тағйир додани шакли моликияти корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ё идоракунии он таъмин менамоянд.
36) Дар соҳаи таъминоти техникии хоҷагии манзилию коммуналӣ дар баробари ташкил ва татбиқи таҷҳизоти фардии баҳисобгирӣ ва танзими истеъмоли об ва дигар захираҳои энергетикӣ бояд ба ҷорӣ намудани системаҳои автоматиконии идораи диспетчерӣ диққати махсус дода шавад, ки тавассути онҳо на танҳо истеъмоли захираҳои дахлдор ба ҳисоб гирифта мешаванд, инчунин раванди тақсимот ва истеъмоли онҳо дар хоҷагии манзилию коммуналӣ танзим мегардад. Дар баробари ин чунин система метавонад барои ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намояд.
§ 4. Ислоҳоти системаи молиявии хоҷагии манзилию коммуналӣ
37) Ислоҳоти системаи молиявии хоҷагии манзилию коммуналӣ дар назар дорад:
- гузариш ба худмаблағгузории ташкилотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дар асоси таҳияи тарифҳо барои хизматрасонӣ то сатҳи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокшуда;
- зарурияти суроғавӣ равона намудани маблағгузории буҷетӣ барои пешниҳоди субсидияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ.
- риояи принсипи кадом сатҳе, ки субсидияҳоро муқаррар менамояд, бояд онро пурра пардохт намояд;
- таҳияи механизмҳои ҷалб ва баргардонидани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати инвеститсионӣ барои рушд ва навсозии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- маблағгузории сохтмони асосӣ ва таҷдиди иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ, инвеститсионӣ ва буҷетӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда;
- ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии манзил, иншооти соҳаи коммуналӣ ва таъиноти фарҳангӣ, иҷтимоию маишӣ;
- ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои таҳияи стандартҳо, меъёр ва асосҳои қонунгузории ҷумҳуриявии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- давра ба давра гузаштан ба принсипҳои нави ҳисобу китоб дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- бартараф намудани вазъи ногувори пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ ҳам аз тарафи шаҳрвандон ва ҳам аз тарафи ташкилоту муассисаҳо.
§ 5. Пардохти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ
38) Хусусияти хоси ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ аз тағйир додани усули нархгузорӣ, гузариш аз тарзи соддаи баланд бардоштани тарифҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ то тағйироти муназзами ин тарифҳо, ки болоравии сатҳи ҳақиқии даромади шаҳрвандонро дар назар дорад, иборат мебошад. Ин амал гузариши нисбатан беозори соҳаи хоҷагии манзилию коммуналиро ба шароити системаи хоҷагидории бозаргонӣ барои аҳолӣ таъмин менамояд.
39) Афзоиши ҳиссаи хароҷоти пулакии аҳолиро оид ба нигоҳдории манзил ва хизматрасонии коммуналӣ метавон бо роҳи муқаррар намудани хароҷоти аслӣ таъмин намуд. Бо ин мақсад бояд чунин шароит фароҳам оварда шавад:
- ҳамаҷониба ворид намудани таҷҳизоти фардии танзимкунанда, баҳисобгирии об ва дигар захираҳои энергетикӣ;
- бастани шартномаҳо байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи хизматрасонии коммуналӣ;
- чун қоида, дар асоси озмун бастани шартномаҳо байни ширкати идоракунанда (хадамоти фармоишгар) ва ташкилотҳое, ки хизматрасонии манзилию коммуналиро ба ӯҳда доранд;
- мувофиқаи тарифҳо (ҳангоми мавҷуд набудани ташкилотҳои алтернативӣ) байни хадамоти фармоишгар ва дигар ташкилотҳо -монополистони табиӣ.
40) Нархномаҳо дар асоси таҳлили мутобиқати фаъолияти корхонаҳои хоҷагии манзилиго коммуналӣ ба меъёрҳо ва стандартҳо мувофиқа карда мешаванд.
41) Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагон дар шартномаҳои киро доир ба хизматрасонии техникӣ ва коммуналӣ соҳибмулкон бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо, ки пардохти хизматрасониро мутобиқи ҳаҷми воқеӣ ва сифати он кафолат медиҳанд, сабт карда шаванд.
Ҳаққи маблағи манзил, ки аз рӯи шартномаи киро дар фонди манзили давлатӣ пардохта мешавад, бояд на танҳо пардохти ҳаққи нигоҳдорӣ ва таъмири манзил, инчунин таъмири асосӣ ва пардохти кироро низ дар бар гирад.
§ 6. Таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
42) Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми гузариш ба низоми безарари фаъолият омилҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат ҳангоми болоравии нархномаҳои (тарифҳои) хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- ба таври имтиёзнок фароҳам овардани кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва таъмини меъёрҳои ҳадди ақали стандарти иҷтимоӣ оид ба хизматрасонии аҳолӣ дар соҳаи хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- истиснои имконпазирии радд барои ҷудо намудани субсидияҳои ғайринавдии манзилӣ ба шаҳрвандоне, ки ба он ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз ҳама гуна асосҳо, аз ҷумла ба шаҳрвандоне, ки дар биноҳои таҳти пешбурди хоҷагидорӣ ва идораи оперативии ташкилотҳо қарордошта, инчунин дар хонаҳои фонди манзили хусусӣ, аз ҷумла барои шахсоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд.
43) Чораҳо доир ба такмили механизми додани имтиёзҳо бояд ба он мусоидат намояд, ки вазни қиёсии арзиши истифодаи манзилҳои истиқоматӣ, хизматрасонии техникӣ ва коммуналӣ дар буҷети оилавии шаҳрвандони камбизоат кам карда шавад.
44) Ҳангоми муайян намудани ҳаҷми субсидияҳо оид ба пардохти ҳаққи истифодабарии манзили истиқоматӣ бояд шаклҳои алоҳидаи хизматрасонии коммуналӣ (таъмини оби гарму хунук, корезҳо, нерӯи барқ ва гармӣ, истифодаи лифт, баровардан ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ ва дигар хизматрасонии техникӣ) пурра ба инобат гирифта шаванд.
45) Бояд инъикоси оперативии хароҷоти меъёрӣ, ки бо хизматрасонии манзилию коммуналӣ вобаста аст, дар нақшаи дақиқсозии ҳисоби сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ анҷом дода шавад.
6. Давраҳои татбиқи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
46) Дар марҳилаи аввал (2010-2015) ба нақша гирифта мешавад:
- таҳияи барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми татбиқи ислоҳоти мазкур;
- такмили сохтори идоракунии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ муҳайё намудани шароити муносиб доир ба (вобаста ба ташкили мақоми давлатӣ) таъмини пешбурди сиёсати ягонаи техникӣ, танзим ва рушди ояндаи соҳа, аз ҷумла дар соҳаи коммуналии деҳот;
- такмили сохтори идоракунии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ вобаста ба ташкили мақоми давлатӣ барои таъмини пешбурди сиёсати ягонаи техникӣ, танзим ва рушди ояндаи соҳа, аз ҷумла дар соҳаи коммуналии деҳот;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъсиси мақомоти давлатии назорати манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳадгузорӣ ба функсияҳои соҳибмулк, ширкати идоракунанда (хадамоти фармоишгар) ва ташкилоти хизматрасон. Гузариш ба муносибатҳои пурраи шартномавӣ дар соҳаи хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- ташкили омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо барои кор дар ташкилотҳои идоракунанда ва хизматрасон;
- гузаронидани барӯйхатгирии васеи иншоот, биноҳо ва коммуникатсияҳо дар шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барӯйхатгирии қарзҳои мавҷудаи дебиторию кредитории корхонаҳои комплекси манзилию коммуналӣ, ҳалли масъалаи таҷдид ва пӯшонидани онҳо;
- таъмини назорати асоснокии тарифҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ бо назардошти татбиқи барномаи кам кардани хароҷоти чунин хизматрасонӣ;
- мусоидат ба корҳои ташкилотӣ ва методи ҷиҳати таъсиси оммавии ширкатҳои соҳибмулкони манзил;
- ворид намудани шаклҳои танзими зиддиинҳисорӣ ҳангоми муқаррар намудани нархномаи хизматрасонии корхонаҳо - монополистони табиӣ.
47) Дар марҳилаи дуюм (2015-2020) пешбинӣ карда мешавад:
- демонополизатсияи фаъолияти ташкилотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар асосҳои баробарҳуқуқӣ барои хизматрасонии манзилию коммуналӣ ҷалб намудани ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият;
- қабули стандартҳои ҷумҳуриявӣ, ки барои гузариш ба системаи нави пардохти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ заруранд;
- гузаштан ба насби асбобҳои ҳисоби инфиродӣ, танзими истеъмоли об ва дигар захираҳои энергетикӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар;
- ба тартиб даровардани системаи имтиёзҳо барои категорияҳои ҷудогонаи шаҳрвандон ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бо мақсади пӯшонидани хароҷоти истифодабарии хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
- таҳияи механизмҳои ҷалб ва баргардонидани кредитҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати инвеститсионӣ барои рушд ва навсозии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- зиёд намудани маблағгузории сохтмони асосӣ ва таҷдиди иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби инвеститсияҳо, маблагҳои худӣ ва маблағҳои мақсадноки буҷетӣ;
- гузариш ба системаи худмаблағгузории корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дар заминаи таҳияи тарифҳои хизматрасонӣ то сатҳи хароҷоти аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда;
- ба охир расонидани ҳадгузории хизматрасонӣ то сарҳади наздихонагӣ, функсияҳои соҳибмулк, ташкилоти идоракунӣ (хадамоти фармоишгар) ва ташкилоти хизматрасонии фонди манзил;
- таъсиси комиссияи махсус оид ба ҳалли баҳсҳои манзилию коммуналӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки аз намояндагони идоракунии маҳаллӣ, кормандони ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шӯъбаи молия, кормандони корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат мебошанд;
- таъсиси комиссияи давлатии байниидоравӣ оид ба танзим ва назорати қарорҳои қабулшуда вобаста ба ислоҳоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
48) Дар марҳилаи сеюм (2020-2025) ба нақша гирифта мешавад:
- таҳияи нақшаҳои таъминоти гармии маҳалҳои аҳолинишин, ташкили вариантҳои алтернативии гармидиҳӣ, бо оби гарм таъмин намудани иншооти манзилию коммуналӣ ва соҳаи иҷтимоӣ;
- таъсиси фонди мутамарказ оид ба дастгирӣ ва рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои аз тарафи корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷалб намудани кредитҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат барои рушди иншооти инфраструктура;
- беҳтар намудани дараҷаи муҷаҳҳазгардонии инфраструктураи муҳандисии хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- ба охир расонидани гузариши соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба низоми фаъолияти безарар бо назардошти пурра аз тарафи аҳолӣ пардохт намудани хароҷоти нигоҳдорӣ, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ҳангоми таъмини суроғавии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- ба охир расонидани корҳои дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот шинондани таҷҳизоти баҳисобгирӣ, танзими истеъмоли об ва дигар захираҳои энергетикӣ;
- ҳамаҷониба ворид намудани механизми ҷалби маблағҳои кредитӣ барои рушди инфраструктураи манзилию коммуналии шаҳр ва деҳот бо истифода аз манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ;
- муайян намудани тарз ва усули таҷдиди хонаҳои истиқоматии силсилаҳои аввал эъморгардидаи оммавӣ бо назардошти сохтмони ошёнаҳои иловагӣ, тағйир додани тарҳи ҳуҷраҳо, васеъ кардани биноҳо аз ҳисоби сохтмонҳои иловагӣ ва ҳамзамон азнавсозии биноҳо;
- рушди суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии манзил, иншооти соҳаи коммуналӣ, фарҳанг ва иҷтимоию маишӣ.