Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 № 318 "Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт"

Санаи амалкуни: 01.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа ҷорӣ ва истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти афзояндаи шаҳрвандон ба иттилоот, ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт ба инобат гирифта шавад (замима мегардад).

2) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, бо мақсади дар фаъолияти ҳамарӯза ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар саросари ҷумҳурӣ чораҳои иловагӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384).

3) Вазорату идораҳе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият сари вақт ва дар ҳаҷми кофӣ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ маблағҳо пешбинӣ ва ҷудо намоянд.

4) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384):

- мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ мониторинги татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар кишвар гузаронида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарсола гузориш пешниҳод намояд;

- то охири соли 2010 шабакаи нурию нахии ҷумҳуриявии интиқоли маълумотро пурра ба кор дарорад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 июли соли 2010 № 318

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа ҷорӣ ва истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти афзояндаи шаҳрвандон ба иттилоот, ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт ба инобат гирифта шавад (замима мегардад).

2) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, бо мақсади дар фаъолияти ҳамарӯза ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар саросари ҷумҳурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

3) Вазорату идораҳе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият сари вақт ва дар ҳаҷми кофӣ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ маблағҳо пешбинӣ ва ҷудо намоянд.

4) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: