Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз 1 июли соли 2010 № 322

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2010 № 322

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Муқаддима

Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 (минбаъд Барнома) дар асоси "Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 24 апрели соли 2010, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 таҳия гардидааст.

Барнома стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, аз ҷумла санъати мусиқии касбиро муайян намуда, ба идоракунӣ ва маблағгузорӣ, сохтор ва мундариҷаи системаи санъати мусиқии касбӣ, сиёсати кадрӣ ва иҷтимоии ин соҳа ҳамчун асос хизмат мекунад.

Таҳияи Барномаи мазкур бо назардошти зарурати ислоҳоти куллӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ, ҳал намудани вазифаҳои стратегии дар системаи таҳсилоти мусиқии Тоҷикистон дар шароитҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мавҷудбуда пешбинӣ гардидааст.

Имрӯз тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҳкими таҳсилоти мусиқӣ натиҷаҳои назаррас додаанд. Аз ҷумла, имкониятҳои таъсиси низоми муосири бисёрзинагии таҳсилоти мусиқӣ ҷалб карда шуда, таъсиси коллеҷҳо ва литсейҳо дар назар аст. Дар заминаи факултаҳои иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷики Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ташкили ҷашнҳои мусиқии "Рӯзи Шашмақом" ва "Рӯзи Фалак" бахшида ба ду тамоюли асосии мусиқии суннатиикасбии эҷодиёти халқи тоҷик мавқеи сиёсати фарҳангии давлатро нисбат ба афзалиятнокии санъати мусиқии касбӣ боз хам пурзӯртар намуд.

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи мусиқии касбӣ бисёр ҷанбаҳои дорои хусусиятҳои иҷтимоӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, таълимӣ ва консертию иҷрокунандагӣ ҳалталабанд.

Барои баррасӣ ва ҳал намудани проблемаҳои таҳсилоти мусиқӣ, касбигардонии коллективҳои мусиқӣ, консертӣ ва театрӣ айни замон бо назардошти вазъи воқеан ногувори санъати мусиқии касбӣ, бахусус норасогии амиқи кадрҳои иҷрокунандагӣ, педагогӣ, мавҷуд набудани оркестрҳои калони симфонӣ, вазъи ногувори таъминоти кадрии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, коллективҳои консертию иҷрокунандагӣ дар маҳалҳо, инчунин вобаста ба зарурати беҳтар намудани вазъи мусиқии касбӣ тавассути ҳалли бонизоми проблемаҳои мавҷуда, таҳияи Консепсия ва Барномаи давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди минбаъдаи мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон ба миён омадааст.

1. Мақсади асосии Барнома

Таҳким, рушд ва модернизатсияи системаи миллии таҳсилоти мусиқӣ ва шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ тавассути такомули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, механизмҳои дастгирии он, мусоидат намудан ба равандҳои эҷодиёт ва таъминоти ҳифзи иҷтимоии кормандони эҷодӣ, вобаста ба самтҳои афзалиятноки "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015" баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи мусиқӣ, устувор гардонидани шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ, қонеъгардонии талаботи эстетикии шахс ва ҷомеа.

2. Вазифаҳои Барнома

Таъмини дастёбӣ ба сифати мусиқӣ, сифати барномаҳои консертӣ барои тамоми қишрҳои аҳолӣ:

- такомули заминаи меъёрии ҳуқуқии системаи миллии таҳсилоти мусиқӣ ва шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ;

- ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" оид ба аспирантураи эҷодӣ;

- тайёр кардани кадрҳои эҷодӣ ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ;

- нигоҳдорӣ ва таҳвили суннатҳои беҳтарини таҳсилоти мусиқии касбӣ ба наслҳои оянда;

- бо мақсади мукаммалгардонии таносуби кадрӣ дар қалби насли навраси соҳаи мусиқии касбӣ тарбия намудани ватандӯстию худшиносии миллӣ;

- таъсиси гурӯҳҳои доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба танзими методии соҳа;

- таъмини мувозинати манфиатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар сохтори таҳсилоти мусиқӣ ва фаъолияти мусиқии касбӣ;

- такомули шабакаҳои муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои фаъолиякунандаи мусиқӣ;

- рушди афзалиятнок, ҳамаҷониба ва пайвастаи касбӣ дар соҳаи мусиқӣ;

- азнавсозӣ ва мукаммалгардонии мундариҷа, сохтори таълимоти мусиқӣ ва шаклҳои фаъолияти мусиқӣ бо назардошти суннатҳои чандинасраи миллӣ (устод-шогирд), таҷрибаи ҷаҳонӣ ва принсипҳои рушди устувор;

- баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландиҳтисос ва рақобатпазири санъати мусиқӣ;

- ба танзим даровардани пардохти музд барои таълим дар макотиби ибтидоӣ ва миёнаи таҳсилоти мусиқӣ;

- пайвастшавӣ бо фазои умумиҷаҳонии таҳсилоти мусиқӣ ва консертию иҷрокунандагӣ;

- таҳкими заминаи моддӣ-техникии системаи таҳсилоти мусиқӣ ва фаъолияти мусиқӣ;

- пайвастани таҳсилоти мусиқӣ, илм ва эҷодиёт;

- такомули фаъолияти консерватория ҳамчун мактаби олии махсуси мусиқӣ;

- таъсиси механизмҳои ҷалби захираҳои бахши иқтисодиёт барои баланд бардоштани сифати фаъолияти санъати мусиқӣ ва таҳсилоти мусиқӣ;

- такомули менеҷмент, маркетинг ва реклама дар соҳаи мусиқӣ;

- васеъ намудани шабакаи коллеҷҳои санъат ва мактабҳои бачагонаи мусиқӣ вобаста ва фарогирии ҷуғрофии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ва маҳалҳо;

- тавассути мактабҳои бачагонаи мусиқӣ фароҳам овардани шароит барои татбиқ намудани имкониятҳои эҷодии бачагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ берун аз мактаб;

- такомули омори таҳсилоти мусиқӣ барои таъсиси низоми нави мониторинг;

- тақвият бахшидан ба нақши забони давлатӣ дар таҳияи дастурҳои нави таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои нави таълимию методӣ, луғатҳои мусиқӣ, энсиклопедияҳо.

3. Таҳлили вазъи системаи таҳсилоти мусиқӣ

Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фарҳанг ва санъати касбӣ нақши бузургро мебозад. Муассисаҳои мусиқӣ ба монанди театри опера ва балет, оркестри симфонӣ, оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои гуногуни вокалӣ, созӣ аз бисёр ҷиҳат баёнгари симои давлат буда, аҳамияти умумимиллӣ доранд ва рамзи давлатдорӣ мебошанд.

Аз соли 1991 танҳо аз як факултаи иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки зинаи марказии олии тайёрнамоии кадрҳои мусиқи маҳсуб мерафт, бештар аз 20 мусиқашинос, омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла 7 номзадҳои илми санъатшиносӣ ва дотсентон, қариб 80 пианинонавоз, ҳунармандони созҳои оркестрӣ, сарояндагони опера ба хориҷи ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Аз дигар муассисаҳои зинаҳои ибтидоӣ ва миёнаи махсуси мусиқӣ садҳо мутахассисон ҷумҳуриро тарк намуданд. Дар натиҷаи ин дар ҷумҳурӣ омӯзгорони мусиқашинос, мусиқачиёни иҷрокунанда, ки дар сатҳи зарурӣ мусиқиро тартиб намуда, аз ӯҳдаи таълими фанҳои бахшҳои таърихи мусиқӣ, назарияи мусиқӣ, ихтисосҳои мусиқию иҷрокунандагӣ дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ баромада тавонанд, башумор монданд. Имрӯз дар филармонияи давлатӣ оркестри симфонӣ ва лекторияи мусиқӣ фаъолият намекунанд, дар пойтахт, маркази вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон коллективҳои касбии мусиқӣ (оркестрҳо, ансамблҳо) вуҷуд надоранд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъ ва мӯътадил гардонидани рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбӣ барқарор намудани фаъолияти Кабинети методии ҷумҳуриявӣ ва Хонаи эҷодиёти халқ, Фонди мусиқӣ дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, таъсиси Осорхонаи санъати мусиқӣ, барои рушди самараноки санъати мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи касбии фаъолияти консертию иҷрокунандагӣ, масъалаи ҳал намудани тартиби сафарҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ, такмили шабакаи китобхонаҳои мусиқӣ, вусъати робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва фаъолияти консертию иҷрокунандагӣ, азнавсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои консертию иҷрокунандагӣ хеле заруранд.

Дар ин самт нақш ва аҳамияти низоми таҳсилоти мусиқӣ, захираҳои кадрии санъати мусиқии касбӣ ҳамчун меъёрҳои сатҳи рушди соҳа, таъминоти моддию техникии он, эътимоднокии кафолати иҷтимоии намояндагони он боз ҳам афзун мегардад. Сохтор ва барномаҳои таълимии таҳсилоти мусиқӣ, тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи мусиқии касбӣ ҳанӯз ба талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд ва ин ҳолат мунтазамию хушоҳангии низоми таҳсилоти мусиқии касбиро кам намуда эҳтимоли эътироф намудани онро аз ҷониби фазои умумиҷаҳонии таҳсилот паст мегардонад.

Дар шароити фазои зудтағйирёбандаи фарҳанги ҷаҳонӣ андӯхтани донишҳои устувори фанҳои мустада ва дарёфти малакаҳои техникаи иҷрокунандагӣ, ки ҷузъи ҳатмии таҳсилоти касбии мусиқӣ мебошанд, заруранд. Хонандагон бояд на танҳо дорои маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, балки қобилияти баланди худэҷодкунӣ дошта, дар ҳаёти мусиқии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд, ки ин муҳимтару душвортар мебошад. Низоми милии таҳсилоти мусиқии Тоҷикистон ва шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ дар шароити заминаҳои кӯҳнашудаи методологӣ ва идоракунӣ инкишоф меёбад ва чунин ҳолат имкон намедиҳад, ки он дар фазои муосири фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми сазовор пайдо намояд. Мундариҷаи таҳсилоти мусиқӣ фарогири донишҳои зарурӣ оид ба таърих ва назарияи мусиқии суннатии тоҷик, мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳон набуда, дар заминаи фактологӣ боқӣ мондааст ва он ба тайёр кардани хонандагони босалоҳияту масъулиятнок ва эҷодкоре, ки тавонанд дар ҳаёти мусиқии ҷомеа иштирок намоянд, моил нест. Мавҷуд набудани низоми ягонаи идоракунии таҳсилоти мусиқӣ дар сатҳи минтақавӣ, норасоии теъдоди мутахассисон дар шӯъбаҳои фарҳанг, коллективҳои мусиқӣ ва мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ба самаранокии идоракунии таҳсилоти мусиқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Тарбия ва омӯзиши мусиқии томактабӣ дар ҷумҳурӣ воқеан вуҷуд надорад.

Таҳсилоти ибтидоии бадеӣ таҳкурсии низоми миллии таҳсилоти асосии бадеӣ, аз ҷумла мусиқӣ ба шумор меравад ва ба он бачагони болаёқат синни 6 то 12 сола ҷалб карда мешаванд. Ворид гардидани кӯдак ба олами бадеӣ, аз ҷумла фарҳанги мусиқӣ бо раванди ибтидоии касбӣ омезиш меёбад. Дар Тоҷикистон ин гуна мактабҳои мусиқӣ ва бадеӣ ҳамагӣ 85 адад мебошанд. Теъдоди умумии тарбиятгирандагон 11 123 нафар аст, ки он ҳамагӣ 0,1 % бачагони Тоҷикистонро фаро мегирад. Пас аз хатми мактабҳои бачагонаи бадеӣ на ҳамаи бачагон таҳсилро дар шабакаи таҳсилоти асосии мусиқӣ идома медиҳанд.

Бисёр мактабҳои мусиқӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Махсусан бинои мактабҳои мусиқӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шаҳринав, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, мактаби бачагонаи мусиқии № 2 шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, мактабҳои мусиқии №3, № 5-и шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Ашт, Айнӣ, мактабҳои мусиқии №1, №2-и ноҳияи Спитамен, мактабҳои мусиқӣ ва бадеии шаҳрҳои Исфара, Қайроққум (ҷамоати Консой)-и вилояти Суғд дар ҳолати садамавӣ мебошанд. Мактаби мусиқии ноҳияи Варзоб бинои худро надорад. Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ва коллеҷи санъати ба номи К.Қурбонов хобгоҳ надоранд. Хобгоҳи Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, биноҳои мактаб-интернати миёни махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ ва мактаб-интернати миёни махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Ду мактаби махсуси мусиқӣ, ки заминаҳои асосии тайёр кардани кадрҳо барои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба шумор мераванд, дар маркази шаҳр воқеъ нестанд. Бинобар ин баъди ба бинои нав кӯчонидани Китобхонаи миллӣ, ба бинои кӯҳнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ, таъсисдодани гурӯҳи шаҳрии мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ ва дар бинои кӯҳнаи китобхона ҷойгир намудани он мувофиқи мақсад аст. Бо ин роҳ имконият пайдо мегардад, ки бачагони маркази шаҳр ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Дар ояндаи начандон дур гурӯҳи мазкурро ба мактаби мустақили мусиқии дорои мақоми базавии Консерваторияи Миллии Тоҷикистон табдил додан лозим аст. Ин иқдом дар навбати худ ба ташаккули гурӯҳи баргузидати адрҳои мусиқӣ мусоидат мекунад.

Натиҷаи санҷишу аттестатсияҳои комплексӣ далели онанд, ки дониши хонандагон дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Яке аз сабабҳои чунин вазъият мавҷуд набудани низоми марказонидашудаи баҳисобгирии бачагони болаёқат ва минбаъд нигоҳ доштани онҳо барои соҳаи мусиқии касбӣ мебошад.

Аз соли 2010 инҷониб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ Комиссияҳо оид ба назорати сифати таълимот таъсис дода шудаанд. Ҷорӣ намудани шиносномаи методӣ барои ҳар як омӯзгор ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин, бо мақсади нигоҳдории низоми сезинагии тайёр кардани кадрҳо аз соҳаи таҳсилоти иловагӣ ба соҳаи таҳсилоти махсуси мусиқӣ гузаронидани мактабҳои асосии бачагонаи мусиқӣ ва аз тобеияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба тобеияти Вазорати фарҳанг гузаронидани онҳо муҳим мебошад.

Дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи мусиқии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии ҳудудию ҷуғрофии тамоми минтақаҳо ба инобат гирифта нашудааст. Дар Барнома бо мақсади таъмини низоми сезинагии таҳсилоти мусиқӣ дар саросари Тоҷикистон, таъсиси коллеҷҳои санъат дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хоруғ пешбинӣ гардидааст.

Имрӯз дар мамлакат талабот нисбат ба кадрҳои мусиқачиёни касбӣ бағоят калон буда, теъдоди 800 нафарро ташкил медиҳад (200 нафар омӯзгорони фанҳои махсус, 120 нафар - фанҳои бахши назарияи мусиқӣ, қариб 100 нафар скрипканавозон ва дигар созҳои торӣ, 150 нафар пианинонавоз, 125 нафар навозандагони асбобҳои нафасӣ ва зарбӣ, 115 нафар навозандагони созҳои халқӣ). Дар ҷумҳурӣ мутахассис оид ба дирижерии санъати операвию симфонӣ мутахассис намондааст. Хусусияти ин ихтисос дар он аст, ки ин касбро танҳо зимни маълумоти дуюми олии мусиқӣ соҳиб шудан мумкин аст.

Имрӯз композитороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд, ҳамагӣ 12 нафар мебошанд. Тамоюли пиршавии ҳайати кадрии мактабҳои касбии мусиқӣ, коллеҷҳо хеле устувор буда, ба соҳибкории хурд ва миёна гузаштани омӯзгорони соҳибихтисос ба назар мерасад. Бинобар кам будани музди меҳнат ва мақоми иҷтимоии омӯзгор, мусиқачӣ-иҷрокунанда мутахассисони ҷавон барои кор дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва консертӣ ҳавасманд нестанд.

Низоми таҳсилоти олии мусиқии Тоҷикистон аз ду муассисаи олии таълимӣ иборат аст. Ба яке аз онҳо - Консерватории Миллии Тоҷикистон мақоми махсус додан мувофиқи мақсад мебошад. Он маҳз бо мақсади такомули низоми тайёр кардани мусиқачиёни баландихтисоси касбӣ таъсис дода шуда буд. Аз ибтидо ба Консерватория мақоми миллӣ дода шуда аст. Дар аввал ба Консерватория мақоми миллӣ дода шуд, вале он дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба расмият дароварда нашуд.

Дар байни зинаҳои таҳсилоти мусиқӣ ҳамоҳангсозии музди меҳнат вуҷуд надорад. Агар омӯзгори мактаби ибтидоӣ ва миёна барои як баст (ставка) 240-280 сомонӣ моҳона гирад, пас устоди Консерватория барои ҳамин гуна баст ҳамагӣ 69 сомонӣ маош мегирад. Барои унвони илмӣ ба маош иловапулии махсус дод намешавад.

Афзудани ҳайати хонандагон дар соҳаи таҳсилоти мусиқӣ маънои беҳтар шудани вазъиятро надорад, зеро амалан чунин афзоиш аз ҳисоби ҷалби ҷавонони бе маълумоти мусиқӣ, шӯъбаҳои афзалиятнадошта ташкил мегардад, ки на аз рӯи нақшаи мақсадноки тайёр намудани кадрҳо ва на аз сатҳи тайёрии тахассусии онҳо ба рақобат тобовар набуда, оқибат дар бозори меҳнат талабгори худро намеёбанд. Шӯъбаҳои эстрадӣ, режиссураи овоз, иҷрокунандагии анъанавӣ, педагогикаи мусиқӣ аз ҳамин зумра мебошанд.

Номукаммал будани ҳайати профессорону омӯзгорон дар макотиби олӣ мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Аз 246 нафар ҳайати омӯзгорону профессорони ду мактаби олӣ соҳавӣ - 4 доктори илм ва 21 нафар номзадҳои илм, 22 профессор, 42 нафар дотсент фаъолият менамоянд ва ин дар ҳолате, ки теъдоди умумии донишҷӯёни ҳар ду мактаби олӣ 1883 нафарро ташкил медиҳад. Талабот барои баланд бардоштани сатҳи дониши довталабон ва фаъолияти эҷодии меҳнатӣ хеле суст гардидааст.

Дар мактабҳои олӣ тибқи фармоиши давлатӣ тайёр кардани кадрҳои мақсаднокро ҷорӣ намудан лозим аст. Ҷорӣ намудани барномаҳои мақсадноки тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат мекунад.

Аспирантура дар асоси буҷет дар ҳар ду мактаби олӣ амал мекунад. Аммо хатмкунандагон онро бе гирифтани дараҷаи илмӣ, ҳатто баъзан бе гирифтани тавсия барои ҳимоя анҷом медиҳанд, ки ин далели бе самар будани низоми мавҷудаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ мебошад.

Дар давоми панҷ соли охир бо фармонҳои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" (№1716 аз 20 марти с.2006), "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" (№480 аз 20 июни с.2008), "Дар бораи тадбирҳои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва зиёд намудани маоши маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ" (№671 аз 20 июни с.2009) ҳаҷми идрорпулии аспирантон афзуд. Вале музди меҳнати роҳбарони илмӣ, дараҷаи илмӣ қариб пардохта намешавад. Бо назардошти норасоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти илмиро такмил дода, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмиро танзим менамоянд, тағйиру иловаҳо ворид намудан, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба корҳои таҳқиқотӣ, беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ, ба иқтидори мавҷудаи кадрҳои илмӣ ва ҳавасмандгардонии моддии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан зарур мебошад.

Имкониятҳои мактабҳои олӣ барои баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ истифода бурда намешаванд. Табодули таҷриба бо мамлакатҳои хориҷӣ оид ба ҳал намудани масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ суст инкишоф меёбад. Механизмҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии роҳбарону кормандони муассисаҳои консертию иҷрокунандагӣ ва омӯзгорони мусиқӣ барои андӯхтани донишҳои нав самаранок истифода бурда намешаванд.

Тадбирҳо оид ба донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, омӯзиши технологияҳое, ки ба фаъолияти амалӣ нигаронида шудаанд, суст ҷорӣ карда мешаванд.

Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 70% иҷро гардидааст. Аммо рушд ва истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, омӯхтани донишҳои технологияи компютерӣ ба талабот ҷавобгӯ намебошад.

4. Механизми татбиқи Барнома

Барнома ба роҳҳои зерин татбиқ карда мешавад:

- мундариҷа ва сохтори раванди таълимӣ, таълимию тарбиявӣ, таъминоти таълимию методии низоми таҳсилоти мусиқӣ ба натиҷаҳои воқеии самаранок равона карда мешаванд;

- заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки хусусиятҳои санъати мусиқиро мувофиқан дар худ таҷассум мекунанд ва барои ворид намудани иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд;

- сохтори низоми сезинагии таҳсилоти мусиқӣ, ки барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ ҳатмӣ мебошанд, такмил меёбад;

- шабакаи коллеҷҳои санъат ва мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат вобаста ба фарогирии ҷуғрофии аҳолӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва маҳалҳо васеъ мегардад;

- масъалаи ба кор ҷалб намудани ноболиғон дар вақтҳои холӣ аз таҳсил тадриҷан ҳал гардида, барои татбиқи имкониятҳои эҷодии бачагон шароит фароҳам оварда мешавад;

- мундариҷа ва таркиби омӯзиши мусиқӣ ҳамчун таҳсилоти иловагӣ дар шабакаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ такмил меёбад;

- ҷавонони эҷодкор ҳангоми таҳсил дар хориҷа ва баъди хатми он ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд;

- заминаи иҷтимоию иқтисодии соҳаи мусиқӣ ба шароити имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқ кунонида мешавад;

- сохтор ва мундариҷаи барномаҳои таълимии мусиқии тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти мусиқӣ такмил меёбад;

- омори таҳсилоти мусиқӣ мукаммал гардида, барои таъсиси низоми нави мониторинги таҳсилоти мусиқӣ мусоидат менамояд;

- дар заминаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи мусиқӣ (дар шакли факултаи такмили ихтисос) таъсис меёбад, ки дар он қариб 2,5 ҳазор омӯзгорони зинаҳои ибтидоӣ ва миёна фаро гирифта мешаванд;

- такмили ихтисоси омӯзгорони зинаи олӣ дар хориҷа амалӣ мегардад;

- нақши забони давлатӣ дар соҳаи мусиқӣ мустаҳкам мегардад;

- Механизмҳои нави маблағгузории соҳаи мусиқӣ таҳия мегарданд;

- ҳамасола Ҳисоботи миллӣ оид ба татбиқи Барнома нашр мегардад.

Дар натиҷаи татбиқи Барнома то соли 2015 намунаи миллии самаранок амалкунандаи рушди мусиқии касбӣ ташаккул ёфта, сифати баланди таълим ва мақсаднок тайёр намудани низоми таҳсилоти мусиқӣ ба даст меояд, шаклҳои фаъолияти иттиҳодияҳои касбии консертӣ ва театри опера, ки сатҳи баланди санъати консертию иҷрокунандагиро намоиш медиҳанд, имкон фароҳам меоранд, ки Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мақоми арзандаро ишғол намояд.

5. Захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ:

Ҳаҷми хароҷоти зарурии буҷети давлатӣ баҳри татбиқи Барнома 2 млн. 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Вазорати фарҳанг 2 млн. 543 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсус 105 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби инвеститсия 250 ҳазор сомонӣ. Ҳаҷми солонаи маблағгузории Барнома ҳангоми ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вобаста ба ҳар як соли молиявӣ мушаххас карда мешавад.

                                     2011      2012      2013     2014     2015     Ҳамагӣ

Буҷети чумҳуриявӣ                    521       497       502      509      514      2543

Маблағҳои махсус                     10        10        10       10       10       50

Сармоягузорӣ                         50        50        50       50       50       250

6. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи пешниҳодшуда дар Тоҷикистон:

- заминаи устувор ва мушаххаси меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилот ва шаклҳои фаъолияти мусиқӣ бунёд мегардад;

- шабакаи муназзаму мантиқии идоракунии таҳсилоти мусиқӣ, низоми шаклҳои самарабахши фаъолияти мусиқӣ, ки он тамоми самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва консертию театриро фаро мегирад, таъсис меёбад;

- шахсияти соҳибкасбу кордон, мутахассиси рақобатпазире, ки ба ҷомеа моҳияти маънавӣ ва эстетикии мусиқиро талқин намуда, моҳияти шахсӣ ва ҷамъиятии фаъолияти касбии мусиқиро дарк мекунад ва барои натиҷаҳои он масъулияти касбиро бар дӯш мегирад, ташаккул меёбад;

- тайёр намудани кадрҳои эҷодӣ оид ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи санъати мусиқии касбӣ ба барои нигоҳдорӣ ва ба наслҳои оянда додани беҳтарин суннатҳои таҳсилоти касбии мусиқӣ ва шаклҳои навозандагӣ амалӣ гардонида мешаванд;

- иқтидори кадрии мусиқии касбӣ муккамалу мустаҳкам мегардад;

- таъминоти илмию методии тамоми зинаҳои шабакаҳои таҳсилоти мусиқӣ дастрас мегардад;

- шабакаи муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои фаъолиятдоштаи мусиқӣ аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофии минақаҳо ва табақаҳои аҳолӣ такмил меёбад;

- бо мақсади таъминоти кадрии тамоми шаклҳои муассисаҳои мусиқии касбӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин рушди афзалиятноки таҳсилоти касбӣ таъмин мегардад;

- муҳити ягонаи таълимию иттилоотии системаи таҳсилоти мусиқӣ таъсис меёбад;

- низоми нишондиҳандаҳои омории таҳсилоти мусиқӣ ва захираҳои кадрии мусиқии касбӣ таъсис дода мешавад;

- низоми мониторинг ва пешгӯии рушди таҳсилоти мусиқӣ, низоми миллии арзёбии сифати таҳсилоти мусиқӣ таъсис меёбад;

- дастгирии давлатии мусиқии касбӣ ва такомули механизмҳои ҳавасмандии ҳам меҳнати педагогӣ ва ҳам консертию иҷрокунандагӣ мустаҳкам мегардад;

- барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мусиқачиёни касбӣ шароит фароҳам мешавад;

- фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилоти мусиқӣ фаъол гардонида мешавад.

7. Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Ниг. ба замима