Низомномаи намунавӣ дар бораи хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2010 № 901

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" июли соли 2010 № 901

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавӣ дар бораи хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи намунавӣ дар бораи хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) сохтор, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатиро муайян менамояд.

2) Хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - хадамоти кадрӣ) дар шакли раёсат, шӯъба, бахш ва корманди масъули кадрии мақомоти давлатӣ фаъолият намуда, воҳиди мустақили сохтори мақомоти давлатӣ буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои кадрии (идоракунии ҳайати) мақомоти давлатӣ масъул мебошад.

3) Шумораи воҳидҳои кории хадамоти кадрӣ аз ҳаҷми вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шумораи кормандрни он вобаста буда, сохтор ва шумораи хизматчиёни мақомоти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои мёъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.

4) Назорати бевоситаи фаъолияти хадамоти кадрӣ аз тарафи роҳбари мақомоти давлатӣ анҷом дода мешавад.

5) Хадамоти кадрӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

6) Роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақокоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) анҷом медиҳад.

2. Сохтори хадамоти кадрӣ

7) Хадамоти кадрӣ метавонад вобаста ба шумораи ҳайати кормандони мақомоти давлатӣ сохтори зеринро дошта бошад:

- дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои тобеи онҳо ҳангоми то 50 нафар будани кормандон, шахси масъули кадрӣ таъин мегардад;

- дар дастгоҳҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо новобаста аз шумораи хизматчиёни давлатӣ шӯъбаҳои (бахшҳои) кор бо кадрҳо ташкил ё шахси масъул муқаррар карда мешавад;

- дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми аз 50 то 100 нафар будани кормандони хадамоти кадрӣ бо шумораи 2 воҳиди корӣ, аз 100 то 200 нафар будани кормандон бо шумораи 4 воҳиди корӣ ташкил карда мешавад.

- дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми зиёда аз 200 нафар будани ҳайати кормандон хадамотӣ кадрӣ бо шумораи на кам аз 7 воҳиди корӣ таъсис дода мешавад.

8) Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории хадамоти кадриро мутобиқи тартиби муқарраргардида роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ мекунад.

9) Хадамоти кадрӣ ҳамчун ҳамоҳангсози сохтори мақомоти давлатӣ фаъолияти хадамоти кадрии сохторҳои системаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълими касбии мақоми давлатиро, ки ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақоми мазкур ва гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ, беҳтарсозии фаъолияти идораи давлатӣ машғул мебошанд, роҳбарӣ менамояд.

3. Самтҳои асосии фаъолияти хадамоти кадрӣ

10) Хадамоти кадрӣ вазифаи маркази идоракунии кадрҳои (ҳайати) мақоми давлатиро, ки мақсади асосии он мусоидат ба ташкили фаъолияти самаранок, таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, бароҳмонии болоравии касбӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ мебошад, иҷро менамояд.

11) Хадамоти кадрӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:

- таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони мақоми давлатӣ, пешбурду нигоҳдории делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;

- таҳияи лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;

- бақайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати хизматрасон;

- назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар мақоми давлатӣ;

- ташкил ва дуруст истифода намудани маҳорати касбии кадрии (ҳайати) мақоми давлатӣ бо назардошти дурнамои инкишофи он;

- риояи тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии қабул ба хизмати давлатӣ;

- назорати риояи талаботи тахассусӣ ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, гузаронидан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар доираи як категория;

- гузаронидани таҳлили мансабҳои холӣ дар мақоми давлатӣ;

- омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ;

- ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ;

- шиносонидани роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо тартиби таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати риояи тартиби баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ;

- бароҳмонии раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ;

- доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) самаранок дар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;

- таҳияи мавод оид ба додани рутбаҳои тахассусӣ ба хизматчиёни давлатӣ;

- ташкили захираи кадрҳо ва кор бо онҳо;

- ташкили тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;

- мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои кадрии хизмати давлатӣ;

- ташкил ва назорати пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи амволи хизматчии давлатӣ;

- риояи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ;

- таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ;

- назорати риояи талаботи синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ будан;

- таъмини фаъолияти ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақоми давлатӣ;

- гузаронидани мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва банақшагирии талабот ба кадрҳо, пешбарии истифодаи технологияҳои муосир ва манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар мақоми давлатӣ ва берун аз он;

- татбиқи чораҳо оид ба сари вақт ҷавонгардонии ҳайати кормандони мақомоти давлатӣ;

- банақшагирии чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда, махсусан ҷавонон;

- мониторинги сабабҳои азкорравии кадрҳо, ҷараёни тағйирёбии сифатии ҳайати коллектив;

- сари вақт (якҷоя бо хадамоти молиявию иқтисодӣ) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасмандгардонии моддию маънавии хизматчиёни давлатӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ;

- баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди маҳзани иттилоотӣ оид ба захираи кадрҳо ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандони мақоми давлатӣ дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағйироти ташкилӣ, штатӣ ва сохторӣ;

- гузаронидани санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- гузаронидани санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандон ҳангоми таъин намудан ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ;

- таҳлили ҳайати кадрӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисобот (на камтар аз ду маротиба дар як сол) оид ба вазъи кор бо кадрҳо ба роҳбари мақоми давлатӣ;

- андешидани чораҳо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;

- иҷрои дигар ӯҳдадориҳои хадамоти кадрӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистоя муқаррар карда шудаанд.

4. Ҳуқуқҳои хадамоти кадрӣ

12) Хадамоти кадрӣ ҳуқуқ дорад:

- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни давлатии мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи мақоми давлатӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти хадамоти кадрӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;

- ҳангоми ба расмият даровардани таъинкунӣ, гузариши кормандон ба дигар воҳидҳои сохторӣ, фиристодан ба сафари хизматӣ ва ба рухсатии меҳнатӣ аз кормандони мақомоти давлатӣ маводи заруриро талаб намояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи идоракунии мақоми давлатиро дар мувофиқа бо роҳбарони бевоситаи онҳо барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи хадамоти кадрӣ гузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд;

- бо тартиби муқарраршуда машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарияти мақоми давлатӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дар доираи масъалаҳои ба ваколати хадамоти кадрӣ мансуб мегузаронанд, иштирок намояд;

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба масъалаи кадрӣ дахлдоштаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- дар ҳамкорӣ бо воҳиди сохтории иттилоотии мақоми давлатӣ тафсирҳои иттилоотӣ ва дигар санадҳои заруриро нашр ва паҳн карда, дар доираи ваколати хадамоти кадрӣ мукотибаи кориро анҷом диҳад;

- санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва хадамоти мақоми давлатиро, ки ба ваколатҳои хадамоти кадрӣ мансубанд, амалӣ намояд;

- роҳбарӣ, назорат ва инчунин ёрии методӣ, ташкилӣ ва техникиро вобаста ба масъалаҳое, ки ба раванди таҳия ва тасдиқи дастурамали мансабии мансабҳои воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ дахл доранд, таъмин намояд;

- дар якҷоягӣ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ, ташкилоти иттифоқҳои касаба, комиссияҳои ҷамъиятӣ рафти риояи интизоми меҳнатиро назорат намуда, ба роҳбари мақоми давлатӣ дар хусуси ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашидани кормандон пешниҳод манзур намояд.

13) Хадамоти кадрӣ дигар ҳуқуқҳои пешбинӣ намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.

5. Муқаррароти хотимавӣ

14) Роҳбари хадамоти кадрӣ (қорманди масъул) барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои хадамоти кадрӣ, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, масъулияти шахсӣ дошта, дар машваратҳои кории назди роҳбари мақоми давлатӣ иштирок менамояд.

15) Роҳбари хадамоти кадрӣ дастурамалҳои мансабӣ ва нақшаи кори кормандони хадамоти кадриро таҳия намуда, барои тасдиқ ба роҳбари мақомоти давлатӣ пешниҳод менамояд.

16) Кормандони хадамоти кадрӣ бояд ба талаботи тахассусии барои категорияи мансабҳои ин воҳиди сохторӣ пешбинишуда мувофиқ бошанд.

17) Кормандони хадамоти кадрӣ кадршинос, ҳуқуқшинос, омӯзгор, психолог, сотсиолог, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳаи гуманитарӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ шуда метавонанд.