Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 № 323

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2010 № 323

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.06.2022 № 302)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур низоми ташаккул ва пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгардро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (минбаъд - феҳристи давлатӣ).

2) Ба феҳристи давлатӣ ҳама роҳҳои автомобилгард, новобаста аз шакли моликият ва таъинот, дохил карда мешаванд.

3) Феҳристи давлатӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақомоти роҳдорӣ) пеш бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.06.2022 № 302).

4) Мақомоти роҳдорӣ шакли ҳуҷҷатҳо ва Дастурамалро оид ба пешбурди феҳристи давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.

5) Феҳристи давлатӣ дар шакли қоғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Дар ҳолати номутобиқатии маълумоти қоғазӣ бо электронӣ шакли қоғазии он афзалият дорад.

6) Маълумоти дар феҳристи давлатӣ мавҷуда бо дархости мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ пешниҳод карда мешавад.

2. Таҳияи феҳристи давлатӣ

7) Соҳибони роҳҳои автомобилгард (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) ба Мақомоти роҳдорӣ шиносномаи техникии роҳҳои автомобилгардро пешниҳод менамоянд.

8) Дар феҳристи давлатӣ маълумоти зерин оид ба роҳи автомобилгард ворид карда мешаванд:

- маълумот дар бораи соҳибмулк ва соҳиби роҳи автомобилгард;

- номгӯи роҳи автомобилгард;

- рақами мушаххаси роҳи автомобилгард;

- дарозии роҳи автомобилгард;

- маълумот дар бораи мутобиқати роҳу қитъаҳои он ба тавсифномаи техникии гурӯҳ ва дараҷабандии он;

- намуди иҷозатдодашудаи истифодабарии роҳи автомобилгард;

- дигар маълумот оид ба роҳи автомобилгард: моҳияти роҳи автомобилгард, мавқеи ҷойгиршавии он, санаи мавриди истифода қарор додани он, арзиши барқароркардашуда, фарсудашуда ва бақиявии балансии роҳи автомобилгард, шиддатнокии миёнаи солона ва максималии ҳаракат.

9) Маълумот оид ба роҳҳои автомобилгард, ки дар банди 8 дарҷ гардидаанд, дар шакли харитаи иттилоотии роҳи автомобилгард (минбаъдхаритаи иттилоотӣ), тибқи намунаи муқарраркардаи Мақомоти роҳдорӣ ба расмият дароварда мешаванд.

10) Тайёр ва пур кардани харитаи иттилоотии роҳи автомобилгард дар шакли қоғазӣ ва электронӣ аз тарафи соҳибмулкони роҳҳои автомобилгард, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби роҳҳои автомобилгарди ташкилот ё ваколатдори соҳиби роҳҳои автомобилгард мебошанд, амалӣ карда мешавад.

11) Харитаи иттилоотӣ дар шакли қоғазӣ ва электронӣ, ки оид ба роҳи автомобилгард маълумоти навро дар бар мегирад, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда, ки ин маълумотро тасдиқ мекунанд, ба Мақомоти роҳдорӣ ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

12) Харитаи иттилоотӣ дар шакли қоғазӣ ва электронӣ, ки маълумоти навро оид ба роҳи автомобилгард дар бар мегирад, вале ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудааст, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои бо таври зарурӣ ба расмият даровардашуда, ки ин маълумотро тасдиқ мекунанд, дар мӯҳлати 30 рӯз, аз рӯзи тағйир ёфтани чунин маълумот ба Мақомоти роҳдорӣ ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дурустии маълумот дар харитаи иттилоотиро соҳибмулк, соҳиби роҳи автомобилгард таъмин менамояд.

13) Маълумоте, ки ба харитаи иттилоотӣ ворид карда шудаанд, бо имзои шахси воқеӣ ё роҳбари шахси ҳуқуқӣ- соҳибмулк, соҳиби роҳи автомобилгард, мӯҳр (барои шахси ҳуқуқӣ), сабти санаи пур кардани харитаи иттилоотӣ тасдиқ карда мешавад.

14) Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумоти алоҳида дар сутунҳои дахлдори харитаи иттилоотӣ сабти "маълумот мавҷуд нест" гузошта мешавад.

15) Агар харитаи иттилоотӣ маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар гирад, дар сатри дахлдори харитаи иттилоотӣ сабти "маълумоти пӯшида" гузошта мешавад.

16) Агар маълумоти харитаи иттилоотӣ дар як варақи шакли муқарраршуда ғунҷонида нашавад, он дар варақҳои дигари пайдарпай рақамгузоришуда дарҷ карда мешавад.

3. Тартиби феҳристи давлатӣ

17) Феҳристи давлатӣ аз ду қисм - асосӣ ва бойгонишуда иборат мебошад:

а) Дар қисми асосии феҳристи давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин ворид карда мешаванд:

- китоби бақайдгирии харитаҳои иттилотии барои ворид намудан ба феҳристи давлатӣ пешниҳодшуда (минбаъд -дафтари бақайдгирӣ);

- китоби бақайдгирии иқтибосҳо аз феҳристи давлатӣ (минбаъд - дафтари бақайдгирии иқтибосҳо);

- парвандаҳое, ки дар он харитаҳои иттилоотӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба расмият даровардашуда, ки аз тарафи соҳибмулк, соҳиби роҳи автомобилгард пешниҳод шудааст, ҷойгир карда мешаванд (минбаъд - парванда).

Ба ҳар як парванда, ки маълумотро дар бораи роҳи автомобилгард дар бар мегирад, рақами феҳристи давлатӣ дода мешавад.

б) Қисми бойгонии феҳристи давлатӣ аз парвандаҳое иборат мебошад, ки аз қисми асосӣ гузаронида шуда, харитаҳои иттилоотӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи ба он замимагардидаро, ки аз ҷониби соҳибмулк, соҳиби роҳи автомобилгард пешниҳод шудаанд ва бо назардошти тағйир ёфтани маълумот муҳимияташонро гум кардаанд, дар бар мегирад. Ба ҳар як парвандаи қисми бойгонӣ рақами алоҳида дода мешавад, ки ба рақами феҳристи давлатии парвандаи дар қисми асосӣ зери навиштаҷоти "бойгонӣ" сабтшуда мувофиқ буда, маълумотро оид ба роҳи автомобилгард дар бар мегирад.

18) Пешбурди феҳристи давлатӣ доимӣ ба таври зайл амалӣ мегардад;

- ташкил ва пешбурди парванда оид ба ҳар як роҳи автомобилгард;

- дар парванда ҷой додани харитаҳои иттилоотие, ки аз тарафи соҳибмулк, соҳиби роҳ тасдиқ шудаанд;

- дар парванда иваз намудани харитаҳои иттилоотие, ки маълумоти онҳо тағйир ёфтаанд;

- ба харитаи иттилоотӣ ворид намудани маълумот дар бораи далел ва асоси аз парванда баровардан ва ба қисми бойгонӣ гузаронвдани он;

- иҷрои амалиёти ворид кардан ва ё саҳеҳ гардонидани маълумот дар шакли электронӣ;

- қатъ кардани парванда оид ба роҳи автомобилгард гузаронидани он ба қисми бойгонии феҳристи давлатӣ бо нишондоди маълумот оид ба далел ва асоси гузаронидан;

19) Харитаи иттилоотӣ ва нусхаи ҳуҷҷати ба он замимагардида, ки ба таври зарурӣ тасдиқ шудаанд, ба парвандаи феҳристи давлатӣ, ки ба роҳи автомобилгарди мазкур тааллуқ дорад, ҷой дода мешавад. Дар парванда рақами феҳристи давлатӣ ва санаи ташкили парванда гузошта мешавад. Ҳангоми ҷойгир кардани харитаи иттилоотӣ дар парвандаи феҳристи давлатӣ дар бораи санаи ҷойгиркунии он дар парванда сабт мешавад. Амалиёти зикргардида дар дафтари бақайдгирӣ дарҷ карда мешавад.

20) Харитаи иттилоотӣ бо маълумоти нав оид ба роҳи автомобилгард дар парвандаи феҳристи давлатӣ, ки ба роҳи автомобилгарди мазкур тааллуқ дорад, бар ивази харитаи иттилоотие, ки маълумоташ кӯҳна шудаанд, ҷойгир карда шуда, аз парвандаи феҳристи давлатӣ хориҷ ва бо зикри асосҳо ва санаи иҷрои амалиёт ба бойгонии феҳристи давлатӣ гузаронида мешавад.

21) Ба соҳибмулк, соҳиби роҳи автомобилгард варақаи тасдиқкунанда оид ба қабули ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

22) Дар ҳолати барҳам додани роҳҳои автомобилгард, ҷудо намудани он ба ду ё зиёда роҳи автомобилгард, якҷоя кардани ду ё зиёда роҳҳои автомобилгард ё бо сабабҳои дигар тағйир ёфтани рақами мушаххаси роҳи автомобилгард парвандаи дахлдор қатъ карда шуда, ба бойгонии феҳристи давлатӣ гузаронида мешавад. Дар парвандаи феҳристи давлатӣ оид ба асосҳо ва санаи ба бойгонӣ гузоштани он сабт гузошта мешавад. Амалиёти зикргардида дар дафтари бақайдгирӣ дарҷ карда мешавад.

23) Ҳуҷҷатҳои феҳристи давлатӣ доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нобуд кардан, инчунин аз феҳристи давлатӣ баровардани ягон ҳуҷҷат ё қисми он манъ аст. Ба бойгонии давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ супоридани парвандаҳои феҳристи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мешавад.

24) Феҳристи давлатӣ бояд дар ҷое нигоҳ дошта ва коркард шавад, ки ба шахсони бегона дастрас набуда, шароити пешгирӣ намудани дуздӣ, гум шудан, ғалат маънидод кардан ва сохтакории маълумоти феҳристи давлатӣ риоя карда шавад. Дар ҳолати зарурӣ бояд иҷрои талаботе, ки тартиби корро бо маълумоти дорои сирри давлатӣ муқаррар менамоянд, таъмин карда шавад.

25) Бо мақсади пешгирӣ намудани гумшавии маълумоти феҳристи давлатии шакли электронӣ мақомоти роҳдорӣ бояд нусхаҳои эҳтиётии чунин маълумотро дар шакли электронӣ ташаккул диҳад ва дар ҷое нигоҳ дорад, ки ба гумшавии якҷояи онҳо ва нусхаҳои аслӣ роҳ дода нашавад.

26) Қоидаи пешбурди дафтари бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии иқтибос аз парванда, коркард ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо аз феҳристи давлатӣ, ташкил ва тағйирдиҳии маълумоти феҳристи давлатӣ дар шакли электронӣ, воситаи техникӣ ва технологияи иттилоотии системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии пешбурди феҳристи давлатиро Мақомоти роҳдорӣ муайян мекунад.

27) Соҳибмулки роҳҳои автомобилгард (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), ки барои ташкил ва пешбурди феҳристи давлатӣ монеа эҷод мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2010 № 323

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур низоми ташаккул ва пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгардро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (минбаъд - феҳристи давлатӣ).

2) Ба феҳристи давлатӣ ҳама роҳҳои автомобилгард, новобаста аз шакли моликият ва таъинот, дохил карда мешаванд.

3) Феҳристи давлатӣ аз тарафи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақомоти роҳдорӣ) пеш бурда мешавад.