Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 № 283 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона" бо роҳи ба он ҳамроҳ кардани Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил дода шавад.

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

3) Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 тасдиқ шудааст, "Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 майи соли 2010 № 283

ш. Душанбе