Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ
Мутобиқи моддаи 6 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ (мувофиқи вазифа) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3) Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, назорат ва идоракунии корҳои пешгирии обхезӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кард шавад.
4) Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе шаҳрҳо ва ноҳияҳо комиссияҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии обхезӣ таъсис дода шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 майи соли 2010 № 281
ш. Душанбе