Низомномаи агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010 № 862

Санаи амалкуни: 14.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2010 № 862

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ЧТ аз 11.03.2011 № 1031, аз 30.10.2013, № 1527, аз 14.12.2020 № 110)

1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақомоти давлатии соҳаи сиёсати баҳисобгирии оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ буда, дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2) Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи омори давлатӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад  (Фармони Президенти ҶТ аз 14.12.2020 № 110).

3) Агентӣ фаъолияти худро дар ҷамъовардан ва паҳн намудани иттилооти оморӣ, дар асоси принсипҳои омӯзиши объективӣ ва ҳаматарафаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд меоянд, амалӣ мегардонад, бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ба ҷо меорад (Фармони Президенти ҶТ аз 30.10.2013, № 1527).

4) Системаи ягонаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистонро Агентӣ, Муассисаи давлатии "Маркази кулли ҳисоббарорӣ", сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкил медиҳанд.

5) Методологияи нишондиҳандаҳои омории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, шаклҳо, усулҳои ҷамъовардан ва коркарди маълумота оморӣ, ки Агентӣ муқаррар кардааст, стандартҳои расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

6) Агентӣ дар фаъолияти худ Барномаи корҳои омориро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳбарӣ мегарад.

7) Агентӣ корҳои омориеро, ки ба Барномаи корҳои оморӣ дохил нестанд, аз ҳисоби маблағи фармоишгар, аз ҷумла аз рӯи фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ иҷро мекунад.

8) Вазифаҳои асосии Агентӣ:

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи рӯйхати тасдиқшуда 1 нусха ба таври ройгон), инчунин ба аҳли ҷомеа ва ташкилотҳои байналмилалӣ (пулакӣ) пешниҳод намудани иттилооти расмии оморӣ;

- такмили методологияи ягонаи илмии оморӣ ташкили баҳисобгирии оморӣ ва системаи нишондиҳандаҳои оморӣ, ки ба талаботи ҷомеа дар давраи ҳозира, инчунин ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошад;

- таҳияи иттилооти иқтисодию оморӣ, таҳлили он, тартиб додани ҳисоби миллӣ, ҳисоби тавозуни зарурӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти омории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- таъмини иттилооти расмии омории фаврӣ, мӯътамад, пурраю сифатнок ва илман асосноккардашуда;

- ба ҳамаи истифодабарандагон дастрасии баробар ба иттилооти омории ошкор тавассути паҳн кардани гузоришҳои расмӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, соҳаҳои иқтисодиёт, табъу нашри маҷмӯаҳои оморӣ ва дигар маводи оморӣ:

- тибқи тартиби муқарраргардида муайян ва тасдиқ намудани таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9) Агентӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:

- аз рӯи барнома, шаклҳо ва методологияи таҳия ва тасдиқкардаи Агентӣ гузаронидани мушоҳидаҳои омории давлатиро ташкил мекунад, барномаҳои гузаронидани мушоҳидаи омории соҳавӣ (идоравӣ)-ро мутобиқ месозад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯихатгирии аҳолӣ, фонди манзил ва хоҷагии кишоварзиро мегузаронад, омори хоҷагиҳои хонаводаҳо, омори инкишофи ҳар гуна шаклҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои фаъолияти соҳибкориро ташкил мекунад;

- фаъолияти феҳристи давлатии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро дар асоси баҳисобгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад ва ба онҳо бо назардошти таснифоти иттилоотии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рамзҳои мушобеҳ медиҳад;

- муносибати ягонаи вазорату идораҳоро ба ташаккули феҳристҳои мақсаднок таҳия мекунад;

- ҷамъовардан, коркард, нигаҳдорӣ ва муҳофизати иттилооти оморӣ, махфӣ нигоҳ доштани сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро таъмин мекунад;

- нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои байналмилалӣ муқоиса мекунад;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси маълумоти аз вазорату идораҳо ва дигар мақомот гирифташуда тавозунҳои пардохтро тартиб медиҳад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шаклҳои ҳисоботи муҳосибавиро тасдиқ мекунад;

- барои субъектҳои хоҷагидори ҳамаи шаклҳои моликият ва намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошанд ва вобаста ба иқтисоди бозорӣ ба миён меоянд, шаклҳои ҳисоботи омориро тасдиқ менамояд, доир ба пур кардани шаклҳои ҳисоботи оморӣ дастурамалҳо ва тавсияҳои методологӣ тартиб медиҳад;

- сиёсати ягонаи технологияи ҷамъовардан, таҳия ва интиқоли ахбори оморӣ техникиро таъмин мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати такмили қонунгузории соҳаи омор ва баҳисобгирӣ таклифҳо пешниҳод мекунад, инчунин барои афзудани самараи корҳои ҳуқуқии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии он тадбирҳо меандешад;

- барои истифодаи самараноки воситаҳои электронии ҳисоббарорӣ ва ташкилӣ, навсозии онҳо шароит муҳайё мекунад, технологияҳои навтарини тахия ва интишори иттилоот, маҳсулоти барномавии муосир, системаи идораи махзани маълумот, системаҳои таҳлилӣ ва иттилоотию маълумотдиҳиро татбиқ менамояд;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, мувофиқи шартномаю қарордодҳои хоҷагӣ, дархостҳои яквақтаина, хизмати пулакии итгилоотию таҳлилӣ мерасонад;

- корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ бударо бо варақаҳои шаклҳои мутамаркази ҳисоботи оморӣ ва дастурамал барои пуркунии онҳо оид ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ таъмин менамояд;

- оид ба тағйирёбии нарху тариф дар ҷумҳурӣ мушоҳидаи оморӣ ташкил мекунад ва дар ҳамин асос сохти системаи намояи нархҳо, намояи дефляторҳоро таъмин мекунад ва барои истифодабарандагон иттилоот таҳия месозад.

- тибқи тартиби муқарраргардида Феҳристи ягонаи бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро пеш мебарад (Фармони Президенти ҶТ аз 30.10.2013, № 1527).

10) Агентӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳо ва иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқҳои зерин дорад:

- доир ба масъалаҳои омор ва баҳисобгирӣ фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, инчунин барои шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳатмист;

- аз ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, сарфи назар аз шакли моликият, намуди фаъолияти иқтисодӣ ва тобеияти идоравӣ, аз он ҷумла аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда дар ҳаҷми пурра тариқи ройгон ҳисоботи дақиқи оморӣ (аз он ҷумла сирри тиҷоратдошта) гирад;

- аз хадамоту идораҳои молия, бонк, гумрук, андоз ва дигар хадамоту идораҳо, инчунин аз ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ маълумоти оморӣ гирад ва истифода барад;

- аз шаҳрвандон роҷеъ ба вазъи иҷтимоию демографӣ ва фаъолияти истеҳсолиашон варақаи пурсиши мушоҳидаҳои оморӣ гирад;

- дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ вазъи баҳисобгирии аввалия ва дақиқии маълумоти омориро санҷад ва дар баҳисобгирии аввалия ва дигар нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд ислоҳу тағйиротро ворид намояд. Шахсони дахлдори ҳуқуқӣ ва воқеиро вазифадор намояд, ки ин ислоҳотро дар баҳисобгарии аввалия сабт кунанд;

- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои оморро назорат намояд;

- нисбат ба шахсони мансабдор барои таҳриф кардан ё ба мақомоти давлатии омор пешниҳод накардани ҳисоботи оморӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тадбирҳо андешад;

- тартиботи пешниҳоди ҳисоботи омории давлатиро муайян кунад;

- оид ба масъалаҳои салоҳияти Агентӣ тибқи тартиби муқарраргардида машварат, семинарҳо, аз ҷумла конфронсҳои байналмилалӣ гузаронад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байналмилалӣ манфиатҳои ҷумҳуриро муаррифӣ карда, аз номи он оид ба масьалаҳои баҳисобгирӣ ва омор шартномаҳо мебандад;

- бо тартиби муқаррарнамуда ҳамчун фармоишгари давлатӣ амал кунад, бо иштироки вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо доир ба коркарди маълумоти оморӣ барномаҳои мақсаднок таҳия намояд;

- бо тартиби муқарраршуда кормандони арзандаро ба унвонҳо ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- шахсони вайронкунандаи қонунгузории соҳаи оморро тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашад.

11) Агентиро Директор роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Директори Агентӣ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

12) Директори Агентӣ дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

13) Дирекгори Агентӣ:

- аз номи Агентӣ амал мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои онро муаррифӣ менамояд, аз рӯи ҳамаи масьалаҳои фаъолияти Агентӣ қарор қабул мекунад;

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда шахсан ҷавобгар мебошад, доираи ваколати муовинони Директор ва роҳбарони воҳидҳои сохториро муқаррар мекунад;

- кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, роҳбар ва муовинони роҳбари Муассисаи давлатии "Маркази кулли ҳисоббарорӣ", роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои омории шаҳрҳо ва ноҳияҳоро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мекунад ва ҷазои интизомӣ медиҳад;

- дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Агентиро тасдиқ менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кори омории ҳарсола, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онро пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ таҳия менамояд;

- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;

- дар доираи ваколати худ ба хизматчиёни давлатии Агентӣ рутбаҳои тахассусӣ медиҳад;

- аъзои ҳайати мушовараи Агентиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хусусияти ғайримеъёрӣ доштаро дар доираи салоҳияти худ қабул менамояд.

14) Агентӣ дорои ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар мебошад, ки онро Директор роҳбарӣ мекунад.

15) Аъзои ҳайати мушовараи Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

16) Дар назди Агентӣ Шӯрои байниидоравии оморӣ амал мекунад, ки Низомномаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

17) Низомнома, сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Агенгиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ҷадвали штатҳо, харҷномаи Дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории онро дар ҳаҷми шумораи муқарраршуда ва фонди музди меҳнат, инчунин Низомномаи воҳидҳои сохтории тобеи Агентиро Директори Агентӣ тасдиқ мекунад.

18) Дар ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ ва сохторҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии он дахолати мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манъ аст.

19) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

20) Агенгӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии омор ва дигар мақомоти давлатӣ ҳатмист.

21) Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри худро дорад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикисгон ва номи Агентӣ бо забони давлатӣ сабт шудааст, инчунин мӯҳрҳо, штампҳо, бланкҳои дахлдор дорад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

22) Маҳали ҷойгиршавии Агетӣ-шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 17 мебошад.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2010 № 862

тасдиқ шудааст

Сохтори Дасттоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ЧТ аз 11.03.2011 № 1031)

Роҳбарият

Раёсати методология ва таснифот

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

Раёсати нархҳо ва тарифҳо

Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ

Раёсати корҳо

Шӯъбаи молия ва ҳисобот

Бахши ҳуқуқ

 

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2010 № 862

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсату шӯъба ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии он

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раёсату шӯъба ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии он

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раёсату шӯъба ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии он

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои ноҳиявии он

Раёсат, шӯъба ва бахшҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2010 № 862

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Маркази кулли ҳисоббарорӣ"-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Указом

Президента

Республики Таджикистан

от "22" апреля 2010 года № 862

Положение об Агентстве по статистике при Президенте Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 11.03.2011г. №1031, от 30.10.2013г.№ 1527, от 14.12.2020г.№110)

1) Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство) является государственным органом в области учетностатистической политики и экономического анализа и в своей деятельности подчиняется Президенту Республики Таджикистан.

2) Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О государственной службе" и "О государственной статистике", нормативными правовыми актами Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, настоящим Положением, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан.

3) Агентство осуществляет свою деятельность по сбору и распространению статистической информации, руководствуясь принципами объективного и всестороннего изучения социально-экономических процессов, происходящих в республике,а также производит регистрацию административно - территориальных единиц  и  населенных  пунктов  (в редакции Указа Президента РТ от 30.10.2013г. №1527).

4) Единую систему государственной статистики Республики Таджикистан составляют Агентство, Государственное учреждение "Главный вычислительный центр", главные управления, управления, отделы, секторы Агентства в ГорноБадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах.

5) Методология статистических показателей, в соответствии с международными стандартами, формами, методами сбора и обработки статистических данных, установленные Агентством, являются официальными статистическими стандартами Республики Таджикистан.

6) Агентство в своей деятельности руководствуется Программой статистических работ, которая утверждается Правительством Республики Таджикистан.

7) Статистические работы, не входящие в Программу статистических работ, выполняются за счет средств заказчика, в том числе по заказам местных исполнительных органов государственной власти - за счет средств местного бюджета.

8) Основными задачами Агентства являются:

- представление официальной статистической информации Президенту Республики Таджикистан, Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам местным исполнительным органам государственной власти, по согласованию с Президентом Республики Таджикистан (по утвержденному списку 1 экземпляр бесплатно), а также общественности и международным организациям (за оплату);

- совершенствование единой научной статистической методологии, организации статистического учета и системы статистических показателей, соответствующей потребностям общества на современном этапе, а также международным стандартам;

- разработка экономико-статистической информации, её анализ, составление национальных счетов, необходимых балансовых расчетов;

- координация статистической деятельности исполнительных органов государственной власти.

- обеспечение оперативности, достоверности, полноты, качества и научной обоснованности официальной статистической информации;

- предоставление всем пользователям равного доступа к открытой статистической информации путем распространения официальных докладов о социально - экономическом положении Республики Таджикистан, областей, городов, районов, отраслей экономики, публикаций статистических сборников и других статистических материалов;

- в установленном порядке, определение и утверждение общего классификатора видов экономической деятельности Республики Таджикистан.

9) Агентство в соответствии с возложенными на него задачами:

- организует проведение государственных статистических наблюдений по программе, формам и методологии, разработанными и утвержденными Агентством, согласовывает программы проведения отраслевых (ведомственных) статистических наблюдений, проводит на территории Республики Таджикистан переписи населения, жилищного фонда и сельского хозяйства; ведет статистику домашних хозяйств, развития различных форм хозяйствования и видов предпринимательской деятельности;

- обеспечивает функционирование государственного регистра предприятий и других организаций на основе учета всех хозяйствующих субъектов на территории Республики Таджикистан с присвоением им идентификационных кодов, исходя из классификаторов технико-экономической и социальной информации;

- разрабатывает единые подходы к формированию целевых регистров министерствами и ведомствами;

- обеспечивает сбор, обработку, хранение и защиту статистической информации, соблюдение государственной и коммерческой тайны, охрану законных интересов юридических и физических лиц;

- сопоставляет основные социально - экономические показатели Республики Таджикистан с международными показателями;

- совместно с Национальным банком Таджикистана составляет платежный баланс на основе данных, полученных от министерств, ведомств и других органов;

- совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан утверждает формы бухгалтерской отчетности для хозяйствующих субъектов, независимо от организационных правовых форм;

- утверждает формы статистической отчетности для хозяйствующих субъектов всех форм собственности и видов экономической деятельности, находящихся на территории республики и появляющихся в связи с рыночной экономикой составляет инструкции, и методологические рекомендации по заполнению форм статистической отчетности;

- обеспечивает единую политику в технологии сбора, обработки и передачи статистической технической информации;

- в установленном порядке вносит предложения по совершенствованию законодательства в области статистики и учета, а также осуществляет меры по повышению эффективности правовой работы Агентства и её местным органам;

- создает условия для эффективного использования электронных вычислительных и организационных средств, внедряет новейшие технологии обработки и распространения информации, современные программные продукты, системы управления базами данных, аналитические и информационно - справочные системы;

- оказывает платные информационно - аналитические услуги юридическим и физическим лицам, а также международным организациям в соответствии с хозяйственными договорами, соглашениями и разовыми запросами;

- обеспечивает предприятия, учреждения и другие организации, находящиеся на территории республики бланками централизованных форм статистической отчетности и инструкцией по их заполнению о порядке подготовки и представлению статистических отчётов;

- организует статистическое наблюдение за изменением цен и тарифов в республике, обеспечивает на этой основе построение системы индексов цен, индекса дефляторов и подготавливает информации потребителям;

- в   установленном   порядке  ведет  Единый  реестр  регистрации административно-территориальных  единиц  и  населённых  пунктов  (в редакции Указа Президента РТ от 30.10.2013г. №1527).

10) Агентство для решения поставленных задач и выполнения возложенных на него функций имеет следующие права:

- издавать распоряжения по вопросам статистики и учета, обязательные для исполнения всеми хозяйствующими субъектами, независимо от их ведомственной подчиненности и форм собственности, а также физическими лицами, осуществляющими предпринимательскую деятельность;

- получать бесплатно достоверный статистический отчет (в том числе составляющую коммерческую тайну) от всех физических и юридических лиц, находящихся на территории Республики Таджикистан независимо от форм собственности, вида экономической деятельности и ведомственной подчиненности, в том числе от местных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан в установленные сроки и в полном объеме;

- получать и использовать статистические данные от финансовых, банковских, таможенных, налоговых и иных служб и ведомств, иностранных и общественных организаций;

- получать от граждан анкеты статистических наблюдений, касающихся их социально-демографического положения и производственной деятельности;

- проверять на предприятиях, в учреждениях и организациях республики состояние первичного учета, достоверность статистических данных и вносить поправки и изменения в данные первичного учета и другие взаимосвязанные показатели. Обязывать соответствующих юридических и физических лиц отражать эти поправки в первичном учете;

- осуществлять контроль за выполнением нормативных правовых актов по вопросам статистики;

- принимать меры к должностным лицам за искажение или непредставление статистических отчетов в орган государственной статистики, согласно порядку, установленного законодательством;

- определить порядок представления государственных статических отчётов;

- в установленном порядке проводить совещания, семинары, включая международные конференции, по вопросам входящим в компетенцию Агентства;

- в установленном порядке представлять интересы республики в международных организациях, заключать в установленном порядке соглашения по вопросам учета и статистики;

- выступать в установленном порядке в качестве государственного заказчика и разработать с участием министерств, ведомств, научных и других организаций целевые программы по обработке статистических данных;

- представлять в установленном порядке отличившихся работников к званиям и государственным наградам Республики Таджикистан;

- в установленном порядке привлекать к ответственности лиц, нарушающих законодательство в области статистики.

11) Агентство возглавляет Директор, назначаемый и освобождаемый от должности Президентом Республики Таджикистан. Директор Агентства непосредственно подчиняется Президенту Республики Таджикистан.

12) Директор Агентства имеет трех заместителей, в том числе одного первого, назначаемых на должность и освобождаемых от должности Президентом Республики Таджикистан.

13) Директор Агентства:

- действует от имени Агентства, представляет его интересы в Республике Таджикистан и за рубежом, принимает решения по всем вопросам деятельности Агентства;

- несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Агентство задач, устанавливает круг полномочий заместителей Директора и руководителей структурных подразделений;

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от должности работников Центрального аппарата, начальника и заместителей начальника Государственного учреждения "Главный вычислительный центр", руководителей главных управлений, управлений, отделов и секторов статистики городов и районов поощряет и принимает к ним меры дисциплинарного взыскания, установленного законодательством Республики Таджикистан;

- утверждает должностные инструкции государственных служащих Агентства;

- утверждает в пределах фонда заработной платы смету расходов и штатное расписание Агентства, количество работников, установленных Президентом Республики Таджикистан, смету расходов на их содержание в пределах выделенных ассигнований на соответствующий период и предусмотренных в республиканском бюджете;

- представляет Президенту Республики Таджикистан план ежегодных статистических работ и отчет по его выполнению;

- разрабатывает в установленном порядке проекты нормативных правовых актов по вопросам, входящих в компетенцию Агентства;

- отменяет решения структурных подразделений Агентства противоречащих законодательству Республики Таджикистан, если иной порядок отмены не установлен;

- в пределах своих полномочий присваивает квалификационные чины госслужащим Агентства;

- представляет членов коллегии Агентства для утверждения Президенту Республики Таджикистан;

- принимает в пределах своей компетенции нормативные правовые акты и акты, не имеющие нормативного характера.

14) Агентство имеет коллегию в составе 7 человек, которой руководит Директор.

15) Члены коллегии Агентства утверждаются Президентом Республики Таджикистан.

16) При Агентстве функционирует Межведомственный статистический совет, Положение которого утверждается Президентом Республики Таджикистан.

17) Положение, структуру и предельную численность работников Агентства утверждает Президент Республики Таджикистан. Штатное расписание, смету расходов Центрального аппарата Агентства, его структурные подразделения в пределах установленной численности и фонд оплаты труда, а также Положение о подведомственных подразделениях Агентства утверждает Директор Агентства;

18) Запрещается вмешательство центральных и местных исполнительных органов государственной власти в решении вопросов, отнесенных к компетенции Агентства и его структурных подразделений в областях, районах и городах.

19) Финансирование содержания Агентства осуществляется за счет средств республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

20) Агентство на основании нормативных правовых актов Республики Таджикистан издает распоряжения, обязательные для исполнения структурными подразделениями Центрального аппарата, местными статистическими органами и другими государственными органами.

21) Агентство является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием на государственном языке, также соответствующие печати, штампы, бланки и финансируется из единого счета Главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

22) Место расположения Агентства - город Душанбе, ул. Бохтар 17.

Утверждена

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

 от "22" апреля 2010 года №862

Структура Центрального аппарата Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан

Руководство

Управление методологии и классификации

Управление сводно-экономического анализа и международных связей

Управление статистики промышленности и инвестиций в строительстве

Управление статистики сельского хозяйства и охраны окружающей среды

Управление системы национальных счетов и статистики финансов

Управление цен и тарифов

Управление демографии, занятости населения и социальной статистики

Управление статистики торговли и услуг

Управление делами

Отдел финансов и учёта

Юридический сектор (в редакции Указа Президента РТ от 11.03.2011г.  №1031),

Сектор делопроизводства и контроля (в редакции Указа Президента РТ от 14.12.2020г.№110).

Утверждена

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

 от "22" апреля 2010 года № 862

Схема управления Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан

Центральный аппарат

Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области и его управления, отделы и сектора в городах и районах

Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Согдийской области и его управления, отделы и сектора в городах и районах

Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Хатлонской области и его управления, отделы и сектора в городах и районах

Главное управление Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в городе Душанбе и его районные отделы

Управление, отделы и секторы Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в городах и районах республиканского подчинения

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 22 апреля 2010 года № 862

Перечень организаций системы Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан

Государственное учреждение "Главный вычислительный центр" Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан