Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва Нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замимаи 1 ва 2).
2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 муқаррар карда шавад.
3) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҳангоми таҳияи дурнамои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Барномаи мазкурро ба инобат гирифта, дар доираи барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин Барнома маблағ пешбинӣ намоянд;
- барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 март доир ба корҳои анҷомдодашуда ва ҳангоми зарурат ҷиҳати такмили он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 208
ш. Душанбе