Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 226

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ба ҳайси мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва инчунин мақомоти назоратӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва маросим амалӣ менамояд ва муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, 20.08.2018 № 433).

2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

3) Кумита вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар маҳалҳо тавассути шуъбаҳо, бахшҳо ва сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433).

4) Кумита фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро дар масъалаҳои сиёсати давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросим ҳамоҳанг месозад (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

2. Ваколатҳо

5) Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зайл дорад:

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омӯзиш ва таҳлили фаъолияти иттиҳодияҳои динии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин;

- таҳияи пешниҳодот барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросим  (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- анҷом додани қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирии иттиҳодияҳои динӣ;

- ташкил ва пешбурди Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ;

- талаб кардани маълумот аз иттиҳодияҳои динӣ ҳар сол дар бораи идома додани фаъолияти оинномавӣ (низомномавӣ)-ашон ва ба Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ ворид кардани он;

- мувофиқа кардани интихоби сархатибон, имомхатибон ва имомони масҷидҳо  (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- ба иттиҳодияи динӣ огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон (низомномавиашон) мухолифат мекунанд ва муқаррар намудани мӯҳлати бартараф намудани ҳолату амалҳои мазкур;

- боздоштани фаъолияти иттиҳодияи динӣ ва дар бораи давом додани фаьолияти иттиҳодияи динӣ қарор қабул кардан дар сурати аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ риоя нагардидани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки мухолифи мақсадҳои оинномавиашон (низомномавиашон) мебошанд;

- ба суд муроҷиат намудан барои барҳам додани ташкилоти динӣ ва ё манъ кардани фаъолияти ҷамоаҳои динӣ;

- бо қарори худ беэътибор гардонидани шаҳодатнома ва маълумотнома дар бораи сабти номи иттиҳодияҳои динӣ;

- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани корҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба масьалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита;

- ташкил кардан ва анҷом додани сафари дастҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, муайян намудани тартиби нигоҳдорӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас;

- шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ бо мақсади муайяи намудани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ, дурустии маълумот оид ба таълимоти динӣ ва амалияи парастишии онҳо, инчунин таҳлили мӯҳтавои адабиёт ва маводи таъиноти динӣ;

- мувофиқа кардани фаъолияти ташкилотҳои динӣ оид ба ҳамкории байналмилалии динӣ бо ташкилотҳои хориҷии динӣ;

- таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита;

- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301);

- мувофиқаи сафарҳои хизматии омӯзгорону кормандони Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301);

- дар доираи салоҳияти худ маводро доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, баррасӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301);

- таъсис додани захираҳои кадрҳои роқбарикунанда дар системаи Кумита;

- анҷом додани корҳои марбут ба ҷалби инвеститсияҳо барои рушди соҳаҳои марбут ба фаъолияти Кумита;

- анҷом додани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

6) Кумита ҳуқуқ дорад:

- назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳоро анҷом диҳад;

- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ё ташкилоҳои ҷамъиятӣ таҳияшуда, ки ба масъалаҳои дин ва ҳамчунин ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва таъсиси иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросим иртибот доранд, хулоса пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Кумита ҳамкорӣ намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросим равона шудаанд, таҳия ва қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти Кумита ҳамоҳанг созад;

- дар бораи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита аз вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идоракунӣ иттилооти дар ихтиёри онҳо бударо талаб намояд ва гирад;

- тибқи тартиботи муқарраршуда бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳамчунин бо шахсони алоҳида ба мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим шартнома ва қарордод бандад ва бекор намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301);

- пешниходи ташкилотҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкории онҳо бо ташкилотҳои динии хориҷӣ, аз ҷумла бо мақсади тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисои барои онҳо ва назорати иҷрои он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ баррасӣ намояд;

- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва форумҳои байналмилалӣ бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ намояндагӣ намояд;

- озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ оид ба соҳаҳои фаъолияти Кумита баргузор намояд ва дар чунин чорабиниҳо иштирок намояд;

- барои ҷойгир кардани фармоишҳо шартномаҳои давлатӣ ба имзо расонад;

- тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо доир намояд, чорабиниҳои дигари маърифатӣ, илмӣ ва таълимиро, ки ба анҷом додани вазифаҳои дар назди Кумита гузошташуда марбутанд, ташкил кунад;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти ваколатдор оид ба корҳои дини давлатҳои дигар робитаҳои бевосита барқарор намояд;

- дар асосҳои ҷамъиятӣ барои машварат коршиносон ва мутахассисон, муассисаҳои илмӣ ва олимонро ба таври шартномавӣ ҷалб намояд; дар мавриди зарурат комиссияҳои муваққативу доимӣ, шӯрои ҳамоҳангсоз, шӯрои коршиносон ва гурӯҳҳои кориро таъсис диҳад;

- дар ташаккули буҷаи ҷумҳуриявӣ ва дигар фондҳои мақсаднок ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми маблағгузории соҳа ширкат варзад;

- оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросим изҳороти расмӣ диҳад (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо, шартномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ширкат намояд ва тибқи тартиби қонунгузорӣ онҳоро ба имзо расонад;

- намояндагон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, коршиносонро барои машварат ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили онҳо ва омода намудани пешниҳод барои ирсол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ ҷалб намояд;

- бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва муассисаҳо таъсис диҳад ва аз нав ташкил намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои нашри санадҳои меъёрии хуқуқӣ ва интишори иттилоот оид ба соҳаи фаъолияти Кумита нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма таъсис дода, фаъолияти ноширӣ ва иттилоотиро ба роҳ монад;

- дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросимҳои динӣ ваколатҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нестанд, анҷом диҳад.

3. Ташкили фаъолият

7) Кумитаро Раис роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8) Раис барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

9) Раис се муовин, аз ҷумла муовини якум дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176).

10) Муовинони Раис ҳангоми набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

11) Воҳидҳои сохтории Кумита аз раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301аз 20.08.2018 № 433).

12) Раиси Кумита:

- ба фаъолияти Кумита роҳбарӣ мекунад;

- иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои фаъолияти соҳавӣ ташкил ва таъмин мекунад;

- Кумитаро дар муносибати тарафайн бо шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- вазифаҳои муовини якум ва муовинро муайян менамояд, вазифаҳои дахлдорро дар байни роҳбарони воҳидҳои сохторӣ тақсим карда, доираи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301);

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, дастурамалҳои мансабии кормандони дастгоҳи марказро тасдиқ мекунад;

- кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; дар ҳолати вайрон намудани талаботи қонунҳо ва ба тариқи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ дар бораи аз вазифа озод намудани мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод ирсол менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433);

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани мудирони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ розигии хаттӣ медиҳад. Сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони ҷамоатҳо тибқи розигии хаттии мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433);

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумитаро бо дарназардошти хизматҳои шоёни онҳо барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳаллу фасл менамояд;

- сохтор ва ҷадвали корбасти Дастгоҳи марказиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи ниҳоии кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, инчунин сметаи хароҷотро барои иигаҳдошти Кумита дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳаидаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ мекунад;

- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули лоиҳаи буҷети давлатӣ вобаста ба таъмини молиявии фаъолияти Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- фаъолияти Кумитаро бо вазорату идораҳои дахлдор дар масъалаҳое, ки ба салоҳияти якҷояи онҳо вобастаанд, ҳамоҳанг месозад;

- Кумитаро дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти ӯ намояндагӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқаррармамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарордодҳо ва шартномаҳои байналмилалиро ба имзо мерасонад;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо ҳангоми баррасии масъалаҳои сиёсати давлат оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

13) Дар Кумита Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар ташкил карда мешавад. Ба Ҳайати мушовара Раиси Кумита (раиси Ҳайати мушовара), муовинони Раис, аз рӯи вазифа кормандони роҳбарикунандаи Кумита ва олимону мутахассисон шомил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

14) Шумора ва аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

15) Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими марбут ба фаьолияти Кумитаро ҳал менамояд. Қарорҳои Ҳайати мушовара дар шакли протокол қабул шуда, бо фармоишҳои Раиси Кумита амалӣ мегарданд.

16) Дар мавриди ихтилофи назар байни Раис ва аъзои Ҳайати мушовара Раис фармоиши худро татбиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтилофи назар гузориш медиҳад. Аъзои Ҳайати мушовара ииз метавонанд назари худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

17) Дар Кумита гурӯҳҳои илмию методӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, коршиносон оид ба гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ, аз ҷумла байниидоравӣ, ташкил карда мешаванд. Низомномаи шӯроҳо ва ҳайати шахсии онҳоро Раиси Кумита тасдиқ мекунад.

18) Ба кор қабул кардан ба Дастгоҳи марказии Кумита тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.

19) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумита барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

20) Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва дигар муҳр, штамп ва бланкҳои намунаи муқарраргардида дорад ва аз суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" майи соли 2010 № 301

Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176 , аз 20.08.2018 № 433)

Роҳбарият

Раёсати иттиҳодияҳои динӣ

Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросим (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 474)

Шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ (Қонуни ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

Шуъбаи молия ва хоҷагӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Бахши таҳсилоти динӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176)

Бахши умумӣ ва корҳои махсус

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз "29" майи соли 2010 № 301

Нақшаи идоракунии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176 аз 20.08.2018 № 433)

Дастгоҳи марказӣ

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

 Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дин дар шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176)

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176,  аз 20.08.2018 № 433)

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" майи соли 2010 № 301

Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит".