Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433).

2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 20.08.2018 № 433).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 41 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433).

4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 20.08.2018 № 433).

5) Ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433).

6) Ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 20.08.2018 № 433).

7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176аз 20.08.2018 № 433).

8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433).

9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

10) Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шаванд:

- дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" ва Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистои" ва "Вазорат" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумита" иваз карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

- дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 389 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ" калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

11) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд ва санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 20.08.2018 № 433).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 226

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 41 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176).

4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

5) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176).

6) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176).

8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.

10) Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шаванд:

- дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" ва Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистои" ва "Вазорат" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумита" иваз карда шаванд;

- дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 389 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ" калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

11) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд ва санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 226

ш. Душанбе