Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марказию маҳаллии иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотиро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда амалӣ намоянд .
3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафти татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотиро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешанд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 223
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2010
№ 223 тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Шиносномаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ
Номи Барнома:
Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ.
Иҷрокунандагони Барнома:
Вазоратҳои маориф, молия, иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Зарурияти таҳияи Барнома:
Барномаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009, дар вохӯрӣ бо намояндагони илму маориф бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ (23 декабри соли 2009) таҳия гардидааст.
Мӯҳлати татбиқи Барнома:
Солҳои 2011-2015
Мақсад ва вазифаҳои Барнома:
Таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии муосир бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти касбӣ ва кадрҳои илмию педагогӣ
Самтҳои асосии Барнома:
Муттамарказонидани иқтидори (потенсиали) илмию методӣ дар татбиқи Барнома, самтҳои афзалиятноки таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннию таҳқиқотӣ такмил ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, ташкили шароити мусоид барои раванди , таълим, рушди заминаҳои моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таъмини озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ бо таҷҳизоти навтарини илмӣ, асбобҳои барқӣ, технологияи навин, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ.
Натиҷаҳои ниҳоии Барнома:
Ташкили низоми самарабахши таъмини муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, дастгирии такмил ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъҳои маблағгузории Барнома:
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо, кредитҳо, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.
Низоми назорати иҷрои Барнома:
Назорати иҷрои Барномаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши худ гирифта, иҷрои онро муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд .
2. Муқаддима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош менамояд.
Тоҷикистон дар давоми солҳои охир ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар соҳаи маориф, ки омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат баҳо дода шудааст, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар марҳилаи кунунии раванди ислоҳоти соҳаи маориф бо мақсади танзими идоракунӣ, навгонии муттасил, қабули як силсила санадҳои муҳими давлатӣ, ҷиҳати ворид шудан ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ва аз худ намудани илми муосир мусоидат менамояд.
Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиёги кишварро бе рушди илму маориф таъмин кардан ғайриимкон аст. Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳад. Сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста буда, заминагузори он соҳаи маориф ҳисоб меёбад.
Ба хотири ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯй будани он, зарурати таҳия ва қабули Барномаи мазкур ба миён меояд.
Ҳадафи асосии қабули Барномаи мазкур иборат аст, аз:
- дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо истифода аз асбобҳои айёнӣ иҷрои амалии корҳои озмоишӣ, ки бо мақсади мустаҳкамкунии дарс ба роҳ монда мешавад, инчунин ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти фардӣ ва гурӯҳӣ;
- пайдо кардани иттилоот оид ба дастовардҳои илмӣ ва техникии муосир;
- маълумоти муосир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ бо истифода аз асбобҳои айёнӣ;
- маълумоти муосир оид ба сохтори олами зинда, тасаввурот оид ба олами муосир ва илмҳои табиатшиносӣ тавассути технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳаз;
- тасаввуроти ҳозиразамон оид ба пайдоиш ва сохти системаи офтоб тавассути асбобҳои айёнӣ;
- проблемаҳои умдаи инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- алоқамандии инсон ва системаи экологӣ дар миқёси тамоми масъалаҳои ҷаҳонишавӣ;
- мавқеи илмҳои табиатшиносӣ дар ҷамъияти инсонӣ.
Қабул ва амалӣ гаштани Барнома, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ташкил менамоянд, ба тараққиёти илму техника мусоидат хоҳад кард.
Барномаи таҳияшуда муҳимтарин ҷиҳатҳои такмил ва омӯзиши фанҳои табиатшиносиро дар марҳилаи кунунии инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ фаро гирифта, ҳадаф, вазифа ва амалӣ гардонидани онро дар ҷараёни босифати таълим, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимиро муайян менамояд.
3. Вазъи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Таҳсилоти томактабӣ
Соли 2009 дар ҷумҳурӣ 487 муассисаи таълимии томактабӣ амал мекард, ки дар онҳо 57500 кӯдак таълим мегирифтанд. Таҳлили омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ нишон медиҳад, ки дар муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ тибқи барномаи таълимии "Роҳнамои мураббӣ" машғулияти "Шиносоӣ бо табиат" барои гурӯҳҳои синну соли 3-7 сола дар як ҳафта 1 маротиба пешбинӣ шудааст. Кӯдакон вобаста ба талаботи барномаи таълимӣ дар давоми сол бо фаслҳои сол, тағйироти табиат, олами набототу ҳайвонот, зарурияти ҳифзи табиат, мушоҳидаҳо ва ғайра шинос мешаванд.
Таҳсилоти умумӣ
Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ фарқ мекунад. Шумораи миёнаи кӯдакон 4, 2 кӯдакро дар як оила ташкил медиҳад. То соли 2015 шумораи кӯдаконе, ки ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, боз тақрибан 850 ҳазор нафар зиёд мегардад, ки якуним маротиба аз талаботи имрӯза ба хидматрасонии таълимӣ зиёд аст.
Дар соли 2009 дар ҷумҳурӣ 3780 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият карда, дар онҳо 1695079 хонандагон таҳсил мекарданд, ки ба онҳо 94248 нафар омӯзгорон дарс медоданд.
Соли 2009 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 3662 нафар омӯзгори фанни физика ва астрономия, 3058 нафар омӯзгори фанни химия, 3694 нафар омӯзгори фанҳои биология ва экология, 3222 нафар омӯзгори фанни география ва 6688 нафар омӯзгор аз фанҳои математика, алгебра ва геометрия фаъолият доштанд.
Тибқи нақшаи таълимӣ барои соли хониши 2009-2010 аз синфи 1 то синфи 11 дар як ҳафта барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ 44 соат, фанҳои риёзӣ 48 соат ва технологияи информатсионӣ 7 соат ҷудо карда шудааст.
Барои самаранок ташкил намудани раванди таълим дар нақшаҳои таълимии нав омӯзиши фанҳо аз рӯи равия ва дар дохили равия зерравияҳои соҳавӣ пешниҳод гардидааст, ки ин асосан баъди хатми мактаби асосӣ амалӣ карда мешавад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ гурӯҳбандӣ ба равияҳо танҳо аз синфи 10 иҷозат дода мешавад.
Дар гимназияҳо, литсейҳо ва муассисаҳои таълимии махсус барои хонандагони болаёқат, ки заминаи хуби таълимӣ, пояи моддию техникӣ ва кадрӣ доранд, метавонанд хонандагонро аз синфи 5 ва 7 ба равияҳо гурӯҳбандӣ намоянд ва ба зерравия ва равияҳои соҳавӣ бошад, аз синфи 10 иҷозат дода мешавад.
Таълими равиявӣ намуди махсуси таълими дифференсиатсия (тафриқа, яъне гурӯҳбандии фанҳо аз рӯи равия) ва фардикунонии таълим мебошад, ки сохт, мазмуни таҳсилот ва ташкили раванди таълимро дар зинаи сеюми таҳсилот фаро мегирад. Аз ин рӯ, ҳангоми гурӯҳбандии хонандагон ба равияҳо сатҳи дониш, малака, истеъдод ва ҳолати равонии онҳо ба инобат гирифта мешавад. Гурӯҳбандии синфҳо ба равияҳо ба миқдори синф ва шумораи хонандагон вобаста аст.
Таҳлили вазъи таълими фанҳои табиатшиносӣ (физика, химия, биология, экология, математика, география, технологияи информатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳолати кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои таълимии фанҳои мазкур, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ ва маводи иловагии таълим мушкилоти асосӣ дар таълими фанҳои мазкур мебошад.
Ташкил ва гирифтани таҳсилот яке аз мушкилоти асосии асри ҶҶI ба ҳисоб меравад. Тибқи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мазмуну мундариҷаи таҳсилот ва низоми нави сифати таҳсилот эҳё гардида, мазмуну мундариҷаи илмҳои табиатшиносӣ ба беҳдошти хонанда асар гузорад. Инчунин, тафаккур, шуури маънавӣ ва ҳунари эҷодкории онро ба ҳаракат оварад. Таъмини ин нуқтаҳо ҳамон вақт амалӣ мешавад, ки вазифа ва рукнҳои таълим, сохтори ҷараёни таълим аниқ гардида, шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шавад.
Беҳтаршавии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ин пеш аз ҳама ташкил кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ ва география вобастагӣ дорад.
Айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии асосӣ умуман кабинетҳои таълимии пурра ҷиҳозонидашудаи фанҳои математика, физика, химия, биология ва география мавҷуд нест.
Дар 20 соли охир ба муассисаҳои таълимӣ реактивҳои химиявӣ, ашёҳои озмоишгоҳҳо, маводи дигари намоишдиҳӣ ворид нагаштаанд ва дар ҷумҳурӣ маркази фурӯши ашёҳо барои озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти намоишдиҳӣ, реактивҳои химиявӣ вуҷуд надорад.
Фанҳои таълимии мазкур дар бисёр мактабҳо фақат назариявӣ таълим дода шуда, дар мавридҳои алоҳида ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ ҳамчун назариявӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Бе таҳкими заминаи моддию техникии кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагонро сифатнок ташкил кардан мумкин нест.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Дар ҷумҳурӣ соли таҳсили 2008-2009 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 47 омӯзишгоҳи касбию техникӣ, 19 литсейи касбӣ фаъолият менамояд. Шумораи умумии хонандагон 22028 нафар буда, 1210 нафар омӯзгор ва 1077 нафар устои таълими истеҳсолӣ кору фаъолият менамоянд. Норасоии ҷиддӣ ин сатҳи пасти тахассусии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ мебошад.
Мутаассифона, ҳолати кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ ва маводи иловагии таълим ҷавобгӯи талабот нест. Ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамон вақт ноил гардидан мумкин аст, ки муассисаҳои мазкур бо кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таъмин, вазифа ва рукнҳои таълим, сохтори ҷараёни таълим аниқ гардида, шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Айни замон 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 27 коллеҷи мустақил, 3 техникум ва 20 омӯзишгоҳ дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 37201 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, аз рӯи 110 ихтисос ва 6 самт (омӯзгорӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, техникӣ, аграрӣ, фарҳангӣ) ихтисос мегиранд. Шумораи устодони муассисаҳои таҳсштоти миёнаи касбӣ 3561 нафарро ташкил медиҳад.
Фанҳои табиатшиносӣ фақат назариявӣ таълим дода шуда, дар мавридҳои алоҳида ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ ба тариқи назариявӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. - Мутаассифона, ҳолати кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ ва маводи иловагии таълим дар ин зинаи таҳсилот _ низ ҷавобгӯи талабот нест.
Таҳсилоти олии касбӣ
Дар ҷумҳурӣ 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 157897 нафар донишҷӯ фаъолият менамоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 256 ихтисос мутахассисони илмию педагогӣ тайёр карда мешаванд.
Заминаи сусти моддию техникӣ, ба таври зарурӣ аз нигоҳи техникӣ ва технологӣ муҷаҳҳаз набудани озмоишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълимӣ, нарасидани адабиёти илмӣ, методӣ, реактивҳо, истифодаи ғайриқаноатбахш аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир мушкилоти асосӣ дар ин зинаи таҳсилот аст.
4. Мақсад ва вазифаҳо
Мақсади Барнома аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Вазифаҳои Барнома:
- ҷоннок кардани омӯзиши мунтазами фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва минбаъд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- ташаккули маҳорати касбии мутахассисони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ;
- истифодаи технологияи муосир дар таълими фанҳои табиатшиносӣ;
- беҳсозии вазъи моддию техникии озмоишгоҳҳо;
- тарғибу ташвиқи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ бо ёрии воситаҳои ахбори омма;
- баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси фанҳои табиатшиносӣ ва дар бозори меҳнат рақобатпазир;
- ҳамгироӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;
- ташкил кардани низоми миллии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- фароҳам овардани муҳити ягонаи иттилооти таҳсилот;
- такмил додани низоми таъминоти таълими методӣ ва илмии раванди таҳсилот;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;
- ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
- ҷалби самараноки захираҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот;
- инкишофи инфраструктураи иттилоотӣ дар заминаи истифодаи технологияи пешқадами иттилоотиву коммуникатсионӣ;
- ривоҷи пойгоҳи моддию техникӣ барои нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ оид ба фанҳои табиатшиносӣ;
- ҷалб намудани манбаҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, пеш аз ҳама аз рӯйи лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ба рушди илмҳои табиатшиносӣ.
5. Тартиби амалисозии Барнома. Самтҳои асосии татбиқи Барнома
Татбиқи Барномаи мазкур бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
- ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ аз фанҳои табиатшиносӣ;
- фароҳам овардани шароит барои хонандагони соҳибистеъдод бо назардошти хусусиятҳои фардии онҳо;
- таъмини заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти махсус;
- тарҷума ва таҳияи китобҳои дарси барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти махсус;
- такмил ва таҷҳизонидани синфхонаҳои шӯъбаҳои экологии марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ;
- фароҳам овардани замина барои иҷрои супориши давлатӣ баҳри таъмини мутахассисони фанҳои табиатшиносӣ;
- ҷалби васеи донишҷӯён ба иҷрои корҳои таҳқиқотӣ;
- ташкил ва таъмини озмоишгоҳҳои таълимӣ ба таҳқиқоти замонавӣ ва маводи кимиёвӣ;
- ташкил намудани марказҳои таълимию илмии "Биотехнологӣ";
- компютеркунонии раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ;
6. Ҳамоҳангии илмии Барнома
Иҷрои вазифаҳои дар Барнома муайяншуда барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ самтҳои асосии зерини фаъолиятро дар назар дорад:
- пешбурди таҳқиқоти бунёдии илмиву амалӣ доир ба фанҳои табиатшиносӣ;
- ҷалб намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ аз фанҳои табиатшиносӣ (таҳияи лоиҳаҳо, реферат, кори курсӣ, кори дипломӣ);
- таҳия ва амалигардонии барномаю лоиҳаҳои мақсадноки давлатӣ, соҳавӣ, байнидонишгоҳӣ, илмӣ, илмию техникӣ ва навҷӯёнаи таъминкунандаи иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба фанҳои табиатшиносӣ;
- таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳо доир ба таъмини имтиёзноки таҳқиқоти илмии бунёдию амалӣ доир ба фанҳои табиатшиносӣ бо васоити молӣ ва захираҳои дигар, ки ба рушди самтҳои асосии соҳаи маориф ва ба даст овардани натиҷаи эҳтимолии Барнома мусоидат менамоянд;
- таъмини илмию методии таҳияи стандартҳои давлатии таълим, нақшаҳои намунавии таълимӣ, барномаи курсҳо, фанҳои таълимӣ ва асноди дигар, ки эҳтиёҷи омӯзиши фанҳои табиатшиносиро муайян менамояд;
- дастгирӣ ва рушди низоми муассисаҳои илмӣ, марказҳои пажӯҳишӣ, мактабҳои илмӣ доир ба равандҳои асосии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар асоси таъмини молиявии имтиёзноки он ва дигар шаклҳои мақсадноки дастгирии давлатӣ;
- таҳияи таъминоти иттилоотию техникӣ ва ҷиҳати тадорукотии амалигардонии Барнома;
- инкишофи ҳамкориҳои олимони Тоҷикистон, ки дар соҳаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ таҳқиқот мебаранд, бо марказҳои илмии байналмилалӣ.
Натиҷаҳои эҳтимолии амалигардонии Барнома аз бандҳои зерин иборатанд:
- инкишофи заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии риштаи фанҳои табиатшиносӣ;
- таъмини муассисаҳои таълимӣ бо васоити техникии таълим, асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизот аз фанҳои табиатшиносӣ.
7. Таъмини маблағгузории Барнома
1. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома аз бандҳои зерин иборатанд:
- буҷети давлатӣ;
- қарзҳои давлатӣ;
- грантҳо;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ;
- маблағҳои махсус
2. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола ҷудогардида амалӣ карда мешавад. Масъулин, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола тибқи талаботи Барномаи мазкур маблағҳои заруриро ба нақша мегиранд.
8. Нақшаи тадбирҳои амалигардонии Барнома
Нақшаи тадбирҳои амалигардонии Барнома дар замимаҳои зерини аз 1 то 16 пешбинӣ гардадааст.