×

Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 207

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2010 № 207

тасдиқ шудааст

Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нақши таҳсилот дар рушди ҷомеа

1) Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон, ки рӯ ба муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ овардааст, ба хотири мутобиқати таълиму тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки таҳсилот бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Дар чунин шароит низоми таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо низоми таҳсилоти давлатҳои мутараққии ҷаҳон мутобиқ кунонида шавад.

2) Яке аз тадбирҳои ба сатҳи умумибашарӣ наздик сохтани низоми таҳсилот дар ҷумҳурӣ гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) мебошад, ки зарурати он ҳанӯз соли 1997 дар Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ташкили фазои ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Низомномаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Консепсияи ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 таъкид шудааст.

3) Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (минбаъд Консепсия) дар заминаи принсипҳои асосии сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот таҳия шудааст. Ҳамзамон Консепсия зарурати таҳияи Барномаи мақсадноки давра ба давра гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён мегузорад.

2. Таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тамоюли рушди фазои таҳсилот

4) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ гардонидани стандартҳои худ бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот тағйири сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро ба миён гузошта, тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:

- омода намудани шаҳрвандон баҳри амали гардидани мазмуни ин Консепсия;

- гузаштан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, вусъат бахшидан ба пешрафти ҷамъият ва васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоӣ;

- ташаккули хусусиятҳои худшиносӣ ва таҳаммулпазирии шаҳрвандон;

- рушди тафаккури наврасон ва ҷавонон баҳри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ;

- пурзӯр намудани талабот оид ба сатҳи донишандӯзии хонандагон;

- инкишофи низоми муттасили таҳсилот;

- зиёд намудани мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ - давра ба давра гузаштан ба таҳсилоти асосии ҳатмии 10-сола ва миёнаи умумии 12-сола;

- инкишофи самарабахши таҳсилот ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа;

- густариш ва рушди робитаҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё дар риоя ва иҷрои талаботи фазои ягонаи таҳсилот;

- ташкили равияҳо ва таҳсили касбӣ мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо дарназардошти хусусиятҳои инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;

- истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил бо дарназардошти омилҳои психологӣ ва педагогӣ;

- татбиқи раванди таълим мутобиқи муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ;

- ба роҳ мондани таълим ва тарбияи насли наврас тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ.

5) Вобаста ба нуқтаҳои зикршуда таҷрибаи як қатор мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ШМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испониё, Полша ва ғайра омӯхта шуд, ки дар онҳо низоми таҳсилоти 12-сола амалӣ гардида истодааст. Дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия бошад, таҳсилоти 13-сола, дар Ҳолланд таҳсилоти 14-сола амал мекунад. Дар мамлакатҳои назди Балтика, ҳамчунин дар Молдова, Украина, Қазоқистон ва ӯзбекистон аллакай таҳсилоти 12-сола ба роҳ монда шудааст.

6) Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои зикршуда зарурати гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12-соларо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овардааст. Барои гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12 сола тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10-сола;

- қабул ба синфи 1 аз синни 6-солагӣ;

- гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола;

- ба роҳ мондани таълими равияви ва касбӣ (дар синфҳои 11 ва 12);

- минбаъд истифода кардани литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун захираи таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ.

3. Талаботи нави иҷтимоӣ ба низоми нави таҳсилот

7) Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯ овардан ба муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ на танҳо барои рушди иқтисодиёт заминаи хубе фароҳам овард, балки барои инкишоф ва ислоҳоти соҳаи маориф низ мусоидат намуд. Дар асоси ин як қатор дигаргуниҳо дар низоми маориф ба вуҷуд омада, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ густариш ёфт ва барои беҳтар гардидани соҳаи маориф шароит фароҳам оварда шуд. Васеъ гардидани доираи имкониятҳо зарурати таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилотро ба миён овард, ки ин ба тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкор, навовар ва соҳиби касбу ҳунарҳои гуногуни давр, инчунин ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Дар ин миён маҳз низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд омили асосии расидан ба ҳадафҳои мазкур гардад. Низоми мазкур бо илмҳои замонавӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Он бояд ба қувваи бузурги ҳаракатдиҳандаи мамлакат табдил ёфта, ба сифати таълим мусоидат намояд ва рақобатро миёни хонандагон таъмин гардонад.

8) Таҳсилот дар чунин шароит пеш аз ҳама барои беҳтар шудани сифати таълим, дуруст аз худ кардани фанҳо, мукаммал гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дуруст ба даст овардани маълумот, инчунин барои муттаҳид гардонидани ҷомеа, нигоҳ доштани фазои ягонаи иҷтимоию фарҳангии мамлакат, баробарии фарҳангҳои миллӣ ва халқиятҳои ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба муноқиша ва ихтилофҳои этникию миллӣ, зуҳуроти зӯроварию нобаробариҳои иҷтимоӣ нигаронда мешавад.

9) Низоми нави таҳсилот аз ҳама бештар барои ба даст овардани дониши мукаммали босифат равона шуда, новобаста, ба маҳал, миллат, вазъи иҷтимоӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва завқи табиии онҳо баробарҳуқуқии ҷавононро таъмин менамояд. Дар ин ҷода мактаб ҳамчун унсури асосӣ дар тайёр намудани шахсиятҳои ҳамаҷониба ташаккулёфта, дастгирӣ намудани кӯдакон, наврасон, ҷавонони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид нақши муҳим мебозад.

4. Вазъи кунунии низоми таҳсилот ва зарурати азнавсозии он

10) Тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои 90 -уми асри ҶҶ ва рух додани ҷанги шаҳрвандӣ боиси харобиҳои хоҷагии мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф гардид. Зери таъсири ин омилҳо мактабҳои зиёд хароб гардида, асбобу анҷомҳои таълимии онҳо корношоям шуданд ва теъдоди зиёди зиёиён, ки қисми муайяни онҳоро муаллимон ташкил медоданд, касби худро тарк намуданд.

Омилҳои мазкур дар тафаккури насли наврас ва волидайни онҳо як навъ дилсардиро нисбат ба мактаб, таълиму тарбия ба вуҷуд овард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани чунин вазъият аз оғози солҳои 2000-ум маблағгузориро ба соҳаи маориф афзун намуд ва маорифро дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон кард ва ғамхориро ба ин соҳа бештар сохт.

11) Дар ин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони биноҳои мактабҳо ва таъмиру тармими онҳоро ба нақша гирифта, барои таъмин намудани мактабҳо бо кадрҳои педагогӣ якчанд қарорҳои дахлдор қабул кард ва барои чопи китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ маблағ ҷудо карда, Барномаи давлатиро оид ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тасдиқ намуд, ки онҳо мӯъҷиби рафъ гардидани мушкилоти соҳаи маориф гардиданд. Дар баробари ин мунтазам баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, инчунин барқарор намудани чанде аз имтиёзҳои онҳо далели равшани дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

12) Барои рушди бемайлони соҳаи маориф, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандони соҳаи маориф, азнавсозии усулҳои ташкилию иқтисодии соҳа, гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетй ва ғайрибуҷетӣ, таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ сохтани он зарур мебошад.

5. Мақсад ва вазифаҳои низоми нави таҳсилот

13) Мақсади асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тарбияи шахсияти муосир, донишманд, навҷӯ ва эҷодкор мебошад, ки мувофиқи талаби замон метавонад дар пешрафти ҷомеаи миллӣ ва умумибашарӣ саҳмгузор бошад.

14) Дар раванди азнавсозии таҳсилоти миёнаи умумӣ кулли шаҳрвандон, падару модарон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фаъолона иштирок менамоянд.

15) Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ҳалли масъалаҳои зерин зарур мебошад:

- таъмини кафолатҳои давлатӣ оид ба дастрасии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- дастрасии донишҳои замонавӣ барои муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- такмили механизмҳои танзимсозии меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодӣ бо мақсади ҷалб ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

- баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз тарафи давлат ва ҷомеа;

- ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилот бо иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа;

- мустаҳкам ва устувор намудани робитаи дуҷонибаи мактаб бо оила ва оила бо мактаб;

- такмили механизми назорати ҷомеа аз болои фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон;

- тавассути китобҳои дарсӣ шинос намудани хонандагон бо арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ;

- ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи давлатӣ;

- ба роҳ мондани низоми нави таълим дар асоси талаботи иқтисоди бозаргонӣ, тайёр намудани хонандагон ба ҳаёти мустақилонаю эҷодкорона, донишомӯзӣ ва худмукаммалсозӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи қобилият ва истеъдоди эҷодии хонандагон;

- васеъ ба роҳ мондани таълими инфиродӣ, экстернӣ, фосилавӣ, иловагӣ, шабона ва ғоибона;

- ба эътибор гирифтани хусусиятҳои миллӣ дар раванди таълиму тарбия;

- мутобиқ сохтани мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талаботи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд;

- ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин намудани волоияти арзишҳои баробарҳуқуқии миллату халқиятҳо ҳамчун асоси мустаҳкамшавии адолати иҷтимоӣ, дӯстӣ, баробарӣ, бародарӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ;

- ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва тайёр намудани хонандагон барои воридшавӣ ба фазои иттилоотии таҳсилоти ҷаҳони муосир;

- ташаккули малакаҳои эҷодии хонандагон ва муҳайё сохтани шароит барои рушди зеҳнӣ ва ақлии онҳо;

- ба низом даровардани маблағгузории сарикасӣ ва шартномавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- ба роҳ мондани худмаблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- таъмини мустақилияти молиявию иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- ба роҳ мондани низоми баҳисобгирии хазинадорӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- таъмини шаффофияти қабул дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- баланд бардоштани ҳисси масъулият ва сатҳи дониши молиявию муҳосибавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ муҳайё сохтани шароити мусоид дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории молиявӣ ва таъмини шаффофияти онҳо;

- такмили хизматрасонии таълими иловагии пулакӣ барои хонандагон ва бо ин восита беҳтар сохтани вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ.

16) Азнавсозии таҳсилот дар сурате амалӣ мегардад, ки соҳаҳои иқтисодиёт, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ, падару модарон ба таври самаранок ба он ҳамкорӣ намоянд. Бо ин мақсад раванди ҷорӣ намудани тағйирот ба низоми таҳсилот пайваста ба мардум фаҳмонида шуда, фикру мулоҳизаҳои онҳо аз ҷониби масъулини соҳаи маориф, хусусан роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар азнавсозии низоми таҳсилот васеъ истифода мегардад.

6. Афзалияти сиёсӣ дар соҳаи маориф. Таъмини кафолатҳои давлатии дастрасии таҳсилоти босифат

17) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил кафолат медиҳад. Вале ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми асри ҶҶ барои таъмини ин кафолатҳо монеаҳо ба вуҷуд овард. Баъдан тавассути қабули як силсила қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон ба таҳсил як қатор тадбирҳо андешида шуданд, ки самтҳои ҷудогонаи онро масъалаҳои зерин ташкил медиҳанд:

- таълими ройгон дар ҳамаи зинаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ;

- баробарҳуқуқии шаҳрвандон барои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи ибтидоии касбӣ;

- гирифтани таҳсилот мувофиқи Стандарти давлатӣ ва Фармоиши давлатӣ.

18) Мазмуни дастрасии таҳсил ҳамчун таъмини кафолати давлатӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- ташкили таҳсил бо истифода аз таҷҳизоти таълимию лаборатории муосир ва адабиёти таълимӣ;

- кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои талаба, бехатарии психологӣ ва ҷисмонии ӯ;

- расонидани кӯмакҳои иҷтимоию педагогӣ ва психологию педагогӣ ба оила, ташхису муойинаи саривақтии инкишофи ҷисмонӣ ва психологии кӯдакон;

- ғанӣ гардонидани китобхонаҳои мактабӣ бо адабиёти бадеӣ ва маводи таълимии нав.

19) Барои татбиқи самараноки кафолатҳои давлатии соҳаи маориф иҷрои тадбирҳои зерин зарур мебошад:

- дуруст муқаррар намудани аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- таъмини имкониятҳои баробар барои гирифтани таҳсилоти касбӣ;

- васеъ ҷорӣ намудани низоми таълими равиявӣ ва касбӣ дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (11-12);

- дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шудан ба мактабҳои олӣ;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" оид ба мавқуф гузоштани даъвати хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ аз хизмати ҳарбӣ;

- пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ";

- тавассути низоми иттилооти идоравӣ дар соҳаи маориф ба роҳ мондани баҳисобгирии кӯдакони синни мактабӣ;

- фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакони деҳот доир ба гирифтани таҳсилоти умумии босифат ва таҳияи тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии онҳо;

- ба роҳ мондани ташхиси ройгони тиббию психологӣ ва ташкили шароити махсуси таълим дар ҷои истиқомат барои кӯдакони ҷисман ё рӯҳан носолим ва дар асоси хулосаҳои тиббӣ ҷой кардани онҳо дар муассисаҳои таълимии махсус ва инкишоф додани таълим бо нигоҳубини чунин кӯдакон (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ва ҳангоми зарурат ворид намудани тағйирот ба онҳо;

- муайян намудани таносуби фанҳои таълимӣ (табиӣ, риёзӣ, ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ, тарбияи ҷисмонӣ, меҳнат, санъат, мусиқӣ, суруд ва ғайра) вобаста ба пешрафти илмию техникӣ ва талаботи иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- вобаста ба талаботи замон дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷой додани таълими равиявӣ, касбӣ ва ташкил кардани таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот.

7. Муҳайё намудани шароит барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ

20) Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фарогири низоми маҷмӯи донишҳо, маҳорату малакаҳо буда, ҳисси масъулияти хонандагонро ташаккул медиҳад. Ҳангоми гузариш ба низоми нави таҳсилот барои фаъолияти самарабахши мактаби муосир таҷрибаи ҳафтодсолаи мактаби шӯравӣ ва мактабҳои муосири мамлакатҳои ҷаҳон, инчунин арзишҳои беҳтарини таълими силсидаи фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарӣ ва бадеию эстетикӣ таҳқиқ мегардад ва онҳо дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ғанӣ гардонида мешаванд.

21) Тарбия қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таҳсилот қарор мегирад. Муаллим ҳангоми омӯзондани фанҳои таълимӣ новобаста ба фанни таълимӣ ва равияҳои таълимӣ ба масъалаҳои инсондӯстӣ диққати махсус медиҳад ва дар зеҳни хонанда маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ маданиятнокӣ ва аз бар намудани арзишҳои баланди ахлоқиро ҷой менамояд. Дар ҳалли масъалаҳои тарбиявӣ оила нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои педагогӣ ва психологии падару модарон низ аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Дар ин замина таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон" омили муҳимми амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

22) Барои гузаштан ба низоми нави таҳсилот ва таъмини таълими сифатнок тадбирҳои зерин амалӣ мегардад:

а) дар давоми соли таҳсили 2010-2011 Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Нақшаи таълимии он мураттаб мегардад.

б) озмоиши низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда, натиҷаи он аз ҷониби муҳаққиқон таҳлил мегардад.

в) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳҳои зерин барои беҳдошти саломатии хонандагон шароит муҳайё карда мешавад:

- сабук намудани мазмуни таҳсилоти умумӣ;

- истифодаи усулҳои фаъоли таълим;

- баланд бардоштани мақоми фанни тарбияи ҷисмонӣ;

- ташаккули механизми солимгардонии кӯдакон ва ҷавонон;

- беҳтар намудани сифати хӯроки хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ;

- такмили истифодаи давраҳои таътили зимистона ва тобистонаи хонандагон дар робита бо шароити иқтисодии кишвар;

- истифодаи санъат ҳамчун воситаи ташаккули маънавии шахс;

- баланд бардоштани нақши фанҳои дақиқ, таърих, ҳуқуқ, забони модарӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ барои беҳдошти сатҳи маънавии хонандагон;

- фаъол намудани нақши фанни технология (таълими меҳнат) ва нақшакашӣ дар тарбияи меҳнатдӯстӣ ва тафаккури техникии хонандагон;

- таъмини мактабҳо бо техникаи компютерӣ, пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон;

- муҳайё сохтани шароит барои касбиинтихобкунӣ бо мақсади дастгирии психологии ҷавонон, ёрӣ расонидан ба онҳо барои муайян намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва имконоти азхудкунии касбҳо;

- дар соли таҳсили 2011-2012 ба тариқи озмоиш ба роҳ мондани механизми таҷдиди зинаҳои асосӣ ва болоии таълим;

- ташкили нақлиёти хизматрасон барои хонандагону омӯзгорони деҳот;

- муҳайё сохтани шароит бо мақсади татбиқи барномаҳои таълимии томактабӣ ва ибтидоӣ барои сокинони деҳот;

- таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба таъсиси навъҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ;

- ҷорӣ намудани муҳити ягонаи иттилоотӣ дар низоми таҳсилот;

- рушди таҳсилоти фосилавӣ, экстернӣ;

- таъмини дастгирии кӯдакони болаёқат ва боистеъдод аз ҷониби давлат;

- таъсиси низоми санҷиши давлатию ҷамъиятӣ ва назорати сифати китобҳои дарсӣ;

- ташкил намудани озмунҳо миёни муаллифон бо мақсади таҳия ва таълифи маводи босифат ва алтернативии таълимӣ;

- таъсиси мақомоти махсус ва мустақил барои баҳодиҳӣ ба сифати таълим, ҳамчун омили таъсирбахши баландбардории сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ;

- ба танзим даровардани муассисаҳои томактабӣ ва бунёди марказҳои таълимии синни томактабӣ дар маҳалҳо.

8. Муҳайё намудани шароит барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

23) Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри ҶҶ ба низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат зиёни калон овард. Новобаста аз тадбирҳои то имрӯз андешидашуда вазъи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Бинобар ҳамин зарурати ба куллӣ дигар намудани сохтор, мазмуни таҳсилот ва мутобиқ сохтани он ба талаботи соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ, саноат, хизматрасонии маишӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба миён омадааст.

24) Омили асосии азнавсозии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инкишофи замонавии иқтисодиёт ва муҳити иҷтимоӣ, инкишофи илм, техника, технология ва бозори меҳнат мебошад.

25) Бо мақсади таъмини кадрҳои коргарӣ дар ҷумҳурӣ низоми доимоамалкунандаи мониторинги талаботи бозори меҳнат ташкил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин сурат низоми ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯи таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таъмин мегардад.

26) Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хонандагон мустақилона касбро омӯхта, дорои малакаҳои фаъолияти инфиродии меҳнатӣ мешаванд. Вобаста ба ин зарурати аз нав ба вуҷуд овардани заминаҳои моддию техникӣ ва инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ҳамчун раванди стратегии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба миён меояд.

27) Ба шабакаи ИНТЕРНЕТ ва шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва бо техникаи ҳозиразамони таълимию иттилоотӣ ҷиҳозонидани онҳо ҳамчун гарави таъмини раванди босифати таҳсил эътироф карда мешавад.

28) Бо мақсади омодагӣ барои гузаштан ба низоми нави таҳсилот ва ба талаботи он мутобиқ сохтани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил ва гузаронидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- шароит фароҳам овардан барои идомаи таҳсил баъди хатми синфи 10 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- ташкил намудани таҳсилоти касбӣ дар ин зинаҳои таҳсилот;

- таҳияи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи низоми нави таҳсилот мувофиқ намудани онҳо;

- таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барои идомаи таҳсили касбӣ дар зинаҳои таҳсилоти мазкур;

- аз нав аз аттестатсия ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- рушди бемайлон ва босифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дарназардошти афзоиши талабот ба кормандони зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- мутобиқ сохтани фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба талаботи бозори меҳнат дар маҳалҳо;

- таҳияи Консепсияи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва робитаи он бо барномаҳои касбии муассисаҳои таълимӣ.

Барои гузаштан ба низоми нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чорабиниҳои зерин татбиқ мешаванд:

- пешбинӣ намудани талаботи бозор ва таъсиси хадамоти иттилоотӣ ва шуғли аҳолӣ;

- тасдиқи номгӯи касбҳо ва ихтисосҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат;

- азнавсозии сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва татбиқи намунаҳои (моделҳои) он;

- такмили усулҳои таълим ва ташкили дарс бо истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ;

- фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон;

- ҷалби соҳибкорон, корфармоён ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳсилоти касбӣ;

- таҳияи Стандарти давлатии таҳсилот ва Талаботи давлатӣ бо дарназардошти талаботи замон барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

9. Рушди муносибатҳои молиявӣ дар низоми нави таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

29) Давлат раванди азнавсозии сохтори маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

30) Муҳимтарин омили тарзи ташаккули молиявии азнавсозии таҳсилот дар зинаҳои таълимии зикршуда чунин мебошанд:

- ҷорӣ намудани маблағгузории меъёрӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи таҳсилоти миёна, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти таъмини талаботи Стандарти таҳсилот ва шароити мусоиди ҷараёни таълим;

- таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии танзими низоми давлатии қарздиҳӣ ва расонидани ёрии пулӣ ба шаҳрвандони камбизоат, бахусус дар деҳот барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсуси хизматрасонии пулакӣ, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ, маблағгузории хусусӣ ва дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои азнавсозии таҳсилот ва харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ, техникӣ, иттилоотию ҳисоббарорӣ, рушди китобхонаҳои мактабӣ ва захираҳои иттилоотӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон;

- истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

- таъмини мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ ва тадриҷан то 10-15 фоиз ба роҳ мондани худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таъмини шаффофият дар фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти молиявии онҳо;

- муҳайё сохтани шароит барои ҷалби маблағҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ;

- муқаррар намудани низоми имтиёзҳо, аз ҷумла аз ҳисоби андозбандӣ;

- ба роҳ мондани хизматрасонии таълимии иловагии пулакӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ҳамчун воситаи қонеъ гардонидани талаботи мардум ба таҳсилот ва таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои мазкур;

- тақвият ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ;

- бунёди марказҳои фарҳангӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ, тиббӣ ва солимгардонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, махсусан дар деҳот;

- азнавсозии сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба мазмуни таҳсилот ва сифати тайёрии касбӣ, вобастагии он бо талаботи бозори меҳнат;

- инкишофи низоми таълими калонсолон ва ба роҳ мондани таҳсилоти муттасили касбӣ;

- ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намудани шахсони бекор ва мувофиқи талаботи бозори меҳнат тайёр намудани онҳо;

- ҷорӣ намудани силсилаи тадбирҳое, ки татбиқи афзалияти давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таъмин менамоянд (фармоишҳои давлатӣ, маблағгузории мақсадноки баргарданда);

- ташкили низоми пешбинии талаботи минбаъда бо кадрҳои соҳибихтисос аз рӯи касбу ҳунарҳои маъмул ва дар ин замина пешниҳод кардани фармоишҳои давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

10. Таъминоти кадрӣ ва дастгирии онҳо аз тарафи давлат ва ҷомеа

31) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи моддии кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

32) Баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии омӯзгорон ва мутобиқсозии онҳо ба шароити нав аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, зарурати таҳияи Барномаи давра ба давра гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идома додани Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 20112016 ба миён меояд, ки он бояд самтҳои зеринро дар бар гирад:

- ҳамаҷониба баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ;

- ҳамаҷониба ҳавасманд гардонидани кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф;

- баланд бардоштани маҳорати касбии кадрҳои педагогӣ.

11. Баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ

33) Барои баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф давлат чунин имтиёзҳоро муқаррар менамояд:

- озодона муайян намудани усули таҳсил ва шаклҳои назорати он;

- идоракунии раванди таҳсилот, фаъолияти ассотсиатсияҳо, иттиҳодияю созмонҳо, инчунин муайян намудани принсипҳо ва самтҳои сиёсат дар соҳаи маориф;

- озодона ба даст овардани иттилоот доир ба ҷараёни таълим;

- истифодаи ройгони адабиёт аз китобхонаҳои миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, мактабӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳот;

- дар навбати аввал бо ҷойи зист таъмин намудани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар доираи имкониятҳои онҳо;

12. Дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонии кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф

34) Бо мақсади дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонии кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф бояд тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:

- муқаррар намудани иловапулиҳо барои ҳавасмандгардонии кормандон ва муаллимон аз ҷониби маъмурияти мактаб дар доираи захираҳои молиявӣ ва низоми худмаблағгузорӣ;

- баланд бардоштани маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳот барои ташкили хоҷагии ёрирасон;

- ҷудо намудани заминҳои киштбоб барои ташкили хоҷагии ёрирасони муассисаҳои таълимӣ;

- мавқуф гузоштани даъвати ҳарбии хатмкардаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии дорои ихтисоси педагогӣ;

- такмили низоми таъминоти нафақавии кормандони гуногуни омӯзгорӣ;

- омӯхта пешниҳод намудани таклиф оид ба низоми хизматрасонии ройгони тиббӣ ва суғуртаи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф.

13. Баланд бардоштани маҳорати касбии кадрҳои педагогӣ

35) Дар ин самт амалӣ сохтани чунин тадбирҳо зарур мебошанд:

- таҳия ва санҷиши амалии моделҳои азнавсозии низоми тайёр кардани кадрҳои педагогӣ дар асоси принсипҳои алоқамандии масъулияти омӯзгор дар таълиму тарбия бо истифодаи технологияи инноватсионӣ;

- таъмини раванди таълим бо теъдоди зарурии кадрҳои педагогӣ ва баланд бардоштани сифати касбии онҳо дар низоми нави таҳсилот;

- таҷдиди низоми такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

- аз тарафи давлат дар 5 сол як маротиба ва дар ҳаҷми муқарраршуда пардохтани давлатии хароҷот барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

- омӯзонидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба кадрҳои роҳбарикунанда ва омӯзгорӣ;

- такмили фаъолияти хадамоти методии мақомоти идоракунии таҳсилот ва ба роҳ мондани он дар асоси принсипҳои ташкили шабакавӣ ва маркетинг;

- ба роҳ мондани низоми самарабахши тайёр намудан, бозомӯзӣ ва аттестатсияи роҳбарони мақомоти идоракунии таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи ҷобаҷогузории кадрҳо.

14. Рушди таҳсилот ва баланд бардоштани масъулияти мутасаддиён дар маҳалҳо

36) Раванди азнавсозии таҳсилот пеш аз ҳама татбиқи ду масъалаи муҳим - дастраси умум будани таҳсилот ҳамчун низоми давлатию

ҷамъиятӣ ва гузаштан аз усули ҳукмронии марказӣ ба масъулияти тарафайнро (марказ ва маҳал) пешбинӣ менамояд. Ин омилҳо масъулияти роҳбарони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва мактабҳоро барои татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф баланд мебардорад ва тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд:

- ҷалби ҷомеа дар таҳия, қабул, татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ ва идораи таҳсилот;

- тибқи тартиби муқарраршуда устувор гардонидани мақоми ҳуқуқии Шӯрои сарпарастони муассисаҳои таълимӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар хизматрасонии таълими иловагии пулакӣ;

- ба талаботи замон мувофиқ намудани усулҳои нави идораи низоми таҳсилот ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат дар низоми нави таҳсилот.

37) Гузаштан ба низоми нави таҳсилот дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инҳоро талаб менамояд:

- ҷорӣ намудани талаботи ягона барои иҷрои дастур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои дастурӣ, кадрӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ доир ба муассисаҳои таълимӣ ва боздоштани фаъолияти онҳо дар сурати риоя нашудани санадҳои амалкунанда;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо татбиқи шаклҳои гуногуни қарордодҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва ғайра;

- таъмини шаффофияти фаъолият дар самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

- дастгирии фаъолияти навоварӣ тавассути ҷалби сармояҳо ба соҳаи маориф;

- фароҳам овардани шароит барои рушди муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва таъмини назорати сифати иҷрои барномаҳои таълимӣ дар онҳо;

- тадриҷан гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ;

- танзим ва хизматрасонии таълимии иловагӣ ва таъмини назорати Шӯрои сарпарастон ва падару модарон дар мавриди сарфи маблағҳои воридшуда;

- таъсиси суратҳисобҳои махсус барои таҳсили кӯдакони маъюб ва бо ин мақсад ҷалб намудани маблағҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарпарастон, эҳсонкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- баланд бардоштани масъулияти ҳар як муассисаи таълимӣ дар иҷрои вазифаҳои ойинномавӣ, иҷрои санадҳои меъёрии ҷараёни таълиму тарбия ва Стандарти давлатии таҳсилот.

15. Самтҳои асосӣ, марҳилаҳо ва татбиқи сиёсати давлат дар низоми нави таҳсилот

38) Азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ маҷмӯи тадбирҳоест, ки бо ҷалби фаъолонаи ҷомеа сурат мегирад. Онҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи давлатӣ дар мамлакат равона мегарданд.

Ин чорабиниҳо дар ду марҳила амалӣ карда мешаванд:

- марҳилаи аввал солҳои 2011-2013;

- марҳилаи дуюм солҳои 2014-2016.

39) Дар марҳилаи аввал - солҳои 2011-2013 Ҳукумати ҷумҳурӣ азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро тадриҷан ба роҳ монда, ҳамчун субъекти фаъол дар татбиқи он фаъолона иштирок менамояд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

40) Азнавсозии таҳсилот дар робитаи қавӣ бо таҷдиди соҳаҳои дигари хоҷагии мамлакат сурат мегирад ва таҳсили ҳатмии 10- сола ҷорӣ карда мешавад.

41) Марҳилаи аввали азнавсозии таҳсилот бо раванди устуворгардонӣ ва ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10- сола ба анҷом мерасад.

42) Дар марҳилаи аввал самтҳои асосӣ ва тадбирҳои нахустини сиёсати давлат ба қисматҳои зерин ҷудо мешаванд:

- муҳайё намудани ҷойи нишасти иловагӣ дар муассисаҳои асосӣ ва миёнаи умумӣ;

- бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- сохтмони мактабҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо;

- ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ва грантҳо барои таҳкими пояи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва азнавсозии мактабҳо;

- дарёфти маблағҳои иловагӣ барои гузштан ба низоми таҳсилоти 10 - сола дар ҷумҳурӣ;

- назорати таъмини ҷойҳои нишаст ва таъмиру тармими мактабҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- вогузор намудани пардохти маоши кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ихтиёри худи муассисаҳои таълимӣ;

- гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба худмаблағгузорӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ;

- таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳо, раҳнамои муаллим ва дигар воситаҳои аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- назорати амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва сари вақт маблағгузорӣ намудани онҳо.

43) Марҳилаи дуюми азнавсозии таҳсилот солҳои 2014-2016-ро дар бар мегирад. Дар ин давра ҳамаи он тадбирҳое, ки дар марҳилаи аввал аз озмоиш гузашта, дар асоси натиҷаҳои ҳосилгардида дастгирӣ ёфтаанд, бояд пурра татбиқ гардида, моделҳои нави мазмуни таҳсилот, ташкил ва маблағгузории онҳо ба роҳ монда шаванд. Баробари ин, дар ин давра низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ - гузаштан ба таҳсили 12- сола амалӣ мегардад.

44) Ин тарзи гузариш дар асоси ба инобат гирифтани хусусиятҳои шароити маҳалҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, барои беҳтар шудани сифати таълим, азбарнамоии дониш, васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинӣ ва бештар соҳиб гардидан ба таҳсилоти касбӣ ва равиявӣ мусоидат менамояд.

45) Озмоишҳои дар марҳилаи аввал гузаронидашуда пешомадҳои хатарноки иҷтимоии шаклҳои навро аниқ мегардонад ва барои рафъи онҳо дар марҳилаи дуюм механизмҳои дахлдор ба кор бурда мешаванд.

46) Дар марҳилаи дуюм таъмини молию пулӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо барои ҳалли масъалаҳои зерин мунтазам ривоҷ дода мешавад:

- бунёд ва азнавсозии мактабҳо ва таъмиру тармими иншооти соҳаи маориф;

- ба нақша гирифтани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар маҳалҳое, ки ба ҷойи нишаст ниёз доранд;

- таъмини мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ барои муассисаҳои таълимии эҳтиёҷманд;

- амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва стратегияи миллӣ доир ба рушди соҳаи маориф;

- идомаи таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дигар воситаҳои аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо ва дигар маблағҳо аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ барои таҳкими пояҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ;

- ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва омӯзонидани технологияи муосир баомӯзгорон;

- назорати таъминоти кадрӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳаҳои дурдаст ва пайдо кардани роҳҳои дарёфти иттеёзҳо барои ин табақаи омӯзгорон;

- таъмини кабинетҳои фаннии мактабҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳайё сохтани шароит барои гузаштан ба таълими равиявӣ ва касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- таҳкими заминаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва бо истифода аз масоҳати холӣ ташкил намудани синфҳо бо таҳсилоти касбӣ дар ин зинаҳои таҳсилот.

47) Дар ин марҳила таҳияи тарзҳои идораи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади эҷоди моделҳои нав дар таҳсилот сурат мегиранд, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин моделҳо вобаста ба талабот ва шароити маҳалҳо таҳия мегарданд.

48) Ҳамзамон дар ин марҳила ҷомеа, корхонаҳо, оилаҳо, ташкилотҳои худидоракунандаи маҳалҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо нақши бештар ва муҳимтарро иҷро менамоянд. Фаъолияти зарурии ҷомеаро бо ду роҳ ба даст овардан мумкин аст:

- якум, пайваста афзудани даромадҳои пулии оила, корхона ва буҷети маҳал имконият медиҳад, ки муассисаҳои таълимӣ аз тарафи онҳо чӣ дар шакли маблағгузории буҷетӣ ва чӣ дар шакли сармоягузорӣ ҳар чӣ бештар дастгирӣ меёбанд;

- дуюм, такмили тарзҳои шаффофи идоракунии таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ шаклҳои бештари фоидаовари дастгирии ҷомеа ва назоратро ба миён меоварад.

49) Дар панҷсолаи дуюм (солҳои 2016-2020) аввалин натиҷаҳои азнавсозии таҳсилот аниқ мегарданд, ки онҳо аз бандҳои зерин иборат мебошанд:

- дар натиҷаи азнавсозии молиявӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷиҳати моддаю техникӣ хуб таъмин мешаванд.

- сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баланд гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ба сатҳи умумиҷаҳонӣ наздик мегарданд.

- сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷомеа паст гардида, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бепарастории кӯдакон ҷиддан пешгирӣ карда мешавад.

- бо роҳи баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф мушкилоти иҷтимоии онҳо ҳал гардида, ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби ҷавонон пурратар мегардад.

- дар натиҷаи устуворгардонии пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ мутобиқати онҳо ба бозори меҳнат меафзояд ва онҳо рақобатпазир мегарданд. Ин омил сабаби ҷалби сармояҳои нав мегардад.

16. Таҷдиди низоми нави таҳсилот ва тарзи назорати сифати он

50) Таҷдиди низоми нави таҳсилот ва назорати сифати он иҷрои корҳои зеринро талаб мекунад:

- қабули Стандартҳои нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва дар ин асос таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии нав;

- ташкили озмоиши мазмуни нави таҳсилот, содда кардани он бо назардошти талаботи шахс ва замони муосир;

- муҳайё сохтани шароити таълими равияҳо ва касбҳо дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ;

- такмили тарзи аттестатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва назоратӣ сифати таълим;

- таҷдиди мазмуни таҳсилот;

- беҳтар намудани самаранокии таҳсилоти умумӣ;

- тобовар гардондани таҳсилот ба рақобати бозори ҷаҳонӣ;

- мутобиқ намудани мазмуни таҳсилот ба манфиати давлат, ҷомеа ва шахс;

- таъмини робитаи ногусастании мазмуни таҳсилот бо ҳаёт.

51) Принсипҳои асосии мазмуни нави таҳсилот аз бандҳои зерин иборат мебошанд:

- бо назардошти хусусиятҳои педагогӣ ва психологии мазмуни таҳсилот ҷорӣ кардани ҳаҷми фишурдаи маводи омӯзиш дар мактаби асосӣ ва маводи нисбатан мураккаб дар синфҳои болоӣ;

- инсондӯстӣ, яъне дар ҷараёни таҳсилот фаро гирифтани фарҳанги миллӣ, аҳамияти беҳдоштӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, зебопарастӣ, муоширатӣ ва технологӣ;

- мазмуни бунёдӣ доштани таҳсилот, яъне фарогирии дастовардҳои фарҳангию таърихии инсоният ва расонидани ёрии амалӣ дар ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагон;

- мутобиқати мазмуни донишҳои омӯхташаванда бо хусусият ва қобилияти инфиродии хонандагон;

- мушаххас гардонидани мазмуни таҳсилот бо назардошти синну соли хонандагон;

- дар асоси принсипҳои ҳамгироӣ ташаккул додани тасаввуроти хонандагон дар бораи ягонагии олам.

52) Мазмуни низоми нави таҳсилот силсилаи донишҳои илмии зеринро фаро мегирад: филологӣ, ҷомеашиносӣ, риёзӣ, табиатшиносӣ, техника, санъат, тарбияи ҷисмонӣ.

53) Мазмуни силсилаи фанҳои номбурда тавассути таълими фанҳои зерин амалӣ мегардад: забони модарӣ, забони давлатӣ, алифбои ниёгон, забони русӣ, забони хориҷй, адабиёти тоҷик, адабиёти халқҳои ҷаҳон, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, ҳукуқи инсон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, алгебра, геометрия, физика, химия, биология, география, нақшакашӣ, технология (таълими меҳнат), технологияи информатсионӣ, санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ, маърифати ислом, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ.

54) Мазмуни фанҳои таълимӣ дар низоми нави таҳсилот дар натиҷаи тағйир ёфтани равияҳои илм таҷдиди назар мегардад. Ин тағйирот метавонанд чунин бошанд:

- ворид намудани тағйирот ба маводи нави таълимӣ вобаста ба дасговардҳои илмии соҳа ва муҳити зист;

- ба барномаҳои таълимӣ ворид намудани фаслҳо ва мавзӯъҳои нав вобаста ба талаботи замон;

- аз нав тақсим намудани маводи таълимӣ байни зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот.

17. Такмили сохтор ва афзудани маблағгузорӣ ба таҳсилот

55) Ташкили сохтор:

Мактаби 12-сола дар асоси даврабандии рушди шахсият ташкил меёбад. Мазмуни он ба навъҳои фаъолияти тарбиявию таълимӣ, ки ба синну сол робита дорад, вобаста мебошад. Мувофиқи ин тақсимот дар синни кӯдакӣ давраҳои зерин муқаррар мешавад: ширхорагӣ, (то 1 солагӣ), синни бармаҳали кӯдакӣ (1-3 солагӣ), синни томактабӣ (3-5-солагӣ), синни хурди мактабӣ (6-10-11 солагӣ), синни миёнаи мактабӣ (11-16 солагӣ), синни навҷавонӣ (16-18 солагӣ).

56) Сохтори таҳсилоти умумии 12-сола сезина дорад:

- зинаи якум - таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1-5). Қабул ба синфи якум аз 6-солагӣ оғоз мегардад. Давомнокии таҳсил 5 сол.

- зинаи дуюм - таҳсилоти асосии умумӣ (синфҳои 6-10). Давомнокии таҳсил 5 сол.

- зинаи сеюм - таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфҳои 11-12). Давомнокии таҳсил 2 сол.

57) Барои гузаштан ба таҳсилоти 12-сола тадбирҳои зерин зарур мебошад:

- таъмини маблағгузории буҷетӣ бо назардошти афзалияти соҳаи маориф.

- ҳамасола дар мамлакат афзудани маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла дар доираи барномаҳои мақсаднок, ки барои рушди таҳсилот - харидории таҷҳизот ва захираҳои иттилоотӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, маблағгузории сарикасӣ, таҷрибаҳои инноватсионии озмоишӣ равона мешаванд.

- барҳам додани қарзҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар натиҷаи иҷро накардани нақшаҳои буҷетӣ ва хизмати маишӣ пайдо мешаванд.

18. Тақвияти самти иҷтимоии таҳсилот

58) Қабули тадбирҳои давлатӣ бар зидди рафторҳои ношоистаи наврасон ва ҷавонон ва аз байн бурдани камбизоатии иҷтимоии онҳо.

59) Таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакону ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, маъюб, ятимон ва бепарасторон.

60) Ташкили низоми кредитии давлатӣ дар соҳаи маориф барои маблағгузории таҳсилоти кӯдакони оилаҳои камбизоат бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ.

61) Васеъ намудани доираи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мақсади бештар фаро гарифтани кӯдакон аз оилаҳои камбизоат.

19. Дастгирии ҳамаҷонибаи мактабҳои деҳот

62) Бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими мактабҳои деҳот ва таҳким бахшидани пояҳои моддию техникии онҳо яке аз афзалиятҳои ин Консепсия ба шумор меравад. Барои иҷрои он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷудо намудани маблағ пеш меояд.

20. Таъмини мустақилияти иқтисодии муассисаҳои таълимӣ

63) Ҷалби сармояҳо тавассути ворид намудани тағйирот ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули дигар ҳуҷҷатҳое, ки маблағгузории шахсони воқеӣ -ва ҳуқуқиро ба соҳаи маориф ё ёрии беғаразона ҳавасманд мегардонанд.

21. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, дастгирии давлатӣ ва сатҳи касбии кормандони соҳаи маориф

64) Зиёд намудани маоши кормандони педагогӣ ва такмили роҳҳои додани иловапулиҳо ба омӯзгорон барои натиҷаҳои хуби кор ва фаъолияти бисёрсолаи бефосила дар муассисаи таълимӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон.

65) Такмили низоми таъмини нафақапулӣ ба категорияҳои гуногуни кормандони педагогӣ, суғуртакунӣ, ташхиси ройгони тиббӣ ва иҷтимоии онҳо.

66) Ҳалли масъалаи аз даъват ба сафи кувваҳои ҳарбӣ боздоштани мутахассисони ҷавон ва омӯзгорон дар давоми фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонаҳои кӯдакон, мактаб-инернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сурати мавҷуд будани аккредитатсияи давлатӣ.

22. Амалӣ гардидани Консепсия ва натиҷаи он дар рушди кишвар

67) Амалӣ гардидани Конепсияи мазкур барои гузаштан ба низоми нав дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ замина фароҳам оварда, дар ҷумҳурӣ тарзи нави таълимро ҷорӣ менамояд ва барои наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ шароит ба вуҷуд меоварад.

68) Натиҷаи ин гузариш барои беҳтар шудани сифати таълим ёрӣ расонида, барои бештар маълумот гирифтани хонандагон имкон фароҳам меоварад ва ҷалби духтарону писаронро ба таҳсил таъмин намуда, доираи ҷаҳонбинӣ, дониш, маҳорату малака ва истеъдоди онҳоро барои дарёфти асосҳои илми муосир бештар мегардонад ва онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия менамояд ва ба дараҷаи инсони комил расонида, барои интихоби касб ва муайян кардани ояндаи худ раҳнамоӣ мекунад.