Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 564, аз 29.10.2015 № 618)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 32 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 6 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблаггузорӣ карда шавад .
4) Ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муқаррар карда шавад.
5) Маблағгузории Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад .
6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 126 "Дар бораи Агентии харида давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 228
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), бо дарназардошти чор воҳиди штатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Агентии мазкур дода мешавад, муқаррар карда шавад.
4) Ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муқаррар карда шавад.
5) Маблағгузории Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 №126 "Дар бораи Агентии харида давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 228
ш. Душанбе