Тартиби супоридани медали ягонаи ҷашнии "65 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" аз 30 марти солии 2010 № 178

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2010

№ 178 тасдиқ шудааст

Тартиби супоридани медали ягонаи ҷашнии "65 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945"

Медали ягонаи ҷашнии "65 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи медали ягонаи ҷашнии "65 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" аз 10 октябри соли 2008 бо мақсади ботантана ҷашн гирифтани 65 -солагии Ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи он дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таъсис дода шудааст.

Медали ҷашнии ягонаи "65 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945"-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нафақахӯрони дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва дигар шахсон мувофиқи салоҳдиди худ ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо месупоранд:

- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватании дорои се дараҷаи ордени "Шараф";

- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба сафирон ва консулҳои давлатҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иттифоқчии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ буданд;

- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд;

- сафирон ва консулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд ва шаҳрвандони давлатҳое, ки дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳм гузоштаанд;

- комиссарони ҳарбии маҳали истиқомат - ба шахсоне, ки аз Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти корҳои дохилии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти амнияти давлатии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

- командирони қисмҳои ҳарбӣ - ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати кирояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти (аз ҷумла, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "30" марта 2010 года № 178

Порядок вручения единой юбилейной медали "65 - лет Победы в Великой Отечественной войне 1941 -1945 годов"

Единая юбилейная медаль "65 - лет Победы в Великой Отечественной войне 1941 - 1945 годов" учреждена решением Совета глав государств Содружества Независимых Государств "О единой юбилейной медали "65лет Победы в Великой Отечественной войне 1941 - 1945 годов" от 10 октября 2008 года в целях ознаменование 65 -летие Победы Советского народа и его Вооруженных Сил в Великой Отечественной войне 1941 -1945 годов.

Вручение единой юбилейной медали "65 - лет Победы в Великой Отечественной войне 1941 - 1945 годов" осуществляется Президентом Республики Таджикистан - героям Советского Союза, героям Социалистического труда, ветеранам Великой Отечественной войны, пенсионерам за особые заслуги перед Республикой Таджикистан и другим лицам по своему усмотрению, а от имени Президента Республики Таджикистан следующими лицами:

- Премьер - министром Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, имеющим ордена "Славы" всех трех степеней;

- Министром обороны Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Министерства обороны Республики Таджикистан;

- Министром внутренних дел Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Министерства внутренних дел Республики Таджикистан;

- Министром иностранных дел Республики Таджикистан -послам и консулам государств-союзников СССР в Великой Отечественной войне;

- Министром юстиции Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Управления по исправительным делам Министерства юстиции Республики Таджикистан;

- Председателем Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан;

- Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- Командующим Национальной гвардией Республики Таджикистанветеранам Великой Отечественной войны, состоящим на учете Национальной гвардии Республики Таджикистан;

- председателями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны, проживающим на их территории;

- послами и консулами Республики Таджикистан - ветеранам Великой Отечественной войны - гражданам Республики Таджикистан, проживающим за рубежом и гражданам государств, которые внесли вклад в Победу в Великой Отечественной войне;

- военными комиссарами по месту жительства - лицам, выбывшим из Вооруженных Сил СССР и Республики Таджикистан, войск и органов внутренних дел СССР и Республики Таджикистан, войск и органов безопасности СССР и Республики Таджикистан;

- командирами воинских частей - военнослужащим, лицам вольнонаемного состава Вооруженных Сил Республики Таджикистан, войск и органов (включая лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел) Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.