Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 № 167 "Дар бораи тасдиқи Номгуйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Номгуйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012

Мутобиқи моддаи 17  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2010 № 167

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" марти соли 2010

№ 167 тасдиқ шудааст

Номгуйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012

1. Илмҳои физикию математикӣ, химиявӣ, геологӣ ва техникӣ

1) Математика.

2) Астрофизика: ҷисмҳои хурди Системаи офтобӣ, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо.

3) Физикаи ядроӣ.

4) Физикаи нурҳои кайҳонии дорои энергияи фавқулбаланд.

5) Физикаи ҳолатҳои конденсӣ.

6) Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

7) Масъалаҳои физикию техникии энергетикаи алтернативӣ.

8) Коркарди маҷмӯии ашёи хом ва партовҳои саноатӣ.

9) Металлҳо ва хӯлаҳои дорои хосиятҳои махсус.

10) Химияи пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли органикӣ ва калонмолекулавӣ. Коркарди истифодаи доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти синтези органикӣ.

11) Химияи пайвастҳои координатсионӣ.

12) Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия.

13) Канданиҳои фоиданок. Маъданҳосилшавӣ ва металлогения.

14) Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир.

15) Назария ва амалияи ба зилзила тобоварии биноҳо ва иншоот. Моделсозии ҷараёни сейсмикӣ.

16) Мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи маҷмӯии онҳо.

17) Омӯзиш ва мониторинги тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон,

2. Илмҳои биологӣ

18) Омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори гуногуншаклии биологӣ, генофонди растаниву ҳайвонот ва захираҳои биологӣ.

19) Коркарди асосҳои илмии инкишоф додани шабакаи минтақаҳои махсусҳифзшавандаи табиат.

20) Таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, системаҳои табиӣ ва агроэкологӣ.

21) Интродуксия ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо.

22) Мутобиқгардонии физиологиву биохимиявӣ ва механизмҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда ба таъсири шароити номусоиди муҳит (стрессҳо).

23) Таъсири маҷмӯи омилҳои экологӣ ба ҳаётгузаронии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ.

24) Фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо.

25) Асосҳои физиологию генетикии селексияи растаниҳои кишоварзӣ.

26) Такмили системаи интегратсионии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.

27) Биотехнологияи растаниҳо.

3. Илмҳои тиббӣ

28) Таҳия ва татбиқи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сироятии иҷтимоии хавфнок (зардпарвин, сил, домана, вараҷа, зуком, ВНМО/БНММ, хеликобактериозҳо ва ғайра).

29) Татбиқи технологияи муосир дар пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг, саратон ва бемориҳои узвҳои ҳозима.

30) Омӯзиш ва баҳодиҳии ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва эпидемиологии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31) Такмили системаи дастрасии кӯмаки фаврии акушерӣ ва перинатологӣ ба аҳолӣ. Татбиқи технологияи навини ҳифз ва беҳдошти солимии репродуктивӣ.

32) Омӯзиш ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Рушди таҳқиқот ва коркарди усулҳои трансплантатсияи узвҳо ва бофтаҳо.

33) Масъалаҳои солимии рӯҳии аҳолӣ.

34) Таҳия ва татбиқи технологияҳои нав барои беҳтар намудани ташхис, табобат ва барқароргардонии беморон дар соҳаи микроҷарроҳӣ, генетикаи тиббӣ.

35) Такмили системаи идораи соҳаи тандурустӣ.

36) Коркард ва истифодабарии доруҳои нав.

4. Илмҳои кишоварзӣ

37) Омӯзиши генофонди миллии растаниву ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди асосҳои илмии ҳифз ва истифодаи онҳо.

38) Селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва ба шароити гуногуни экологӣ устувор. Коркарди системаи муосири тухмипарварӣй.

39) Таҳқиқот доир ба рушди боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ.

40) Коркарди усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ.

41) Коркарди агротехнологияҳои наву пурсамари аз ҷиҳати экологӣ бехатар.

42) Коркарди асосҳои илмии аз ҷиҳати экологӣ асоснокшудаи баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, шӯршавии хок, баландшавии обҳои зеризаминӣ, корамкунӣ ва ҳосилхезии такрории замин.

43) Офаридани зот, ҷинс, кросс, гибридҳои нави ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ, парранда, занбӯри асал, кирмаки пилла ва такмили хосиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои парваришёбанда.

44) Такмил додани усулҳои биотехнологии афзунгардонӣ, технологияи парвариш ва хӯронидани ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ.

45) Коркарди усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои ҳайвоноти соҳаи кишоварзӣ. Ба вуҷуд овардани доруҳои нави пурсамари байторӣ.

46) Таҳқиқот доир ба механиконӣ ва иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ.

5. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ

47) Таърихи халқи тоҷик.

48) Таърихи Тоҷикистони мустақил ва таърихи этникии Осиёи Марказӣ.

49) Онтологияи фалсафӣ: гносеология ва мантиқ.

50) Масъалаҳои муосири антропологияи фалсафӣ.

51) Масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаи муосири тоҷик.

52) Масъалаҳои таърихи фалсафа ва дин.

53) Адабиёти тоҷику форс.

54) Адабиёти тоҷик дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

55) Забони тоҷикӣ ва фолклор.

56) Таҳқиқ ва нашри ёдгориҳои хаттии илму фарҳанги тоҷику форс.

57) Масъалаҳои модернизатсияи иқтисодиёти давраи гузариш дар Тоҷикистон.

58) Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

59) Механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

60) Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

61) Асосҳои назариявии ҳуқуқи муосир ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

62) Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рӯи фанҳои алоҳида).

63) Омӯзиши вазъи таҳсилот дар мактабҳои муосир ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим.

64) Коркард ва истифодаи технологияи нави таълиму тарбия.

65) Педагогикаи этникӣ ва муосир.