Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи нишонагузории ҳайвоноти хоҷагии кишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз соли 2010 сар карда, ба нишонагузорӣ ва шиносномадиҳии ҳатмии ҳамаи намуди мавҷудаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ шурӯъ намоянд.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои гузаронидани нишонагузорӣ ва шакли шиносномаи фардиро барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои дар лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 ва солҳои минбаъда ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои дастрас намудани тамға, шиносномаи фардӣ, варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 97
ш. Душанбе