Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 716, аз 30.04.2012 № 213, 30.12.2019 № 668, аз 26.09.2020 № 505, аз 27.03.2023 № 121, аз 28.02.2025 № 136)
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шакли бланкҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ: таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, барқарор намудани сабти асноди таваллуд, шакли бланкҳои дигар ҳуҷҷатҳое, ки факти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвавдиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (замимаҳои 1-71) тасдиқ карда шаванд.
2. Шакли бланкҳои ҳисоботии қатъии зерин мавриди истифода қарор дода шаванд:
- шаҳодатномаҳои таваллуд ва фарзандхондӣ -аз 1 январи соли 2011;
- шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва вафот - аз 1 феврали соли 2011;
- шаҳодатномаҳои бекор кардани ақди никоҳ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар - аз 1 марти соли 2011;
- шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ - аз 1 январи соли 2012 ().
3. хориҷ карда шуд (№ 136).
4. Аз 1 марти соли 2020 дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар баробари шакли дастнависшуда инчунин шаклҳои тариқи низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди чопшавандаи бланкҳои шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар тибқи талаботи пешбининамудаи замимаҳои 1-7 қарори мазкур ҷорӣ карда шаванд. Муқаррар карда шавад, ки аз тарафи бахшҳои ноҳия ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, инчунин сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйиру ислоҳот ва бекоркунии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо роҳи ба низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид намудан ва чоп кардан дар бланкҳои шаҳодатномаҳои ҳисоботи қатъӣ амалӣ карда мешавад .
...