Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 76 "Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқцисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар буҷети давлатӣ дар қисмати пардохти хароҷоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро барои татбиқи Барномаи давлатии мазкур пешбинӣ намоянд.

3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи, амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.

4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои амалӣ гардидани ин Барномаи давлатӣ дар қаламрави онҳо чораҳои зарурӣ андешанд;

- ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 сметаи хароҷоти маблағҳои Барномаи давлатии мазкурро сари вақт пешниҳод ва мувофиқан татбиқи онро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2010 № 76

ш. Душанбе