Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ фармон медиҳам:

1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) идораҳои зерини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад:

- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъйиноти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

б) дар мӯҳлати се моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд;

в) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд;

г) ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намояд.

4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар банди 3:

- аз сархати ҳафтум калимаҳои "ҳамчунин вазифаҳои собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархатҳои ҳаштум ва шонздаҳум хориҷ карда шаванд.

б) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 тасдиқ шудааст:

- дар банди 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз банди 4 сархати дуюм хориҷ карда шуда, ба он сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- дар банди 5 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз банди 5 сархати нӯҳум хориҷ карда шуда, ба он сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

"Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

"Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

 9 марти соли 2010 № 832