ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, № 11, мод. 539) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар номи матни русии қонун калимаҳои "воинской службе" ба калимаҳои "военной службе" иваз кард шаванд.
Дар қисми шашуми моддаи 1 баъд аз калимаҳои "қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
Ба қисми нӯҳуми моддаи 7 баъд аз калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" калимаҳои "муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" илова карда шаванд.
Дар қисми ҳаштуми моддаи 39 ва қисми чоруми моддаи 50 баъд аз калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" калимаҳои "муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
22 апрели соли 2003 № 16
ЗАКОН РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и воинской службе"
Статья 1
Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 ноября 2000 года "О всеобщей воинской обязанности и воинской службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г . № 11, ст 539) следующие дополнения:
в названии Закона в тексте на русском языке слова "воинской службе" заменить словами "военной службе";
часть шестую статьи 1 после слов "внутренних войсках Министерства внутренних дел Республики Таджикистан" дополнить словами "Конвойном полку Управления по исправительным делам Министерства юстиции Республики Таджикистан"
часть девятую статьи 7 после слов "органах внутренних дел" дополнить словами "учреждениях и органах системы исполнения уголовного наказания"
часть восьмую статьи 39 и часть четвертую статьи 50 после слов "органов внутренних дел" дополнить словами "учреждений и органов системы исполнения уголовного наказания"
Статья 2
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования
Президент
Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
г. Душанбе,
22 апреля 2003 года №16