Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 № 656 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 № 451 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад

Мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 137 ва қисми 6 моддаи 307 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, Номгӯи намудҳои гурӯҳбандишудаи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки аз рӯи онҳо андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана дар асоси Патент пардохта мешавад, инчунин андозаҳои пардохт барои Патент, Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохт барои Патентро танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, бояд суғуртаи иҷтимоӣ карда шуда, аз рӯи меъёри гурӯҳи 28 Номгӯи намудҳои гурӯҳбандишудаи фаъолияти соҳибкории инфиродии тибқи банди 1) ҳамин қарор тасдиқшаванда андози иҷтимоӣ супорад. Ҳамзамон андози иҷтимоӣ аз ҷониби чунин истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар мӯҳлати барои пардохти андози ягона муқаррарнамудаи моддаи 310 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки дар заминҳои лалмӣ фаъолият мекунанд бо андози иҷтимоӣ ба мӯҳлати 7 моҳ ба андозбандӣ ҷалб карда шаванд.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 № 273 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 декабри соли 2009 № 656

ш. Душанбе