Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи замимагардидаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011 тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нархномаи ягонаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустиро муайян ва тасдиқ намояд.
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал ва қоидаҳоро доир ба татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011 таҳия ва тасдиқ намояд.
4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода бо ҷалби Ҳамкорон оид ба рушд аз 1 феврали соли 2010 татбиқи Барномаи мазкурро мутаносибан дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак ва Турсунзода, ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, Шаҳринав, Варзоб ва аз 1 феврали соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмин намоянд.
5) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон аа Суғд, ноҳияҳои Рашт, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои умумии барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда таъмин намоянд.
6) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таъмин намояд;
- аз рафти амалисозии Барнома дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дар ҳар 6 моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 феврали соли 2010 № 52
ш. Душанбе