Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, Сратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақавӣ ва соҳавӣ бармеоянд, инчунин иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, мушкилоти таъминот бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, дар маҷмӯъ дар соли 2009 рушди бонизоми иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ пеш аз ҳама ба фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда бинобар кам гардидани талабот ва пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти онҳо, системаи молия ва бонкӣ дар тавозуни пардохт ва мутавозунии тиҷорати хориҷии мамлакат таъсири манфии худро расонид.
Бо ҳамин сабаб дар соли 2009 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2008 23,6 фоиз кам гардида, интиқоли маблағҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ 31,3 фоиз коҳиш ёфт. Дар давоми сол қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар сатҳи 26,5 фоиз паст рафт. Коҳишёбии ин нишондиҳандаҳо барои ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ ва устувории молиявии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонд.
Дар баробари мушкилиҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи нисбатан устувор таъмии карда шавад.
Дар соли 2009 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2008 3,4 фоиз афзоиш ёфта, 20622,8 млн. сомониро ташкил дод.
Рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (110,5 фоиз), гардиши савдои чакана (110,4 фоиз), инчунин аз ҳисоби афзоиши хизматрасонии нақлиёт оид ба боркашонӣ ва мусофиркашонӣ (мутаносибан 111,1 ва 1,03,3 фоиз) ба амал омадааст. Коҳишёбии суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта аз пастшавии нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷӣ (76,4 фоиз), саноат (93,7 фоиз) ва фаъолияти сармоягузорӣ (84,5 фоиз) вобаста аст.
Дар ин давра ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 99,7 фоиз иҷро гардида, ба он 5541,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 18,3 млн. сомонӣ кам мебошад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2009 танҳо ба андозаи 94,8 фоиз иҷро гардида, ба он 2728 млн. сомонӣ, ки аз нақша 150,7 млн. сомонӣ кам мебошад, ворид гардид. Дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, инчунин коҳиш ёфтани воридоти молу маҳсулот ба кишвар даромадҳои буҷети давлатӣ аз рӯи пардохтҳои гумрукӣ кам гардиданд.
Ба ин нигоҳ накарда дар давраи зикршуда хароҷоти пурраи соҳаҳои иҷтимоӣ пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ дар мадди аввал маблағгузорӣ карда шуда, пурра таъмин гардиданд.
Дар соли 2009 сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2008 2,4 маротиба паст мебошад. Ҳамзамон омилҳое низ буданд, ки ба болоравии сатҳи таваррум таъсири манфии худро расониданд, аз ҷумла баланд гардидани тарифҳои хизматрасонии пулакӣ (13,8 фоиз), афзоиши нархи маводи озуқа (2,3 фоиз) ва молҳои ғайри озуқа (6,7 фоиз).
Дар доираи Нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи кӯтоҳмӯҳлат бо мақсади дастгирии Буҷети давлатӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли 2009 370 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани равандҳои манфӣ ба сиёсати пулию қарзии кишвар, ба эътидол овардани ҳолати тавозуни пардохт ва танзими ҳаҷми пул дар муомилот дар асоси нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ бо сиёсати андозу буҷет такмил дода шуд.
Бо вуҷуди пешравиҳои бадастомадаи соли 2009 дар фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ камбудиҳо ба назар мерасанд, ки иҷрои саривақтӣ ва самаранокии барномаҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимою иқтисодии ҷумҳуриро мушкил мегардонанд.
Барои татбиқи босуръати ислоҳоти иқтисодӣ ҳанӯз монеаҳои маъмурӣ ба назар мерасанд. Имкониятҳои субъектҳои хоҷагидор барои таҷдиди истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, тавлиди маҳсулоти босифати рақобатпазир ва дар ин асос таъмин намудани даромаднокии онҳо ба таври пурра истифода намешаванд.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва суръатбахшии раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, инчунин таъмини рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста ба шакли моликият оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи соли 2009 иҷрои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, нишондиҳандаҳои барои соли 2010 пешбинишудаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлат ва дар ин замина беҳтар намудани дараҷаи сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ "Самтҳои асосии фаъолияти зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010"-ро таҳия намуда, то 1 марти соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо мақсади гузаронидани таҳлили иқтисодии таъсири андозҳои амалкунанда ба рушди бахши воқеии иқтисод ва фазои сармоягузории кишвар якҷоя бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъалаи мазкурро мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳад ва аз натиҷааш то 1 июли соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намояд;
- дар заминаи таҳлили фаъолияти сохторҳои кунунӣ оид ба такмили минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас ирсол намояд;
- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои тайёр намудани маҷмӯаҳои таҳлилӣ доир ба вазъи макроиқтисодӣ, таҳлили муфассали тамоилҳо ва таҳияи дурнамоҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, инчунин коркарду пешниҳоди пешбинии рушди ҷумҳурӣ ҷиҳати дар назди Вазорат таъсис додани Маркази таҳлилӣ дар нимсолаи аввали соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас ирсол намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тезонидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тадбирҳои зарурӣ андешад.
3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳоро дар самти рушди бозори молиявӣ ва тақвият бахшидани назорат бо роҳи таҳия ва баррасии санадҳо оид ба гардиши қоғазҳои қиматнок, ки метавонанд захираҳои дохилиро ба бозори молиявӣ ҷалб созанд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, то 1 июли соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас манзур намояд;
- бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, ба буҷет пурра ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба ташаккули бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешад;
- бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки захираҳои молиявии давлатӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 2010 баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии дақиқи тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ҳарчӣ зудтар ва дуруст ба роҳ монда шуда, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таъмин карда шавад. Дар баробари ин, масъалаҳои пурра ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон, манбаъҳои андозситонӣ, самаранокии андозбандӣ ва додани ҳар гуна имтиёзҳо оид ба андоз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шаванд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои пешниҳоди имтиёзҳоро ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҷиҳати паст кардани сатҳи имтиёзҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон таклифу пешниҳодот манзур намояд.
- бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудан ва татбиқ намудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ оид ба таъмини мубодилаи электронии маълумот байни сохторҳои молиявӣ, андозситонӣ, гумрукӣ ва бонкӣ чораҳои зарурӣ андешад.
4) Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:
- бо бонкҳои саҳомӣ оид ба масъалаи содда намудани тартиби қарздиҳӣ ва таъмини шаффофият дар раванди он ба соҳибкории хурду миёнаи бахши воқеии иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо шаклҳои нави хизматрасониро ба аҳолӣ ҷорӣ намояд;
- ҳамкории зичро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва амонатҳои шахсони воқеӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монад. Ҳамзамон бо мақсади таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
5) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани ихтирооти илмиву техникӣ ва технологияҳои муосир дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 хулосаҳои худро дар бораи таъсиси истеҳсолоти хурду миёнаи озмоишӣ дар назди муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда-2 ва нерӯгоҳҳои барқи обии хурд тадбирҳои амалӣ андешад;
- ҷиҳати сохта ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф, таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва як корхонаи истеҳсоли батареяҳои офтобӣ дар заминаи корхонаҳои саноатии мавҷудаи кишвар тадбирҳо андешад;
- таъмиру таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи нерӯгоҳҳои барқи обиро идома дода, доир ба ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда ва кам кардани талафоти он чораҳои қатъиро амалӣ созад;
- фаъолияти солонаи корхонаҳои соҳаи нафту газ ва ангиштро ҳаматарафа таҳлил карда, камбудиву норасоиҳои мавҷударо бартараф ва доир ба зиёд намудани истихроҷи сӯзишворӣ, инчунин суръатбахшии корҳо дар қонҳои ояндадори нафту гази мамлакат чораҷӯӣ намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи чорабиниҳои дастгирии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 2010 пешниҳод намояд.
6) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", Иттифоқи "Тоҷикматлубот2, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба рафъи монеаҳои мавҷуда дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми он чораҳои зарурӣ андешад ва ҳангоми зарурат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклифҳо манзур намояд;
- бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳо ва омилҳои коҳиш ёфтани ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта ва масъалаҳои вобаста ба пахтакориро ба таври дақиқ омӯхта, доир ба беҳтар гардонидани вазъи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешад;
- бо Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти зарурати ҳалли камбудиву мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2010 ҷиҳати истифодаи самараноки замин, таъмини супоришҳо доир ба кишти такрорӣ ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, инчунин барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истеҳсоли тухмии хушсифати зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои кишт чораҳои таъхирнопазир андешад;
- бо мақсади дастгирии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, зиёд намудани оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал дар ҷумҳурӣ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор "Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015"-ро таҳия намуда, то 1 октябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи Конвенсияи аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанй"-ро таҳия намуда, то 1 октябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
7) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудошуда чораҷӯӣ намояд;
- бо мақсади амалӣ сохтани азхудкунии заминҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар деҳот, барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ ва таъмини соҳаи кишоварзӣ бо об якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор "Барномаи рушди соҳаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020"-ро таҳия намуда, то 1 ноябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии эрозияи заминҳо дар соҳили дарёҳо ва заҳбурҳо чорабиниҳоро оид ба шинондани дарахтон ва бунёди ҷангалзорҳо амалӣ намояд.
8) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ ба раванди корҳои сохтмонии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) тақвият бахшида, ҷиҳати иҷрои корҳо оид ба модернизатсияи роҳи оҳан ва пайваст намудани қитьаҳои мавҷудаи ҷудогонаи Ҷануб ва Маркази ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- бо Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба таҷдиди сарисггоҳи роҳи оҳани Душанбе ва сохтмони истгоҳи Хонақо оғоз бахшад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати навсозии тамоми инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонии соҳа чораҷӯӣ намуда, монеаҳои сунъиро бартараф намояд;
- чораҷӯӣ намуда, монеаҳои сунъии ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани соҳаро бартараф намояд;
- назорати истифодаи роҳҳои мошингардро пурзӯр гардонида, доир ба танзими ҳаракати нақлиёти калонҳаҷми автомобилӣ дар роҳҳои кишвар ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин назорати сифати иҷрои корҳои сохтмони роҳҳо ва нигоҳдории ҳолати дурусти роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- ба корҳо оид ба рушди пешниҳоди хизматрасонии алоқаи барқӣ ва интернет дар заминаи технологияҳои замонавӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ суръат бахшад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо новобаста ба шакли моликият ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи амалии муқаррароти Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон" ва Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.
9) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи бозори меҳнат, таъмини шуғли аҳолӣ, танзим ва рушди меҳнати хонагӣ, мутобиқгардонии сифати захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат, ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва шумораи ҳарчӣ бештари ҷойҳои нави корӣ, татбиқи босамари "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011" тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот оид ба таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ кор мекунанд, манзур намояд;
- бо мақсади ташаккули системаи босамари таълими касбӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқию забонии бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи "Барномаи рушди таълими калонсолон дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015"-ро таҳия намуда, то 1 октябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пардохти саривақтии нафақа ва музди меҳнат чораҳои таъхирнопазир андешад ва дар соли 2010 таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин санадҳои марбут ба таҷдид ва такмили сохтори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаро ба анҷом расонида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омодагӣ барои аз 1 январи соли 2011 гузаштан ба низоми нави таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи он дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.
10) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи "Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012"-ро таҳия намуда, дар нимсолаи аввали соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин ва маблағгузорӣ барои бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд, Шӯрообод, Мӯъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Ҷиликӯл, Қубодиён, Носири Хусрав ва Хуросони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Рӯдакӣ, Тавилдара ва Тоҷикобод тадбирҳои зарурӣ андешида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намояд;
- бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии муносибатҳои иттиҳодияҳои динӣ, таҳаммулгароии динӣ ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа тадбирҳо андешанд.
11) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва илмӣ дар соли 2010Соли маориф ва фарҳанги техникӣ рушди устувори илму маорифро дар мамлакат мутобиқи талаботи замон таъмин намояд.
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ гаштани "Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015" тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои пайваст намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи интернет, ташкил ва намоиш додани дарсҳо аз фанҳои дақиқ тавассути телевизион, таъсиси марказҳои инноватсионию технологӣ, аз ҷумла маркази биотехнологӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба таври таҷрибавӣ ба роҳ мондани маблағгузории ҳарнафарӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии таъсиси паркҳои техникӣ ҳамчун марказҳои ихтироот, навоварӣ ва макони татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи марказҳои илмию инноватсионӣ"-ро таҳия намуда, то 1 ноябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
12) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхису табобати беморон чораҳои мушаххасро амалӣ намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади рушди тибби оилавӣ лоиҳаи "Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"-ро таҳия намуда, дар семоҳаи дуюми соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- ҷиҳати таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи дорувории истеҳсоли худӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷию ватанӣ коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ, аз ҷумла аз гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ монад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос чораҳои зарурӣ андешад.
13) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба масоили зерин таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:
- ҷиҳати ба тобеияти мақомоти адлия гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин барқарор намудани зарари моддии аз онҳо расонидашуда.
14) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои кишварҳо ва шарикони тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба манфиатҳои транзитии кишварро ҳимоя ва ҳал намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, мусоидат ба ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, густариши ҳамкориҳо дар самти гузариш аз кӯмак ба ҳамкориҳои иқтисодӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
15) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи "Стратегияи рушди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2015"-ро таҳия намуда, то 1 октябри соли 2010 барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо субъектҳои хоҷагидори дорои иҷозатнома ҷиҳати дар асоси шартнома бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешад.
16) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурри Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҷалби мақсаднок, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва истифодаи самараноки кӯмаки беруна лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги истифодаи кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия намуда, то 1 июли соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 тартиби нави баргузории озмунҳоро оид ба интихоби пудратчӣ, хариди мол ва хизматрасонии бо дарназардошти риояи принсипи шаффофияти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ намояд;
- бо мақсади суръатбахшии ҷараёни хусусигардонӣ ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" лоиҳаи "Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд"-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, дар нимсолаи аввали соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- ҷиҳати ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намудан, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тартиби ҷудо намудани бахшҳо ва воҳидҳои сохтории корхонаҳои давлатӣ бо мақсади фурӯши минбаъдаи онҳо ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ" ва "Дар бораи Тартиби ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил додани корхонаҳои давлатӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида, то 1 июни соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷиҳати таҳияи механизми паст кардани хавфи додани қарзҳо ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна таклифҳои мушаххас омода намуда, дар нимсолаи аввали соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
17) Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, хусусан сатҳи таваррум ва авдешидани чораҳои зарурӣ нисбати болоравии сатҳи он аз рӯи номгӯи молҳои асосии истеъмолӣ ва хизматрасонӣ таҳияи маълумоти ҳармоҳаи омориро то 1 апрели соли 2010 ҷорӣ намояд;
- бо мақсади беҳтар намудани шаффофияти ҷамъоварию таҳлилӣ иттилооти оморӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои омори байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- барои пурра ба ҳисоб гирифтан ва мутамадии иттилооти оморӣ дар соли 2010 аз тариқи таҳқиқоти хонаводаҳо, ҷамъбасти таҳқиқоти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2009 гузаронида шудааст, таҳлили муқоисавиро нисбат ба сатҳи камбизоатӣ анҷом дода, то 1 июли соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
18) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади ба буҷет пурра ворид намудани бақияпулиҳои андоз механизми нави маҷбуран ситонидани қарзи андози аз ҷониби андозсупорандагон эътирофшударо татбиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи самаранокии меъёр ва тартиби андозбандӣ барои молистеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзиро бо дарназардошти сифат ва мавқеи ҷойгиршавии замин баррасӣ намуда, то 1 декабри соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мувофиқашударо пешниҳод намояд.
19) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани "Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014" тадбирҳои зарурӣ андешад.
20) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав, шаҳри Турсунзода ҷиҳати ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз офатҳои табиӣ то оғози мавсими соли 2010 корҳои зидди жоларо ташкил намояд.
21) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон "Барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013"-ро таҳия намуда, то 1 ноябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
22) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва кино" таҳия ва то моҳи майи соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- то ҷашни 20-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии пурраи қаламрави кишварро бо мавҷҳои телевизион ва радиои марказӣ таъмин намояд;
- лоиҳаи Барномаи рушди кино барои солҳои 2011-2015-ро таҳия ва то моҳи августи соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
23) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- татбиқ намудани Ҳуҷҷати ягонаи маъмуриро, ки ба меъёрҳои муосири байналмиллалӣ асос ёфтааст, таъмин намояд;
- ҷиҳати таъсиси "Системаи ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотӣ" чораҳои амалӣ андешида, онро ба анҷом расонад.
24) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои чорабиниҳои "Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012"-ро таъмин намояд.
25) Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин бо мақсади рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти хоҷагии деҳқонии калонҳаҷм тадбирҳои таъхирнопазир андешад;
- ҷиҳати мукаммал намудани Системаи кадастри замин, пурра татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдигирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" чораҳо андешад.
26) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва стандартҳои байналмилалӣ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартикунонӣ"- ро дар таҳрири нав таҳия намуда, мутобиқан то - 1 август ва 1 сентябри соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ ҷиҳати таҳия ва қабули стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфаҷӯии энергия тадбирҳои дахлдорро амалӣ намояд.
27) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати корҳои лоиҳакаширо беҳтар намуда, лоиҳаҳои хонаҳои истиқоматиро бо ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташ васеъ, ки ҷавобгӯи талаботи миллӣ бошанд, таҳия намуда, дар онҳо истифодаи фурӯзонакҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқиро ба инобат гирифта, инчунин татбиқи амалии онҳоро назорат намояд.
28) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор:
- лоиҳаи Барномаи инноватсионии тараққиёти Тоҷикистон ва рақобатпазир гардонидани кишварро таҳия карда, дар нимсолаи дуюми соли 2010 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 то 1 ноябри соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ирсол намояд.
29) Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ барои соли 2010 ҷиҳати иҷрои "Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020" корҳоро ба анҷом расонад.
30) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқи салоҳиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими интизоми молиявӣ ва иҷроия, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро таъмин намуда, барои ҳалли саривақтии масъалаҳо марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир кунанд ва ҷиҳати риояи қоидаҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ ва ободонии маҳалҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
31) Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати таъмини соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ бо кадрҳои ихтисосманд, касбӣ, ташаббускор, дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, тақвият додани нақшу вазифаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор, фароҳам овардани шароити мусоид барои кор ва пешравии касбии кормандон тадбирҳои мушаххас андешанд.
32) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҳамаҷониба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" тадбирҳои мушаххас андешанд.
33) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ва судҳо доир ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирӣ намудан ва тақвияти мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, пеш аз ҳама терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва хариду фурӯши одамон, таъмини риояи қатъии қонуният, такмили маҳорати касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва ҳамеша ба зиракии сиёсиву касбӣ даъват намудани онҳо тадбирҳои муфид ва доимӣ андешанд.
34) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз рафти иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 феврали соли 2010 № 33
ш. Душанбе