Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масьалаҳои обу энергетика
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2015 № 16)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади муайян кардан ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика таъсис дода шавад.
2) Ҳайат ва Низомномаи замимагардидаи Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2009 № 660
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" декабри соли 2009 № 660
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика
1. Муқаррароти умумӣ
1) Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика (минбаъд Шӯро) бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо барои татбиқи сиёсати давлатаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика таъсис дода шудааст.
2) Шӯро мақоми машваратӣ дошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
2. Мақсад ва самтҳои асосии фаъолият
3) Фаъолияти Шӯро бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика, таъмини истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи мардуми ҷумҳурӣ ва рушди устувори иқтисодиёти он амалӣ карда мешавад.
4) Шӯро дар доираи фаъолияти худ оид ба масъалаҳои зерин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоду тавсияҳо манзур менамояд:
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика;
- истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обию энергетикӣ;
- муайян сохтани самтҳои стратегии сиёсати обию энергетикии кишвар ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он;
- муайян сохтани самтҳои афзалиятноки пешбурди корҳои илмӣ, илмию тадқиқотӣ ва омӯзишӣ оид ба идора, истифода ва ҳифзи захираҳои обию энергетикӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки муносибатҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ бо давлатҳои хориҷӣ;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика.
5) Шӯро оид ба маводҳо ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегӣ, лоиҳаи созишнома ва дигар маводҳои муайянкунандаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ оид ба идора, истифода ва ҳифзи захираҳои обию энергетикӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои дахлдор пешниҳод менамояд.
6) Шӯро дигар фаъолиятро тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
3. Ташкили фаъолият
7) Ҳайат ва Низомномаи Шӯро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
8) Ҷаласаҳои Шӯро дар се моҳ як маротиба баргузор карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ Раиси Шӯро ё муовини ӯ метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро даъват намояд.
9) Шӯро дар ҳолати иштироки аз нисф зиёди аъзои он ҷаласаҳои худро барпо мекунад.
10) Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо Шӯро бо аксарияти овози аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қарорҳои дахлдор қабул мекунад.
11) Қарорҳои Шӯро ба протокол дохил карда шуда, аз ҷониби Раис ва Котиби Шӯро имзо мешаванд.
12) Шӯро бо мақсади амалӣ сохтани фаъолияти худ метавонад олимону мутахассисон ва коршиносонро, аз ҷумла аз хориҷи ҷумҳурӣ ҷалб намояд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" декабри соли 2009 № 660
тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯро;
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Шӯро (сарпарасти соҳа);
Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби Шӯро.
Аъзои Шӯро:
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ";
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";
Сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.