Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 706 "Дар бораи муқаррар намудани квота барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани квота барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, квотаи ҳарсола ба андозаи 20 ҷой муқаррар карда шавад.

2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи квотаи муқарраргардида барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, ҳар сол, то 1 март, номгӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва ихтисосҳое, ки омӯзонида мешаванд, муайян намоянд.

3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи квотаи муқарраргардида Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, таҳия намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2009 № 706

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани квота барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, квотаи ҳарсола ба андозаи 20 ҷой муқаррар карда шавад.

2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи квотаи муқарраргардида барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, ҳар сол, то 1 март, номгӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва ихтисосҳое, ки омӯзонида мешаванд, муайян намоянд.

3) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи квотаи муқарраргардида Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, таҳия намояд.