Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 № 657

Санаи амалкуни: 07.10.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" декабри соли 2009 № 657

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) дар асоси моддаи 4(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои гузаронидани санҷиши тахассусии шахси дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамчун коромӯз фаъолиятнамударо танзим менамояд.

2) Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) дар назди Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3) Мақсад аз гузаронидани санҷиши тахассусӣ баланд бардоштан ва мукаммал сохтани сатҳи дониши ҳуқуқию касбӣ, муносибат ба риояи тартиботи ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси баланди масъулияти шахсӣ дар вақти муносибат бо ҳуҷҷатҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва натиҷагирии объективона оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

4) Вазифаҳои Комиссия:

а) муайян намудани омодагии ҳамаҷонибаи коромӯз барои ишғоли вазифа;

б) санҷиши сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ;

в) пешниҳод барои интихоби кадри баландихтисос дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

г) баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ;

д) таъмини болоравии касбии кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) пешбинӣ намудани чораҳо оид ба такмили ихтисоси минбаъдаи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

5) Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссия:

а) ошкоро гузаронидани санҷиши тахассусӣ;

б) эхтироми тарафайн (имтиҳонсупоранда ва аъзои комиссия) ҳангоми гузаронидани санҷиши тахассусӣ;

в) баҳодиҳии объективонаи коромӯз.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи тахассусӣ

6) Комиссияи тахассусӣ дар ҳайати на камтар аз ҳафт нафар таъсис дода шуда, доимоамалкунанда мебошад. Комиссияро муовини Вазири Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Комиссия намояндагони Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони таҷрибадори шӯъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки собиқаи кориашон дар соҳаи мазкур на камтар аз се солро ташкил медиҳад, дохил карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

Котиби Комиссия аз ҳисоби корманди Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Комиссия шомил аст, бо роҳи овоздиҳии ошкоро интихоб карда мешавад.

7) Комиссияро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

Ваколати Комиссия аз лаҳзаи таъсис ва тасдиқи ҳайати он ҳисоб карда мешавад.

8) Агар дар ҷаласаи Комиссия на камтар аз нисфи аъзои он иштирок дошта бошад, ҷаласаи Комиссия ваколатдор ҳисобида мешавад

9) Рӯзи баргузории ҷаласаи Комиссия тибқи муқаррароти банди 13 Низомномаи мазкур аз ҷониби раиси он муайян карда мешавад.

10) Аъзоёни Комиссия барои иштирок дар кори ҷаласа даъват карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби котиби Комиссия ба мақоме, ки дар он аъзои Комиссия фаъолият менамояд, ду рӯз пеш аз баргузории ҷаласа фиристода мешавад.

11) Комиссия дар вақти амалӣ намудани фаъолияти худ набояд барои пайдо шудани ихтилофи манфиатҳо, ки ба қарори вай таъсир расонида метавонад, шароит фароҳам биёрад. Аъзои Комиссия дар вақти баҳогузории фаъолияти коромӯз ба додани хулоса ва тавсия мустақил мебошанд.

12) Роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти Комиссияро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусӣ

13) Санҷиши тахассусии коромӯз дар давоми ду ҳафтаи ба охир расидани мӯҳлати коромӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатҳои коромӯз (ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, дафтарчаи меҳнатӣ, диплом, шартномаи меҳнатӣ оид ба гузаштани мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзӣ бо нусхаҳо) бо тавсифномаи роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар он коромӯз дар мӯҳлати муқарраршуда фаъолият намудааст дар ҳафтаи охири мӯҳлати коромӯзӣ ба Комиссия пешниҳод мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

Котиби Комиссия мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамударо бо номгӯи ҳуҷҷатҳо санҷида, аризаро дар дафтари воридот ба қайд мегирад. Нусхаҳои тасдиқнамудаи котиби Комиссия дар делои шахсии коромӯз гузошта шуда, ҳуҷҷатҳои аслӣ дар рӯзи пешниҳод шуданашон баргардонида мешаванд. Пас аз ворид шудани ариза дар муддати на дертар аз 10 рӯз то барпо шудани имтиҳон ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ гузаронида шуда, дар он ҳуҷҷатҳои шахсони хоҳиши супоридани санҷиши тахассусидошта баррасӣ мегарданд.

Ҳангоми ба талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, коромӯз ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода мешавад, ки ба ӯ на дертар аз се рӯзи кории баъди анҷоми ҷаласа дар ин хусус хабар дода мешавад.

Дар ҳолати рад шудани аризаи коромӯз барои супоридани санҷиши тахассусӣ бо хоҳиши ӯ нусха аз протоколи ҷаласаи Комиссия бо назардошти сабабҳои рад шуданаш дода мешавад ва коромӯз метавонад ба суд шикоят намояд.

Дар ҳолати аз ҷониби суд қабул шудани қарор оид ба роҳ дода шудани коромӯз ба санҷиши тахассусӣ ӯ ба имтиҳони наздиктарин роҳ дода мешавад.

Ба Комиссияи тахассусӣ шаҳрвандоне, ки мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзиро мустақилона дар ин ё он мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштаанд, таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд, аз роҳбари мақоме, ки дар он фаъолияти коромӯзиро адо намуданд, тавсифнома доранд, метавонанд барои иштирок дар имтиҳони тахассусӣ ариза пешниҳод намоянд.

14) Санҷиши тахассусии шахси ба вазифаи корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия таъиншаванда, ки мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзиро ба охир расонидааст, бо қарори Комиссия баргузор мегардад. Дар қарор бояд замон, макон ва тартиби гузаронидани санҷиши тахассусӣ нишон дода шуда, дар ин хусус шахси коромӯз ба таври хаттӣ дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи ба Комиссия ворид шудани ҳуҷҷатҳо хабардор карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

15) Ҷадвали баргузории санҷиши тахассусӣ аз ҷониби раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.

16) Ҳуҷҷатҳои коромӯз тибқи талаботи банди 13 Низомномаи мазкур ба Комиссия пешниҳод мегардад.

17)  Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

4. Баргузории санҷиши тахассусӣ

18) Санҷиши тахассусии коромӯз дар рӯзи пешбининамудаи ҷадвали баргузории санҷиш дар соатҳои корӣ доир мегардад.

19) Коромӯзе, ки бо сабабҳои узрнок (беморӣ, вазъи оилавӣ ва ғайра) дар санҷиш иштирок карда наметавонад, ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯз такроран аз санҷиш гузарад.

20) Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба санҷиш ҳозир нашудани коромӯз, он аз санҷиши тахассусӣ нагузашта ба ҳисоб меравад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

21) Аз ҷониби Комиссия дараҷаи саводнокӣ, муносибат бо технологияи компютерӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, санъати суханварӣ ва хушхаттии (пур кардани бланкаҳои ариза, сабти аснод, хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) коромӯзи имтиҳонсупоранда амалан санҷида мешавад.

Билетҳои имтиҳонӣ, шакли варақаву хабарнома, протокол оид ба натиҷаи баҳои коромӯз ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро раиси Комиссия тасдиқ мекунад.

Коромӯз баъди гирифтани қарори Комиссия оид ба супоридани имтиҳон, ба мӯҳтавои саволу супоришҳо шинос карда мешавад.

22) Раис ва ҳар як аъзои Комиссия ҳуқуқ доранд ба коромӯз то ду саволи иловагӣ диҳанд, дар асоси ҷавобҳо ба саволҳои худ ва дигар аъзои Комиссия баҳогузорӣ намоянд. Саволу ҷавобҳои шахси коромӯз аз тарафи котиби Комиссия дар варақаи имтиҳонӣ қайд карда мешавад.

23) Ҷавобҳои коромӯз аз ҷониби ҳайати Комиссия аз рӯи ҳар як савол мувофиқи низоми 10 бал баҳо дода мешавад.

Ҳар як узви Комиссия варақаи санҷиширо пур мекунад, ки дар он сана ва ҷои гузаронидани имтиҳон, насаб, ном ва номи падари узви Комиссия, насаб, ном ва номи падари ҳар як имтиҳонсупоранда, рақами билети имтиҳонии онҳо ва баҳо барои ҷавоби ҳар як савол қайд карда мешавад. Варақаи имтиҳонӣ аз ҷониби узви Комиссия имзо карда шуда, ба протокол ҳамроҳ карда мешавад.

Агар коромӯз барои ҷавоби ҳар як савол на камтар аз ҳафт балли ҷамъбастӣ гирифта бошад, он гоҳ аз санҷиши Комиссияи тахассусӣ гузашта ҳисобида мешавад.

24) Арзёбии санҷиши тахассусии коромӯз, хулоса ва тавсияҳои Комиссия бо роҳи овоздиҳии ошкоро анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

25) Қарори Комиссия бо овоздиҳии аксари аъзои он қабул карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо натиҷаи санҷиш ба фоидаи коромӯз ҳал карда мешавад.

26) Аз натиҷаи санҷиш коромӯз дар рӯзи баргузории санҷиш огоҳ карда мешавад.

27) Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

28) Рафти санҷиши тахассусии коромӯз аз тарафи котиби Комиссия дар протокол сабт карда шуда, бо имзои раис, котиб ва аъзои Комиссия тасдиқ карда мешавад.

29) Дар протокол замон, макон, ҳайати Комиссия, дигар шахсони дар санҷиш иштирокнамуда, насаб, ном ва номи падар ва мансаби имтиҳонсупоранда, баҳои умумии миёна, хулоса ва тавсияи Комиссия нишон дода мешавад.

30) Шахсоне, ки аз санҷиши тахассуси нагузаштаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи тахуссусӣ аз мансаби ишғолкардаашон озод карда мешаванд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

31) Коромӯзи имтиҳонсупоранда ҳуқуқ дорад ба қарори кабулнамудаи Комиссия дар давоми 3 рӯз ба роҳбари мақомоти болоӣ ва ё суд муроҷиат намояд.

32) Баҳсҳои вобаста ба натиҷаҳои баргузории санҷиши тахассусӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти болоӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.

33) Комиссия фаъолияташро дар охири ҳар як сол ҷамъбаст карда, дар он натиҷаҳои санҷиши тахассусиро таҳлил менамояд ва ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505).

 34) Делоҳои шахсии имтиҳонсупорандагон ва протоколи маҷлиси ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ бо маводи дахлдор дар Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 75 сол маҳфуз гузошта шуда, баъди гузаштани ин мӯҳлат бо тартиби муқарраршуда аз эътибор соқит карда мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумхурии Тоҷикистон

аз "2" декабри соли 2009 № 657

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) дар асоси моддаи 4(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои гузаронидани санҷиши тахассусии шахси дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамчун коромӯз фаъолиятнамударо танзим менамояд.

2) Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) дар назди Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3) Мақсад аз гузаронидани санҷиши тахассусӣ баланд бардоштан ва мукаммал сохтани сатҳи дониши ҳуқуқию касбӣ, муносибат ба риояи тартиботи ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси баланди масъулияти шахсӣ дар вақти муносибат бо ҳуҷҷатҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва натиҷагирии объективона оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

4) Вазифаҳои Комиссия:

а) муайян намудани омодагии ҳамаҷонибаи коромӯз барои ишғоли вазифа;

б) санҷиши сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ;

в) пешниҳод барои интихоби кадри баландихтисос дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

г) баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ;

д) таъмини болоравии касбии кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) пешбинӣ намудани чораҳо оид ба такмили ихтисоси минбаъдаи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

5) Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссия:

а) ошкоро гузаронидани санҷиши тахассусӣ;

б) эхтироми тарафайн (имтиҳонсупоранда ва аъзои комиссия) ҳангоми гузаронидани санҷиши тахассусӣ;

в) баҳодиҳии объективонаи коромӯз.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи тахассусӣ

6) Комиссияи тахассусӣ дар ҳайати на камтар аз ҳафт нафар таъсис дода шуда, доимоамалкунанда мебошад. Комиссияро сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Комиссия намояндагони Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони таҷрибадори шӯъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки собиқаи кориашон дар соҳаи мазкур на камтар аз се солро ташкил медиҳад, дохил карда мешаванд. Дар кори Комиссия намояндаи ваколатдоршудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад.

Котиби Комиссия аз ҳисоби корманди Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Комиссия шомил аст, бо роҳи овоздиҳии ошкоро интихоб карда мешавад.

7) Комиссияро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

Ваколати Комиссия аз лаҳзаи таъсис ва тасдиқи ҳайати он ҳисоб карда мешавад.

8) Агар дар ҷаласаи Комиссия на камтар аз нисфи аъзои он иштирок дошта бошад, ҷаласаи Комиссия ваколатдор ҳисобида мешавад

9) Рӯзи баргузории ҷаласаи Комиссия тибқи муқаррароти банди 13 Низомномаи мазкур аз ҷониби раиси он муайян карда мешавад.

10) Аъзоёни Комиссия барои иштирок дар кори ҷаласа даъват карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби котиби Комиссия ба мақоме, ки дар он аъзои Комиссия фаъолият менамояд, ду рӯз пеш аз баргузории ҷаласа фиристода мешавад.

11) Комиссия дар вақти амалӣ намудани фаъолияти худ набояд барои пайдо шудани ихтилофи манфиатҳо, ки ба қарори вай таъсир расонида метавонад, шароит фароҳам биёрад. Аъзои Комиссия дар вақти баҳогузории фаъолияти коромӯз ба додани хулоса ва тавсия мустақил мебошанд.

12) Роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти Комиссияро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусӣ

13) Санҷиши тахассусии коромӯз дар давоми ду ҳафтаи ба охир расидани мӯҳлати коромӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатҳои коромӯз (ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, дафтарчаи меҳнатӣ, диплом, шартномаи меҳнатӣ оид ба гузаштани мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзӣ бо нусхаҳо) бо тавсифномаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳафтаи охири мӯҳлати коромӯзӣ ба Комиссия пешниҳод мегардад.

Котиби Комиссия мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамударо бо номгӯи ҳуҷҷатҳо санҷида, аризаро дар дафтари воридот ба қайд мегирад. Нусхаҳои тасдиқнамудаи котиби Комиссия дар делои шахсии коромӯз гузошта шуда, ҳуҷҷатҳои аслӣ дар рӯзи пешниҳод шуданашон баргардонида мешаванд. Пас аз ворид шудани ариза дар муддати на дертар аз 10 рӯз то барпо шудани имтиҳон ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ гузаронида шуда, дар он ҳуҷҷатҳои шахсони хоҳиши супоридани санҷиши тахассусидошта баррасӣ мегарданд.

Ҳангоми ба талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, коромӯз ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода мешавад, ки ба ӯ на дертар аз се рӯзи кории баъди анҷоми ҷаласа дар ин хусус хабар дода мешавад.

Дар ҳолати рад шудани аризаи коромӯз барои супоридани санҷиши тахассусӣ бо хоҳиши ӯ нусха аз протоколи ҷаласаи Комиссия бо назардошти сабабҳои рад шуданаш дода мешавад ва коромӯз метавонад ба суд шикоят намояд.

Дар ҳолати аз ҷониби суд қабул шудани қарор оид ба роҳ дода шудани коромӯз ба санҷиши тахассусӣ ӯ ба имтиҳони наздиктарин роҳ дода мешавад.

Ба Комиссияи тахассусӣ шаҳрвандоне, ки мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзиро мустақилона дар ин ё он мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштаанд, таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд, аз роҳбари мақоме, ки дар он фаъолияти коромӯзиро адо намуданд, тавсифнома доранд, метавонанд барои иштирок дар имтиҳони тахассусӣ ариза пешниҳод намоянд.

14) Санҷиши тахассусии шахси ба вазифаи корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншаванда, ки мӯҳлати шашмоҳаи коромӯзиро ба охир расонидааст, бо қарори Комиссия баргузор мегардад. Дар қарор бояд замон, макон ва тартиби гузаронидани санҷиши тахассусӣ нишон дода шуда, дар ин хусус шахси коромӯз ба таври хаттӣ дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи ба Комиссия ворид шудани ҳуҷҷатҳо хабардор карда мешавад.

15) Ҷадвали баргузории санҷиши тахассусӣ аз ҷониби раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.

16) Ҳуҷҷатҳои коромӯз тибқи талаботи банди 13 Низомномаи мазкур ба Комиссия пешниҳод мегардад.

17) Роҳбари бевоситаи соҳа, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро назорат мекунад, ҳуқуқ дорад ҳангоми аз санҷиши тахассусӣ гузаштани коромӯз иштирок намуда, пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро шарҳ диҳад.

4. Баргузории санҷиши тахассусӣ

18) Санҷиши тахассусии коромӯз дар рӯзи пешбининамудаи ҷадвали баргузории санҷиш дар соатҳои корӣ доир мегардад.

19) Коромӯзе, ки бо сабабҳои узрнок (беморӣ, вазъи оилавӣ ва ғайра) дар санҷиш иштирок карда наметавонад, ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯз такроран аз санҷиш гузарад.

20) Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба санҷиш ҳозир нашудани коромӯз Комиссия ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабарнома ирсол менамояд.

21) Аз ҷониби Комиссия дараҷаи саводнокӣ, муносибат бо технологияи компютерӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, санъати суханварӣ ва хушхаттии (пур кардани бланкаҳои ариза, сабти аснод, хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) коромӯзи имтиҳонсупоранда амалан санҷида мешавад.

Билетҳои имтиҳонӣ, шакли варақаву хабарнома, протокол оид ба натиҷаи баҳои коромӯз ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро раиси Комиссия тасдиқ мекунад.

Коромӯз баъди гирифтани қарори Комиссия оид ба супоридани имтиҳон, ба мӯҳтавои саволу супоришҳо шинос карда мешавад.

22) Раис ва ҳар як аъзои Комиссия ҳуқуқ доранд ба коромӯз то ду саволи иловагӣ диҳанд, дар асоси ҷавобҳо ба саволҳои худ ва дигар аъзои Комиссия баҳогузорӣ намоянд. Саволу ҷавобҳои шахси коромӯз аз тарафи котиби Комиссия дар варақаи имтиҳонӣ қайд карда мешавад.

23) Ҷавобҳои коромӯз аз ҷониби ҳайати Комиссия аз рӯи ҳар як савол мувофиқи низоми 10 бал баҳо дода мешавад.

Ҳар як узви Комиссия варақаи санҷиширо пур мекунад, ки дар он сана ва ҷои гузаронидани имтиҳон, насаб, ном ва номи падари узви Комиссия, насаб, ном ва номи падари ҳар як имтиҳонсупоранда, рақами билети имтиҳонии онҳо ва баҳо барои ҷавоби ҳар як савол қайд карда мешавад. Варақаи имтиҳонӣ аз ҷониби узви Комиссия имзо карда шуда, ба протокол ҳамроҳ карда мешавад.

Агар коромӯз барои ҷавоби ҳар як савол на камтар аз ҳафт балли ҷамъбастӣ гирифта бошад, он гоҳ аз санҷиши Комиссияи тахассусӣ гузашта ҳисобида мешавад.

24) Арзёбии санҷиши тахассусии коромӯз, хулоса ва тавсияҳои Комиссия бо роҳи овоздиҳии ошкоро бо иштироки роҳбари ӯ, ки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, анҷом дода мешавад.

25) Қарори Комиссия бо овоздиҳии аксари аъзои он қабул карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо натиҷаи санҷиш ба фоидаи коромӯз ҳал карда мешавад.

26) Аз натиҷаи санҷиш коромӯз дар рӯзи баргузории санҷиш огоҳ карда мешавад.

27) Протоколи натиҷагирии санҷиши тахассусӣ дар давоми 3 рӯзи баъди гузаронидани санҷиш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фиристода мешавад. Иҷрои тавсияи Комиссия ҳатмист.

28) Рафти санҷиши тахассусии коромӯз аз тарафи котиби Комиссия дар протокол сабт карда шуда, бо имзои раис, котиб ва аъзои Комиссия тасдиқ карда мешавад.

29) Дар протокол замон, макон, ҳайати Комиссия, дигар шахсони дар санҷиш иштирокнамуда, насаб, ном ва номи падар ва мансаби имтиҳонсупоранда, баҳои умумии миёна, хулоса ва тавсияи Комиссия нишон дода мешавад.

30) Шахсоне, ки аз санҷиши тахассуси нагузаштаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи тахуссусӣ аз мансаби ишғолкардаашон озод карда мешаванд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

31) Коромӯзи имтиҳонсупоранда ҳуқуқ дорад ба қарори кабулнамудаи Комиссия дар давоми 3 рӯз ба роҳбари мақомоти болоӣ ва ё суд муроҷиат намояд.

32) Баҳсҳои вобаста ба натиҷаҳои баргузории санҷиши тахассусӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти болоӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.

33) Комиссия фаъолияташро дар охири ҳар як сол ҷамъбаст менамояд, ки дар он натиҷаҳои санҷиши тахассусӣ таҳлил гашта, қарори дахлдор қабул карда мешавад. Қарори қабулшуда бо нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани кор бо кадрҳои ба соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қабулшаванда ва ё фаъолиятдошта ба мақомоти дахлдор фиристода мешавад.