Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 № 667 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 № 707"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 № 707

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 №707 "Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2) Ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар мақомоту идораҳои дахлдор барои саривақт иҷро намудани Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар доираи маблағҳои тасдиқгардидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 чораҳои амалӣ андешида, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани онро таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 декабри соли 2009 № 667

ш. Душанбе