Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз 27 декабри соли 1997, № 565

Санаи амалкуни: 01.01.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо  қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 1997 № 565

 тасдиқ шудааст

Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 №179, аз 14.01.2010 № 6)

1. Воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо бояд дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё 5 шабонарӯзи баъди харида шудани онҳо ё ба расмият дароварда шудани онҳо дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шаванд.

2. Дар ҷойҳои махсус пешбинишудаи воситаҳои нақлиёти механикӣ (ба ғайр аа трамвайҳо ва тролейбусҳо) ва ядакҳо бояд аломатҳои бақайдгирии намунаи муқарраршуда насб шуда бошанд, дар автомобилҳо, ба ғайр аз ин, дар қисми поёнии кунҷи рости шишаи пешрӯй талони муоинаи давлатии техникӣ ва дар холатҳои муқарраршуда варақаи литсензионӣ насб карда мешавад.

Рақамҳо ва ҳарфҳои аломатҳои бақайдгирӣ бояд дар девори қисми ақиби кузови автомобилҳои боркаш, ядакҳо (ба ғайр аз ядакҳои автомобилҳои сабукрав ва мототсиклҳо) ва автобусҳо (ба ғайр аз автобусҳои хурд) такрор шаванд. Баландии рақамҳо бояд на камтар аз 300 мм, бари онҳо на камтар аз 120 мм, ғафсии хат - 30 мм, андозаи ҳарфҳо - 2/3 андозаи рақамҳо бошад.

Дар трамвайҳо ва троллейбусҳо рақамҳои бақайдгирие, ки аз ҷониби идораҳои дахлдор дода мешаванд, сабт мегарданд.

3. Ҳолати техникӣ ва таҷҳизоти воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракат иштирок мекунанд, дар мавриди бехатарии харакат дар роҳ ва муҳити зист бояд ба талаботи меъёрҳо, қоидаҳо ва дастуруламали истифодабарии техникии онҳо мувофиқ бошанд.

4. Автомобили боркаши платформаи бортдоре, ки барои интиқоли одамон истифода мегардад, бояд бо нишастгоҳҳои баландиаш на камтар аз 0,5 м аз сатҳи фарш ва на камтар аз 0,3 м аз канори болои борт муҷаҳҳаз бошад. Бортҳои платформаи боркашонии автомобил бояд аз сатҳи фарш на камтар аз 0,8 м баланд бошанд.

Масофаи байни нишастгоҳҳо бояд на камтар аз 0, 6 м бошад. Нишастгоҳҳое, ки ба дарозии борти ақиб ё пахлӯй ҷойгаранд, бояд такягоҳи мустаҳкам дошта бошанд.

5. Воситаи нақлиёти механикӣ, ки барои таълими мошинронӣ истифода мешавад ва ба муассисаи таълимӣ тааллуқ дорад, бояд бо педалҳои иловагии ссепление ва тормоз муҷаҳҳаз бошад.

6. Велосипед бояд тормоз, суккон ва сигнали овозии дуруст (фаъол) дошта бошад, бояд аз пеш бо нургардон ва фонус ё чароғи сафедранг (барои ҳаракат дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии маҳдуд), аз ақиб бо нургардон ё фонуси сурхранг ва аз ҳарду тарафи паҳлӯӣ бо нургардони ранга норинҷӣ ё сурх муҷаҳҳаз бошад.

7. Ароба бояд олоти таваққуфии тормозӣ ва танбаҳои пешгирикунандаи ғелишро, ки дар сохтмони он пешбинӣ шудаанд, дошта бошад, аз пеш бо ду нургардон ё фонуси сафедранг (барои ҳаракат дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии маҳдуд) ва аз ақиб бо ду нургардон ё фонуси сурхранг муҷаҳҳаз бошад.

8. Дар воситаҳои нақлиёт бояд аломатҳои фарқкунандаи зерин насб шаванд:

"Автопоезд" - ба шакли се фонуси норинҷие, ки дар болои кабина ба таври уфуқӣ бо фосилаҳои байни онҳо аз 150 то 300 мм дар автомобилҳои боркаш ва тракторҳои чархдори ядакдор (гурӯҳи 1.4 т ва аз он зиёд), ҳамчунин автобусҳо ва тролейбусҳои қӯша ҷой гарифтаанд.

"Дандона" (Шипы) - ба шакли секунҷаи гуногунтарафи сафедранги қуллааш сарболо бо ҳошияи сурхранг, ки дар он бо ранги сиёҳ ҳарфи "Д" ("Ш") (тарафи секунҷа на камтар аз 200 мм, паҳнои ҳошия 1/10 ҳиссаи тарафи он) сабт шудааст, - дар қисми ақиби воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки шинаҳояшон дандонаҳои махсус доранд;

"Интиқоли кӯдакон" - ба шакли мураббаъи зардранг бо ҳошияи рангаш сафед (тарафи мураббаъ на камтар аз 250 мм, паҳнои ҳошияи 1/10 ҳиссаи тарафи он) ва бо тасвири сиёҳранги аломати 1.21 - аз пеш ва ақиби автобусҳо ё автомобилҳои боркаш ҳангоми интиқоли гурӯҳҳои кӯдакон:

"Ронандагони ношунаво" - ба шакли доираи зардранги қутраш 160 мм, ки дар дохили он доирачаҳои қутрашон 40 мм, ки дар кунҷҳои секунҷаи тасаввуршавандаи баробартарафи қуллааш сарнишеб кашида шудаанд, - аз пеш ва ақиби воситаҳои нақлиёти механикие, ки аз ҷониби ронандагони кару гунг ё кар идора карда мешаванд;

"Воситаи нақлиёти таълимӣ" - ба шакли секунҷаи баробартарафи сафедранги қуллааш сарболо бо ҳошияи сурхранге, ки дар он ҳарфи "Т" ("У") бо ранги сиёҳ сабт шудааст (тарафи секунҷа на камтар аз 200 мм, паҳнои ҳошия 1/10 ҳисссаи тарафи он), - аз пеш ва ақиби воситаҳои нақлиёти механикие, ки барои таълими мошинронӣ истифода мешаванд (насби дутарафаи аломат дар болои автомобили сабукрав иҷозат дода мешавад);

"Маҳдудияти суръат" - ба шакли тасвири хурдкардашудаи рангаи аломати 3.24 бо зикри суръати иҷозатдодашуда (қутри аломат на камтар аз 160 мм, паҳнои ҳошия 1/10 ҳиссаи қутр) - дар қисми ақиби тарафи чапи кузови воситаҳои нақлиёти механикие, ки аз тарафи ронандагони дорои собиқаи кории камтар аз 2 сол ҳангоми интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷм идора карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки суръати ниҳоии воситаҳои нақлиёт мувофиқи тавсифномаи техникӣ аз суръати дар банди 10.3 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда камтар аст;

"Бори хатарнок" - ба шакли росткунҷаи дорои андозаи 690х300 мм, ки қисми рости он ба андозаи 400 х 300 мм ранги норинҷӣ ва қисми чапи он ранги сафед бо ҳошияи сиёҳ (паҳнои он 15 мм) ва ишораҳое, ки бори хатарнокро ифода мекунанд, - аз пеш ва ақиби воситаҳои нақлиёте, ки чунин борҳоро мекашонанд;

"Бори калонҳаҷм" - ба шакли лавҳачаи дорои андозаи 400х400 мм, ки дар диагонали он хатҳои сурху сафеди паи ҳам ивазшаванда бо паҳнои 50 мм ва бо сатҳи нургардон кашида шудаанд;

"Воситаҳои нақлиёти дароз" - ба шакли росткунҷаи дорои андозаи на камтар аз 1200x200 мм зардранг бо ҳошияи сурхранг (паҳнои он 40 мм), ки сатҳи нургардон дорад, , аз ақиби воситаҳои нақлиёте, ки дарозии онҳо бо бор ё бе бор аз 20 м зиёд аст ва автопоезд бо ду ё зиёдтар аз ду ядак. Дар сурати ғайриимкон будани насби аломати мазкур иҷозат дода мешавад, ки ду аломати якхелаи дорои андозаи 600х200 мм мутаносиб бо меҳвари воситаи нақлиёт насб карда шавад.

Бо хоҳиши ронанда аломатҳои фарқкунандаи зеринро насб кардан мумкин аст:

"Духтур" - ба шакли мураббаъи кабудранг (тарафаш 140 мм) бо доираи сафеди ҷойкардашуда (қутраш 125 мм), ки дар он салиби сурх кашида шудааст (баландиаш 90 мм, паҳнои хат 25 мм) - аз пеш ва ақиби автомобилҳое, ки онҳоро ронандагони духтур идора мекунанд;

"Маъюб" - ба шакли мураббаъи зардранг, ки тарафи он 150 мм буда, ангораи аломати 7.17 сиёҳранг тасвир шудааст, - аз пеш ва ақиби воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки онҳоро ронандагони маъюби гурӯҳҳои I ва II идора мекунанд ё чунин маъюбонро мебаранд.

9. Воситаҳои огоҳкунанда барои маълум намудани звеноҳои чандири пайвасткунанда ҳангоми кашида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ бояд ба шакли байрақчаҳо ё лавҳачаҳои дорои андозаи 200х200 мм, ки дар диагонали онҳо хатҳои сурху сафеди паи ҳам ивазшаванда бо паҳнои 50 мм кашида шудаанд ва сатҳи нургардон тайёр карда шавад.

Звенои чандири пайвасткунанда бояд на камтар аз ду воситаи огоҳкунанда (байрақча ё лавҳача) дошта бошанд.

10. Сохтмони воситаи сахти кашидабаранда бояд ба талаботи ГОСТ-и 25907-89 мутобиқ бошад.

11. Манъ карда мешавад:

истифодабарии автомобилҳо, автобусҳо, автопоездҳо, ядакҳо, мототсиклҳо, мопедҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои хурдгард, агар ҳолати техникӣ ва таҷҳизоти онҳо ба талаботи Номгӯи вайрониҳо ва шароите, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст (мувофиқи замима), ҷавобгӯй набошад;

воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи паҳлӯӣ ва қафо бидуни доштани иҷозат, ки бо Тартиби додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ (замима мегардад), пешбинӣ гардидааст (карор аз 14.01.2010 № 6);

истифодабарии тролейбусҳо ва трамвайҳо ҳангоми мавҷуд бадуни ҳатто як вайроние, ки дар Қоидаҳои истифодабарии техникӣ пешбинӣ шудааст;

истифодабарии воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи давлатии техникӣ нагузаштаанд, хамчунин воситаҳои нақлиёте, ки бе иҷозати дахлдор тағири таҷҳизот карда шудааст;

истифодабарии воситаҳои нақлиёте, ки бе иҷозати Бозрасии давлатии автомобилӣ бо чароғакҳои раҳнамои шӯълапош ва сигналҳои махсуси овозӣ муҷаҳҳаз шудаанд, бе мувофиқаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар сатҳи паҳлӯии кузови онҳо хатти уреби сафед кашида шудааст, аломатҳои бақайдгирии онҳо дар ҷойҳои муқарраршуда насб нашудаанд, ҳамчунин воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисмҳо ва таҷҳизоти онҳо ё рақамҳои бақайдгирии онҳо пинҳонӣ, сохта ва тағир дода шудаанд.

12. Ба ашхоси мансабдор ва дигар шахсоне, ки барои ҳолати техникӣ ва истифодабарии воситаҳои нақлиёт масъуланд, манъ карда мешавад:

ба хатти сайр рухсат додани воситаҳои нақлиёт бо вайрониҳое, ки истифодабарии онҳо бо чунин вайрониҳо манъ аст ё воситаҳои нақлиёте, ки бе иҷозати дахлдор тағири таҷҳиз шудаанд ё бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи давлатии техникӣ нагузаштаанд;

ба идоракунии воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ (аз шароб, нашъа ё маводи дигар), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро заиф мекунанд, беморӣ ё хастагие, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид мекунад, қарор доранд ё ашхосе, ки ҳаққи рондани воситаи нақлиёти категорияи додашударо надоранд;

барои ҳаракат дар роҳҳои асфальт ё бетонпӯш равон кардани тракторҳо ва дигар мошинҳои худгарди тасмачарх.

13. Ашхоси мансабдоре, ки масъули сохтмон, таҷдиди сохтмон, таъмир, истифодабарӣ ва таҷҳизонидани роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва иншооти дигар мебошанд, вазифадоранд, ки:

нигоҳдории онҳоро дар ҳолате, ки бо талаботи муқарраршуда оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқ бошад, таъмин намоянд;

ҳангоми ба вуҷуд омадани шароите, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид мекунад, барои сари вақт манъ ё маҳдуд сохтани ҳаракат, хамчунин барқарор сохтани шароити бехатари ҳаракат тадбирҳо анде-шанд;

ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон, таҷдиди сохтмон ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тадбирҳоро дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ ба андозаи пурра тадбиқ намоянд;

ҷойҳои иҷрои корҳо, ҷойҳоеро, ки дар роҳ, кӯча, гузаргоҳи роҳи оҳан мошинҳо, механизмҳо, масолеҳи сохтмон ва ғайра гузошта шудаанд, бо аломатҳои дахлдор, воситаҳои иҳотакунанда ва савқдиҳанда, дар вақти торикӣ ва туман - бо чароғҳои (оташи) огоҳкунандае, ки дар меъёрҳои амалкунанда пешбинӣ шудаанд, маълум намоянд;

баъди хатми корҳо дар роҳ, кӯча ва гузаргоҳи роҳи оҳан он ҷойҳоро фавран ба ҳолате оранд, ки ҳаракати бемамониат ва бехатарии воситахои нақлиёт ва пиёдагардҳоро таъмин гардонад.

ҳангоми ифлос шудани қисми мошингарди роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан барои тоза кардани онҳо ва аз хатари бавуҷудомада сари вақт огоҳ намудани иштирокдорони ҳаракат фавран тадбирҳо андешанд;

ҷойҳои корро бо воситаҳои техникии танзими ҳаракат муҷаҳҳаз созанд;

қитъаҳои хатарнок ва ҷойҳоеро, ки фалокатҳои роҳу нақлиёт зиёд рӯй медиҳанд, ошкор намуда, дар чунин ҷойҳо оид ба беҳсозии шароит ва ташкили ҳаракати бехатар чорабиниҳои дахлдорро анҷом диҳанд;

монеаҳои ҳаракатро дар роҳ сари вақт ошкор намуда, бартараф сохтани онҳоро таъмин гардонанд ва дар сурати ғайриимкон будани ин кор - он ҷойҳоро бетаъхир бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва савкдиҳанда маълум намоянд;

ба соҳибони воситаҳои нақлиёт агар фалокате бо иллати нигоҳдории ғайриқаноатбахши роҳҳои мошингард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад, хароҷоти онро бо қарори мақомоти суд ҷуброн намоянд.

14. Соҳибони роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ашхоси мансабдори ташкилотҳои истифодабарии роҳ, агар фалокати роҳу нақлиёт бо гуноҳи онҳо рӯй дода бошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

15. Ашхоси мансабдор ва дигар шахсони дахлдор дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, бо тартиби муқарраршуда корҳои зеринро бо мақомоти марбута мувофиқа менамоянд:

лоиҳаҳои ташкили ҳаракат дар шаҳрҳо ва роҳҳои автомобилгард, таҷҳизонидани роҳҳо бо воситаҳои техникии ташкили ҳаракат;

лоиҳаҳои сохтмон, таҷдиди сохтмон ва таъмири роҳҳо, таҷҳизоти роҳ;

бевосита дар наздикии роҳ гузоштани дӯконҳо, транспрантҳо, плакатҳо, тахтаҳои реклама ва монанди инҳо, ки дидашавандагӣ ва ҳаракати пиёдагардонро мушкил мегардонанд;

хатҳои сайр ва ҷойгиркунии нуқтаҳои истгоҳи воситаҳои нақлиёти маршрутӣ;

дар роҳҳо гузаронидани чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва дигар чорабиниҳо;

таҷдиди таҷҳизи воситаҳои нақлиёт, насби сигналҳои махсуси нурӣ ва овозӣ дар онҳо, кашидани хатҳои сафеди уреб дар сатҳи паҳлӯии кузовҳои воситаҳои нақлиёт; кашонидани борҳои вазнин, хатарнок ва калонҳаҷм;

ҳаракати автопоездҳо бо дарозии умумии зиёда аз 20 м ё автопоездҳо бо ду ядак;

барномаҳои тарбияи мутахассисон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, инструкторони таълими мошинронӣ ва ронандагон;

номгӯи роҳҳое, ки машқи мошинронӣ дар онҳо манъ карда мешавад;

дар роҳ анҷом додани ҳама гуна корҳое, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон халал мерасонанд.

Эзоҳ: Дар матни санади мазкур истилоҳоти махсусе, ки Қоидаҳои харакат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, истифода карда шудаанд.

Замима ба Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат

Номгӯи вайрониҳо ва шароите, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо истифодабарни воситаҳои нақлиёт манъ аст

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 179, аз 14.01.2010 № 6)

Ҳамин Номгӯй вайрониҳои автомобилҳо, автобусҳо, автопоездҳо, ядакҳо, мототсиклҳо, мопедҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард ва шароитеро, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо нстифодабарии воситаҳои мазкур манъ карда мешавад, муқаррар менамояд. Усулҳои санҷиши параметрҳои дарҷгардида мувофиқи ГОСТ-и 25478-91 "Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ. Талабот дар бобати ҳолати техникӣ мувофиқи шароити бехатари ҳаракат. Усулҳои санҷиш" муайян карда шудаанд.

1. Системаи тормозӣ

1.1. Ҳангоми санҷиш дар роҳ меъёрхои зерини натиҷаи кори системаи тормозӣ риоя намешаванд:

+-------------------------------------+-----------+------------------ҷ
|                                     |Изи        |  Сустшавии       |
|                                     |тормоз     |  баамаломада     |
|                                     |(м), на    |  (м/с2), на      |
|                                     |зиёда аз   |  камтар аз       |
+-------------------------------------+-----------+------------------+
|воситаҳои нақлиёти якка:             |           |                  |
|автомобилҳои сабукрав ва намудҳои    |           |                  |
|онҳо барои боркашонӣ                 |12,2 (14,5)| 6,8(6,1)         |
|                                     |           |                  |

|автобусҳо бо вазни ниҳоии            |           |                  |
|ҷоизи то 5 т                         |13,6(18,7) | 6,8 (5,5)        |
|аз 5 т зиёд                          |           |                  |
|                                     |16,8(19,9) | 5,7 (5)          |

|автомобилҳои боркаш бо вазни ниҳоии  |           |                  |
|иҷозатдода                           |           |                  |
|аз 3,5 т                             |15,1 (19)  | 5,7 (5,4)        |
|аз 3,5 т то 12 т                     |17,3 (18,4)| 5,7 (5,7)        |
|аз 12 т зиёд                         |16(17,7)   | 6,2(6,1)         |

|мототсиклҳои дучарха ва мопедҳо      |7,5 (7,5)  | 5,5 (5,5)        |
|                                     |           |                  |
|мототсиклҳои дорои ядаки паҳлӯӣ      |8,2 (8,2)  | 5 (5)            |
|                                     |           |                  |
|автопоездҳое, ки тягаҷҳояшон инҳо    |           |                  |
|мебошанд:                            |           |                  |

|онҳо барои боркашонӣ                 |13,6(14,5) | 5,9(6,1)         |
|автобусҳои бо вазни ниҳоии ҷоизи     |           |                  |
|то 5 т                               |15,2(18,7) | 5,7 (5,5)        |
|аз 5 т зиёд                          |18,4(19,9) | 5,5 (5)          |

|ҷоизи то 3,5 т                       |17,7 (22,7)| 4,6(4,7)         |
|аз 3,5 т то 12 т                     |18,8 (22,1)| 5,5 (4,9)        |
|аз 12 т зиёд                         |18,4 (21,9)| 5,5 (5)          |

Эзоҳ: Моҳияти изи тормоз ва сустшавии баамаломадае, ки дар қисми қавсайн зикр шудаанд, ба воситаҳои нақлиёте дахл доранд, ки истеҳсоли онҳо то январи соли 1981 оғоз шудааст.

2. Санҷишҳо дар қитъаи уфуқии роҳи ҳамвор, хушк, тоза ва бетонпӯш ё асфалтпӯш ҳангоми дар аввали тормоздиҳӣ 40 км/соат будани суръатбарои автомобилҳо, автобусҳо, автопоездҳо ва 30 км/соат - барои мототсиклҳо ва мопедҳо гузаронида мешаванд. Воситаҳои нақлиёт дар ҳолати муҷаҳҳаз бо ронанда ба тариқи як бор пахш кардани педали тормози онҳо санҷида мешаванд.

3. Натиҷаи ҳолати кори системаи тормозии воситаҳои нақлиётро аз рӯи дигар нишондиҳандахо мувофиқи ГОСТ-и 25478-91 низ арзёбӣ кардан мумкин аст.

1.2. Ҳавоногузар будани ҳаракатовари (привод) тормози гидравликӣ вайрон шудааст.

1.3. Вайрон шудани ҳавогузарии ҳаракатоварҳои тормози пневматикӣ ва пневмогидравликӣ боиси паст шудани фишори ҳаво ҳангоми хомӯш будани муҳаррик зиёда аз 0,05 МПа (0,5 кгс/см) дар муддати 15 дақиқаи баъди ба кор андохтани онҳо мегардад.

1.4. Манометри ҳаракатоварҳои тормози пневматикӣ ё пневмогидравликӣ кор намекунад.

1.5. Системаи тормози дастӣ ҳолати беҳаракатӣ:

воситаҳои нақлиётро бо бори пурра - дар нишебии то 16%; автомобилҳои сабукрав ва автобусҳоро дар ҳолати муҷаҳҳаз - дар нишебии то 23%;

автомобилҳои боркаш ва автопоездҳоро дар ҳолати муҷаҳҳаз - дар нишебии то 31% таъмин намекунад.

2. Идораи суккон

Ҷамъи фосилаи меҳварӣ (люфт) дар идораи суккон аз андозаҳои зерин зиёд аст:

+------------------------------------------------+-------------------ҷ
|   Навъи воситаи нақлиёт                        |Ҷамъи фосилаи      |
|                                                |меҳварӣ (бо дараҷа)|
|                                                |на зиёд аз         |
+------------------------------------------------+-------------------+
|автомобилҳои сабукрав ва автомобилҳои боркашу   |                   |
|автобусҳои дар асоси онҳо сохташуда             |       10          |

|автомобилҳои боркаш ва автобусҳо                |       20          |

2.2.Ҷойивазкунии дар сохтмони идораи суккон пешбининашудаи қисмҳо ва ҷузъҳо ҷой дорад; пайвастҳои печӣ ба андозаи зарурӣ тоб дода нашудаанд ё ба тарзи муқарраршуда маҳкам карда нашудаанд.

2.3. Тақвияткунандаи идораи суккон ё демпфери суккон (барои мототсиклҳо), ки дар сохтмони онҳо пешбинӣ шудааст, вайрон аст ё мавҷуд нест.

2.4. Маҷмӯи идоракунӣ (Идораи суккон), агар аз тарафи чапи хатти сатҳи дарозии воситаи нақлиётро мутаносибан ҷудокунанда ҷойгир набошад.

Маркази чархи суккон агар муқобили маркази ҷойи нишаст ронанда чойгир набошад (карор аз 1.04.2008 № 179).

3. Олоти нурии берунӣ

3.1. Шумора, навъ, ранг, ҷойгиршавӣ ва низоми кори олоти нурии берунӣ ба талаботи сохтмони воситаи нақлиёт мутобиқ нест.

Эзоҳ: Дар воситахои нақлиёте, ки дигар истеҳсол намешавад, гузоштани олоти нурӣ аз воситаҳои нақлиёти дигар тамға ва сохт мумкин аст.

3.2. Танзими чароғҳо ба талаботи ГОСТ-и 25478-91 мутобиқ нест.

3.3. Олоти нурии берунӣ ва нурбаргардонҳо бо низоми муқарраршуда кор намекунанд ё чиркин шудаанд.

3.4. Олоти нурии нурпошҳо (равонкунандаи нур) мавҷуд нестанд ё нурпошҳо ва лампаҳое истифода мешаванд, ки бо навъи додашудаи олоти нурӣ мувофиқ нестанд.

3.5. Насби чароғакҳои раҳнамои шӯълапош бо талаботи стандарт мутобиқ нест.

3.6. Дар пеши воситаи нақлиёт олоти нурӣ бо оташакҳои сурхранг ё нурбаргардонҳо бо сурх ва дар ақиби он , бо ранги сафед, ба ғайр аз чароғаки ҳаракати ақиб ва рӯшноии аломати бақайдгирӣ, нурбаргардонҳои аломатҳои бақайдгирӣ, махсус ва фарқкунанда, насб шудаанд.

4. Шишатозакунакҳо ва олоти шӯяндаи шишаи пеширӯй.

4.1. Шишатозакунакҳо бо низоми муқарраршуда кор намекунанд.

4.2. Олоти шӯяндаи шишаи пеширӯй, ки дар сохтмони воситаи нақлиёт пешбинӣ шудаанд, кор намекунад.

5. Чархҳо ва шинаҳо

5.1. Дандонаҳои рӯкаши шинаҳои автомобилҳои сабукрав камтар аз 1,6 мм, автомобилҳои боркаш - 1 мм, автобусҳо 2 мм, мототсиклҳо ва мопедҳо - 0,8 мм боқӣ мондаанд.

Эзоҳ: Барои ядакҳо меъёрҳои боқӣ мондани дандонаҳои шинаҳо баробар ва меъёрҳои воситаҳои нақлиёт , тягачҳо муқаррар карда мешаванд.

5.2. Баъзе ҷойҳои шинаҳо сӯрох шудаанд, бурида шудаанд ва кафидаанд, ки дар натиҷа ҳошия луч мондааст, ҳамчунин чавкот ва рӯкаш ба қабатҳо ҷудо шудааст.

5.3. Болт (гайка)-и васлкунӣ мавҷуд нест ё қасқон ва чанбаракҳои чарх тарқиш доранд.

5.4. Шинаҳо аз рӯи андоза ва борбардории иҷозатдодашуда бо навъи воситаи нақлиёт мутобиқ нестанд.

5.5. Ба як меҳвари автобус, автомобили сабукрав ё ядаки он шинаҳои диагоналӣ якҷоя бо шинаҳои радиалӣ ё шинаҳои дандонаҳояш гуногун насб шудаанд.

6. Муҳаррик

6.1. Дар газҳои коркардашуда миқдори моддаҳои зараровар ва дуди онҳо аз меъёрҳои бо ГОСТ-и 17203-87 ва ГОСТ-и 21393-75 муқарраршуда зиёд аст.

6.2. Ҳавоногузар будани системаи тағзия вайрон шудааст.

6.3. Системаи ихроҷи газҳои коркардашуда вайрон аст.

7. Қисмҳои дигари сохтмон (конструкция)-и воситаҳои нақлиёт

7.1. Оинаи ақибнамо ва шишаҳое, ки дар сохтмони воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, мавҷуд нестанд.

7.2. Сигнали овозӣ кор намекунад.

7.3. Ашёи иловагие насб шудаанд ва рӯйпӯшҳое кашида шудаанд, ки аз ҷои нишасти ронанда доираи назораро маҳдуд месозанд, шаффофияти оинаҳоро бад мегардонанд, ки дар натиҷа хатари зарар дидани иштирокдорони ҳаракати роҳ ба вуҷуд меоянд.

Эзоҳ: Дар қисми болоии шишаи пуштрӯи автомобилҳо ва автобусҳо (на зиёда аз 200 мм аз қисми болоии шиша) часпонидани маводҳои ранга ва дар шишаи ақиби автомобилҳо часпондани маводҳои шаффоф мумкин аст. Истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ойинагӣ, пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаи нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд ва ба талаботи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, манъ аст. Истифодаи пардачаҳо дар шишаҳои паҳлӯии автобусҳо (ба ғайр аз шишаҳои паҳлӯии ҷои нишасти ронанда), чиғпарда (жалюзи), пардачаҳо ва пардаҳои шаффоф дар шишаҳои ақиби автомобилҳои сабукрав дар сурати аз ҳарду тараф мавҷуд будани оинаи ақибнамои берунӣ мумкин аст (карор аз 14.01.2010 №6).

7.4. Қуфлҳои дарҳои кузов ё кабина, танбаҳои (ғалақаҳо) бортҳои платформаи боркашонӣ, танбаҳои гарданаҳои систернаҳо ва даҳанаи бакҳои сӯзишворӣ, дастгоҳи танзимкунандаи нишастгоҳи ронанда, баромадгоҳҳои садамавӣ ва таҷҳизоти ба кор андохтани онҳо, ҳаракатоварҳои дарҳо, суръатсанҷ (спидометр), таҳограф, таҷҳизоти зидди дуздӣ, таҷҳизоти гармӣ ва шамолдиҳӣ, ки дар сохтмони воситаи нақлиёт пешбинӣ шудаанд, кор намекунанд.

7.5. Воситаи муҳофизатии ақиб, ки дар сохтмони воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст, фартукҳо ва пардаҳои зидди лой ва ғайра мавҷуд нестанд.

7.6. Таҷҳизоти васлшавии тягачҳо ва ҳалқаи ядак вайрон аст, ҳамчунин бандҳои (занҷирҳо) эҳтиётие, ки дар сохтмони воситаҳои нақлиёти кашанда пешбинӣ шудааст, мавҷуд нестанд. Дар қисмҳои пайвастшавии рамаи мототсикл бо рамаи ядаки паҳлӯӣ фосилаи меҳварӣ (люфт) мавҷуд аст.

7.7. Вуҷуд надоранд:

дар автобус, автомобилҳои сабукрав ва боркаш, тракторҳои чархдор сандуқчаи тиббӣ; оташкушак, аломати авария (фонуси сурхи чашмакзананда);

дар автомобилҳои боркаш бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 3,5 т ва автобусҳои бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 5 т дандонаҳои зидди ғелиш (на камтар аз ду адад);

дар мототсикл бо ядаки паҳлӯӣ сандуқчаи тиббӣ, аломати авария (фонуси сурхи чашмакзананда).

7.8. Дар воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти оперативӣ ва махсус тааллуқ надоранд, чароғакҳои раҳнамои шӯълапош, сигналҳои овозии гуногунсадо ва нақшаи шӯълапошии бо ГОСТ-и Р50574-93 пешбинишуда истифода мешавад.

7.9. Тасмаҳои бехатарӣ мавҷуд нестанд, дар сурате, ки насби онҳо дар сохтмони воситаи нақлиёт пешбинӣ шуда бошад.

7.10. Тасмаҳои бехатарӣ қобили истифода нестанд ё даридагиҳои ба назар намоён доранд.

7.11. Аломати бақайдгирии воситаи нақлиёт бо талаботи стандарт мувофиқ нест.

7.12. Дар мототсикл камонаки бехатарии дар сохтмони он пешбинишуда мавҷуд нест.

7.13. Дар мототсикл ва мопедҳо поймонакҳо ва дастакҳои кӯндаланг барои мусофирон мавҷуд нестанд.

7.14. Қисмҳои дар сохтмон пешбинишуда мавҷуд нестанд ё дигар ташкилоти ваколатдори он қисмҳои системаи тормозӣ, ё бе мувофиқаи ин корхонаи истеҳсолкунандаи воситаи нақлиёт идораи суккон ва дигар қисмҳо ва олоте насб карда шудаанд, ки талабот дар мавриди онҳо бо ҳамин Номгӯй муайян карда мешавад.

Замима ба Муқаррароти умумии

иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии

воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои

ашхоси мансабдор дар бобати таъмини

бехатарии ҳаракат дар роҳ

Тартиби додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ

(карор аз 14.01.2010 № 6)

1.1. Додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ (минбаъд - иҷозат) пас аз пардохти маблағи муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

1.2. Пардохти маблағ ба суратҳисоби махсус, ки барои сохтмони НБО "Роғун" дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, аз тарафи молики (соҳиби) воситаи нақлиёт дар шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ба тарзи нақдӣ ва ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

1.3. Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" дар бораи маблағҳои ба суратҳисоби махсус пардохтгардида ва гузаронидашуда ҳар рӯз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

1.4. Намунаи иҷозат аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

1.5. Варақаҳои иҷозат дар асоси дархости Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шуда, ҳуҷҷати қатъии ҳисоботӣ мебошанд. Ҷузъу томҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо варақаҳои мазкур дар асоси тақсимбандии аз ҷониби сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, таъмин карда мешаванд.

1.6. Иҷозат дар асоси аризаи хаттии намунаи муқарраргардидаи молики (соҳиби) воситаи нақлиёт ва пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи муқарраргардида аз тарафи сардорони ҷузъу томҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ашхоси онҳоро ивазкунанда ройгон дода мешавад.

1.7. Аризаи воридгардида дар бораи додани иҷозат аз ҷониби ҷузъу томҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як рӯз бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

1.8. Иҷозат дар дафтари алоҳида, ки аз тарафи мақомоти болоии Бозрасии давлатии автомобилӣ рақамгузорӣ ва мӯҳрбандӣ шудааст, бо маълумоти дар иҷозат омада, инчунин нишонии бонк, сана ва рақами варақаи пардохти маблағи муқарраргардида қайд карда мешавад.

1.9. Баъд аз гирифтани иҷозат молики (соҳиби) воситаи нақлиёт ҳуқуқ дорад шишаҳои воситаи нақлиётро бе маҳдудияти шуъогузаронӣ сиёҳ намояд, ба ғайр аз шишаи пеш, ки дар қисми болоии он (на зиёда аз 200 мм аз қисми болоии шиша) часпондани маводи ранга ҷоиз мебошад.

1.10. Варақаи иҷозат аз дарун дар кунҷи поёнии шишаи пеши автомашина дар паҳлӯи чапи талони муоинаи техникӣ часпонида мешавад.

1.11. Иҷозат аз рӯзи додани он дар давоми як соли тақвимӣ эътибор дорад.

1.12. Барои истифодаи нақлиёти сиёҳшиша бе иҷозат, бо иҷозати мӯҳлати эътибораш гузашта ё дар сана ва мӯҳлати эътибори он ҷой доштани ислоҳот воситаи нақлиёт боздошт ва ронанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

1.13. Барқароркунии нусхаи иҷозати гум ё корношоямшуда аз тарафи мақомоти онро дода сурат мегирад.

1.14. Ҳангоми иваз намудани маълумоти бақайдгирӣ (рақами бақайдгирӣ, рақами муҳаррик, рақами бордон, рақами шассӣ, ранг, соҳиб, суроға ва ғайра) молики (соҳиби) воситаи нақлиёт ҳуқуқ дорад иҷозатро дар мақомоти онро дода ба мӯҳлати боқимонда иваз намояд ё ба молики нав ба расмият дарорад.

1.15. Истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ шуда, нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд, аз ҷониби соҳиби (молики) ин воситаҳои нақлиёт, пас аз гирифтани иҷозат мувофиқи Тартиби мазкур амалӣ мегарданд.